05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МО БОЯД ФАЪОЛТАР БОШЕМ

          Кривчикова Лидия ЮревнаКривчикова Лидия Юревна, сардори шӯъбаи экспертизаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки соли ҷорӣ ба синни 50 расидааст. Ба гуфтаи худаш, 25 сол инҷониб дар идораҳои гуногуни давлатӣ ба ҳайси мутахассиси кимёшинос фаъолият мекунад. Сар аз соли 2001 то ба ҳол дар Агентии назорати маводи нашъаовар ифои вазифа дорад. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, донишу малакаи ӯро ба назар гирифта, раҳбарияти агентӣ як сол муқаддам Лидияро сардори шӯъбаи мазкур таъйин кардааст.

                Кривчикова Лидия ЮревнаАз суҳбат бо ӯ маълум мешавад, ки дар воқеъ як мутахассиси варзида ва коршиноси хуб аст. Вай мегӯяд, дар лабораторияи агентӣ ҳамаи навъи маводи нашъаовари дар Тоҷикистон мусодирашавандаро метавонанд ташхис кунанд. Зеро ин ташхисгоҳ дорои дастгоҳҳои замонавӣ аст ва бо дастгириву кӯмаки созмонҳои хориҷӣ ба таври мудовим дастгоҳҳои нав дастрас мекунанд. Лидия меафзояд, новобаста аз ин ки дастгоҳҳои замонавӣ кори ташхисро осон мекунанд ва ба дониши инсонӣ камтар эҳтиёҷ доранд, аммо ӯ ҳамеша талош меварзад, то аз мутолиа ва аз бар кардани донишҳои нав дар мавриди роҳҳои парвариш ва истеҳсоли маводи мухаддир бе баҳра намонад. Ҳамчунин ба кормандони шӯъбаи зери раҳбариаш тавсия медиҳад, ки доим пайи омӯзиши соҳаи хеш бошанд.

               Кривчикова Лидия Юревна Ба гуфтаи Лидия, феълан дар ташхисгоҳи Агентии назорати маводи нашъаовар на танҳо он маводе, ки кормандони агентӣ аз нашъаҷаллобон мусодира мекунанд, ташхис мешавад, балки аз прокуратура, Агентии коррупсия, Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук низ барои ташхиси маводи мусодиракардаашон ба ин лаборатория муроҷиат менамоянд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки боварӣ нисбат ба фаъ­олияти Лидия ва кормандони шӯъба хеле зиёд аст.

                Лидия Юревна мегӯяд, то он рӯзе ки имконият дорад бар зиддӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза мебарад. Умуман, вай бар ин бовар аст, ки агар рӯзе бирасад ва ҳич нашъаҷаллоби дигар боқӣ намонад, пас он рӯзи пирӯзӣ бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст.

                “Аммо ҳоло, – меафзояд Лидия, – ки нашъаҷаллобон дар ҳама ҷо фаъоланд, мо бояд аз онҳо дида фаъолтар бошем ва бо дарёфти роҳҳои наву бесобиқа алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза барем”.

С. Ҳалимзода

:.  Чеҳра 03.08.2012 09:15 2146

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz