22
Декабр, 2024
Якшанбе
22
Декабр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
Олга Тутубалина: МАН ДАР АНДЕШАҲОЯМ ОЗОДАМ…
.
Олга Тутубалина аз ҷумлаи камтарин бонувони журналисти Тоҷикистон аст, ки дар муддати кӯтоҳ обрӯву шӯҳрати зиёд пайдо кард. Ӯ аз аввал ҳарчанд дар муҳити журналистӣ кор мекард, аммо касбаш дигар буд – ҳуруфчин. Чаро ӯ якбора касби худро иваз намуд? Оё ба таври зуд обрӯву мақом ёфтан дар касби душворе чун журналистика ба ҳама имконпазир аст? Озодӣ барои як бонуи аврупоӣ дар муҳити шарқиёна чӣ маънои хос дорад? Ин ҳама бо мӯҳтавои суолҳои дигаре, ки зимни сӯҳбат бо Олга Тутубалина дар арафаи ду ҷашн – рӯзи матбуоти тоҷик ва Иди Модарон баррасӣ шуданд, ба хонандагони «БТ» пешниҳод карда мешавад…
«Ситора» танҳо одами поквиҷдон шуда метавонад!»
«Ҳоло баъзеҳо мутмаин шудаанд, ки журналистика ба як касби хеле содда табдил ёфтааст ва гӯё дар он дилхоҳ шахс имкони кор кардан дорад. Оё ин воқеият аст? Ба ҳеч ваҷҳ! Дуруст, ба соҳаи мо бачаҳои ҷавон, аммо хеле заъиф ворид шудан доранд. Бояд ба назар гирифт, ки ин танҳо ба касби мо дахл надорад. Сухан дар бораи сатҳи умумии саводнокии хатмкунандагон меравад.
Аз ҷониби дигар, баъзе аз ҷавононеро ман мебинам, ки бо мафкураи ислоҳотпазирӣ ба журналистика ворид шуданианд. Ин ҷои таҳсин аст.
Бар илова, вақте дар бораи журналистика сӯҳбат мекунем, бояд ба назар гирифт, ки мо баъзан рисолати баъзе аз ниҳодҳои заъифи ҷомеа ва ҳукуматро анҷом медиҳем. Иҷрои ин рисолат осон нест. Пас дар бораи кадом «соддагиҳои» касби мо ҷои гап мемонад?
Бо ин ҳама, иқрор нокарда наметавонам, ки баъзе аз ҷавонон, хоса бонувон, дар Тоҷикистон ва на танҳо дар мо, бо он нияте кор дар ВАО –ро интихоб карданӣ мешаванд, ки имкони «ситорашавӣ» аз ин тариқ гӯё осонтар аст. Ин бардошти бардурӯғ аст. Вақте онҳо ба касби воқеӣ сарукор мегиранд, инро зуд дарк мекунанд. Аз ин хотир, вақте ба назди ман ба сифати шогирд ё таҷрибаомӯзӣ меоянд, зуд барояшон мефаҳмонам, ки бояд донед: якум, ин касбе нест, ки шумо аз тариқи он тавонед пули зиёд ва он ҳам зуд пайдо кунед. Дуюм, бале, мардум тавассути ин касб шуморо тезтар хоҳад шинохт, вале вақте воқеан бовар ҳосил мекунад: Шумо аз рӯи виҷдон ва барои ҷомеа кор мекунед, на барои касеву гурӯҳе!
«Кадр ҳама чиро ҳал мекунад»
«Вақте ман ба журналистикаи амалӣ ворид шудам, бори дигар хулосаам қавӣ шуд, ки мутахассис ҳамеша ҳалкунандаи мушкилот аст. Ман замоне ба журналистика ворид шудам, ки ҳолати он аз имрӯза фарқи чандоне надошт. Аммо пеши худ мақсад гузоштам: Ман бояд журналист шавам!
Ана ҳамин хоҳиш, шавқу шӯри маро ба касб бештар намуд. Ин хоҳиш маро таҳрик медод, ки бештар хонам, омӯзам, тавваҷҷӯҳ кунам, то ба ҳадаф бирасам. Ҳоло мебинем, ки баъзе аз ҷавонон меоянд ва бо шунидани маоши начандон баланди мо аз редаксия фирор кардан мехоҳанд. Ман аз ин гуна одамон мепурсам, хуб имрӯз шароит дигар аст. Ҳоло шумо имкон доред бо ғояҳои нав, ки маблағзо хоҳанд буд, ҳам худро сарватманд созеду ҳам идораи моро. Аммо вақте аз онҳо мепурсам, масалан, шумо барои мо чӣ дода метавонед, посухро нагӯям ҳам мешавад. «Ҳеҷ чиз!».
Гуфтан мехоҳам, ки феълан замони дигар аст, аммо мутаассифона, насли нав ҳам инро қабул кардан намехоҳаду аз рӯи фаҳмиши падару модарони худ кор кардан мехоҳанд. Агар онҳо бо ин гуна мафкура муваффақ шаванд, ман танҳо метавонам хурсандӣ кунам.На беш аз ин.
Аз ҷониби дигар, фикр мекунам, як роҳи дигари халосӣ аз «кадрҳои хасакӣ», ки ба журналистика бо ғараз, аз ҷумла «ситора» -шавӣ меоянд, шакл додан ва тақвият бахшидани журналистикаи ҳирфавист. Яъне замоне диданд, ки журналистика воқеан ҳам на он касбест, ки тасаввур мекарданд, ба фикрам, шумори «мухлисони нозарур» кам хоҳад шуд».
«Зани тоҷик аз мард ягон қаҳрамонӣ интизор надорад»
«Зиёд мешунавем, ки дар бораи занони Тоҷикистон ҳарфҳои носазо мегӯянд. Аз ҷумла, гӯё бонувони мо аз ҳад серталаб шудаанду бо кам қаноат намекунанд. Ман бо занону духтарони зиёде аз рӯи талаботи касбӣ сӯҳбатҳо анҷом медиҳам, назари эшонро дар мавзӯъҳои гуногун мефаҳмам. Бовар кунед, хулосаам ин шудааст, ки як бонуи Тоҷикистон аз марди худ бештар аз он чизе намехоҳад, ки ҳамеша тавонад ба ӯ такя кунад. Ҳатто барои ёфтани дили бонуи тоҷик ягон қаҳрамонӣ зарур нест. Танҳо бояд мутмаинаш кард, ки ҳамеша дар паҳлуи бонуи худ хоҳӣ буд. Хоҳ лаҳзаи шодӣ аст, хоҳ мушкил.
Агар мардон ин корро накунанд, бонувон умеди худро аз даст хоҳанд дод. Батамом! Зеро дигар бовар намуданд, ки ҳама мушкилотро бояд рӯи шонаҳои худ эҳсос кунанд ва дастгирии мардро набояд интизор шуд. Ин раванди бадест. Бешак мо инкор карда наметавонем, ки ҳоло ба мардҳо осон аст. Вале бояд ба назар гирифт: зан ба ҳар сурат зан аст! Ӯ ба меҳрубониву такягоҳ ҳамеша ниёз дорад».
«Мо бояд ба зиндагии арзанда кӯшем. Тамом!»
«Ба хотиратон ҳаст, ки як замоне дар матбуот ва сӯҳбатҳои байниҳамии одамон ҳамеша сӯҳбат аз «коммунизм» -и замони шӯравӣ буду шароити хуби он? Ҳамон замон ҳам мегуфтам, ки ин гуна андешаҳо дар пояи ноумедӣ рӯ мезананд. Вале ҳоло садои баръаксро ҳам мешунавем: «Демократия моро аз чизи асосӣ – демократия маҳрум кард». Бегуфтугӯ суоле пайдо мешавад: агар ин мардум аз ҳама чӣ норизоанд, пас онҳо бояд ба чӣ талош дошта бошанд?
Ба ин суол доимо посухи тайёр дорам. Мегӯям, мо, танҳо бояд ба зиндагии арзанда арзиш доштани худро дарк кунем. Дар ин сурат ягон низоми сиёсӣ ҳам бароямон халал намерасонаду ягон хел ғояи афсонавӣ ҳам. Бояд дар назди худ мақсад гузошт: ба зиндагии арзанда сазовор бошем. Тамом. Чизе беш аз ин зарурат надорад».
«Озодии ман дар озодии дигарон ифода меёбад»
«Бисёриҳо дар бораи озодӣ фикр кардану зӯр зада «ҷавоби боақлона» кофтан ба пурсиши «Озодӣ чист» -ро дӯст медоранд. Барои ман ҳамон фаҳмиши маъмулӣ бисёр писанд аст: «Озодии ман замоне тамом мешавад, ки озодии дигарон оғоз меёбад».
Ман одат кардаам, ки худро дар андешаҳои худ озод дарёбам. Дурӯғ мебуд, албатта, агар мегуфтам, ки бароям таҳримҳо вуҷуд надоранд. Ин ба паҳлуҳои инсонии шахс вобаста аст. Аз ҷумла, ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам, ки як бонуям ва дар паҳлуям мардҳо кор мекунанд. Баъзе аз ин мардҳо ба ман ҳаққи амру супоришдиҳӣ доранд. Зеро онҳо сардори мананд. Пас инро оё метавон ҳамчун нишонаи нақзи ҳуқуқ баҳогузорӣ кард? Аблаҳӣ мебуд…
Дар навбати худ бароям кайфиятовар аст, вақте ҳис мекунам, ки дар паҳлуям маҳз оне истодааст, ки ба ҳарфаш бояд итоат намоям. Сухан дар бораи касбияти баланди ин нафар меравад. Аммо тавре мегӯянд, барои доштани чунин раҳбар бояд худ арзанда бошӣ!».
Таҳияи Р. Мараимов
:.
Чеҳра
29.03.2012 06:56
2658
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz