Раҳматова Руқияхон. Соли 1960 дар деҳаи Ҷарбошии ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Соли 1976 пас аз хатми мактаби миёнаи № 13 дар ҳамин мактаб ба ҳайси сарвари пешоҳангон фаъолияти корияшро оғоз намуд. Соли 1977 ба бахши ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон пазируфта ва соли 1982 аз он ҷо фориғуттаҳсил шуд.
Соли 1979 ба шаҳри Норак рафт ва дар мактаби миёнаи деҳаи Қаратош омӯзгор буд.
Аз соли 1989 мудири қисми тарбиявии ҳамин мактаб ва соли 1991 ба ҳайси раиси ҷамоати комиҷроияи Пулисангин интихоб шуд.
Соли 1996 ӯро ба вазифаи сардори идораи маркази шуғли аҳолии шаҳри Норак таъин намуданд.
Соли 1999 аҳолии ҷамоати Пулисангин ӯро дубора раиси ҷамоат интихоб карданд.
Аз моҳи июли соли 2002 то соли 2006 муовини раиси шаҳри Норак буд ва аз соли 2006 то имрӯз муовини раиси шаҳри Ваҳдат мебошад. Дорандаи нишони «Аълочии маорифи халқ» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст. Оиладор, модари панҷ фарзанд.
Оғоз
Дар хонадони бузурги башар одамоне ҳастанд, ки пас аз як дидор ва сӯҳбате, онҳоро дигар ҳеч гоҳ наметавонӣ аз ёд бурд. Зеро дар ҳамин як дидори чандлаҳзаӣ ва сӯҳбати кӯтоҳ он қадар самимияту садоқаташонро бериё ба намоиш мегузоранд, ки дигар онҳоро ба дил хеле наздик мегирӣ, гӯё ошнои чандинсола бошанд, барои ҳамеша дӯсташон медорӣ.
Сӯҳбати мо бо ин бонуи зебо ва самимӣ дар ҳуҷраи корияш сурат гирифт ва бидуни риё, содиқона аз авзои ҷомеа, аз мушкилоти занҳо ва сатҳи фарҳангии онҳо, аз замони фаъолияташ дар Норак ва мардуми сарбаланди он, ки барои як умр худро мафтуни онҳо мебинаду аз ҳамаашон миннатпазир аст, аз зиндагии хонаводааш, аз бемории азизтарин ва мунистарин шахс, яъне ҳамсари меҳрубонаш, аз замони бачагиҳояш, наврасияш, падару модар ва бародарону хоҳаронаш, қисса кӯтоҳ, аз лаҳзаҳои гуногуни зиндагии пур аз талошу такопӯи як бонуи тоҷик бо ҷузъиёти сарчашмаҳои ин талошу такопӯ сухан мегӯяд ва ман мафтуни гуфтори ӯ саропо гӯш мешавам, дилам мехоҳад ҳарфҳояшро дар сафҳаи хотир пурра сабт намоям.
Меъёри шинохт
Агар гуфтор ва рафтори ҳар фардро маҳаки инсонияти ӯ бигирем, бароямон рӯшан мешавад, ки ӯ таҷассуми воқеии ин байти шоир аст:
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,
Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.
Ҳеҷ чиз дар сӯҳбатҳояш, дар рафтораш, дар тарзи либоспӯшияш берун аз ҳадди андоза нест ва ба худ иқрор менамоям, ки ӯ воқеан тимсоли як бонуи роҳбари имрӯзи Тоҷикистон аст, саҳеҳтар аст бигӯям, намунаи ибрати як бонуи роҳбар аст, ки садоқаташ ба миллати худу арзишҳои миллӣ дар тамоми рафтор, гуфтор ва тарзи либоспӯшии ӯ, қисса кӯтоҳ, дар тамоми вуҷуди ӯ намоён мешавад. Самимона аз дигар бонувони роҳбар пӯзиш металабам, аммо ман то ҳол беҳтар аз ӯ бонуи роҳбареро, ки ба ин андоза ҳама кору афкору аъмолаш тоҷикона бошад, надидам.
Ӯ бидуни ин, ки нисбати эътиқоду боварии касе беэҳтиромӣ зоҳир намояд, мегӯяд: ман ҷонибдори риояти андоза дар ҳама кор, аз ҷумла дар тарзи либоспӯшӣ ҳастам ва ончунон ки саропо дар сиёҳ печидани занҳову духтарҳои тоҷик бароям писанд нест, аз домани кӯтоҳу пироҳанҳои беостин пӯшидан ва намоён будани шикаму нофи духтари тоҷик шармам меояд. Ҳамчунон ки дар сиёҳ печиданҳо барои мо бегона аст, бараҳна будан низ бегона будан аз миллат ва арзишҳои миллӣ аст. Як вижагии аслии духтари тоҷик шарму ҳаё ва нангу номус доштани ӯст.
Муҳимтар аз ин ҳама, ошноӣ бо пиндору гуфтору рафтори ӯ нишон медиҳад, ки ӯ таҷассуми зиндаи мӯҳтавои ин байти Бедили бузург аст, ки мефармояд:
Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.
Ҷойгоҳи зан
Мегӯяд: маро сахт алам мекунад, ки имрӯз сатҳи савод ва фарҳанги зани тоҷик дар русто хеле пойиин аст ва дар мунҷалоби хурофоту таассуб гирифтор шуда. Охир дар асри бисту як мардуму миллатҳои дигар дар фикри пешрафти бештар ва кашфи асрори пинҳони моддиву маънавӣ ҳастанд ва бонувони онҳо ба ҳайси кайҳоннавард ба кайҳон мераваду чаро модарони мо дар рустоҳо намегузоранд, ки духтаронашон мактаби миёнаро ба итмом расонанд ва чаро духтари тоҷик дар донишгоҳҳо набояд таҳсил кунад? Мо аз дигарон чӣ камӣ дорем? Бигӯед, дар кадом як ояи мубораки Қуръони карим ё ҳадисҳои саҳеҳи паёмбари ислом (с) омада, ки духтарон дар мактабу донишгоҳ таҳсил накунанд? Баръакс, ислом ба духтарон ва занҳо озодии воқеӣ дод, агар қабл аз зуҳури ислом дар нимҷазираи Араб ҷоҳилият ҳукмрон буду фарзанди духтарро зинда ба зинда зери хок мекарданд, ислом таъкид бар он дошт, ки духтар низ фарзанд аст ва ҳадяи Худованду мисли писарҳо инсони комилҳуқуқ мебошад. Пас имрӯз ҷаҳолату хурофоти худро ба номи ислом нисбат додан гуноҳе беш нест ва дилам мехоҳад тамоми духтарони тоҷик дар донишгоҳҳо таҳсил карда бошанд. Миллате ба камоли воқеӣ мерасад ва рисолати фарҳангофарин будани худро дар таърихи инсоният бо муваффақият анҷом медиҳад, ки бонувонаш, яъне модарони он миллат шахсони босавод, озодандеш ва бофарҳангу миллатдӯст бошанд, дар акси ин ҳолат интизори корҳои бузург ва фарзандони бузургро набояд дошт…
Панди бефанду ниёиш
Мегӯяд: тайи ин чанд соли фаъолияти иҷтимоӣ бо садҳо, балки бо ҳазорон инсон дидор доштаву аз авзои зиндагияшон огоҳ шудам ва бо таваҷҷӯҳ ба ин дидаву озмудаҳои худ ба як натиҷа расидам, ки агар инсон тинати нек дошта бошад ба додаи Худованд шукр мекунад ва бидуни шак пешраву муваффақ хоҳад буд. Вақте инсон ба ҳақ будани худ, ба дуруст будани роҳи худ, ба неку беғараз будани фикри худ бовар дошта бошад, дар душвортарин шароит, ҳатто дар нобарории комил низ пирӯз аст, зеро ғалабаи дурӯғу бадӣ як падидаи муваққатист ва ба қавли шоир;
Ростиро набувад ҳеч заволе ба ҷаҳон,
Сарв, агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Бо вуҷуди ин барои зан дар вазифа будан мушкилоти дучандон дорад, ҳарчанд бино бар маҳаки аслии ахлоқ бадномӣ ҷинсият намешиносад, аммо як вижагии мардуми мо ин аст, ки дар ин маврид нисбати зан ҳассосияти бештар зоҳир мекунанд. Як инсон ба пояе аз такомули иҷтимоӣ ва мансабу обрӯ зина ба зина ва дар натиҷаи заҳматҳои фаровон, фидокориву азхудгузаштанҳо, пас аз солиёни дароз мерасад, аммо бо як тӯҳмат ва як амали носазо дар як лаҳза шармсор шудан кори саҳлест. Ман ҳамеша, ба вижа ҳар шаб қабл аз хоб ба Худо рӯйи ниёиш меораму аз ӯ тавалло мекунам, ки маро аз туҳмату фитнаҳо ва шарманда шудан нигаҳ дорад...
Хотирмонтарин лаҳзаи зиндагӣ
– Ҳарчанд ба унвони як зан ва як модар намехоҳам аз ҷанг ёд кунам, аммо чӣ илоҷ, ки ҷанги шаҳрвандӣ як воқеияти талхи солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистони азиз аст ва яке аз беҳтарин хотираи зиндагии ман ба он солҳо вобастагӣ дорад. Наздик ба як сол ба ҳайси раиси ҷамоати Пулисангин фаъолият доштам, ки ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд ва зиндагии ороми мардумро садои тиру ғурриши танк ва воҳимаҳову овозаҳои зиёд комилан аз ҳам пошонд. Дар ин миён вазъи аҳолии деҳоти Пулисангин, ки дар тарафи чапи соҳили дарёи Вахш вокеъ аст, рӯз аз рӯз бадтар мешуд. Тарконда шудани пулҳои шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб мушкилоти мардумро дучандон сохт. Аҳолӣ аз нарасидани нон дар азоб буд ва бо дидани ин вазъият ман ба ҳайси раиси ҷамоат, ба сифати як модар вазифаи худро дар таъмини нон барои ин мардуми азияткашида медидам. Бинобар ин ба тарафи рости соҳил, ба назди ситоди мухолифин ва ҳукумати Норак рафта барои мардум нон талаб намудам. Ба ростӣ, он лаҳза шояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш нашавад, ки дар ситоди мухолифин гуфтанд: «агар як халта ордро бегонае барад раисаро мепарронем.» Мегӯянд, ки бисёрии хислати инсонро вазъият муайян мекунад, воқеан рост будааст. Ҳама мусаллаҳ буданду дар камоли бемурувватӣ, аммо мани бесилоҳ бидуни тарс ва бо эътимод гуфтам: «мардум гуноҳе надорад, ки аз гуруснагӣ бимирад, кафолат медиҳам, ки нони моро ҳеҷ кас намебарад».
Ситоди ҳамонвақтаи дар ҳукумати Норакбуда қарор кард, ки ба ҷойи орд ба мардум нон диҳанд. Ҳар субҳ аз Корхонаи нон 5000 дона нон мегирифтам ва ба назди пули Корхонаи оҳану бетон мерасондам ва мардуми тарафи чапи соҳил омада халтаҳои нонро ба хару асп бор карда, барои худу ҳамсояҳои худ мебурданд. Шояд ба ин иллат ин лаҳзаҳои талх бароям беҳтарин хотираи зиндагист, ки ман барои одамон воқеан лозим будам ва эҳсоси ин, ки чандин хонавода мунтазиранд, то нонашонро бирасонӣ, масъулияти маро даҳчандон мекард ва аз тарафи дигар ваҳдати байни мардум дар он рӯзҳои сахт дар ҳақиқат ибратомӯз буд…
Ҳамчунин рӯзи таваллуди фарзандонам ва рӯзи арӯсии онҳо беҳтарин лаҳзаҳои хотирмон дар зиндагиям буда ва ман ҳамеша дуо мекунам, ки Худованд камтарин рӯзи модари тоҷикро базми арӯсиву домодии фарзандонаш гардонад.