22
Декабр, 2024
Якшанбе
22
Декабр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
БОНУЕ, КИ БАРОИ ДИГАРОН ЗИСТ
.
Ҳамсабақони Гуляман ёд доранд, ки дар мактаб барои хариди кулчақанд ва ширинӣ аз волидон пул мегирифтанд, вале ин дугонаи шӯху доноякашон худаш пул пайдо мекард. Ин духтарчаи қобилу пуркор барои дарёфти пул аз қобилияти эҷодӣ ва истеъдод истифода карданро омӯхта буд. Ҳанӯз дар синфи 6-ум Гуляман бо исрори дугонааш Сайёра барои нашрияи бачагонаи «Пионери Тоҷикистон» бо номи «Баҳор дар Боми Ҷаҳон» лавҳае навишт. Матлабе, ки аз як истеъдоди наврас дарак медод, вокуниши зиёде ба бор оварду ҳам нашрия ва ҳам нагорандаи он мактубҳои зиёде гирифтанд. «Ҳаққи қалам»-и нахустин ҳам омад, ки дар он вақт кам набуд ва Гуляманро ба қавле ҳам «ҳаласманд» карду ҳам машҳур. Ин такони нахустине буд, ки бо қудрати қалам ва эҷод нафареро ба рушд ҳидоят кард. Нигорандаи наврас дигар хомаро аз даст намегузошт.
Ҳамин тавр, вақте ки соли 1966-ум Гуляман ба остонаи факултаи журналистикаи донишгоҳи давлатии Тоҷикистон қадам гузошт, аз «кӯлбораш» қариб 20 лавҳаву мақолаҳоро ба қомиссияи қабул пешниҳод намуд.
Агар ҳамсабақон Гуляманро чун духтараки шӯхшанг ва донову сахткӯш дар ёд доранд, бештари хонандагони васоити ахбор вайро чун журналисти бориз мешиносанд. Ӯ тавонист бо истеъдод, сеҳри сухан ва мавқеъи фаъоли иҷтимоӣ дар дилашон ҷо гирад. Дар солҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ душвортарин, агар бонувони бозори Хоруғ ба мушкиле мувоҷеҳ мешуданд, ба назди Гуляман, ки хабарнигори телевизиони Бадахшон буд, бо арзу шикоят меомаданд. Агар дар маҳале мушкил пеш меомад, сокинон ба Гуляман Алиёрова муроҷиат мекарданд, то масъулинро аз «хоби гарон» бедор созад.
Боре шоҳид будам, ки як шахси маълул барои арзи ҳол ва кӯмак ба телевизион омад, вале журналистон худро канор гирифтанд. Гуляман баъд аз мулоқот бо ӯ матлаби дидание рӯйи навор овард, ки дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ дунёи маънавии зебо ва шоиронаи мусоҳибро ба бинандагон муаррифӣ намуд.
Хонандагон ва бинандагон дар симояш шахсеро медиданд, ки метавонист чун журналисте ҳамроз ва ҳамдардашон бошад.
Бо талоши ӯ дар баробари барномаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар телевизион барномае барои хурдтаракон бо номи «Афсона» руйи кор омад, ки дар он афсонаҳои сеҳрангези Бадахшон ба забони шуғнонӣ садо медоданд.
Аз оғози фаъолияти журналистӣ Гуляман Алиёроваро роҳи ҳамвор интизор набуд. Вай фаъолияташро аз матбаа шурӯъ намуд. Пас аз чанд муддат ба сифати тарҷумони дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ба кор гузашт. Бо пайдо кардани майдони парвози эҷодӣ Гуляман болу пар бароварда, бо мақолаҳои хонаданӣ ва ҷолибаш дар байни хонандагон маҳбубият пайдо кард.
Фаъолияти эҷодиии зиёда аз 45 солаи ин бонуи нигоранда дар рӯзномаҳои вилоятӣ ва ноҳиявии «Маърифати Шуғнон» ва ахиран идораи радио ва телевизиони Бадахшон идома ёфту чанд моҳ қабл ӯ ба нафақа баромад.
Дар бораи Гуляман ва ӯ баринҳо мегӯянд, ки дар солҳои фаъолияти эҷодӣ барои дигарон зист. Тайи ин муддат ӯ қариб ҳамарӯза зиёда аз 200 сатр барои
рӯзнома, 45 дақиқа барои радио ва ба ҳамин андоза навор барои телевизион омода мекард. «Қаҳрамонон»-аш мардумони одии кишваранд. Аммо сеҳри хомаи нигоранда ва қобилияти кушодани олами ботини мусоҳибон имкон медод, ки мо пас аз чеҳракушоӣ ба ин қаҳрамонҳо ба чашми дигар нигарему онҳоро дӯст бидорем, ҳисси ҳамдардӣ ба мушкилоти онҳо пайдо кунем ва ё аз зиндагии хоксорона, вале пандомезашон ҳикмате биомӯзем.
Сокинони ноҳияи Ванҷ ёд доранд, соли 1975 вақте, ки овозаи ҳаракати пиряхи Хирсон буруз кард, нахустин шуда, духтараке аз Хоруғ омад. Ҳангоми ҳаракат ба сӯйи пирях пули болои рӯди Абдуқаҳҳор фурӯ рафта, мошин ба дарё афтод. Журналисти ҷавон ин озмоишро, ки ба таври тасодуф пеш омад, ҷасурона, паси сар кард. Сипас, ӯро дар ҳама ҷо, ҳатто гоҳи селу тарма ва ҳам дар мавриди обхезӣ чун пешгом дидан мумкин буд.
– Кадом лаҳза бароятон хотирмон аст?, – мепурсам аз ин журналисте, ки дар ин раҳ мӯй бар испедӣ расонда.
– Вақте ки донишҷӯ шудам ва савганди донишҷӯӣ ёд кардам.Ёд дорам, ки матни онро ба дастам устод Мукаррама Қосимова дод», –посух медиҳад бонуи қаламкаш.
«Рӯзи душвортарини ҳаётатон кадом аст?» – Боз суол мекунам аз Гуляман. – Рӯзе, ки шавҳарамро аз даст додам, – бо дард мегӯяд ӯ. – Дар арафаи ҷашни касбӣ ба ҳамкрон чӣ гуфтание доред?, – муроҷиат менамоям бори дигар ба мусоҳибам.
– Суханварони қадим, ба мисли Демосфену Сисеронро метавон журналистони нахустин номид ва натиҷаи таъсири сухани сеҳрангези онҳо ба афкор ва қалби мардум барои ҳар як журналист бояд намуна бошад.Маҳаки баҳогузорӣ ба журналистикаи ҳақиқӣ он аст, ки журналисте то чӣ андоза қодир аст ба афкору андеша ва рафтори алоқамандон ба таври мусбат таъсир расонад ва онро дигар кунад. Ман ба аҳли қалам таманно мекунам, ки дар муҳити эҷодӣ кору фаъолият намоянд, зеро дар Бадахшон низ чунин журналистони хуб зиёд ҳастанд. Аз бонувон метавонам хабарнигорони телевизионӣ Улфатмо Бахталиева ва Раъно Алимшоеваро ном барам.Вале мавҷуд набудани муҳити эҷодӣ ҳар як эҷодкорро дилшикаста ва аз рушди касбӣ боз медорад. Қадри сухан ва суханварро дар ҷомеа боз ҳам бояд боло бардоранд. Барои ҳамаи ҳамкасбон тансиҳативу хонаободӣ таманно дорам.
Айни ҳол Гуляман Алиёрова ба навиштани китоб дар бораи бонувони шӯҳратманди Бадахшон машғул аст. Бовар дорам аз қалами ин бонуи нигоранда ва бориз, ки бо эҷодиёташ дар қалбу афкори хонандагон нақш гузоштааст, он китоб шавқангезу хонданӣ хоҳад буд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол
:.
Чеҳра
29.03.2012 06:49
3240
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz