Ин аслан барои маҷалла иқдоми наве ҳам набуд, зеро муаррифии бонувони сазовор аз тариқи саҳафоти он аз рисолатҳои оинномавии ин нашрия буда, то имрӯз ҳам дар дигар шакл бо жанрҳои гуногун пешниҳод мегашт. Вале навиштани матлабҳо аз ҷониби марджурналистон, хоса сармуҳаррирони нашрияҳои дигар, дар маҷаллаи мо як чизи нав буд. Тарзи ҷамъбасти озмун низ навигариҳои зиёде дошт, ки ба ин восита шаффофияту беғаразии баҳогузоронро таъмин мекард. Ва умуман худ идеяи минбари озмунро додан ба ақлу истеъдоди зан, аз ҷониби ҳама ширкаткунандагони ҷамъбасти озмун, ки ба намояндагӣ аз аҳли фазлу хирад, мақому манзалат ба касбу кор буданд, беҳтарин дарёфти ин тарҳ эътироф гардид. Мо табрику таҳсини зиёде шунидем аз ширкатдорони маҳфил. Ҳамагӣ бо табъи болида ва эҳсоси тозагии ин иқдом ва эътимод ба хиради зан аз толор берун шуданд. Вале дар баробари ин аз шунидани камбудиву эродҳо ҳам бенасиб намондем. Ва изҳори сипос мекунем аз ҳамаи онҳое ҳам низ, ки аз гуфтани эродҳои рӯирост ба мо худдорӣ накарданд. Зеро фармудаанд: «Дӯст табарвор мегӯяд». Онҳое, ки аз нуқсонҳои кори мо гуфтанд, ба хотири ислоҳи кор буд ва аксаряташ ба паҳлуҳои техникии ин чорабинӣ дахл доштаву ҷузъиёт буданд. Мо низ онҳоро дар рафти ҷамъбасти озмун дарк кардем. Яъне, бо ин, эътироф месозем, ки ҳамагон беғаразона гуфтанд.
Муҳимтарин ва ҷолибтарин нукта он буд, ки идеяи ин иқдом ё мақсади озмун ба ҳама мақбул гашт, онро хуш пазируфтанд, аз он истиқбол намуданд. Албатта, кор бе камбудӣ намешавад, хоса кори дастҷамъӣ. Онҳое, ки хонандаи доимии маҷалла нестанд, мусаллам аст, ки аз ҳар як қадами дар ин роҳ гузоштаи дастандаркорони озмун воқиф набуданд. Ва танҳо дар ҷамъбасти он ширкат доштаву чанд лаҳзаи онро диданд. Аз заҳмату ранҷи омода кардани ин як амале, ки қариб барои ҳама (ҳам ташкилкунандагон ва ҳам иштирокчиён) нав буд, огаҳӣ надоштанд. Намедонистанд, ки чӣ заҳмате дошт ба масъулони зинаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ фаҳмонидани мақсад, нияти неки ин тарҳ, ки танҳо амалӣ кардани сиёсати гендерии Президент, иҷро намудани супоришҳои Сарвари давлат, гуфтаҳову раҳнамунсозиҳояшро барои пешбурди ҷомеа, рушди нақши занон дар он, ташаббускориву созандагиро дошт. Хонанда, муаллифон, чеҳраҳо, ҳакамон ва билохира кулли нафароне, ки аз ин тарҳ диданду шуниданд ё ба он иртиботе доштанд, огаҳӣ наёфтанд аз заҳмати ҷалби дарёфти сарпарастон барои баргузории он. Вале бо дастгириву истиқболҳо, раҳнамоиву ҳамкориҳои раҳбарияти мо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, тавонистем онро ба интиҳо расонем.
Инак, таваҷҷӯҳ ба чеҳраҳои муаррифинамудаи минбари шумо, хонандагони азиз, роҳандозӣ гашт. Пазируфтани эшон аз ҷониби масъулин ва ҷомеъа, дигар ба хираду истеъдоди худи онҳо вобастагӣ дорад.
Хонандаи арҷманд, инак, ҳадиси мусаввареро аз баргузории ҷамъбасти озмун бароят пешниҳод месозем, то бо аҳли толор ё ширкатдорон, ғолибон, муаллифон ва онҳое, ки андешаҳои худро баъдан ба мо гуфтанд, ошноӣ пайдо намоӣ. Худ қазоват созӣ, ки чӣ маҳфиле буд, барои арҷгузории хираду истеъдоди зан.
шоҳҷоиза
Абдуғаффори Камол – муаллиф
Саодат Одинаева
Фирӯза Саидова
чеҳраи маҳал
Тилав Расулзода – муаллиф
Рухсора Каримхоҷаева
Ҳунари кашшофӣ
Раҷаб Мараимов – муаллиф
Шаҳло Юнусова
Зайд Саидов, раиси Ассотсиатсияи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Тоҷикистон, сарпарасти асосии озмун:
Гарчанде, ки дар шабу рӯзи шиносоӣ бо ин тарҳ ё иқдоми маҷаллаи «Бонувони Точикистон» – озмуни «Чеҳракушоӣ», вазъи молиявии ширкати мо чандон хуб набуд, аммо якчанд омил маро водор намуд, ки дар амалӣ гаштани чунин чорабинии воқеан ҳам муҳиму замонавӣ саҳмгузорӣ намоям. Нахуст шахсияти муаллифони ин тарҳ, ки бо онҳо сӯҳбати пурмуҳтаво доштем, маро водор намуд, ки чунин инсонҳоеро, ки дар ғами рушди ин Ватан, ин миллату ин ҷомеъа буда, андешаҳои созанда доранд, дастгирӣ намоям. Ҳамчунин ҷолибияти ин масъала таваҷҷуҳи маро ҷалб намуд. Мо дар бисёр масоил озмунҳо дорем, аммо муаррифии бонувони кордон, ки дар оянда метавонанд ба рушди миллии кишвар мусоидат намоянд, идеяи наву ҷолиб буд. Аз маҳфили ҷамъбастӣ ва интизориҳое, ки аз он доштам, қаноатмандам.
Зулайхо Зокирова, муовини раиси н. И. Сомонии ш. Душанбе: Кормандони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» воқеан заҳмати зиёд кашидед, то ин маҳфилро баргузор намоед. Аммо бояд қайд кунам, ки натавонистед ин заҳматро ба пуррагӣ нишон бидиҳед. Агар дар бораи қаҳрамонҳо дар маҷалла мақола чоп кардаед, ин маънои онро надорад, ки ҳамаи аҳли толор онро хондаанд. Бояд бо ду ҷумла ҳар як қаҳрамон шиносонида мешуд. Чӣ кор кардаст, дар куҷо кор мекунад ва чаро ин бону қаҳрамон интихоб шудааст? Ба ҳар сурат, бояд чунин озмунҳо бештар ба роҳ монда шаванд, то аз ин тариқ чеҳраҳои нави сиёсиву иҷтимоии бонувон пайдо бигарданд.
Тоҷиддин Пиров, раиси «Тоҷиксодиротбонк», сарпарасти озмун:
Ҳадаф аз саҳмгузорӣ ба тарҳи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» эҳтироми мо нисбати бону Ҳуриннисо Ализода ва маҷаллаи хеле хондании «Бонувони Тоҷикистон» буд. Ин маҷалла воқеан ҳам минбари бонуфузи модарону хоҳарони мо ба ҳисоб меравад ва бо ин иқдом бори дигар собит кард, ки амлигардонандаи сиёсати Муассиси хеш аст. Мо идеяи эшонро омӯхта, боварӣ ҳосил кардем, ки иқдоми пешгирифтаи маҷалла дар муҳимтарин масоил - дарёфти сарварони болаёқат аз ҳисоби бонувони соҳибистеъдод шоёни дастгирӣ аст.Аз ин рӯ, ташаббуси аҳли эҷоди маҷаллаи мазкурро дастгирӣ намудем.
Қиматгул Рустамова, собиқ ходими давлатӣ: «Озмуни маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» олӣ набуд, аммо нав буд»
Ин гуна озмун ва чорабинӣ кайҳо инҷониб сурат нагирифта аст. Таманнои ман ин аст, ки «Чеҳракушоӣ» идома ёбад ва дигар бонувони шоистаи Тоҷикистон низ муаррифӣ шаванд.
Муҳиба Ёқубова, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон: «Идеяи озмун хеле хуб буд»
Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» амали ҷиддиеро роҳандозӣ кард. Аммо шакли баргузории озмун, ба назари ман, бояд каме дигартар мешуд. Ё қаҳрамонҳо соҳиби диплому сипосномаву ҷоиза мегардиданд ва ё муаллифон. Аз ҳарду бояд яке рӯи саҳна мебаромад. Ин ду чиз ба таври алоҳида бояд баҳо дода мешуд. Ба ҳар сурат, пешниҳод мекунам, ки дар оянда низ маҷалла чунин озмунҳоро идома бидиҳад ва чеҳраҳои бешумореро барои ҷомеа муаррифӣ кунад.
Низом ҚОСИМ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Нахуст ба ҳайси як тан аз ҳакамони ин озмун мехостам андешаҳои хешро иброз намоям. Аксари мақолаҳо бо услуби обшуста, умумӣ ва то андозае сатҳӣ навишта шуда буданд. Фикри наву ҷолиб, ба маънои томаш, кашфи чеҳраҳои ноошно камтар ба ба назари ман расид. Баъзе муаллифон ба «кашф»-и шахсоне саъй карданд, ки аллакай бешу кам шинохта ва дар соҳаҳои худ собиқадору соҳибтаҷриба ҳам буданд.
Дар маҷмӯъ идея хуб буд. Аз ҳисоби чеҳраҳои нав ба Ҳукумат пешниҳод намудани кадрҳои арзанда, муаррифии бонувони соҳибистеъдоду кашфи чеҳраҳои тозаи сазовор ба мақоми сарвариро тақозо дошт. Вале, мутаассифона, муносибат ба ин омили муҳими равнақи давлату ҷомеа аз ҷониби муаллифон - ҳамкасбони мо аз нигоҳи ман амиқ сурат нагирифт.
Ҳангоми гузаронидани чунин озмунҳо, пеш аз ҳама, омили огоҳонӣ зарур аст, яъне ҷомеа бояд аз ҳадафҳои амал хубтар бохабар бошад. Аммо тарғиби чунин як иқдоми нек танҳо тавассути як маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» сурат гирифт, ки ин кам аст. Бубинед, баъзан як чизҳои камарзиштаре ончунон воҳимаву таблиғ мегарданд, ки гӯё чизи бунёдӣ бошанд. Аз ин рӯ, ба фикрам, як муносибати сифатан нави воситаҳои ахбори омма ва амиқандешиву амиқбаёнии аҳли қалам хоса телевизионҳо лозим аст, ки ба сатҳи баланди баргузориву натиҷагирии чунин озмунҳо мусоидати бештаре дошта бошад.
Саодат АМИРШОЕВА, вакили Маҷлиси намояндагони МОҶТ: Дар озмуни «Чеҳракушоӣ» чеҳраҳои тоза иштирок карданд. Муаллифон низ нисбати ҳаёту фаъолияти онҳо мақолаҳои хуб иншо намуданд. Дар ҳақиқат ҳам, гузаронидани чунин озмун лозим буд. Зеро дар минтақаҳои дурдаст занҳое ҳастанд, ки солҳо баҳри ободии диёри худ ва беҳтар намудани вазъи зиндагии як гурӯҳи калони одамон заҳмат мекашанд, аммо касе аз кори онҳо огоҳӣ надорад, касе онҳоро ба ҳайси ашхоси кордон муаррифӣ намекунад. Аз ин рӯ, пешниҳоди ман ин аст, ки дар оянда ин гуна озмунҳоро ҷумҳуриявӣ эълон карда, аввал дар минтақаҳо ва баъд дар пойтахт даври ҷамъбастиашро гузаронанд.
Дар умум, доир кардани чунин озмун як навъ ташвиқот барои мардум бобати эътибори истеъдоду заковат аст, ки маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» тавассути озмуни «Чеҳракушоӣ» то андозае ба ҳадаф расида тавонист.
Давлат Сафар, директори генералии КВД «Тоҷиккино»: «Шоиста аст, ки озмун дар навоҳии дигар низ доир гардад»
Барои як моҳнома ин беҳтарин иқдом аст. Ин кори содда набуд. Дар ин озмун, пеш аз ҳама тарғиби маънавиётро дидам. Ин озмуни муаррифии чеҳраи сиёсии занҳо ҳам буд. Ҷонибдори онам, ки чунин озмунҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар манотиқи кишвар низ ба роҳ монда шаванд. Зимни муаррифии бонувон, бояд аз бонувоне, ки ҳунарҳои маъмулӣ доранд, низ ёд карда шавад.
Мавлуда Қодирова, мутахассиси департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон: Чеҳраҳои занону духтароне, ки аз ҷониби маҷалла кушода шуданд, нишон медиҳад, ки махсус шахсиятҳои на ҳамеша соҳибвазифа, балки оддӣ, ба монанди духтур, муаллима, иқтисодчӣ, журналист, зани хонашин, ҳамзамон занҳои соҳибвазифа, низ дар маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” мавриди муаррифӣ қарор мегиранд. Инъикоси зиндагӣ ва фаъолияти кории чунин занҳо, ки дар рушду инкишофи ҷомеа саҳми худро мегузоранд, бениҳоят муҳим ва саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа мебошад.
Гулчеҳра муҳаммадиева, нависанда: Озмуни «Чеҳракушоӣ» ё ҳамчунин як иқдом, албатта, дар самти кашфи чеҳраҳои нав таъсир расонида метавонад. Тавре аз муаррифии мақолаҳои нашршуда маълум гардид, ин бонувон дар соҳаи худ шахсони кордон ҳастанд. Ҳамчун як тамошобин аз ҷамъбасти ин озмун таассуроти калон бардоштам. Чунки то ин вақт занону духтаронро танҳо зан-модар, зан-кадбону ва ё зан-зебоӣ муаррифӣ мекарданд. Аз ин рӯ, дар оянда низ, агар чунин озмунҳо зуд-зуд баргузор шаванд, ба манфиати ҷомеа, хусусан занони соҳибистеъдод хоҳад буд.
Майрамбӣ Давлатова, муовини раиси н. Синои шаҳри Душанбе: «Занҳои шоиста тавассути ин озмунҳо муаррифӣ шаванд»
Ба ман бисёр маъқул шуд. Занҳое, ки дар толор дар паҳлуи ман нишаста буданд, ба озмун баҳои баланд медоданд. Воқеан, чеҳраҳои шоиста тавассути чунин озмунҳо муаррифӣ бояд бигарданд. Пешниҳод мекунам, ки ин озмунро дар як сол 2 маротиба баргузор намоед. Зеро мо ниёз дорем ба чунин бозёфтҳо.
То кунун аз ин озмун ва маҳфили ҷамъбастии он таҳти таъсир қарор дорам. Бо як ҷумла мегӯям, ки олӣ буд.
Хилватшоҳи МАҲМУД, Дабири кулли Шӯрои ВАО:
Тайи 20-соли ахир дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба қадру манзалати занон-модарону хоҳарони мо, ба вижа онҳое, ки дар ин ё он бахши муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳукумату созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолият доранд, бештар шудааст.
Тасмим ва ё худ чорабинии махсус, ки аз ҷониби аҳли эҷоди маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», хоса сардабири муҳтарами он Ҳуриннисо Ализода таҳти унвони озмуни «Чеҳракушоӣ» сурат пазируфт, идомаи мантиқии ҳамин пружаи стратегии Ҳукумати кишвар аст, аммо бо намо ва ранги тоза. Ҳадди аққал 10-12 чеҳраи тозаи бонувон, ки миёни ҷомеа то ҳанӯз ношинохта буданд, аснои озмун муаррифӣ шуданд, ки ба истилоҳ метавонанд «хазина»-и кадриро комилтар намоянд. Ба назари ман, агар ин озмун ва як чунин чорабинӣ на барои як бор, балки ҳамасола доир гардад, айни муддаост. Зеро ба ин васила ҳам мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳал ва ҳам Ҳукумат барои хоста гирифтани кадрҳо аз ҳисоби занон мушкилӣ камтар хоҳанд дошт. Ҳамзамон, масъулинро зарур аст, ки дастгирии моддӣ ва маънавии ин лоиҳаро ба зиммаи худ бигиранд, чаро ки манфиати баъдӣ ҳам бештар ба миллат ва сохторҳои онҳо мерасад, на ба аҳли эҷоди маҷалла.