Имрӯз дар ноҳия ҷойе агар сӯҳбат атрофи бонувони шинохтаву баобрӯи Ёвон равад, пеш аз ҳама аз муаллима Солеҳа Каримова ёдовар мешаванд. Ӯ ба ҳайси як чеҳраи мондагор натанҳо дар лавҳаҳои фахрӣ, балки дар дилу дидаи мардуми ин ноҳия низ маъво гирифта. Бо маданияту маърифати хоса сазовори унвони баланди чеҳраи шинохтаи мардумист. 43 соли умри худро дар ҷодаи омӯзгорӣ сипарӣ намуда, дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва маънавиёти мардум заҳмат кашидааст.
Аз ёдҳо…
Соли 1961 мактаби миёнаро дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хатм намуда, баъди ду соли фаъолияти корӣ дар Комбинати шоҳибофии шаҳри Душанбе, ба Донишкадаи омӯзгории ба номи Тарас Шевченко дохил мешавад…
– Солҳои аввали корӣ, роҳбари корхона мехост барои идомаи таҳсил маро ба донишгоҳи Маскав фиристад. Аммо шавқу рағбати омӯзгорӣ ғалаба карду ба соҳаи маориф омадам, – ёдовар мешавад ӯ. Солеҳа Каримова се соли аввали фаъолияташро ба ҳайси омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №15-и ноҳияи Ёвон сипарӣ намуда, солҳои 1971-1986 сарварии мактаби мазкурро ба ӯҳда дошт. Тӯли 15 соли роҳбарии вай мактаби деҳаи Дастгирак ба яке аз дабиристонҳои намунавии вилоят табдил ёфт. Қобилияти баланди роҳбарӣ ва обрӯву эҳтиромашро ба инобат гирифта, соли 1984 ӯро ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Ёвон таъйин мекунанд. Баъдан С.Каримова 6 сол ҳамчун раиси деҳоти Навкорами ноҳия фаъолият карда, соли 1994 ба нафақа баромад.
Боз мактаб!
– Дар 18 соли баъди нафақа ҳам хонашин набудам, – мегӯяд муаллима. – Вазифаи котиби раёсати хоҷагиро ба ӯҳда доштам. Инак, 12 сол мешавад, ки боз ба мактаб баргаштам. Дар дабистоне, ки беҳтарин лаҳзаҳои ҳаётам гузаштааст, аз фанни кимиё ва биология ба шогирдон дарс мегӯям.
Омӯзгори ҷавон Дилосо Наҷмиддинова аз овони мактабхонӣ пайроҳаи устоди фанни кимиё ва биология - Солеҳа Каримоваро интихоб карда буд. «Ман худро хушбахттарин инсони рӯи замин меҳисобам, зеро ба орзуям расидаам. Агар дар мактаббозиҳои овони кӯдакӣ танҳо дар нақши муаллима ба ӯ пайравӣ мекардам, акнун дар баробари устоди азизам ба ҷавонон сабақ медиҳам», - мегӯяд Дилосо.
Гулнора Собирова, хонандаи синфи 11-уми мактаби мазкур мегӯяд: «Ман дар хусуси аъло супурдани имтиҳонҳо аз фанни кимиё ва биология дар донишкада бовар дорам, зеро онро ба шарофати устодам хуб аз худ кардаам. Дар баробари таълим муаллима ба мо, духтарон, эҳсоси боварӣ ба худ ва мубориз будан дар зиндагиро меомӯзанд. Мисли модар бароямон азизанд».
Сарварии оила ҳаққи шавҳар аст
Муаллима дар ин андеша аст, ки дар муносибат бо кӯдак ва таълиму тарбияи насли наврас омӯзгор бояд бисёр ҷиддӣ бошад.
– Агар талаба дар амалу рафтори мо нуқсону камбудиеро бинад, дигар сухани мо таъсир нахоҳад дошт. Аз ин рӯ, дар тарбияи шогирди арзанда омӯзгоре муваффақ мешавад, ки пеш аз ҳама худаш бо одобу ахлоқи ҳамида намунаи ибрати мардум бошад. Ҳамчунин, таҷриба собит сохта, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи наврасон ба илму донишандӯзӣ дар баробари омӯзгор, оила, бахусус падару модар нақши ҳалкунанда мебозанд.
Суол мекунам, ки касб ва фаъолияти се даҳсолаи роҳбарӣ ба таълиму тарбияи фарзандонаш чӣ таъсире расонидааст. Дар ҷавоб бо табассуми андешамандонае мегӯяд:
– Дар мактабе, ки 15 сол сарвариашро ба ӯҳда доштам, шавҳарам омӯзгор буду фарзандонам омӯзиш мегирифтанд. Тақозои касбу кор чунин буд, ки дар хона шавҳарам роҳбар буду дар ҷойи кор ман. Баъзан дар сӯҳбатҳои сари дастархон мабодо суханам оҳанги супоришӣ пайдо кунад, шавҳарам шӯхикунон мегуфт: «Муаллима, ин ҷо мактаб нест!». Аз ҳафт фарзанд чаҳор нафар роҳи моро интихоб карда, омӯзгор шуд.
Маҳбуба Каримова, духтари муаллима, директори мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №1 ноҳияи Ёвон, дар сӯҳбат гуфт, ки малакаи роҳбариро аз модар омӯхтааст. «Гарчанде дар хона тасмими охирро падарам мегирифт, дар мактаб ин ҳаққи модарам буд. Волидайн дар хонаву мактаб нақшҳои роҳбарии худро олӣ иҷро карда метавонистанд. Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оилаи мо дар таълиму тарбияи фарзандон нақши бузург бозидааст. Ба андешаи ман дар оилае, ки зану шавҳар ҳамфикру баробарҳуқуқанд, фарзандони солеҳу иродаи лидерӣ дошта тарбия меёбанд».
Муаллима ва дард
– Коҳиш ёфтани одобу ахлоқи наврасону ҷавонон масъалаи доғ ва шояд фаротар аз он бошад. Имрӯз фарзандони волидайне, ки ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, аз тарбия дур мемонанд. Бештар вақт бори рӯзгор ба зиммаи модар меафтад. Дар ин маврид тарбияи фарзанд дучанд мушкил аст. Дар баробари ин, набудани ҷойи кор, бад шудани вазъи молии оилаҳо ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ ба рафти таълиму тарбияи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Мушоҳида кардани ин барои ман дардовару аламнок аст. Солҳои пеш дар назди мактабҳо бригадаҳои истеҳсолӣ мавҷуд буданд, ки хонандагони синфҳои болоӣ берун аз дарс вақти худро дар он мегузарониданд. Барқарор намудани бригадаҳои истеҳсолӣ ба манфиати кор аст, – қайд мекунад муаллима.
Ифтихор
Чанде пеш муаллима ҷарроҳии қалбро аз сар гузаронида бошад ҳам, аз мактабу шогирдон ҷудо нашуд.
– Имрӯз теъдоди мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи маҳалро таҳлил намуда, дар назди виҷдони худ осудаам, ки дар фурсати дар ихтиёрдошта шогирдони зиёдеро дар интихобу роҳнамоӣ ба касбу кори гуногун кӯмаку дастгирӣ намудаем. Имрӯз соҳибкасбони арзандае дар ҳудуди ноҳияву вилоят ва берун аз он хатмкардагони мактаби мо мебошанд, ки бо хизмати содиқона ба халқу Ватан байни мардум шинохта шудаанд. Бо онҳо ифтихор дорам, – мегӯяд С. Каримова.
Врезка Ҳамзамон бо ин, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар шароити қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон танҳо миллатҳое пойдор мемонанд ва ҳувияти худро маҳфуз медоранд, ки дар баробари азхуд кардани дастовардҳои навини илму технология, ҳамчунин парчами истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллиашон ҳамеша побарҷо ва сарафроз бошад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ