Салом хонандаи азизи ман. Бори аввал аст, ки дар моҳномаи бонувон барои шумо ва дар бораи шумо азизон менависам. Ростӣ ҳаяҷон дорам. Агар мақола лакнат дошта бошад, аз хотири нозуки шумо узр мехоҳам. Ба ҳар навъ таҷрибаи аввал ва кори шогирдона.
Устоди зиндаёдам Отахон Латифӣ боре насиҳат карда буданд, ки вақте ману шумо чизеро менависем, ҳатман хонандагони аввалин модару хоҳару ҳамсару духтарони моянд. Онҳо ҳар ҳарфи моро мехонанд. Вақти навиштани ҳар ҳарф бояд онҳоро пеши назар дошт, ки матлаби моро чӣ гуна қабул мекунанд. Ҷои хонандаи азизи ин мақола дар ҷони чашми ман аст.
Вақте, моҳномаи «Бонувон» моро ба идораи худ даъват карда, ин озмунро эълом дошт, ҳамон замон номи қаҳрамони мақолаи худро гуфтам. Ҳамкасбон гуфтанд, ки дар бораи 1 ҷавон, ки ҳоло кори чашмрасе накардааст, чӣ метавонӣ нависӣ. Агар бинависӣ низ ҳич гоҳ наметавонӣ баҳои объективӣ диҳӣ.
Хайр, кӯшиш мекунам, бинем чӣ мебарояд.
Солҳои охири Шӯравӣ. Агар ёд доред, хонарӯшанкунии пеш аз марги ин абарқудрат, барои мардум хеле сангин буд. Муқаддасот тағйир мехӯрданд, иқтисоду иҷтимоиёт такон мехӯрд, зиндагӣ ба ларзиш омада буд. 1 насл – насли ҷавони ҳамон давр раҳгум зад. Надонист, ки аробаи худро ба кадом сӯ кашад. Капитализм аҳдшиканона ва ноҳангом ба сари мардум рехт ва ин мардум дар мағзи худ андешаи боз аз нав зинда гаштани Шӯравиро бо 1 муҳаббати хосса ҳифз карда, мепарварид. Ҷои ҳама чизро 1 муддат нон ва боз 1 муддат ҷон гирифта буд. Солҳое буданд, ки ёд овардан ҳатто душвор аст.
Ҳарчанд зиндагӣ сангин буд, вале касе қонунҳои табиатро наметавонист инкор кунад. Ва чунин нобаҳангому ғайри интизор ин насли ҷавон соҳиби фарзанд шуд. Ва ин насл, ки ҳоло худ 1 роҳи дурусте интихоб накарда буд, бояд ба насли наве, ки ба дунё овард, роҳ нишон медод. Тасаввур кунед, ки «барои рафъи ташнагӣ такя ба ташналаб» кунӣ? Мардонавор бояд аз ин насле, ки солҳои раҳгумзадагӣ ба дунё омад, бахшиш пурсем. Ҳар ҷавонаки имрӯза, ки роҳи худро наметавонад пайдо кунад, натиҷаи роҳгумзадагии насли гузашта аст.
Ва 1 қисме аз ин насли нав ба умеди раҳнамоии падарон, ки вақтро дар навбати нону намак кӯр мекарданд, нашуда худ мушоҳидаро пеш гирифт. Ин гурӯҳ аз сатҳе, ки баробари қадаш буд, ҳар дигаргунӣ, ҳар барору бебарории инсонҳоро медид. Натиҷаи диданҳо ба хулоса табдил ёфт. Имрӯз ин насл худ аллакай соҳиби фарзанд ва кафили раҳнамоии насли дигаре шуд ва натиҷаи мушоҳидаҳояшро дар зиндагӣ татбиқ мекунад.
Қаҳрамони ман 1 нафар аз ҳамин наслест, ки агар бигӯем, ки худаш тарбият ёфта аст, хато намешавад. Ҷамъият вақти тарбият надошт. Ку бубинем чӣ гуна худро тарбият карда аст?
Ин қаҳрамони худро аз замони донишҷӯияш мешиносам. 1 гурӯҳ духтаракон дар МТЖ бо мо ҳамкорӣ мекарданд. Нилуфар Собирова, Саида Қурбонова, Фарангис Набиева, Парвона Ҳамдамова ва Муҳайёю Хонум. Аз ҳамон вақт ин духтаракон барои ман қаҳрамони воқеӣ буданд. Ҳангоми донишҷӯӣ ману насли ман кори баъди мактаб чӣ, ҳатто таҷрибаомӯзӣ ба гаронӣ мерафтем. Инҳо баъди дарс то шомгоҳ дар кор буданд. 1 хосияти чашмраси ин духтарон масъулиятшиносияшон буд. Бо Хуршед гоҳо ба ин масъулиятшиносон ҳасади сафед мебурдем. Ҳар чӣ мегуфтанд, ҳатман иҷро мекарданд.
Инҳо аз духтарони насли мо куллан фарқ мекарданд. Духтарони замони мо, Худо накунад агар забонеро меомӯхтанд, ҳатман тарки тоҷикӣ мекарданд. Инҳо баръакс бо шавқ русию англисӣ меомӯхтанд, вале тоҷикияти худро сайқал медоданд. Вой бар ман, ки агар аврупоӣ мепӯшиданд... Инҳо ба гуфти Ленин шаклан аврупоиву мазмунан тоҷикӣ боқӣ мемонданд.
Ҳама медонад, вақте сарояндае аз насли пешин дар хориҷа чӣ рафторе карда, ки ба назари ин духтарон таҳқир ба шаъни миллати Тоҷик намуда аст, 7 моҳ паси дари суд буданд. Ин духтарон аввалин журналистонанд, ки барои ҳимояи шарафи Тоҷик 7 моҳ судбозӣ карданд. Рӯзҳои суд ҳар саҳар ба ман маҳз Муҳайё занг мезад: «Бурҳонов, соати 2 суд!»
Нилуфар то имрӯз дар интернет бо тоҷикбадбинҳо муҳовараҳо дорад. Бо 1 маданияти баланд, ки рақибонаш маҷбур фикри ӯро қабул мекунанд.
Ҳарчанд танҳо Муҳайё Нозимоваро, ки талаби жанр чунин аст, қаҳрамони мақола интихоб кардаам, аммо ҳар чӣ дар шаънаш мегӯям, ба кулли духтаракони насли ӯ, ки роҳи худро дар зиндагӣ пайдо кардаанд ва устувор пеш мераванд, дахл дорад.
ӯ 1 намуна аст, ки воқеан арзандаи таҳсин аст. Чӣ гуна набинем, ки 1 духтарак дар солҳое, ки мактаб фалаҷ буд, муаллим набуд, китоб набуд, талабот ба дониш набуду қаҳрамони писарон боевику аз духтарон раққоса буд, худро ба омӯзиш бахшид. Мактабро аъло ва донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кард. Дипломи сурхи ин насл қурби хеле баланд дорад!
Азбаски дониш омӯхта буд ва метавонист дар таҷриба истифода кунад, дар барномаҳои байнулмилалӣ иштирок мекард. Ба ибораи ман ҳар рӯз Муҳайё 25 соат кор мекунад, вале ҳич хастагӣ надорад. Бо ин ҷавонӣ баъзан кори профессорҳоро мекунад. Аз куҷое дастуру китобҳои таълимӣ меёбад, аз англисӣ тарҷума мекунад, аз куҷое маблағ ёфта чоп мекунад ва..., не намефурӯшад, ройгон ба донишҷӯён тақсим мекунад. Магар ҷои ҳавас нест?
Натиҷаи серкорӣ буд, ки чанд муддат ҷавонтарин сармуҳаррир низ буд. Тӯли чанд соле, ки медонам, боре бекор надидамаш.
Оем сари мақсад. Дар мо ки жанрҳои хабарӣ хеле ҳолати хароб доранд ва ахбори моро гӯё танҳо Исроилу Фаластин ғасб карда бошанд, дар бораи 1 кишвари собиқ Шӯравӣ Гурҷистон қариб хабаре нест. Агар хабари бештар мебуд, роҳи ин кишвар пандомӯз аст. Ҷомеаи гурҷӣ дар чанд соли охир хеле пеш рафт. Онҳо дар вазъияти бадтар аз мо қарор доштанд. Иқтисодашон фалаҷ буд. Фасод тамоми қишрҳои ҷамъиятро фаро гирифта буд, ки мо ҳоло ҳатто монандашро надидаем. Дар 1 муддати кӯтоҳ ин кишвар аз фасоди сартосарӣ раҳоӣ ёфт ва иқтисодиёту иҷтимоиёташ, муҳимтар аз ҳама сифати зиндагии мардумаш устуворона беҳ шудан дорад.
Агар омили асосӣ мутахассисонро ба корҳо ҷалб кардан бошад, омили дигаре, ки ҳарчанд матбуоти Русия онро бо истеҳзо ёдовар мешавад, ба корҳои масъули давлатӣ ҷалб кардани ҷавонзанону духтарон аст.
Чунин таҷриба чанд сол пеш дар Прокуратураи Генералии мо низ истифода шуд, ки ҳатман натиҷаҳои хуб дод. Бонувон аслан аз инстинктҳои азалии модарии худ ва адолат берун намераванд.
Кӯронамакӣ мебуд, агар мегуфтем, ки дар кишвари мо вазъи интихоби занон хароб аст. Дар бисёр ҷойҳои масъули давлатию ғайридавлатӣ бо бонувон рӯ ба рӯ меоӣ. Шукр, ҷойгоҳи худро доранд. Миллате, ки бонувонаш аз мардон кам нестанд ва мақому манзалат доранд, ҳатман муваффақ хоҳад буд.
Муҳайё Нозимоваро, ки ҳоло бояд чеҳракушоӣ мекардам, портреташро пурра инъикос мекардам, беш аз ин чизе дар шаънаш намегӯям. Ҷавон аст. Духтари устувору муваффақ. Оилаи солим, кори солим, зиндагии шоиста дорад. Намунае аз насли нави Тоҷик, ки тайёр аст барои мардумаш хизмат кунад. Бе ин мақола ҳам ӯ кори худро мекунад. Насли мо ногузир майдонро ба насли ӯ месупорад. Муҳайёе, ки ман мешиносам 1 пайкараи хастанашавандаи ҷустуҷӯ аст. Барояш муваффақияти бештар мехоҳам. Ин матлаб бошад, 1 навъ бахшиш пурсидани ман аз ҳамон насли дар нимароҳ мондаи мост. Ё 1 овоз барои дастгирии ҳамин насл аст, ки ояндаи кишвари моро ҳатман дурахшон хоҳад кард.
Хонандаи азиз, ман овози худро додам. Оё мо ба ояндаи худ овоз медиҳем?