Агар шӯҳрат талаб дорӣ, рафиқи беди маҷнун бош,
Ки ӯ ҳарчанд боло меравад, сар бар замин дорад…
Ин аст байти дӯстдошта ва шиори ӯ дар зиндагӣ. Ӯро Зебуннисо ном аст, вале аз рӯи эҳтирому дӯстдорӣ кӯтоҳакак Зебо мегӯяндаш. Табиб аст, табиби оилавӣ. ДДТТ-ро соли 1986 хатм карда, фаъолиятро ба ҳайси духтури кӯдакон аз бемористони марказии шаҳри Норак оғоз кардааст. Аз соли 1995 то имрӯз ба ҳайси сардухтури Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.
ЗИНДАГӢ ОЗМУНГОҲ АСТ
Лаҳзае, ки озмунро ҷамъбаст карданӣ шуданд, баҳсу миш-миш ва гапҳои бехигӯшии аъзои ҳакамот тӯл кашид. Гӯё ҳеҷ кас намефаҳмид ва ҳатто бовар кардан намехост, ки як бонуи оддии деҳотӣ баландтарин натиҷаро соҳиб шуда бошад. Вале ҳама чи аён буд. Амалҳои «зоёндани модари ҷавон» дақиқкорона иҷро гардида, вақт ҳам бо сониясанҷ чен шуд. Амалиёти касбӣ ҳам олӣ, натиҷаи он чун асбоби аёнӣ пеши назари ҳамагон «ана, ман», гуфта меистод. Ҳакамон, ки бештарашон аз олимону табибони шинохтаи муассисаҳои тиббии пойтахт буданд, албатта, чунин кор ва натиҷаи олиро аз маҳсули маҳорати намояндагони пойтахт чашм доштанд, на аз табибони оилавии музофотӣ… Он рӯз баъди баҳси зиёд ҳакамон ба хулосае омаданд, ки ду ҷойи аввал таъсис бидиҳанд, то ки қадру манзалати духтурони оилавии маркази кишвар накоҳад.
– Ҷойи аввалро ба ду натиҷаи ҳархела намедиҳанд. Қаҳрамони асосӣ як кас мешавад! – Билохира эълом дошт дар рӯзи тантанаи табибон - зодрӯзи ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Сино Нусратулло Салимов,вазири тандурустии кишвар, ки гӯё аз ҳама миш-мишҳову баҳсҳои ҳакамону сабқаткунандагони озмун огоҳ буда бошад. – Ғолибият ба табиби оилавии Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак Зебуннисо Раҳимова бо ҳамдастии ҳамшираи шафқати ҳамин дармонгоҳ Гулнисо Бобоева дода мешавад! Мо бо чунин табибони оилавии музофотиамон ифтихор дорем!
Аз хушхабари ғолиби озмуни «Беҳтарин табиби оилавии Тоҷикистон» гардидану бо ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва компютеру принтер мукофотонида шудани онҳо на фақат кормандони марказу ҳафт бунгоҳи тиббии он, балки кулли кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Норакро эҳсоси фараҳфизои ифтихор фаро гирифта буд.
Дар дили худи ӯ низ ифтихор меболад, лаҳзае ки чунин рӯйдодҳои фараҳбахши ҳаёташро пеши рӯ оварад. Шояд ҳамин лаҳзаҳои гуворо дили ӯро ба касбаш, ба коргоҳаш, ба ҳамкоронаш кафшер карда бошад, ки аз онҳо дил канда наметавонад. Даъвати масъулини соҳа ва ҳатто роҳбарони маҳаллиро барои ишғоли зинаҳои баланди мансаб бо ҳар баҳона ноаён рад мекунад. «Зиндагӣ озмунгоҳ аст, муваффақ соҳибкасбу соҳибҳунарест, ки дар озмунҳои он ғолиб омада бошад!», – бо чунин андеша қавӣ мегардонад бовареро дар дилаш дар он хусус, ки «ҳар касеро баҳри коре сохтанд…»
дармонГОҲИ ЗЕБУННИСО
Ин бинои зебои замонавӣ меваи дарахти истиқлол аст. Он аз баракати барномаҳои ҳукуматии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ арзи ҳастӣ кардааст. Вале аз он сабаб «Дармонгоҳи Зебуннисо»-яш мегӯянд, ки Зебуннисо Раҳимова дар бинои пештараи он 17 сол аз духтури оддӣ то сардухтур ба ҳамдиёрони хеш хизмати тиббӣ расонда чун табиби ҳозиқу инсони ҳалиму меҳрубон ном бароварда буд. Ҳине ки дар Вазорати тандурустӣ масъалаи омода намудани табибони оилавӣ ба миён омад, аз Норак барои бозомӯзӣ дар қатори пешқадамони соҳа ӯ низ мунтахаб гардида, бо чаҳор нафар ҳамшираи шафқати дармонгоҳаш ба пойтахт даъват шуд. Ин омӯзиш бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, мувофиқи барномаи лоиҳавии он то ба итмом расидани 6 моҳи таҳсили духтурон ва ҳамшираҳо бояд коргоҳҳои онҳо низ навсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мегардиданд. Ин барнома дармонгоҳ ва 7 бунгоҳи тиббии Ҷамоати деҳоти Дӯкониро таҷдид ва муҷаҳҳаз гардонид.
Зебуннисо корро ба ҳайси табиби оилавӣ дар бинои нави дорои шароити олии фаъолият бо нерӯи нав, бо донишу малакаи замонавӣ оғоз бахшид. Дастгоҳҳо, таҷҳизоти ташхису табобат, васоити алоқаи байни бунгоҳҳо, муҳаррикҳои дизелии барқдиҳанда, мошинҳои нави ёрии таъҷилӣ - ин ҳама имкон медод, ки сифати хизматрасонии тиббӣ дар деҳот рӯз ба рӯз беҳтар гардад ва бо саъю талоши ҳамкорон натиҷаҳои мислаш диданашуда ба даст биёянд.
МАҲБУБИЯТ
Қиссаи бо талоши Зебуннисо наҷот ёфтани тифли хонадони рӯҳонии овозадор, ки ҳамдеҳагон барои куфу суф ба назди ӯ мерафтанд, дар Норак аз даҳон ба даҳон мегузашт. Рӯҳонӣ, ки шахси пешқадаму омӯзишдида буд, аз вазъи ногувори саломатии фарзанд тарсида, ба Зебуннисо мошин мефиристад. Аз қазо ӯ ба деҳаи дигаре назди бемор рафта буду то ҳозир гаштанаш вақти зиёде сипарӣ шуд. Ба болини бемор замоне расид, ки рӯҳонӣ аллакай манаҳи тифлро баста, калимаи шаҳодат бар забон меронд.
Зебуннисо салом дода, чашмони кӯдакро зуд кушода, аз назар гузаронд ва даст ба набзаш бурд. Чун фаҳмид, ки ҳанӯз ҷон дорад, таъҷилан аз пайи иҷрои ёрии аввалияи тиббӣ пардохт. Ба бахти кӯдак доруҳои зарурӣ аз ҷомадони табиб ёфт шуданд. Пас аз як соати доругузаронӣ духтарак чашм кушод ва дар ҳафтаи аввали табобати муттасил ба по хест…
Баъди ин воқеа сафи беморони ӯ ба маротиб афзуд. Маълум шуд, ки қариб ҳамаи ихлосмандонашро рӯҳонӣ ба назди Зебуннисо мефиристодааст.
ТАБИАТ ВА ТАБОБАТ
Табиатро шоирона дӯст медорад Зебуннисо. Ин муҳаббатро дар дили ӯ падари шоиртабиаташ бедор кардааст. Воқеан, аз падари 75-солаи худ Карим Раҳимов ӯ бо муҳаббати хоса ёдовар мешавад. Аз шеърҳои барои набераҳояш эҷодкардаи мӯйсафед аз ёд қироат мекунад. Дар бораи ҷавонмардӣ, ҳақпарастӣ, ҷасуриҳояш бо шавқ ҳарф мезанад.
– Бобои модариям Ато Қурбонов раиси комиҷроияи шаҳри Норак буд.-–Қиссаи зангирии падарро бо хушҳолӣ ёдовар мешавад Зебуннисо.– Падарам, ятимбачаи дар интернат таълимгирифта, бо роҳхат ба сохтмони НБО-и Норак ба кор омада, бо як дидан ба модарам ошиқ мешавад. Вале духтари раис буданашро фаҳмида, чанд муддат аз ӯ дурӣ меҷӯяд. Лекин ишқи поку сӯзон ба он кас ҷасорат мебахшаду ба қабулгоҳи раис барои хостгорӣ меравад. Ҷасорати ҷавон ба бобоям хуш меояд ва ӯро ба хона даъват мекунад…
Падар, ки боғдорию дарахтшинонӣ, сабзавоткорию гиёҳшиносӣ барояш шуғли дӯстдошта аст, нахустфарзанди худ - Зебуннисоро аз хурдӣ бо табиати зебо, бо гулу гиёҳи шифобахши диёр ошно кардааст. Солҳои зиёд аст, ки дар баробари табобати касбӣ аз гулу гиёҳҳои диёр фаровон истифода мебарад.
– Мардуми камбизоати деҳот қудрати хариди доруҳои қиматро надорад, –мегӯяд ӯ. – Аз ин ҷиҳат бисёре аз беморонро аз хазинаи дорухонаи табиат ройгон табобат мекунам. Ба онҳо тарзи тайёр намудани гиёҳдоруҳоро мефаҳмонам. Шифоёфтаҳо овоза паҳн мекунанд ва ин маҷбурам мекунад, ки ихлосмандонро на фақат аз ҳудуди деҳоти Дӯконӣ, балки аз дигар деҳу минтақа ва ҳатто дигар шаҳру навоҳӣ низ табобат намоям.
РАНҶ ЧУН ОДАТ БИШУД, ОСУДАГИСТ
– Ба бархе аз ҳунармандону овозхонон, адибону олимон ва ҳатто варзишгарони номӣ вақте дар бораи он, ки фарзандон ба онҳо пайравӣ мекунанд ё не, суол медиҳанд, ҷавоб чунин мешавад, ки гӯё онҳо намехоста бошанд, ки фарзандон ранҷи душвори кашидаи онҳоро аз сар гузаронанд, – ибрози назар мекунад Зебуннисо. – Ман ба ин ақида мухолифам. Бе ранҷ ҳеҷ гоҳ ганҷ муяссар нашудааст. То кас шаҳди ранҷи худро начашад, ба қадри осоиши рӯзгор намерасад. Ба фарзандонам мисли падару модари худ хондану омӯхтанро талқин месозам. Бача, ки аз хурдӣ хуб омӯхт, худ роҳашро дар ҷавонӣ интихоб мекунад. Бигзор аз тифлӣ инсон лаззати ранҷро бичашад. Агар ба заҳмат бо муҳаббат муносибат накунем, ҳеҷ гоҳ на ба қадри муҳаббат мерасему на ба қадри заҳмат.
Аз оилаи мо додарам Хуршед, аз фарзандон духтарам Маҳина, шавҳари ӯ - домодам Абдуғаффор ва писарам Умедҷон дар зиндагӣ роҳи маро интихоб кардаанд. Дар риштаҳои гуногуни соҳаи тиб фаъолияташонро ба таври аъло пеш мебаранд. Ифтихор дорам, ки аҷдоду авлодам аз ранҷи ганҷофар сазовори обрӯ ва эҳтироманд…
МАҲЗУН