2 – Домони оила ва орзӯи кӯдакӣ
Саодати мо аз ҳамин насл аст. Саодат Одинаева, сармуҳаррири Идораи «Субҳ»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон. ӯ соли 1982 дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари диёрамон – ноҳияи Шӯрообод, дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушод. Оилае, ки ба маънои воқеияш як оилаи зиёӣ буд (пеш аз Саодат 5 нафар дар оила дорои маълумоти олӣ буданд), Саодатро дар оғӯши фарҳангии худ тарбия кард ва арзишҳое чун миллатдӯстӣ, ватанпарварӣ, инсонгаройӣ ва монанди онро аз кӯдакӣ дар зеҳну равони ӯ парвариш дод. Ин аст, ки аз хурдӣ орзӯи ҳузур дар марокизи илмию фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маънавии кишвар дар дили Саодат маъво гирифт.
Пас аз хатми мактаби миёна роҳи мактаби олиро пеш гирифт ва аз факултаи забони англисии ДОТ ба С. Айнии шаҳри Душанбе (он вақт ба номи Қ. Ҷӯраев) фориғуттаҳсил шуд. Ду сол дар собиқ Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба ҳайси тарҷумони забонҳои англисӣ ва русӣ кор карда, ҳамзамон курси махсуси ҳуҷҷатгузориро пушти сар гузошт ва соҳиби рутбаи низомии «лейтинант» гардид.
Аз ӯ мепурсам: «Чӣ шуд, ки аз низомигарӣ ба кори мулкӣ гузаштӣ?». Мегӯяд: «Беҳтар аст, ки «чӣ шуд», нею «чӣ буд» бигӯем. Зеро он чиз аз қабл буд… Ин ҳамон орзӯи кӯдакӣ буд, ки дар бахши фарҳангӣ хидмат кунам. Замони кор дар собиқ Вазорати ҳолатҳои фавқулодда дарк намудам, ки дар сохтори ғайринизомӣ ва дар як муҳити илмию фарҳангӣ бештар метавонам фаъол бошам. Ин аст, ки аз соли 2007 ҳамкориро бо «Шабакаи якум»-и телевизион оғоз кардам. Барномаи «Ойинаи таърих»-ро роҳандозӣ намуда, ба омӯзишу муаррифии чеҳраҳои бузурги таърихӣ пардохтам».
Воқеан, барномаи муаллифии «Ойинаи таърих», яке аз барномаҳои муваффақи телевизион буд, ки зиндагиномаи бузургони миллатро дар оғози асри 20 огоҳона ва паёмдор бозгӯ мекард, то барои имрӯзиён панд бошад. Саодат кордонӣ, масъулиятшиносӣ, азму талош ва шоистагиҳои худро дар ҳамин барнома ба исбот расонд ва роҳбариятро қонеъ сохт, ки бо вуҷуди ҷавониаш корҳои бузургтареро аз ӯ метавонанд интизор бошанд… Ва ӯ сармуҳаррири Идораи «Субҳ» шуд.
3 – Қадам ба сӯйи уфуқҳо
Директори «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар бораи қаҳрамони мо чунин навиштааст: «Саодат ҷавони пурталош ва ҷустуҷӯгару эҷодкор аст. Доимо дунболи мавзӯъҳои нав мегардад. Сарфи назар аз синну солаш, ташкилотчигӣ, роҳбарӣ ва кордониаш монанди касонест, ки солҳо таҷрибаи роҳбарӣ доранд. Баъди ба сармуҳарририи Идораи «Субҳ» таин шуданаш, ин Идора ва барномаи ҳамноми он ҷони тоза гирифт. Мӯҳтавояш беҳтар ва мухотабонаш бештар шуд. Саодат ҳам коргари хуб асту ҳам корфармои хуб. Боварӣ дорам, ки дар оянда ӯро дар уфуқҳои баландтаре хоҳем дид».
Барномаи «Субҳ». Ин барнома сароғоз ва мубтадои барномаҳои телевизион аст. Аз сари субҳ бо бинанда дар иртибот аст ва ба ӯ нишоти зиндагӣ ҳадя мекунад. Бо тарҳи сармуҳаррир дар ин барнома бахшҳои гуногунмазмуне илова шуд, ки барномаро диданитар ва ҷаззобтар сохт.
– Аз фикри бинандаҳо хабар дорӣ, ки дар бораи аввалин барномаи ҳаррӯзаи телевизион чӣ меандешанд? – савол додам ба ӯ.
Бале, хабар дорам, – мегӯяд. – Бо онҳо дар тамосам. Ба ғайр аз ин, чанд нафар дӯстони соҳибназар дорам, ки аз онҳо хостаам, камбудиҳоро ошкоро ба мо бигӯянд. Онҳо ҳам самимона ҳамкорӣ мекунанд. Назарҳояшон бисёр ҷолиб аст.
– Баъзе бинандаҳо гила доранд, ки барномаи «Субҳ» аз мушкилот ва норасоиҳо кам мегӯяд – боз мепурсам аз ӯ.
– Охир ин аввали субҳ аст – меафзояд дар посух. – Сафои субҳ ва оғози рӯзи нав дар зиндагӣ фазои хосси худро дорад. Фазое, ки бояд инсонро ба зиндагӣ дилгарм кунад, на ноумеду маъюс. Мушкилотро, албатта гуфтан лозим. Аммо дар ҷойи худ ва дар вақти худ...
– Ростӣ, аз мушкилот гуфтӣ. Вақте бо ҷавонон мусоҳиб мешавем, аксаран аз мушкилот ҳарф мезананад. Аз ин ки ба онҳо камтар таваҷҷӯҳ мешавад, давлат мушкилоташонро ҳал намекунад, барояшон шароити рушд фароҳам нест ва монанди он…Ту ҳам чавонӣ ва…
– Фаҳмидам… Аммо ман назари дигар дорам. Агар ҳадаф қатор кардани мушкилот бошад, онҳо кам ҳам нестанд. Вале ҷавоне, ки мегӯяд, давлат барои мо чӣ кор кард, пеш аз ҳама аз худ бипурсад, ки худи ӯ барои давлату миллат ва барои ободии ин кишвар чӣ кор кардааст? Он гоҳ яқинан, масъулиятпазириаш бештар мешавад. Мушкилот ҳамеша ҳастанд ва поён ҳам намеёбанд. Агар ҳама аз мушкилот бинолем ва дар интизори шароити идеалӣ, бошем, Шумо бигӯед, кӣ барои ин кишвар кор мекунад ва кӣ барои мо он шароити иделиро фароҳам меорад?! Давлат худи мо ҳастем. Тавре мегӯянд: «Миллат аз афрод мегирад низом». Агар ҳамаи мо, махсусан ҷавонон пеш аз ҳама худро ва баъд муҳити худро ислоҳ кунем, оҳиста-оҳиста хеле аз мушкилот низ ҳал хоҳанд шуд.
4 – Бузургӣ ба ақл аст на ба сол
Чанде пеш дар як конфронси илмӣ, вақте аз забони афроде ибораи «олими ҷавон» дар васфи як олим садо дод, таҳлилгари пуртаҷрибаи тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло ба ҳозирин тавсия кард, ки аз истифодаи ибораи «олими ҷавон» ва таъкид бар рӯйи он худдорӣ намоянд. Зеро олим ҳатман бояд ҷавон бошад. Ва агар дар ҷавонӣ олим нашавад, пиролимиаш зиёд ба дарди ҷомеа намехӯрад…
Ба ҳамин монанд, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишманди пуркор – Нуриддин Саидов боре дар як сӯҳбати хусусӣ гуфта буд: «Раванди таваҷҷӯҳ ба илм дар кишвар маро нороҳат мекунад. Зеро бисёриҳо дар айёми ҷавонӣ пайи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ, тафреҳу хушгузаронӣ ва гоҳе сохтани карйера мегарданду ҳамин ки по ба син гузоштанд, аз паи илм ва дараҷаҳои илмӣ мешаванд. Вале дигар барои дар амал татбиқ кардани илми худ ва хидмат ба ҷомеа тақрибан вақте барояшон боқӣ намемонад».
Ҳоло, ки ман дар бораи як кадри ҷавон менависам, андешаҳои боло гаштаву баргашта дар зеҳнам чарх мезананд ва маро ба ин хулоса меоранд, ки кадр шудан ҳам монанди олим шудан маҳз дар ҷавонӣ зебанда аст. Аммо намедонам аз куҷо чунин андеша дар ҷомеаи мо ривоҷ ёфтааст, ки ҳар бор дар бораи ҷавоне сӯҳбат шавад ва ё ӯ ба мақоми муҳимме пешниҳод шавад, ҳатман бими ҷавониаш моро фаро мегирад: Ҷавон аст…Таҷриба надорад… Шояд натавонад… Шояд харобкорӣ кунад ва ғайраву ҳоказо… Аммо чанд сол баъд, вақте ки ҳамин ҷавони дирӯза ба мақоме пешниҳод шавад, ин дафъа мегӯем: «Ботаҷриба аст, вале афсӯс, ки синнаш аллакай ба ҷое расидаасту дигар нерӯи ҷавонӣ, ҳавсалаи кор ва энергияи лозимро барои роҳбарӣ ва даву тоз надорад…» Бо вуҷуди таъкидҳои фаровони роҳбари давлат дар бораи нақши ҷавонон ва таваҷҷӯҳ ба нерӯи онҳо, зоҳиран ҳамин бими «бетаҷрибагии ҷавонон» роҳбарони баъзе идораву сохторҳоро намегузорад, ки масъулияти муҳимро ба ҷавонон вогузор намоянд.
Ҳоло биёед ба як нукта таваҷҷӯҳ кунем: Умри коршоямии як кадри зан (сухан дар бораи зан аст) аз назари қонуни меҳнат 58 сол асту баъди он бояд ба нафақа барояд. Дар 17-солагӣ мактабро хатм мекунад, 5 сол барои таҳсил дар донишгоҳ, 3-4 сол барои аспирантура ва ҳимояи рисолаи илмӣ (чун гуфтем, ки бояд дар ҷавонӣ олим шавад), 5 соли дигар барои ҷойи кори муайяне ёфтану дасти худро ба кор рост кардан сарф мешавад. То ин ҷо 32 солаш рафт. Аз он 26-соле, ки боқӣ мемонад, агар 10 солро барои «ботаҷриба» шудан сарф кунаду 5 соли охирро «замони беҳавсалагӣ ва омодагӣ барои нафақа» бигӯем, ӯ ҳамагӣ 11 сол ба сурати ҷиддӣ дар саҳнаҳои мухталифи ҷомеа ҳузур дорад. Инсофан, дар ин 11 сол чӣ коре барои миллаташ анҷом медиҳад ва чӣ номе аз худ боқӣ мегузорад?
Пас, беҳтар нест, ки барояш вақти бештаре диҳем ва андешаҳои манфиро дар бораи бетаҷрибагии ҷавонон аз худ дур кунем? Воқеан, эътимоду боварӣ ба кадр ӯро масъулиятпазир месозад ва додани салоҳият ҷасораташро меафзояд. Таҷриба аз кори муҳим ҳосил мешавад ва низ аз боварӣ. Агар интизор дошта бошем, ки кадрҳо дар берун аз сохторҳо ва дур аз вазифаҳои муҳим омода шуда, баъд ба ҳукумат оянд, яқинан раванди кадрсозии мо хеле ба дарозо кашида хоҳад шуд. Зеро кадр дар беруни ҳукумат таҷрибаи кори ҳукуматиро намегирад. Кофист, ки тавоноӣ ва истеъдод дар ӯ мушоҳида шавад. Боқӣ дар рафти масъулияташ ба даст меояд. Худи сохтори ҳукуматӣ беҳтарин ва муносибтарин институт барои касби таҷриба аст ва бояд бошад. Имрӯз ҷаҳон дар ҳамин самт ҳаракат мекунад. Дар аксар кишварҳо ба ҷавонон вазифаҳои масъулиятноке додаанд. Дур намеравем. Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон беҳтарин мисоланд. Мо, ки худ дар заминаи боварӣ ба ҷавонон омӯзаҳои чандинасра дорем, чаро дар ин самт аз дигарон қафо монем? Ин ҷо ҳушдори Мавлоно ба гӯш мерасад:
Гуфт Пайғамбар, ки эй зоҳирнигар,
Ту мабин ӯро ҷавону беҳунар...
Ақли ӯро озмудам борҳо,
Кард пирӣ он ҷавон дар корҳо...
Пир пири ақл бошад, эй писар,
Не сафедии мӯй андар ришу сар.
Шояд Шумо ҳам розӣ бошед, ки мисраъҳои фавқи Мавлонои Балхӣ дар шарҳи як ҳадиси Пайғамбар («Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол»), беҳтарин таъкид барои эътимод ба ҷавононанд
5 – Роҳи дароз тай шуд, дар умри кӯтаҳи мо
Саодат Одинаева ҷавон аст, аммо навкору осемасар нест. Пухта аст. Робитаи наздике бо аҳли илму адаб дорад ва ҳамеша аз онҳо меомӯзад. Аз ҳамкасбони ботаҷрибатари худ низ мудом маслиҳат мепурсад. Зеҳни равшан ва ҷустуҷӯгараш доимо дар такопӯст. Ба ҷуз забони модариаш, ки онро воқеан шево ҳарф мезанад, забонҳои русӣ ва англисиро ҳам хуб медонад (забони англисӣ ихтисоси донишгоҳияш аст). Забондониаш ба ӯ имкон додааст, ки аз тозатарин дастовардҳои башар ва равандҳои муҳимми ҷаҳонӣ доимо огоҳ бошад.
Саодат аз наслест, ки набояд онро дасти кам гирифт ва бетаҷриба ҳисобид. Насле, ки то андозае зиндагӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравиро дар ёд дорад, шаҳди Истиқлолро дар коми кӯдаконаи худ чашидааст, бӯйи борути ҷанги дохилиро ҳис кардааст, дар навҷавонӣ ҳамроҳ бо бузургтарҳо бо омадани сулҳ ашки шодӣ рехтааст ва ҳоло дар беҳтарин солҳои умри худ, дӯшодӯши миллат дар раванди ободкориву созандагӣ нақш мегузорад. Насле, ки бо умри кам, ҳаводиси зиёде дида ва таҷрибаи фаровоне андӯхтааст.
Бегумон, афроди лоиқе аз ин насл, монанди Саодат Одинаева, ки то ин ҷо аллакай ҳузури худро дар ҷомеа исбот кардаанд, дар сурати қарор гирифтан дар ҷойҳои муҳимтар, метавонанд корҳои муфиде барои саодати ин миллат анҷом диҳанд.