22
Декабр, 2024
Якшанбе
22
Декабр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
БАРФИ БАҲОРОВАР
.
• Оғоз •
Рӯзи зимистон буд. Гоҳе офтоб медурахшид, гоҳе зарра – зарра барф меборид. Дар ҳамин рӯз духтаре ба дунё омад. Бобокалон даст ба дуо бардошт: «хуш омадӣ, Барфимоҳ».Он тифл ҳамин Барфимоҳест, ки шунидани номаш ба хотири дӯстон баҳорро меорад. Ҳаёти Барфимоҳ мисли як афсона аст, ки ҳар рӯзи наваш аз дирӯзаш фарқ мекунад. Ояндаро ҳам дигаргуна дидан мехоҳад. Барои ӯ ҳар рӯз як ҳаёти нав оғоз мешавад.
Замоне, ки дар деҳот фаротар рафтани бонувон аз хонаи падар “ҷиноят” ҳисоб меёфт, Барфимоҳ аз ҷумлаи духтароне буд, ки ин анъанаро шикаст. Нашри нахустин чакидаҳои эҷодӣ Барфимоҳи наврасро байни мардум муаррифӣ намуд. Барои иҷозаи ба мактаби олӣ ҳуҷҷат супурданаш рӯзноманигор Ислом Ниёзӣ нақши бузург бозид.
- Акнун, ки соҳиби чаҳор духтар шуда, масъулияти модариро дарк мекунам, ба дили бузургу матонати модарам қоилам, ки дар ҳамон нооромиҳои соли 1992 иҷозат дод, ки ба Душанбе рафта хонам. Баъди се ҳафтаи таҳсил падарам аз сафар баргашта, аз донишҷӯй шуданам хурсанд шуда, аз шаҳр хона харида, тӯҳфа карду гуфт: “Духтарам, ман аз ту ифтихор мекунам, агар бо сари баланд таҳсил намуда, маро дар назди мардум шарманда насозӣ”.
• Зиндагӣ роҳи орзуро дигар кард •
Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти худро оғоз аз рӯзнома карда, баъдан дар телевизиону радио идома дод. Ба қавле дар ҳама бахшҳои журналистика ҳунари худро санҷид.
– Аммо хати тақдир маро ба сӯйи дигар бурд. Хайринисо Кенҷаева, муовини раиси ноҳияи Панҷ, дар як сӯҳбат иброз дошт, ки бояд мо - бонувони панҷӣ ба таъсиси созмонҳои ҷамъиятӣ шурӯъ кунем. Ҳамин тавр, ман дар ноҳияи Панҷ нахустин ташкилоти ҷамъиятии «Хайрхоҳони замон»-ро таъсис додам. Ин нахустин ташкилоти ҷамъиятие буд, ки сармоягузорони маҳаллиро ҷалб намуд. Ҳаким Қаландаров, як рӯшанфикри ноҳия, лоиҳаи моро оид ба кӯмаки оилаҳои бесарпаноҳмонда маблағгузорӣ кард. Соли 2002 барномаи шабакавии «Мубориза бар зидди зӯроварии хонаводагӣ нисбати занон»-ро амалӣ намудем. Баъдан, лоиҳаи дастаҷамъии мо «Зӯроварӣ дар хона» аз ҷониби хазинаи Сорос дастгирӣ ёфт. Тӯли 10 сол боз ташкилоти ҷамъиятии мо аз рӯйи якчанд лоиҳа дар навоҳии Панҷу Қумсангир фаъолият мекунад.
– Лоиҳаҳои «Мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон» ва «Сафарбарнамоии ҷомеа ва пешгирии ВИЧ /СПИД байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаҳои онҳо», ки бо дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират амалӣ мешаванд, аз қабили чунин барномаҳоеанд, ки мо амалӣ карда истодаем.
• Ӯ, замин ва интихобот •
– Дар соҳаи кишоварзӣ, ки заҳмати он бар дӯши бонувон аст, кадом мушкилиҳо вуҷуд доранд? – мепурсам аз ҳамсӯҳбатам.
- Агар рамзӣ бигӯем, зимни гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ мақомоти маҳаллӣ мардумро ба он сафарбар карданд, аммо тӯшаи роҳ надоданд. Бо таваккал гумон аст, ки дар ин бахш ба чизе ноил шуд. Бо ин ҳол соҳаи кишоварзӣ пеш намеравад. Зеро мардум то ин замон бо усули «коллективӣ» кор мекарданду кори инфиродиро намедонистанд. Аммо дарёфти сармоя, фурӯши маҳсулот, дониши маркетингӣ доштану воқиф будан аз асрори институти менеҷментӣ дар замони нав дар ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ масоили асосӣ ба ҳисоб мераванд. Бояд дар ноҳияҳои вилояти Хатлон марказҳои иттилоотӣ таъсис дода шаванд, то деҳқон оид ба хосияти хок, сифати нурии минералӣ, нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ, арзиши пахта дар биржаҳои ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои хоҷагидорӣ маълумот пайдо карда тавонад, –посух медиҳад Барфимоҳ. Вақте дар интихоботи соли 2010-ум Барфимоҳи номзад аз ҲХДТ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар рақобат бо номзад аз ҲКТ ғолиб наомад, ин интихоботро дарси ибрат ва касби таҷриба барои ояндаи хеш хонд.
«Ба ҳар сурат, то рӯзи охири интихобот ман мутмаин будам, ки интихоб хоҳам шуд, - ба ёд меорад Барфимоҳ Ғаниева. – Охир, баъди ҳар вохӯрӣ мардум ошкоро мегуфт, ки ба ман овоз хохад дод. Вале итминонам маро фиреб дод. Зеро «усулҳои бозӣ» дар чунин маъракахо танҳо раъй ва дастгирии мардум набудааст. Рақибонам таҷрибаи зиёд доштанду ин ҳолатро ба нафъи худ истифода карданд…
Ба гуфтаи мусоҳиби ман бидуни вакили маҳаллӣ будан ҳам расидагӣ ба мушкилоти мардум рисолати фаъолони ҷомеа аст. Аммо ҳастанд мушкилоти иҷтимоие, мисли дастрасӣ ба замин ва дигар масъалаҳое, ки аз тариқи созмонҳои ҷамъиятӣ низ ҳалли худро намеёбанд. Умуман, интихобот ба ӯ равзанаи наве барои муносибату фаъолиятро кушод. «Албатта, то интихоботҳои оянда таҷриба меандӯзем», – меандешад ӯ. «Рассом нақши сонӣ беҳтар кашад, зи аввал» гуфтаанд».
Аз суханҳои Барфимоҳ Ғаниева бармеояд, ки ӯ вобаста аз мавқеъ ва натиҷаи фаъолияти ҷамъиятии худ баъдан низ номзадии худро пешбарӣ хоҳад кард. «Агар то интихоботи ояндаи парлумонӣ барои халқи худ хизмати арзандае карда тавонам, номзадиамро барои вакили маҷлисҳои болоӣ интихоб шудан, пешбарӣ хоҳам намуд».
• Мавқеи занро дар ҷомеа нахуст оила ҳал мекунад •
Ӯ дар бораи сатҳи иҷроиши барномаи давлатии баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа чунин андеша дорад: «Бояд дар мадди аввал ҳуқуқ ва мавқеи занро дар сатҳи оила баланд бардошт. Мо аз овони кӯдакии фарзандонамон ҳама чизро аз бозичаи оддӣ сар карда, то иҷрои корҳои хона, интихоби касб ва ғ. ба ҷинси занонаву мардона ҷудо мекунем. Дар дунё коре нест, ки мансуб ба як ҷинс бошад, ба ҷуз таваллуди фарзанд, ки кори модар аст. Дар ҷомеаи мо, мутаассифона, то ба ҳол занону мардон ҳуқуқҳои баробар надоранд. Як мисоли оддӣ, дар деҳоти дурдаст мардҳо маъракаҳо, ҳадди ақал намози ҷамоат доранд. Занони аз корҳои ҷамъиятӣ дури деҳа чӣ доранд? Ҳатто аз мазмуни ояҳои Қуръони Шариф оид ба ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд. Мардони мо Қуръонро ба манфиати худ истифода мебаранд. Ва дар баъзе мушкилиҳо занонро сабабгор меҳисобанд. Ҳатто дар матбуот ҳам тиҷорати шаҳвониро танҳо ба занон нисбат медиҳанд. Аммо харидори ин «мол»- мардҳоро муҳокима намекунанд. Зери мафҳуми тиҷорати шаҳвонӣ танҳо симои зан акс меёбад, ки ин гуна тасаввурот носолим аст. Ин ва дигар мушкилиҳо монеи ҷойгоҳи зан дар ҷомеа мешаванд.
• Он ишқ ҳанӯз побарҷост •
Барфимоҳ бо ин ҳама масъулиятҳои иҷтимоие, ки дорад, аз дунёи фарҳанг, адабиёт ва рӯзноманигорӣ, ки аз равзанаи он вориди иҷтимоъ шуда буд, дар канор намемонад. «Он шӯълаи маънавие, ки овони мактабхонӣ аз таълими шоир Алимуҳаммад Муродӣ пайдо шуда, мояи истеъдод ё ангезаи эҷодии ман буд, то ҳанӯз дар дилам побарҷову фурӯзон аст. Ҳарчанд аз соҳаи рӯзноманигорӣ дур шуда, машғули корҳои ҷамъиятӣ ҳастам, вале пайваста дар дунёи шеъру адабиёт ва илму фарҳанг зиндагӣ дорам. Ман аз ин боғи маърифат берун намеравам. Ҳама рӯзнома ва маҷаллаҳоро мехонам ва дар ҷараёни таҳаввулот тавассути матбуот ҳастам, зеро рушди матбуот шарти аслии таъмини озодии баён, демократия ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аст», – мегӯяд ӯ.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ
:.
Чеҳра
15.03.2012 12:01
2451
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz