Боби 1. Андар баёни саҳифае, ки тақрибан холист…
Наргис Комилова. Хатмуттаҳсили мактаби миёнаи №95, ш.Душанбе ва факултаи журналистикаи ДМТ дар соли 2000.
Оиладор. Соҳиби 3 фарзанд…
Ин чанд сутур кофист, ки зиндагиномаи кӯчаки Наргис муаррифӣ гардад. Аммо дар ин миён чи қадар саҳафоти нонавишта, девони ҳаккокинагардидаву румонҳои ғаму тарсу мубориза, достонҳои ҷасорату мардонагии ноайён маҳфуз мондаанд, танҳо барои 1 нафаре маълум аст, ки ҳама бору бунаи пурғуссаву ношебу ноҳамвори ятимӣ андар айни лаззати туфуллиятро бардоштаву нашкастааст;
Наргис, ки имрӯз мисли гуле қад кашидааст, худ медонад, ки аз кадом хористонҳои зиндагонии ноҳамвор убур кардааст.
Боби 2. Андар баёни ятиме, ки худро сохт…
Мардум гӯядо, хола ба ҷои модар,
Фандам накунед, сӯзиши модар дигар аст!
Наргиси хурдсол, мутаассуф, ин 2 мисраъро на ҳамчун зодаи тахаййули фолклори Тоҷик, ки ҳамчун 1 ятимбачаи Тоҷик нек медонад. Зеро Наргисро, ҳине, ки Тоҷик дар гирдбоди ғаму яъси ҷанги шаҳрвандӣ дармондаву мисли ятимаке дасту почак мезаду нигарони даҳони дигар қавму миллат будӣ, Модари нозанин, дар айни шубоб, хубтарин соатҳои ҷавонии умр тарк гуфт.
Наргис дар соате тани танҳо монд, ки замона ҳатто ба модару падардорон раҳму шафқате надошт. Ин ҳам дар ҳоле, ки дигар сӯзу гудози миллион холаву амаку тағо ва падари меҳрбор 1 сония лаззати модардориро бардоштан натвонанд. Саъдист, ки мегӯяд:
Ятим ар бигиряд кӣ нозаш харад?
В-агар хашм гирад кӣ бораш барад?!
Ин аст, ки аксарияти айтоми(?) хурдсол ба ин ҳин варшикаста мегарданд…
Аммо на Наргис! Наргисе, ки аз Модар ҳусну хирад ва аз падар ҷасорату муборизаро мерос бурда буд…
Ӯ, ки дар ҳукми гул буду танҳо, дарк кард, ки зиндагонӣ он афсонаҳои модараш нест, ки ятимакону маъсумакон бо амри ғайб ахируламр ба мақсад мерасанд. Наргис қабл аз дигар ҳамсолон-ш дарк намуд, ки зиндагонӣ ин лонаи гургонаест, ки барои аз он муваффақ берун омадан, бояд дандонҳои тез дошт; раддаҳои муҷаҳҳаз бо дониш, хирад, кордонӣ, фаросат ва тарбият. Маҳз дар атрофи инҳо Наргис худашро бо дастони худ сохт…
Боби 3. Андар баёни оғози пайроҳаи пайкор…
Наргис умре дар набард буд; сағера…ятим. Ин 2 вожаи сахту саъбтаринеанд, ки то ҳанӯз тӯи гӯшҳош дар садоянд. Ва аммо алорағми ҳама, ӯ карйераи худро сар кард. Аз синфи 8. Замоне, ки аз падари бузургвораш Шариф Комилов қатъан талаб кард:
-Маро ба мактаби Шашмақом мебаред!
Он замон тасодуфан устод Комиловро дидам, ки гулдухтари нозанину чеҳрахандони ҳуснаш дар намакчаш, ба думболаш мерафт. Чун аҳволпурсӣ кардем, гуфт, «Духтарам мехоҳад сарояндаи Шашмақом бошад» ва андак тавақкуф намуда, бо лабханд афзуд:
-Аз сиёсатмадорон ҳам сарояндаи Шашмақом барояд, бад коре-ку нест?
Ба умқи чашмони духтари ҷӯраи ҳамсангарам нигаристам ва азму ҷазм, часпу талош, муборизаву ҷасоратро дидам. Ба 1 назар бовар кардам, ки ин духтар оянда дорад!
Ростӣ, бори дуввум Наргисро 5 сол ба баъд дидам, ки бар ҳусн афзудаву бар дониш кашида ва бар талош физуда буд.
Ӯ ҳамакнун чеҳра буд; чеҳраи телевизионии Шабакаи аввал, барномаи Субҳ, ки ҳар сабоҳ бо садои хубу лаҳни хуш ва наргиси масту қомати расову устувор миллионҳо нафарро аз хоб бармехезонд ва бо шеъру таронаву дуову дуруд сӯи размгоҳи зиндагонӣ раҳнамун месохт.
Чанд миллион нафар, чанд миллион бор ба ӯ дуову дуруд гуфтаанд, пас аз шунавидани байту ашъори аз даҳонаш садо дода, Худо медонаду статистикаи журналистикаи ғарбӣ, ки ахирӣ воқеан ҳам ин оморро меомӯзад. Шояд замоне дар Тоҷикистон ҳам аз ин омор кор гиранду мутахассисон мушаххасан муайян кунанд, ки наргисҳои миллат, тавассути ТВ, радио, газета, журнал, дар солҳои барои Миллату Давлат ноҳамвор чӣ теъдод мардумро дилбардорӣ кардаву шӯълаи умед ба фардоро дар қулубашон афрӯхтаанд.
Аммо ман, шахсан, нек медонам, ки Наргис ҳар субҳ табъи ҳазорон манеро болида дошта, сӯи коргаҳ раҳнамун мекард, то бо ҳамандешагонам Ватан бисозам, бо ин азм, ки ҳатман месозам…агарчӣ рӯи хишти ҷони хеш…
Зеро аз гуфтори Наргис, ҳар ҳаракати аъзояш бӯи умед мерасид, бӯи ҷасорат, матонат ва мубориза. Зеро ин терминҳо шахсан барои ӯ ҳиҷ вақт бегона набудаанд.
Боби 4. Андар баёни такмили инфиродӣ…
Шояд нафаре, ки боре бо Наргис ҳамсӯҳбат нашудааст, ин гуфтаро муболиға пиндорад, ки Наргис пайваста дар такопӯст; ӯ ҷӯёи мушкилиҳост, то онҳоро дарёфтаву сипас ҳаллу фасл ва рафъ намояд.
Наргис, ки худ зодаи мушкилист, ба назар мерасад, ки барои рафъи он офарида шудааст. Наргис метавонад рӯзе чанд тифли ятимро дарёбаду сари ишонро силла кунад. Сағирадухтаронро кӯмаки пуливу молӣ ва муҳимтар аз ин равонӣ намояд. Дилашон бардорад, ки «аз ҳазорон Каъба 1 дил беҳтар аст!». Маъюбу маслуқонро пайваста хабар гирад, бо ишон соатҳои тӯлонӣ нишаста, сӯҳбати самимӣ кунад, рӯи кати маризе ашки ҳамдардӣ резад. Вале ба зинҳор ин сӯҳбату ин ашк аз надомату яъсу навмедӣ нестанд; онҳо такондиҳанда, барангезандаанд, оптимистонаанд! Зеро чанд рӯз ба баъд он афроди дилмондаву дилсард ба зиндагонӣ дилгарм гардидаву аз паси Наргис ба пайроҳаи ҷанг мебароянд: Ҷанг бо навмедӣ, ки Наргис мутмаъинашон месозад: Ноумед танҳо шайтон асту бас!
Ин аст, ки фикр мекунам, Наргис Комилова дар ояндаи наздик метавонист яке аз курсиҳои баландтарини Вазоратхонаи Меҳнат ва ҳифзи иҷтимоиро бо сари баланд соҳибӣ кардаву дар рушди ин самти нозуктарин барои ҳукумати ҷавони мо саҳми бориз гузорад. Ва аммо ба ин курсӣ нишастани Наргис бурди он Вазорату ин ҷомеа аст, на баракс. Зеро Наргис воқифтар аз дарди ятиму сағиру бекасон аст, ки мо мепиндорем.
Боби 5. Андар баёни фарди муваффақ…
Беш аз дигарон фикр кардам, ки дар ин озмуни маҷаллаи хубтарини бонувони кишвар матлабе нависам ва ё на? Ба сардабири сахтгири «Бонувони Тоҷикистон» баҳона ҳам пеш меовардам, ки «қаҳрамон» наёфтаам. Фиреб медодамаш…
Аслан чунин набуд: Қаҳрамони очерки ман-Наргис Комилова солҳо боз зери назорати килки ман мечархид. Аммо ман метарсидам, ки пермоуни чунин чеҳрае шинохташуда, азияткашидаву бурдбор ва муборизу муваффақ нависам! Зеро мардона иқрор мекунам, ки фикр мекардам; Чеҳраеро ман, мани марди шарқие, ки зери тахаййулу тасаввуру таассуби аждодии «зана чиву кораш чӣ?!» парварда шудааст, рӯи сафҳа рехта метавонам ва ё на?
Чеҳраи зани муваффақеро метавонам ман бикушоям; мане, ки чун дигар ҳамтоёни ҳамватанам аз зани муваффақ ҳарос дораму ҳатто ба зани худам шонс намедиҳам, ки худро ба коре биозмояд?!
…Бо ин ҳама қалам гирифтам, то шунидам, ки Наргис Комилова маҷаллаи нави «Чеҳра» кушодаву аз майдони журналистикаи ТВ ба майдони матбуот гузаштаву талош дорад, чеҳраи Миллату Давлаташро ба оламиён муаррифӣ кунад... «Менависам!», гуфтам ба худ. Зеро фардо шояд маро бо ҳамин очеркам нафаре ёд кунад; очерки нахустине, ки дар васфи бонуи муваффақтарини Тоҷики даҳаи дуввуми асри 21 гуфта шудааст…