Шаҳло Юнусова. Тоҷик. Соли 1989 пас аз хатми мактаби миёнаи № 8 –и шаҳри Душанбе ба факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ дохил мешавад. Баъди гирифтани диплом чанд муддат дар сохторҳои ҳукумати ноҳияи Сино ба сифати мудири шӯъбаи кадрҳо, фирмаи хусусии «Лайлӣ» ҳамчун ҳуқуқшинос, дар созмони ғайриҳукуматии "Баробарӣ"- мудири шӯъбаи ҳуқуқ кор кардааст. Аъзои Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон. Чанд муддат дар Коллегияи адвокатҳои "Сипар" низ фаъолият дошт. Феълан дар яке аз созмонҳои байналмилалӣ, ки ба омӯзиши ҳуқуқи инсон машғул аст, ҳамчун ҳуқуқшинос – адвокат кор мекунад.
Зиндагиномаву фаъолияти Шаҳло аслан як алифборо мемонад. Алифбое, ки аз ҳарфҳои бисёре иборат аст, вале бо надонистану наомӯхтани яке, дигаронашро донистану фаҳмидан имкон надорад…
Ин алифборо ман пас аз сӯҳбатҳои зиёд бо Шаҳло кашф кардам. Ҳоло пораҳо аз ин сӯҳбатҳоро бароятон пешниҳод мекунам ва бовар дорам, шумо низ итминон ҳосил хоҳед намуду барои худ кашфиёте дармеёбед:
А - Азм
«Аз кӯдакӣ як одами беқарор будам. Ҳамеша азм доштану талош кардан дар зиндагӣ бароям кӯмаки бисёре кард. «Тасаввур бикун, ки бояд ба ҷое биравӣ. Агар дар ҷоят биншинӣ, оё ба макони даркориат мерасӣ? Не! Пас чӣ бояд кард? Бояд қадам зад!»».
Б - Боварӣ
«Бардошти ман аз сӯҳбатҳои зиёд бо мардум чунин аст, ки аксари нобарориҳои эшон аз бовар накардану итминон надодан ба нерӯву истеъдоди худашон бармеояд. Ҳар инсон тавонмандии зиёде дорад, вале тарсу бовар накарданҳо ба худ, ин нерӯ ва паҳлӯҳои кашфношудаи ӯро имкон намедиҳад. Ба худ итминон дошта бошед, агар муваффақият мехоҳед!»
В - Вақт
«Кӣ пушаймон нашудааст, ки вақти худро зоеъ ё ба корҳои нолозим сарф кардааст? Барои он ки чунин пушаймониҳо то абад идома наёбанд, истифодаи самараноки фурсатро бояд меъёр намуд. Хуб дар хотир дорам, ки падару модарам аз кӯдакӣ барои ман реҷаи мушаххас муайян карда буданд: ин вақт барои бозӣ, инаш барои мутолиа…»
Г - Гиреҳ
«Аксари мушкилоти мо дар як ҷо гиреҳ хӯрдааст. Мо бошем, ба ҷойи дарёфти ин нуқта вақту имконоти худро ба фикру гумонҳои беасос сарф мекунем»
Ғ - Ғурур
«Ғурур бештар дар вуҷуди одамоне пайдо мешавад, ки чизе барои ифтихор надоранд, ё чизи доштаашон тасодуфиву ноустувор аст».
З - Зан
«Оё боре фикр кардаед, ки барои чӣ дар мамолики пешрафта, дар симои як зан пеш аз ҳама шарику ҳамкорро мебинанд ва муносибат бо ӯ бештари вақт дар ҳамин доира сурат мегирад? Дар ҳоле, ки дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ дар симои як хонум мардон танҳо ҷинси муқобили худро мебинанд. Мутаассифона, дар мо бархе аз бонувон бештари вақт аз танҳо як «яроқ» - зан будани худ, истифода кардан мехоҳанд. Шукри Худо ҳоло бонувони ҷавоне пайдо шудаанд, ки ин стереотипро шикастанианд: муваффақият бидуни имтиёз!».
И - Истиқлол
«Ҳоло бисёриҳо дар бораи истиқлол сӯҳбат мекунанд ва онро аз рӯйи фаҳмиши худ тафсир кардан мехоҳанд. Ба андешаи ман истиқлолият ин маънии доштани мавқеъ ва андешаи хоси худ аст. Дар ҳама мавзӯъҳо. Дар ин замина, ба фикри ман, агар истиқлолияти фикриву инфиродӣ дар ҷомеа рушд накунад, расидан ба истиқолияти воқеии давлатӣ мушкил мешавад»
М - Маҳалгароӣ
«Ман, агар мехостам ҳам, маҳалгаро буда наметавонистам. Ҳади ақалл барои он ки падару модари ман зодаи ду минтақаи мутафовитанд. Онҳо замони донишҷӯии худ шинос мешаванду баъдан оиладор мегарданд. Ҳамин тавр модари ман, ки зодаи Хуҷанд аст, розӣ мешавад ба минтақаи Рашт – зодгоҳи падарам биравад. Пас аз чанде ба Самарқанд мекӯчанд ва ман дар он ҷо таваллуд шудам. Пасон, мо боз ба Душанбе омадем ва ман дар ин ҷо ба воя расидам. Ман дар муҳити ба қавле «интернатсионалӣ» калон шудаам».
Н - Ноумедӣ
«Бубинед, фил бо ҳама ҳашаматаш дар саҳнаҳои сирк ва боғи ҳайвонот занҷирбанд ва итоаткор мегардад. Барои чӣ? Зеро ӯ замоне, ки хеле хурд буд ва занҷирбанд гардид, шояд садҳо маротиба кӯшиш намуд, то аз банд раҳо ёбад, аммо кӯшишҳояш барҳадар рафтанд. Ҳамин тасаввур, ки дигар зӯраш барои раҳоӣ аз занҷир намерасад, филро то охир фаро мегирад ва ӯ баъди бузургу азимҷусса шудан ҳам, дигар барои озодӣ кӯшиш намекунад».
Р - Рисолат
«Адвокатӣ махсусиятҳои аҷибе дорад. Барои адвокати хуб будан ба ғайр аз саводи ҳуқуқии аъло доштан, ҳамчунин бояд равоншинос низ буд. Яъне бояд дарк намуд, ки шахси зери ҳимояат то куҷо самимӣ ҳарф мезанад, мавзӯъро ошкор мекунад. Баҳри ин худи адвокат бояд талоши зиёде намояд, шахси зери ҳимояашро мутмаин кунонида тавонад, ки кӯшишҳои адвокат ба манфиати ӯянд. Зиёд аз ман мепурсиданд, ки «ту чӣ гуна метавонӣ аз як одамкуш ё дузд ҳимоя кунӣ?». Модоме чунин саволҳо ҷо доранд, ба он маънист, ки рисолати адвокатиро дар мо дуруст дарк накардаанд. Яъне, дуруст аст, ки ин ё он нафар бо кадом сабабе ин ё он ҷиноятро содир кардааст. Вале бовуҷуд, ӯ ҳам як инсон аст ва набояд ҳуқуқҳояш зери по шаванд. Вазифаи адвокат ҳифз намудани ҳуқуқҳои инсон аст, новобаста аз сатҳи ҷиноят».
Ч - Чист он?
«Зиндагӣ муаммоҳои бисёр дорад. Бахусус дар рӯзгори мо, ки ба пешрафтҳои бузурги технологӣ ноил гардидаем. Ин технология ҳатто ба муносибати инфиродиву маҳрамонаи одамон асаргузор шудааст. Бубинед, дар мамолики нисбатан пешрафта ҳатто арзишҳое чун ишқу муҳаббат бар асари муносибатҳои виртуалӣ одамонро ба бӯҳрон гирифтор кардааст. Бархеҳо тариқи интернет он қадар «ошиқ» мешаванд, ки ҷониби дигар сахт бовар мекунад. Ҳол он ки ӯ ин ҳарфҳои худро якбора ба чанд нафар менависад. Ҳамчунин «ишқи виртуалӣ» боис ба коҳиш ёфтани муҳаббати воқеии байни одамон гардидааст».
Ҷ - Ҷоиза
«Боре дар як рӯзнома хондам, ки сарояндаи шинохтаву дӯстдоштаи мо - Далер Назаров ба ин маъно гуфтааст «ман намедонам барои чӣ баъзе одамон ин қадар барои мукофоту ҷоизаҳо талош мекунанд? Баъзеҳо гӯё маҳз барои мукофотгириву ҷоизадорӣ ба дунё омадаанд ва ин қадар ноодамиҳое, ки барои ба даст овардани ин ё он ҷоиза намекунанд! Шахсан ман барои роҳати худ эҷод мекунам, суруд мехонам. Пас аблаҳӣ нахоҳад буд, ки барои роҳати худ аз дигарон чизе тамаъ дошта бошам?» То замони хондани ин мусоҳиба гумон мекардам, ки танҳо ман чунин андеша дорам. Акнун Далерро ҳамфикри худ дарёфтам. Бовар кунед, ҷомеаи мо замоне пешрав хоҳад шуд, ки агар одамон бидуни ягон ғараз ва танҳо барои он кори худро кунанд, ки онро самимона дӯст медоранд. _а даст, вақте одам коре накарда ҳамаро, ҳатто Ватанро дар назди худ гунаҳкор ҳисобад».
Ш - Шафқат
«Дар соҳае, ки ман феълан кор мекунам, баъзан ба даҳшат омадан мумкин аст. Вале ҳамчун мутахассис, бону ва ахиран як инсон раҳми кас меояд. Сухан дар бораи ба ҷиноятҳои шаҳвонӣ даст задани бонувон ва он ҳам кӯдакону наврасон меравад. Ин ҳолатҳоро омӯхта, ба хулосае омадан мумкин аст, ки сабабу ҳолатҳои ин ҷиноёт гуногун аст. Баъзан омилҳои иҷтимоӣ боис ба танфурӯшиву фаҳшо даст задани онҳо гардидаасту дар як қатор ҳолатҳо аз рӯи ҳавову ҳавас ё муҳити носолими хонаводагӣ. Гоҳҳо техникаву технологияи муосир, аз ҷумла интернет, видео, диску дигар асбобҳои навини технологӣ. Ин чунин маъниеро ба вуҷуд меорад, ки дар замони муосир тавлиду тарбияи фарзанд масъулияти зиёдеро тақозо дорад. Аз ин рӯ пеш аз тавлиди кӯдак бояд сад бор фикр кард: оё ман аз ӯҳдаи тарбияи ӯ мебароям? Ин раҳм ба худ, ба он кӯдак ва ба ҷомеа хоҳад буд».
Э - Эрка
«Ман дар оила фарзанди ягона будам. Зимнан, бисёриҳо бовар доранд, ки чунин одамон аз ҳад зиёд эрка мешаванд. Аз зиндагии худ метавонам мисол биёрам, ки агар одам аз ибтидо истиқлоли фикру амал дошта бошад, «касалии эркагӣ» барояш бегона хоҳад буд».
Ю - Юнон
«Ҳама чизи атиқаву куҳнаро дӯст медорам. Махсусан барои он ки кӯҳнаву калонсол будан таърих аст. Таърих бошад, мантиқу маънии зиндагии имрӯзу фардои мост. Аз он метавон ҳикматҳои зиёде дарёфту дар зиндагии худ истифода кард. Юнон ва донишмандонашро хеле зиёд мехонам. Бахусус, ин гуфтаи Арастуро сахт меписандам ва доим такрор мекунам: «Дар вуҷуди ҳар шахс офтобе ҳаст. Танҳо ба он имкон диҳед, ки нурпошӣ кунад!».
Я - Ягонагӣ
«Ягон бор фикр кардаед, ки чӣ гуна ИМА тавонист ба як давлати абарқудрат ва пешрафта табдил ёбад? Зеро тавонист ягонагиро дар миёни ҳамаи халқу халқиятҳои дар ҳудудаш мавҷуда ба вуҷуд биёрад. Яъне дар шиносномаи мардуми ин кишвар миллати ӯро намебинед. Ҳама амрикоианд! Дар Эрон низ чунин аст – эронӣ.
Пас, ман ҳам мехоҳам дар Тоҷикистон ин итминон дар шакли миллати «тоҷикистонӣ» пайдо шавад ва ишораҳо ба миллияту халқиятҳо хатм ёбад!
Ба ин восита мо кишвари худро пешрафта карда метавонем. Бовар кунед!».