Ҳатто барои мани навкор як лаҳза дар сӯҳбати апаи Замира будан, чи фораму хотирмон аст. Гӯё ҳазор сол боз мешиносамаш ва ҳарчи бароям норӯшан менамояд, маҳз аз ӯ ва бемалол мепурсам. Вақте ӯ ҳамроҳи мост, мо ҳама тавоноем, балки ба тавоноии худ дар бовар. ӯ мураббии ману мост. Ман ӯро ҳамин хел шинохтам, ҳарчанд ӯ роҳбар аст, роҳбари яке аз калонтарин шӯъбаҳои идора.
Улгуи омӯзанда
Имрӯз ҳам апаи Замираро ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дидам. Ҳамроҳи 8 нафар ҷавонкоргараш сарҷамъ дар як дастархон чойнӯшӣ доранд. Ҷавонон атрофи ӯ озоду дар роҳат менишинанд ва апаи Замира чун модар пеши ҳар яки онҳо пораҳои нони шикастаашро мегузорад. Ва бори дигар ба худ гуфтам, ки ӯ на танҳо барои мо, балки барои дигарон низ бояд намунаи ибрат бошад. ӯ як улгуи омӯзанда ва қобили пайравист.
Апаи Замира духтари Панҷакенти бостонист. Шаҳри тамаддунзо, фарҳанг ва фарзандони фарзона. Шаҳре, ки бо Рӯдакиву Панҷрӯдаш машҳури дунёву маҳбуби дилҳо гаштааст. Шаҳре, ки дар он орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд, шаҳри ифтихору ворастан.
Соли 1959 дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Духтари дӯстдори волидайн, хоҳари дӯстдори чор бародар, духтари ягона.
Падараш муаллими математика будааст. Барои ҳамин Замира ин фанро на ба он хотир омӯхта будааст, ки оянда сохтмончӣ шавад, балки барои эҳтироми падари бузургвораш дӯст доштаву азхуд кардааст. Ҳамкорон қобилияти ӯро дида, гоҳ-гоҳе ба гӯши падараш мехондаанд, ки духтари ту бояд бинокор шавад. Духтар дар тамоми соҳа кор карданаш мумкин, вале вақте Замира бинокор мешавад, ин пеш аз ҳама обрӯи шумо ва тамоми устодон, балки аз ноҳияамон хоҳад шуд, ботакрор мегуфтаанд, онҳо.
– Дар тасаввурам намеғунҷид, – мегӯяд имрӯз апаи Замира, – бинокор, яъне чӣ? Наход духтар рафта сохтмончӣ шавад. Охир бо сангу шағал кор кардан магар кори осон аст…
Бо сангу шағал
Вале ӯ сохтмончӣ шуд. Соли 1982 бо сари баланд факултети сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кард.
– Духтари ягонаи гурӯҳ буд, – ёдовар мешавад ҳамсабақи Замирабону Почохон Зарифов ва меафзояд, – бо хонум Замира 5 сол дар як гурӯҳ таҳсил намудем. Аз рӯзҳои аввали шиносоӣ бо лаҳни ширину форам, одобу рафтори ҳамида ва нармгӯиҳои ба худ хосаш ба дили тамоми ҳамсабақон роҳ ёфт. Чунон боназокат рафтор менамуд, ки ҳатто бачаҳои шӯх ҳам дар ҷое, ки ҳамроҳамон Замира буд, бо лутфу меҳрубонӣ сӯҳбат мекарданд. Қариб, ки баланд гап намезадем, то суханамон дағал набарояд.
Дониши баланд, шавқи зиёди илмомӯзӣ Замирабонуро дар як муддати кӯтоҳ на танҳо дар гурӯҳ, балки дар тамоми донишгоҳ маъруф кард. ӯ худро сохт ва сол аз сол заҳмат кашида, номи баланду эҳтироми хосаеро соҳиб гашт.
Замира ҳамчун зани хоксор ва меҳнатдӯст ба камол расидааст. Ба кор бо дили гарм ва аз рӯйи виҷдон муносибат менамояд. Нисбати ҳама ҳалиму меҳрубон аст. Муҳимтар аз ин, дарк мекунад, ки дар идора болотар аз ҳама кор меистад ва бо ҳама чун ҳамкор муносибат мекунад. Сахтгиру серталаб аст дар кор, вале тӯли чанд вақти роҳбариаш нафаре аз шогирдони ӯ шикоят накардаанд. ӯро чун модар дӯст медоранд. Корашро, ки хуб медонад, дар баъзе баҳсҳое, ки дар ҷараёни корҳои истеҳсолӣ сурат мегиранд, сари боло дорад. Дурӯғ ва хиёнатро намебахшад, ҳарчанд дили нозукаш зудбовар аст. Таҷрибаи нодири ташкилотчигӣ дорад. Маҳз Замира аст, ки мо имрӯз ҳам чун даврони донишҷӯӣ гӯё аз тамоми мушкилоти зиндагӣ орӣ бошем, ки зуд-зуд сарҷамъ шудаву дидор мебинем. Замираш поку номаш зебост. Аз эҳтироми зиёд нисбати ӯ қисме аз ҳамсабақонамон ба фарзандону наберагонашон Замира ном гузоштаанд, то замири онҳо ҳамчунон поку беолоиш бошад…
Роҳбари қобили эҳтиром
Бале, то имрӯз касе аз роҳбарии апаи Замира шикоят набурдааст. Дар ҳақиқат ҳам ӯро хеле кам дар ҷояш нишаста мебинем. Бо зарурат, ҳар гоҳе, ки ба шӯъбаи таҳлил ва назорат ворид мешавам, апаи Замира паҳлӯи яке аз шогирдонаш машғули кор аст ё тарзи истифодаи дурусти асбоберо дар миён истода, ба шогирдон нишон додан дорад. Воқеан ӯ дар коргоҳ шогирдони зиёд дорад.
– Соли 2010, – ёдовар мешавад, яке аз шогирдони апаи Замира – Иноятулло Ҷумъаев, – вақте ки Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телевизион барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон кард, ҳеҷ боварам намеомад, ки дар чунин як идораи бонуфуз ҷавонони ҳамин сол хатмкардаро ба кор мегиранд. Гузашта аз ин, овозаҳое низ ҳастанд, ки бе шиноси наздик барои ҷойи кори мувофиқ ёфтан, муваффақ шудан ниҳоят гарон аст. Бо вуҷуди ин, озими пойтахт шудам. Дар Дирексия аз раёсати корҳо ба ман барои дар шӯъбаи таҳлил ва назорат гузаштани сӯҳбат роҳхат доданд. Дар шӯъба маро зани нуроние, ки муовини сардор муаррифиаш карданд, пешвоз гирифт. Симояш зебою тоҷикӣ, нигоҳҳояш гарму самимӣ мисли модарам. Баробари ӯро дидан, тарсу ҳаяҷон маро тарк гуфт. Худро дар хона пеши модарам эҳсос кардаму ҳарчи пурсиданд, посух гуфтам. Аз нармию гармии суҳбат имтиҳон будани онро танҳо замоне дарк кардам, ки «ту аз имтиҳон гузаштӣ», – гуфтанд.
Бонуи саропо адолат ва инсоф
Имрӯз ҳам апаи Замира ба ҷойи модарам аст. Ҳарчанд донишгоҳро бо димломи сурх хатм кардаам, Дирексия барои ман ва даҳҳо ҷавонони дигаре, ки бе «шиноси наздик» вориди ин коргоҳи бонуфуз гардидем, мактаби олитару омӯхтанист. Ҳатто дар эҳтиром ба кадрҳои ҷавон ҳам. Ман дертар фаҳмидам, ки ҳама довталабони муваффақ низ аз сӯҳбати апаи Замира гузаштаву барои кор тавсия гирифтаанд. Маҳз боварии Замира Мубиновна ба мо ва боварии роҳбарияти идора ба он кас буд, ки ин ҷо ба ҳамаи мо, ҷавонон, ҳатто вазифаҳои масъулиятнокеро чун иҷрокунандагони сардорони шӯъба бовар карданд. Ва мо имрӯз дар сохтмонҳои азим фаъолият дошта, кӯшиш бар он меварзем, ки ба ин боварӣ сазовор бошем, то нахустустоди худ Замира Мубиновнаро дар хиҷолат намонем. Миёни мо ҷавонони довталаб аз тамоми минтақаҳои ҷумҳуриамон буданд. Ростӣ ва беғаразии апаи Замира ҳам дар ҳамин зоҳир гашт, ки ба ҳамаи мо баробар имтиёз доданд ва касе ноумед ба хона барнагаштааст.
Зане бо пешаи мардона
Воқеан, бисёриҳо бар ин андешаанд, ки бинокорӣ пешаи зан нест. Ман хоҳиши баҳс надорам, вале бо итминон бар онам, ки Замира Мубиновна дар интихоби пеша саҳв накардааст. ӯ тӯли наздик 30 сол худро сохтааст, паст кист ӯ, агар сохтмончӣ нест?
Бале, апаи Замира бинокор аст. Моҳи августи соли 1982 пас аз хатми донишгоҳ ба Колоннаи сайёри механиконидашудаи №278-и шаҳри Панҷакент ба вазифаи ёрдамчии усто ба кор омадаву то соли 2008 бисту шаш сол дар ҳамин як идора то вазифаи сардори шӯъбаи истеҳсолию техникӣ кор кардааст. Беш аз ду даҳсола дар сохтмонҳои бузурги соҳаи иҷтимоии ин шаҳри бостонӣ саҳми бевосита дорад.
Соли 2007 бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Кохи фарҳанг барои 500 ҷойи нишаст оғоз мешавад, ки пудратчии асосии он Колоннаи сайёри механиконидашудаи №278-и шаҳри Панҷакент интихоб мегардад. Чеҳраи Замира Мубиновна маҳз дар ҳамин сохтмон ҳамчун зани росткору некрафтор ва мутахассиси кордону лаёқатманд аз нав кушода мешавад. Намояндагони фармоишгар тӯли қариб ду соли ҳамкорӣ бо калоннаи мазкур ва бевосита бо Замира Исоқова номзадии ӯро барои кор дар Дирексия тавсия медиҳанд. Ва ниҳоят бо дархости Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Исоқова, соли 2008 тибқи гузариш ба вазифаи муҳандиси дараҷаи 1-и шӯъбаи таҳлил ва назорат ба кор меояд.
– Аз бозе, ки худро мешиносам, мақсадам ободии Ватани маҳбубамон аст. Ба ҷуз ин ормоне дар дил надорам. Хурсанд аз онам, ки имрӯз барои амалишавии орзуҳоям барои ман имконияти бештаре фароҳам оварданд. Яъне тавассути Дирексия дар қатори ҳамаи кормандонамон ман низ метавонам дар бунёди иншоотҳои муҳими ҳукуматӣ ширкат варзида, дар шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошам, – мегӯяд апаи Замира.
Духтари ягона
Имрӯз Замира Мубиновна вазифаи хеле пурмасъулият, сардори шӯъбаи таҳлил ва назорати Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Рисолати шӯъбаи мазкур аз он иборат аст, ки бояд арзиши воқеии иншоотро муайян ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо дар онҳо назорат намояд. Ҳамчунин харҷномаҳое, ки аз раёсатҳои сохтмонии идораву вазоратхонаҳои дигар барои баррасӣ ба Дирексия ворид мешаванд, маҳз баъд аз таҳлилу омӯзиши ҳамин шӯъба барои маблағгузорӣ пешниҳод мегарданд. Яъне донишу фаҳмиши сатҳан хеле баланди касбӣ лозим аст, ки як нафар ҷавобгӯ ба чунин талабот роҳбарӣ карда тавонад. Бо вуҷуди ин, Замира Мубиновна то имрӯз дар ин самт фаъолияти самаранок дорад. Бо шарофати ӯ шӯъбаи таҳлил ва назорат ба як мактаби бузурги таҷрибаомӯзӣ, такмили донишу маҳорат ва дӯстию ҳамдигарфаҳмии ҷавонон табдил ёфтааст. Муҳити мусоиде барои сабзиши бинокорони ҷавон бунёд намудааст. ӯ бунёдкор аст.
Баръакси волидайн як писару чор духтар дорад, апаи Замира, вале худ духтари ягона аст, балки ӯ ягона аст.