05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НАТИҶАГИРӢ АЗ ОЗМУНИ «ЧЕҲРАКУШОӢ»

Қобили ёдоварист, ки ҳадафҳои ин чорабинӣ аз ҳадафҳои оинномавии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» сарчашма гирифта, мақсади асосӣ амалӣ гардонидани сиёсати гендерии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар буд.

Зимнан, яке аз нахустин фармонҳои Раиси ҷумҳур, баъди дубора интихоб гаштанаш ба мақоми Президентӣ, ҳанӯз 3-декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» - унвон дошт. Аз он ба баъд низ чандин барномаҳои давлатӣ ва чораҳои дигари тақвиятдиҳандаи ин иқдоми Президент мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда буд ва амалӣ ҳам мешаванд.

Тайи як соли охир чӣ дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва чӣ дар Паём Президенти мамлакат болоравии мақоми бонувон дар корҳои раҳбарӣ ва иштироки фаъоли занонро дар ҷомеа ба таъкид зикр мекунад.

Барномаҳои тоза ва қонуну қарорҳои риоя кардани тавозуни гендерӣ ва тавсиа бахшидани фаъолияти густурдаи занон дар тамоми соҳаҳо рӯз то рӯз бештар мегардад.

Озмуни «Чеҳракушоӣ», ки ҳам ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон ва амалӣ гардонидани сиёсати гендерии Президенти кишвар роҳандозӣ шуд, ба хотири муаррифии чеҳраҳои тоза ва пазируфтанӣ ба ҷомеа ва бадин васила пешниҳоди мутахассисони сазовор аз гӯшаву канори кишвар, дарёфти истеъдодҳои нав барои афзудани сафи занони дар мақоми роҳбарикунанда буд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки то имрӯз маҷаллаи давлатии «Бонувони Тоҷикистон» ин рисолати оинномавиаш, яъне ба ҷомеъа муаррифӣ кардани бонувони сазовори кишварро амалӣ мекард ва баъдан низ онро идома хоҳад дод.

Озмуни мазкур дар баробари кашфи соҳибчеҳраҳо ҳамчунин чанд ганҷи тозаеро аз миёни журналистон барои ҷомеа муаррифӣ кард. Се ҷои аввалро, ки мутаносибан рӯзноманигорон Умаралии Сафаралӣ, Аъзам Мӯсоев ва Асҳобиддин Суннатӣ ишғол карданд, то кунун барои хонандагон аз истеъдоди кашшофии худ дарак надода буданд. Ҳайати ҳакамон дар ниҳоят ба ин натиҷа расиданд, ки муаллифони номбурда бо ҷиддияти бештар ба озмун ворид шуданд ва бо созовортарин чеҳраҳо чун ғолибони озмун пазируфта шуданд.

Ҳакамон матлабҳо ва чеҳраҳои муаррифӣ намудаи Хуршеди Атовулло, Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, Ҷамолиддини Сайфиддин, Зафари Сӯфӣ, Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Бахтиёр Ҳамдамов, Орзу Исоев ва Сайёфи Мизробро низ баҳои баланд доданд.

Дар маҷмӯъ, ҳар кадоми аз ин чеҳраҳо ва муаллифони матлабҳо ҷойгоҳи хоссаеро дар ин озмун соҳиб шуданд.

Соҳибдиплом гаштани 20 нафар муаллиф бо қаҳрамонони мақолаҳояшон ва соҳиби сипосномаву тӯҳфаҳо гаштани кулли иштирокчиёни озмун собитгари ин гуфтаҳоянд.

Аҳли эҷоди маҷалла ва сарпарастону дастандаркорони баргузории озмун, хосса намояндагони ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз баргузории ин ҳамоиши ҳам ҷаззобу ҳам диданӣ изҳори сипосу шодмонӣ намуданд.

Баъд аз баргузории маҳфил садҳо зангҳои телефонӣ ва номаҳои электронии иштироккунандагони маҳфил ба идора мерасиданд, ки ин худ бозгӯкунандаи қаноатмандии эшон аз арҷгузории хирад, ҳунари сарварӣ ва истеъдодҳои бонувон буд.   

Ҳ. Ализода

:.  Чеҳра 25.05.2012 13:03 2477

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz