ОҒОЗИ УМРИ ПУРМУШКИЛ
«Ҳар чи ки имрӯз моро намекушад, фардо қавитар мекунад…»
Маърифат ҳанӯз хеле кӯчак буд, ки аз меҳри падарӣ маҳрум монд. Пас аз фавти падар, масъулияти таъмину тарбияи шаш кӯдаки хурдсол ба дӯши модари ҷавони Маърифати 12-сола монд. Маърифат, ки фарзанди калонӣ дар хона буд, ғайриихтиёр нақши мард-сарпараст дар оиларо ба зимма гирифту дар баробари таҳсил, ҳамчунин якҷо бо модараш ҳам кишоварзӣ мекарду ҳам майдакорӣ, то фарзандони падарро «ба по хезонад». Умри ҷавону орзуҳояшро қурбони хонавода ва фарзандони падар кард. Орзуи ҳуқуқшинос шудан дошт, нашуд. Дар мактаби таҳсилкардааш, дар Ҷилликӯл, устодонаш ӯро ба кор даъват карданд. Ҳарчанд диплом надошт, аз фанни забону адабиёти тоҷик ба талабагон бомуваффақият дарс мегуфт…
Соли 1993 Маърифат бо дуои модараш оилаи худро барпо кард. Ҳамроҳ бо ҳамсараш ба шаҳри Қӯрғонтеппа омад. Соҳиби ду фарзанд шуд, аммо ҳамоно орзуи идомаи таҳсил дар донишгоҳ аз замири Маърифат берун намерафт. Сарфи назар аз хурдсолии фарзандону зиндагии бисёр сахту сангини қашшоқона, Маърифат ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгории ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа супурд ва дар соли 2006-ум онро бо дипломи аълою ихтисоси омӯзгор хатм кард.
«САҲМИ ЗАН ДАР РУШДИ ҶОМЕА КАМТАР АЗ МАРД НЕСТ»
«Агар Худованд занро болои мард ҳоким кардан мехост, ӯро аз узви сар меофарид, агар мехост, ки канизак бошад, занро аз узви пой месохт; аммо азбаски Худованд занро ба ҳамсару баробарҳуқуқ будан бо мард ҳукм кард, ӯро аз қабурғаи Одам офарид».
(Августин Аврелий, файласуф, а. IV-V)
Баъди ҷустуҷӯҳои пайопайи ҷойи кор дар Қӯрғонтеппа, ниҳоят дар кӯдакистоне ба кор қабул шуд. Хеле меболид, ки акнун метавонад ба ҳамсараш дар таъмини хонавода дасти кӯмак расонад. Як сол кор кард. Сипас, бо даъвати Шамсия Абдураҳимова, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Маърифат дар шӯъбаи бойгонии ҳукумати маҳаллӣ ҳамчун мутахассис ба кор қабул шуд.
- Баъзан дар бораи занони мансабдор сарусадоҳое паҳн мешавад, ки гӯё онҳо барои расидан ба қудрат аз ҳар роҳу усулҳои ғайриахлоқӣ истифода мебаранд, ки хеле нороҳаткунанда аст ва бисёре аз занҳои шоистаро водор мекунад аз ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар даст бикашанд. Бузурге гуфтааст: «Агар хоҳӣ, ки бар душманат ғолиб оӣ, нахуст бар тарси ботинат ғалаба кун, чунки тарси ботин пурқудраттар аз ҳама қувваҳост». Манбаи чунин овозаҳо одамони нотавонбин ҳастанд. Файласуф Августин Аврелий гуфтааст, ки «агар Худованд занро болои мард ҳоким кардан мехост, ӯро аз узви сар меофарид, агар мехост, ки канизак бошад, занро аз узви пой месохт; аммо азбаски Худованд занро ба ҳамсару баробарҳуқуқ будан бо мард ҳукм кард, ӯро аз қабурғаи Одам офарид». Бар хасми ин ҳама нотавонбиниҳо, занони тоҷик ҳам дар баробари мардон талош ба харч медиҳанд, ки дар рушди кишвар ва ҷомеаи мардумсолорӣ саҳим бошанд, - хулоса мекунад Маърифат.
ТАСМИМИ «ИНҚИЛОБӢ»-И МАЪРИФАТ
«Номусу нанги зан дороии ӯст, он қимматтар аз ҳама гуна меросу сарвати беохир аст».
(Уилям Шекспир, шоир ва драматурги англис, а.XVI)
Аммо Маърифат Навкароваро банда ба ҳайси як шахсият дертар шинохтам. Соли 2008-ум буд. Вақте ӯ дар шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қӯрғонтеппа ба ҳайси мудир тоза ба кор омада буд, якбора дархости беш аз 20 шаҳрванди Чинро барои бастани никоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон рад кард.
Вай дар шарҳи сабаби радди дархости чиноиҳо гуфт: «Барои аксар чиноиҳои муқимӣ никоҳи расмӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон лозим нест, онҳо танҳо мехоҳанд хона дошта бошанду озод гаштугузор кунанд. Хонумҳои мо барояшон мисли як пешхидмат ҳастанд. Мо медонем, ки ҳоло ҳам бисёре аз бонувони тоҷикистонӣ бо чиноиҳо ҳамзистӣ доранд. Агар бо муҳаббат бошад, боке нест, аммо рӯшан аст, ки онҳо қурбони фиреб ва қурбони вазъи сангини иҷтимоӣ шудаанд ва барои луқмаи ноне ба издивоҷ бо чиноиҳо розӣ мешаванд. Мо чунин никоҳро ҷоиз намедонем…»
Ин тасмими Маърифат вокунишҳои зиддунақизеро дар ҷомеа ба бор оварда, таваҷҷӯҳи расонаҳои хабарии дохиливу хориҷиро низ ба худ кашид. Бисёриҳо, ҳатто дар долонҳои ҳукумати маҳаллӣ, ҳадс мезаданд, ки акнун Маърифат бо вазифааш «хайрухуш» мекунаду дигар дар бораи карйера набояд биандешад. Аммо он гуна ки Уилям Шекспир гуфтааст, «занеро, ки ба дилхоҳ савол посухи омода надошта бошад, ҳеҷ гоҳ дарнамеёбӣ, магар ки вай безабон бошад». Маърифат бо мисолҳо исбот кард, ки шумораи зиёди занҳо дар пайи чунин никоҳҳои муваққатӣ ҳомиладор мешаванду пас аз «фирор»-и шавҳарони чинияшон, бо кӯдак рӯйи даст танҳо мемонанд. Он замон Маърифат ҳамчунин изҳори ташвиш карда буд, ки тибқи қонунҳои ҷорӣ, барои никоҳи расмӣ бо шаҳрванди Тоҷикистон, табааи хориҷиро мебояд аз ватанаш танҳо як маълумотнома дар бораи муҷаррад буданро биёрад ва ҳамагӣ 50 сомонӣ боҷи давлатиро пардохт намояд. Шояд ин ҳама сарусадо ва часпу талошҳо буд, ки ахиран парлумони Тоҷикистон дар Кодекси оилаи ҶТ тағйирот ворид кард, ки тибқи он агар шаҳрванди хориҷӣ мехоҳад бо духтари тоҷикистонӣ издивоҷ кунад, бояд ҳатман як сол дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад ва нахуст барои арӯсаш манзили истиқоматӣ бихарад.
АДВОКАТИ МЕНТАЛИТЕТ
«Ягон мард шоиста ба зан нест, агар зан дар ҳақиқат хубу порсо бошад»
(Ҷорҷ Бернард Шоу, драматурги бритониёӣ)
Ба фарқ аз дигар бонувони мансабдор, Маърифат танҳо бо либоси миллию рӯймоли тоҷикӣ ба сар ба кор меояду меравад. Ба андешаи ӯ, тақлид ба занони ғарб набояд дар пӯшишу шеваи гуфтор сурат бигирад, балки танҳо маданияту дипломатияро аз онҳо мешавад омӯхт. «Муаррифгари фарҳанги тоҷикӣ пеш аз ҳама зани тоҷик аст, ки тавассути ба бар кардани либоси миллӣ, маданияти баланди гуфтор ва суханвариаш метавонад симои зани тоҷик, мардуми тоҷикро таҷассум кунад», - мегӯяд ӯ.
Аксари онҳое, ки Маърифатро мешиносанд, шояд бо шунидани ин таъриф, ки вай ба истилоҳ, «адвокати менталитети тоҷикӣ»-ст, бо аломати тасдиқ сар ҷумбонанд. Шояд шумораи онҳое, ки дар ҳама нохушию носозгориҳои рӯзгор менталитети тоҷикӣ ё шарқиёнаро «айбдор» мекунанд, кам набошад: «Агар мавзӯи сӯҳбат хушунати хонаводагист, айб дар менталитету тарбияи ҷавонмардон аст», «агар арӯс бо хусуру хушдоман «рост намегирад», айб дар фарҳанги рӯзгордории тоҷикии мост».
Аммо Маърифат мегӯяд, таҳаммулпазирӣ яке аз хусусиятҳои хос ва намунавии тарбия аст, ки шояд танҳо дар оилаҳои тоҷик мушоҳида шавад. «Никоҳи мусалмонӣ дар аксар маврид меҳру муҳаббатро ҳатто миёни ду ҷавони навхонадор, ки бори аввал ҳамдигарро дар зери чодар мебинанд, бедор мекунад. «Бо назардошти мушкилоти фаровони иҷтимоӣ, набудани ҷойҳои корӣ,муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон ва мисли ин проблемаҳо, бояд ба оилаҳои тоҷик аҳсант бихонем, ки ин ҳамаро таҳаммул карда,иттиҳоди худро аз фурӯпошӣ эмин нигоҳ медоранд», - хулоса мекунад ӯ. Пас, агар ҳамин менталитету фарҳангу тарбияи мо намебуд, фаразан, чанд оилаи рус ё ғарбиён бо чунин шароити зиндагӣ пойбарҷо мемонд? Ин саволи «адвокати менталитет» бештар риторикист, ҳамин тавр не?
- Зани қавӣ зани хушбахт аст. Ман ҳам хушбахтам, ки фарзанди модари пурсабру тавоноям, соҳиби оилаи солим ҳастам, хусуру хушдоман ва фарзандони нозанин дорам. Хушбахтам, ки ба саломам алейк мегиранду то ҳадди имкон кӯмакам ба ниёзмандон мерасад. Орзу дорам, ки кулли занони Тоҷикистонро хушбахт бубинам, фаъолу комрону озод бубинам. Албатта, ин озодии зан набояд ифодагари рақобат бо мардон бошад, балки озодӣ дар истифодаи муассир аз имконот ва нерӯи зеҳнию корбарии занон дар назар аст…
…Воқеан, ин андеша, ки бонувоне чун Маърифат, бо ҷаҳони зебою нотакрори ботини ӯ, бо ҳама андешаҳои ҷолибу мудернаш, бо ҳама пуркорию пурдониаш, дар Тоҷикистони мо, дар паҳлӯи мо – мардон ҳастанд, шояд ноумедтарин пессимистро ҳам ба ояндаи дурахшони кишвар хушбин кунад.
Ин гуна занҳо воқеан «даъватномаи Саодат ҳастанд» (тавре шоири маъруфи фаронсавӣ Шарл Бодлер мегӯяд);
Саодати ҳар мард, Саодати ҷомеа, Саодати Тоҷикистони соҳибистиқлол!