Муаррифӣ
Фирӯза Саидова дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аълочии матбуот ва фарҳанг аст. Дорандаи нишони «Ҷоизаи сухан». Феълан масъулияти муовинии аввали директори «Радиои Тоҷикистон» - ро бар ӯҳда дорад.
Чӣ одамӣ, ки ҷаҳони ту ҳама бешу кам аст,
Фиғону нолаву оҳат зи бурҷи як ситам аст!
(Фирӯза Саидова)
Фирӯза дар асл номи санги пурбаҳоест, ки ба хотири ранги баланд ва дурахшандагияш, аз дигар сангҳои қиматнок фарқ мекунад ва хеле чашмрасу диққатҷалбкунанда аст.
Фирӯзабонуе, ки инак дар борааш сухан гуфтанием, айнан чунин аст: Чашмрас, ҷаззоб, дурахшанда… Аммо ин ҳама фақат ба хотири зебоияш нест. Низ ба он хотир, ки Худованд ба ӯ ҳусни ботин, ҳусни хулқ, ҳусни муомила, ҳусни рафтор ва ҳусни сухан додааст…
Оре, Фирӯза Саидова, ки дар айни ҷавонӣ кӯлборе аз таҷрибаи 18-солаи корӣ бар дӯш дорад, ҳамакнун муовини аввали директори «Радиои Тоҷикистон» аст. Бузругтарину куҳантарин ва муқтадиртарину муассиртарин расонаи миллӣ…
Сивуяксола буд, ки ин мақоми баланд ва дар айни ҳол душвору пурмасъулиятро ба дӯшаш гузоштанд... Не, не, якбора не... На аз ҷое омад ва на аз ҷониби касе… Танҳо ва танҳо аз масири табиӣ ва маъмулӣ: Таҷрибаомӯз, муҳаррир, муовини сармуҳаррир, сармуҳаррир ва муовини аввали директор. Бад-ин минвол, бо саъю талош, ва кордонию масъулиятпазирӣ зинаҳои рушдро яке пас аз дигарӣ пушти сар гузошт ва аз роҳбарони чунин як ниҳоди обрӯманде шуд...
Корро дар сахттарин рӯзҳои Радио сар кард. Соли 1993, замони ҷанги шаҳрвандӣ… Замоне ки ҳадаф аз кор, ба даст овардани маошу мансабу обрӯ набуд (чун хабаре аз инҳо набуд), ҳадаф танҳо ва танҳо хизмат буд... Ишқ буд. Меҳр буд. Ва ҳарчӣ буд, самимӣ буду холис...
Аз 36 соле, ки аз умраш гузаштааст, 18 солашро бо сухан, бо қалам, бо сиёсату иқтисод ва маорифу фарҳанги ин диёр сарф карда, зимни анҷом додани хидматҳои арзанда ба давлату миллат, таҷрибаи бузурге аз масъалагузорию ҳалёбӣ, муомила бо ашхоси мухталиф, дидану баён кардани вазъи ҳол ва кордонию роҳбарӣ андӯхт. Низ чандин сафари омӯзишию корӣ ба хориҷ, бар вусъати андешааш афзуд ва партави нигоҳашро ба уфуқҳои имрузаи ҷаҳонӣ боз кард.
Ин аст, ки вақте дар сӯҳбати Фирӯза менишинӣ, ӯ аз як ҷавонзани эҳсосию ҳаяҷонзада, ки мағрури мақому мартабаи худ буда, мудом дар шаҳри орзӯҳои дастнорасаш сайр мекунад, хеле фосила дорад ва бархилофи баъзе занони ҳамтову ҳамсатҳаш, мисли як шахси пухтаву ботаҷриба ва дилсӯзу дардошно, аз мушкилоти ҷомеа, мавқеи зан, тарбияи кӯдак, вазъи илму маориф ва ояндаи кишвар ҳарф мезанад.
Суханаш матин, бурро ва боварибахш аст. Маълум, ки аз дил мегуяд, на аз забон. Ҳарфаш такя бар мантиқ дорад ва зоидаи тафаккури миллии ӯст.
Бузурге мегӯяд: «Барои андӯхтани таҷриба шарт нест, ки назди солхӯрдагон равӣ. Сисолаҳоеро дидаам, ки хеле ботаҷрибатар аз ҳафтодсолаҳоянд…». Ва бегумон яке аз онҳо Фирӯза аст.
Ин танҳо андешаи мо дар бораи Фирӯза нест. Ҳамкорону ҳамроҳонаш, ки ба сол аз Фирӯза бузургтар буда, ӯро аз аввалин рӯзҳои ба радио омаданаш мешиносанду имрӯз ҳам дар иртиботи наздик ҳастанд, дар борааш ҳамин назарро доранд.
Шаҳобиддини Ҳақназар: «Фирӯза соли 1999, пас аз 6 сол кору таҷриба сармуҳаррири Идораи ҷавонии Радио шуд. Як идораи пур аз чавон, пур аз ҷавонию шавқу шур… Ва ҷавонтарин сармуҳаррир... Фирӯза дар ин Идора бо ишқ корро оғоз кард, бо меҳр қалам ба даст гирифт ва бо дилу ҷон сухан гуфт… Бо садояш, бо суханаш, бо лаҳни пур аз садоқату муҳаббаташ ба дуриҳо пару бол кушод ва ба дилҳо кора кард…»
Заъфарон Муҳаббатова: «Фирӯза шахсиятест навҷӯ ва навҷӯиро аз дигарон ҳам эътирофу дастгирӣ мекунад. Чун роҳбар, ба кор нигоҳи касбӣ ва хеле ҷиддӣ дорад. Дар тарбияи кадрҳо бисёр мекӯшад. Ҳақиқатҷӯ ва ҳақиқатгӯст. Ҷасорат ва иродаи мустаҳкм дорад…»
Ростӣ, дар бораи ҷасорат… Ҷасорати Фирӯза барҷастатарин вижагии ӯст. Чун ҷои гуфтан бошад, хомӯш намеистад ва чун ҷои пеш даромадан бошад, дар паси дигарон пинҳон намешавад. Ҷасорати ӯро мардони ҳамкор сахт эътироф мекунанд ва ҳатто бо шӯхӣ ӯро «мард» мегӯянд. Гарчӣ ин истилоҳ назди аҳли раъй чандон мақбул нест (зеро зан бояд зан бошад ва бузаргиаш ҳам дар ҳамин аст), вале ин нишони эътирофи мутлақи Фирӯза аз сӯи мардон ва таслими онҳо дар баробари ҷасорату пойдории ӯст…
Таронаҳои ҷолибе дорад, ки таҳти унвони «Инқилоби орзӯҳо» ба чоп расидаанд. Аз лобалои ин таронаҳо метавон ба вусъати назар ва умқи андешаи Фирӯза пай бурд. Дар яке аз онҳо мехонам: «Зане нестам, ки аз роҳи пешгирифтаам бозгардам… Месӯзаму месозам... Зеро ҷаҳон саросар муаммост ва танҳо бо саъйи воқеӣ метавон аз он убур кард…». Ва низ дар ҷое гуфта: «Ҷасорат... Маҳз ҳамин намерасад ба зани имрӯзаи тоҷик. Агар ин хислат ӯро ёр мешуд, дигар фатҳи кайҳон ҳам мушкил набуд».
Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо ду дидгоҳ нисбат ба зан вуҷуд дорад, ки ба назари мо ки яке ифротию дигар тафритист. Баъзеҳо занро аз ҳама ҳуқуқу озодияҳош маҳрум карда, ӯро ба як мавҷуди беирода ва заифу нотавон табдил додан мехоҳанд. Баъзеи дигар занро ба ҳеҷ гуна усулу ақоид пойбанд намедонанд ва мехоҳанд, ки як мавҷуде барои хушгузаронӣ бошад, на як инсони дорои тасмим, фикр ва иродаи хоси худ. Таҳти таъсири ҳамин ду дидгоҳ, ду қишри занон ба вуҷуд омадаанд; ё маҳрум аз ҳама чиз (ҳатто аз оддитарин меъёри озодӣ) ва ё бетафовут ба ҳама чиз (ҳатто ба оддитарин талаботи ахлоқӣ ва башарӣ), ки дар ҳар ду сурат зани тоҷик гирифтори зулм аст. Яке, зулми таассуб ва расму ойини хурофотӣ, дигар, зулми беҳуввиятӣ ва қарор гирифтан дар зери таъсири фарҳанги бегона.
Барои раҳоӣ аз ин вазъият пеш аз ҳама худи занон бояд талош кунанд. Бояд тавон, ирода, тасмим ва шоистагиҳои худро ба ҷомеа нишон диҳанд ва ин нуктаро ба исбот расонанд, ки зани тоҷик аз зани аврупоӣ ё эронӣ ҳеҷ камӣ надорад. Фақат бояд замина барои рушди маънавӣ ва ҳузураш дар арсаҳои музхталифи ҷомеа фароҳам бошад. Он гоҳ корҳои бузурге аз ӯ интизор шудан мумкин аст.
Фирӯза дар «Инқилоби орзӯҳо»-яш хитоб ба занҳо меуяд: «Худро дӯст доред, то Шуморо дӯст доранд. Қимати хеш бидонед, то қимати Шумо бидонанд. Доно бошед. Доро бошед. Зебо бошед…».
Ва ин ҳамон мантиқи баланди Пурёи Валист, ки:
Бирав, қавӣ шав, агар роҳати ҷаҳон хоҳӣ,
Ки дар низоми табиат заиф помол аст.
Фирӯза аз ҷумлаи онҳое нест, ки насиҳат карданро ба дигарон дӯст медоранду худ аз он ғофиланд. Пеш аз ҳама нисбат ба худ сахтгиру серталаб аст ва сипас ин чизро аз дигарон талаб мекунад. Намунаи гӯёи ин, барномаи «Шабзиндадор»-и ӯст, ки дар дили шаб, ба таври зиндаву мустақим пахш мешавад. Ростӣ, кас бояд хеле қавииродаву боғайрат бошад, ки нимаи шаб, хобу оромиро раҳо карда, барои иҷрои масъулият ба коргоҳ ояд ва бо мардуми бедор (ки аксаран дардмандону дармондагон ва ошиқону обидонанд) ду соат ба таври мустақим суҳбат намояд...
Ҳамеша дар ҳоли ҳаракат аст. Ҳаракат ба пеш, ба сӯи фардо. Ин байти Бедил шиораш аст:
Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,
Мо зинда аз онем, ки ором надорем.
Ҳаргиз ӯро заифу нотавон ва дилхаставу маҷрӯҳ надидаам. Аз мушкилот намеҳаросад. Бечоранолӣ намекунад. Дар баробари беадолатӣ аслан сари таслиm надорад. Дар нокомиҳояш ва ноомади кораш дигаронро гунаҳкор намеҳисобад. Ва аз ҳама муҳми ин, ки аз худ қонеъ нест ва қаноатро душман медонад. Агар ба чизе даст наёфт, мисли баъзеҳо намегуяд, ки «хайр чи лозим? Барои зан ҳаминаш ҳам бас аст..». Нотавонии худро ҳамчун «қаноат» таъбир намекунад. Намегуяд, «дигарон чӣ шуданд, ки мо шавем?». ӯ бар ин бовар аст, ки қаноат ин хастагист, ин нотавонист, ин пӯшондани заъфҳо ва зарарҳост. Ва инсонҳое, ки мегуянд, «аз ин беш чи лозим?», дар асл аз он беш аз дасташон намеояд ва фақат шаҳомати эътирофи заифии худро надоранд… Боре пурсидам, ки «инҳоро аз куҷо мегӯӣ?». Гуфт: «Инҳоро ман не, Иқбол мегуяд» ва ин мисраъҳои Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро бароям хонд:
Он, ки дар банди мазаррат мондааст,
Нотавониро қаноат хондааст.
Нотавонӣ зиндагиро душман аст,
Батнаш аз макру дурӯғ обастан аст…