Салимова Лола Ҷумъаевна. Соли 1971 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Солҳои 1979-1989 донишомӯзи мактаби миёнаи № 42 дар Душанбешаҳр буд. Пас аз хатми мактаби миёна то соли 1994 дар факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз таҳсил намуд. Донишгоҳро бо поённомаи (дипломи) сурх ба итмом расонд ва ду сол дар Донишкадаи технологии Тоҷикистон дар кафедраи иқтисод ва мудирият ба ҳайси омӯзгор фаъолият дошт.
Соли 1996 дар бахши ноҳияи Марказии шаҳри Душанбеи «Тоҷиксодиротбонк» ба унвони муҳосиби пешбар фаъолияти кориро идома дод ва тайи як сол муовини сардори шуъба ва сармуҳосиби бахш буд.
Аз соли 1997 ба «Ориёнбонк» ба ҳайси сардори шӯъбаи муомилоти пулӣ ба кор гузашт. Се моҳи аввали соли 2004 иҷрокунандаи вазифаи сармуҳосиб – сардори идораи ҳисобдорӣ ва ҳисоббаробарӣ дар «Ориёнбонк» буд. Аз моҳи апрели соли 2004 то имрӯз сармуҳосиби ин бонк мебошад.
Оиладор, модари ду фарзанд.
Ба ростӣ ҳеч фикр намекардам, ки чунин як сӯҳбати самимӣ сурат мепазирад ва беш аз ин ҳамсӯҳбати ман дар мавриди моҳияти зиндагӣ, одамият, покӣ, адолат ва дигар мафҳумҳои ҷовидонаву арзишҳои волои ахлоқӣ ба ин гуна рӯшанбинӣ ва дарки комил, муҳимтар аз ҳама бидуни риёву сохтакорӣ ва комилан огоҳона сухан мегӯяд.
Лола Ҷумъаевна одами китобӣ нест, ҳарчанд зимни сӯҳбат маълум мегардад, ки китоби зиёде мутолиа кардааст, вале сӯҳбати ӯ самимӣ ва натиҷагириҳояш бар мабнои таҷрибаи худаш дар зиндагист. Ҳарфҳои пурмазмун мезанад, аммо аз ин ҳарфҳои ӯ бӯйи китобӣ будан, ё ба иборати дигар бӯйи навиштаи беҷон дар сафҳаи китоб намеояд, балки ҳарфҳои ӯ зиндаанд, рӯҳу ҷон доранд. Ва ба такрор мегӯям, ки воқеан аз як бонуи ҷавон интизор надоштам, ки бо ин дидгоҳи фарогир дар мавриди моҳияти зиндагӣ ва рисолати одам дар ин ҷаҳон ин чунин як сӯҳбати ҳушёрона, самимӣ ва хотирмон бишнавам, шояд ба ин хотир буд, ки дастгоҳи сабти овозро ҳамроҳ набурда будам, ки ин амр, мутаассифона, боиси нонавишта мондани хеле аз суханҳои дилнишину пурмаънои мусоҳибам гардид.
Моҳияти зиндагӣ аз назари ӯ инсон будан аст ва инсон будан пойбандӣ ба арзишҳои волои ахлоқӣ, озодагӣ, сарбаландӣ, сахткӯшӣ ва исбот намудани тавоноиҳои хеш ҳам барои худ ва ҳам барои дигарон. Мегӯяд, ки имрӯз аз мурдан наметарсанд, аз зиндагӣ метарсанд. Шояд бар асари давраи гузариш ва роиҷ гаштани сармоядории ваҳшӣ буда, ки ҳама фақат дар фикри бештар ҷамъ кардани пулу мол ҳастанд ва ҳол он ки сармояҳои арзишмандтаре аз пулу мол вуҷуд дорад ва он тарбияи дурусти фарзандон, ба онҳо омӯзондани саводи воқеӣ, хизмати содиқона ба мардум ва мафҳумҳои арзишии дигар. Набояд мазмуни зиндагӣ дар ҷамъ овардани пулу мол ва пур кардани шикам хулоса шавад. Намегӯям, ки ниёз ва эҳтиёҷи моддиро нодида гирифт, аммо набояд онҳоро мазмуну моҳияти зиндагӣ қарор дод, содатар бигӯем, набояд танҳо ба хотири онҳо зист. Агар ҳирси инсон дар аввалин туғёнаш саркӯб нашавад ҳар рӯз аз дирӯз саркаштар, носерамтар ва ҳаристар мегардад. Аз назари ман, шахсе ки ришва мегирад, мисли молест, ки дар бозор ба фурӯшрафта ва бадеҳист, ки моли як бор дар бозор ба фурӯшрафта метавонад ҳар рӯз хариду фурӯш шавад.
Мегӯяд: ман ба ҳеч як нозири андоз ё каси дигаре пора надодаам, зеро ҳамеша арзиши инсонии одамҳо, шахсияти онҳо, шарафи онҳо бароям муқаддас буда ва инсоне, ки ба худ эҳтиром қоил бошад, арзишҳои муқаддасро поймол намекунад. Ман аз сайёраи дигар наомадаам, медонам, ки дар ағлаби ҳолат имрӯз осонтарин роҳи ҳалли корҳо пора шудааст, аммо ман аввалан кӯшиш мекунам корҳо дуруст анҷом шуда бошад ва хилофи қонун набошад, сониян дар муносибати порадиҳанда ва порагиранда ҳар ду тарафро дар як ҳолати ноҳинҷор ва дур аз самимият мебинам. Агар шумо ба касе пора додед ин амр монанди он аст, ки ӯро харидаед ва худи ҳамин эҳсос эҳтиромро аз байн мебарад. Шахси порагирифта дигар дар назди шумо арзиши як инсони соҳибэҳтиромро надорад ва шумо ҳам дигар барои дуруст анҷом додани корҳо заҳмат намекашед, зеро медонед, ки бо пардохти ришва хатоҳоятонро хаспӯш хоҳед кард. Бидуни шак инсоне, ки воқеан моҳияти зиндагияшро хизмат ба мардум ва сарбаланд зистан медонад, ҳеч гоҳ ба худ иҷоза намедиҳад, ки ба чунин амал даст занад…
Мегӯяд: дар хонаводае бузург шудам, ки ҳама воситаҳо барои таъмини ниёзҳои аввалияи зиндагӣ мавҷуд буд, зару зевар, ёқуту марвориди зиёд надоштем, аммо китобхонаи бузурге доштем. Падарам солҳои зиёд дар ҷойҳое кор карда буданд, аммо ҳеч гоҳ чашм ба дасту кисаи каси дигар набурданд, музди дастранҷи худро хӯрда, моро низ ба ин усул тарбият намуданд. Медонистам, ки падарам шахси баобрӯ ҳастанд, аммо дар рӯзи вафоташон як бори дигар ва шояд барои ҳамеша ба худ исбот кардам, ки агар хизмати беминнат кардан усули зиндагии инсон бошад, ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва ҳамеша эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Бовар кунед, ҳазорон кас омада буданд, то ба нишони эҳтиром пои тобутро бигиранд ва ҳама ашк мерехтанд. Агар падар порахӯр мебуданд, бидуни шубҳа пас аз чандин соли нафақахӯр шуданашон ин гуна эҳтиром нисбати он кас боқӣ намемонд. Аз мавқеияти иҷтимоӣ ба нафъи мардум баҳра ҷустан подоше дошта, ки бо ҳеч ганҷе намешавад ба даст овард…
Аз ӯ мепурсам: Беҳтарин хотираи зиндагиятон чӣ рухдодест?
– Таваллуди фарзанди аввалам, шояд он лаҳзаҳо меҳри модариро бо ҳама густардаӣ дарк намекардам, аммо ҳамин эҳсоси модар шудан беҳтарин лаҳзаи хотирмон дар зиндагӣ буд.
– Шумо дар зиндагӣ шиоре доред?
– Шиор надорам, аммо меъёрҳои усулӣ дорам, ки яке аз онҳо ин аст: агар ту барои коре, ки анҷом медиҳӣ ва ё фикре, ки мекунӣ тавҷеҳи мантиқӣ ва ахлоқӣ дошта бошӣ ва худатро битавонӣ бибахшӣ, метавон умедвор буд, ки дигарон низ он тавҷеҳро мепазиранду туро мебахшанд. «Худо дар дили мо ва нозири ҳар пиндор, ҳар гуфтор ва ҳар рафтори мо» – мегӯем ва агар воқеан ба ин гуфта амал намоем, ҳеч гоҳ барои тавҷеҳи сухан ё амаламон ниёзе пеш нахоҳад омад. Ба ростӣ бояд чунон зист, ки на барои коре ва на барои фикре худат хиҷолат кашӣ. Содатар бигӯям бояд якрӯ зист…
– Хушбахтӣ чист?
– Ба назарам одам замони хушбахтӣ онро ба тамом дарк намекунад ва ҳангоме ки нобарорӣ ё ғамгинӣ пеш ояд, онро ба рӯзҳои хуши худ муқоиса карда ба хулоса меояд, ки он замон хушбахт буда. Аммо муҳим он аст, ки инсон бояд дар зиндагӣ ҳадаф дошта бошад, фарқе намекунад, ки ин ҳадаф хурд аст ё бузург.
– Кадом хислати одам ба Шумо писанд нест?
– Риёкорӣ. Замони донишҷӯӣ аз бархе навиштаҳои китоби дарсии «Иқтисоди сиёсӣ» дар ҳайрат мемондам ва баъзе мафоҳими он, ба вижа таърифҳояш дар мавриди муносибатро намефаҳмидам. Масалан, дар он овардаанд: Пул – ин муносибат, сиёсат – ин муносибат, иқтисод – ин муносибат… ва таъбирҳое монанд ба инҳо. Ҳоло мефаҳмам, ки зиндагӣ ва дунё маҷмӯи муносибатҳост, пас бояд муносибат росту самимӣ бошад. Агар ҳарфи ростро гуфтан наметавонӣ, беҳтараш хомӯш бош, ки ин хомӯшӣ беҳтар аз дурӯғ гуфтан аст.
– Агар дилтанг бошед, ба чӣ кор машғул мешавед?
– Ҳангоми дилтанг будан мехоҳам ба ягон кори эҷодӣ машғул шавам, албатта ҳеҷ иддао намекунам,ки истеъдоди эҷодкорӣ дорам. Аммо воқеият ин аст, ки аз кӯдакӣ дилтангиямро бо чунин корҳо бартараф мекунам. Ҳангоми кӯдак будан агар аз чизе нороҳат ва ё дилтанг мешудам коғази сафедеро мегирифтаму бидуни он ки рӯйи он чизе кашида бошам ё наққошӣ кунам мӯйқаламро ба рангдон мебурдам ва чанд рангро рӯйи ҳам мемолидам ё ба иборате рангомезӣ мекардам, ки дар охир нақш не, аммо як намуди рангини нимахаёлӣ рӯйи коғаз падид меомад. Ҳоло ҳам ин одатро дорам ва ё мусиқӣ гӯш мекунам ё китоб мехонам.
Ҳамчунин аз кудакӣ тарроҳии либосро дӯст медорам, албатта дӯхтанро не. Ҳамин алоқаам ба тарроҳии либос буд, ки пайваста талқин ва роҳнамоӣ намудам, то хоҳарам ин касбро интихоб намояд ва шукр, ки ҳоло тарроҳи хубу муваффақ аст. Ҳангоми дилтангӣ баъзан ба тарроҳӣ машғул мешавам.
Гоҳо барои раҳоӣ аз дилтангӣ ва хастагии руҳ аз фишорҳои гуногун ба толори варзишӣ ва дискотека низ меравам…
– Аз дидгоҳи Шумо зан будан, яъне чӣ?
– Умуман зан будан ин духтар, ҳамсар ва модар будан аст ва фикр мекунам зани корманд ҳамаи ин нақшро ба хубӣ анҷом медиҳад. Бо ин вуҷуд зан бояд ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад. Ин тиллою дороиҳо омили хушрӯзӣ ва мавқеияти иҷтимоӣ нестанд, ҷаҳони ниҳод, дороии маънавиро набояд фаромӯш кард. Мазмуни зиндагии инсоният ин аст, ки чи зан ва чи мардро нимаи дигар чӣ гуна дарк мекунад, агар зан мардро ва мард занро хуб нафаҳмад, ҳамоҳангии комил байни онҳо вуҷуд надошта бошад, тиллою марворид, дороиву қасрҳо хушрӯзӣ нестанд.
Ва охирин нукта, бояд дар занҳо рӯҳияи озодандешӣ ва озод буданро парвариш ва ин усулро дар амал риоят намуд. Бовариятон комил бошад, ки фақат зани озод ва соҳиби эҳтиром, босавод, миллатдӯст ва меҳангарой метавонад фарзандони озода, ба худ эътимоддошта, босавод, миллатдӯсту ватангаройро ба камол расонад. Модари таҳқиршуда ва ғуломсифат наметавонад фарзандони ҷасуру далер ва худшинос тарбият намояд ва фарзандони чунин модар таҳқиршуда, ғуломсифат ва аз назари равонӣ ноқис ба ҷомеа ҳамроҳ мешаванд, ки ба ҷуз дарди сар сохтан ба худу хешовандон, барои ҷомеа низ мушкилот хоҳанд ба бор овард.