Шаҳло Раҳимова,- дастпарвари мактаби таҳсилоти ҳамагонии №6 шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 1997 факултаи технологии филиали Ддонишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Италия «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун озмоишгар оғоз намудааст. Соли 2002-юм ба зодгоҳаш баргашта, дар шӯъбаи молияи шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси мутахассиси пешбар ба кор медарояд. Декабри ҳамон сол ба шӯъбаи фурӯши барқи шабакаҳои барқии шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор даъват мешавад. Дар ин миён якчанд муддат дар Хадамоти назорат дар соҳаи алоқа ва иттилоонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини директор кор мекунад. Аз соли 2009-ум барои кор ба шабакаҳои барқии шаҳри Қӯрғонтеппа бармегардад. Айни замон ба ҳайси муҳандиси шӯъбаи истеҳсоли техникӣ кору фаъолият дорад.
Сӯҳбати мо бо Шаҳло дар рӯзе ба вуқӯъ пайваст, ки аҳли оила хотираи равоншод Субҳон Раҳимов, собиқ шаҳрдори Қӯрғонтеппаро қайд мекарданд. Падар дар ҳаёти Шаҳло натанҳо соябони сар, балки дӯсту ҳамкасбу ҳамрозу ҳаммаромаш низ маҳсуб меёфт. Шодравон аз чунин духтар ифтихор ҳам дошт, ки дар зиндагӣ пайроҳаи падару модарро интихоб кардааст.
- Умуман ман дар оилаи энергетикҳо ба дунё омада, дар муҳите ба воя расидаам, ки дар он мавзӯи сӯҳбати сари дастархон бештар атрофи соҳаи энергетика, моҳияти рушду инкишофи он гарм буд. Ростӣ, он ҳама таассуроте, ки аз муҳити хонаи падар, дар хотирам мондааст, барои тасвираш ҳарфи муносиб ёфтан мушкил аст, - мегӯяд ӯ ва мо сӯҳбатеро оғоз месозем.
- Шаҳло, агар имрӯз ҳузури бонувонро дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи барқ матраҳ кунем, шумо ба мавқеи бонувон дар соҳаи барқ баҳои чанд мегузоред?
- Дар соҳаи барқ мутахассисон аз ҳисоби бонувон ангуштшуморанд. Аз рӯи маълумоте, ки ман дорам, дар факултаи энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бонувони хатлонӣ ангуштшумор мебошанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд мавзӯи мавқеи занонро дар вазифаҳои роҳбарии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ матраҳ мекардем.
- Хуб, ба фикри Шумо бонуи тоҷик аз ӯҳдаи роҳбарии кадоме аз сохторҳо баромада наметавонад?
- Дар ҳаёти инсон мушкилтарин вазифа ин таваллуди фарзанд ва мураккабтарин масъулият ин тарбия ва ба воя расонидани кӯдак аст. Бонувони мо аз ӯҳдаи ҳар ду вазифа ба хубӣ мебароянд. Ҳатто таваллуди фарзанд, ки дар дигар кишварҳо мушкилиҳои худро дорад, дар ҷомеаи мо аз нақша зиёд иҷро мешавад. Аз ин рӯ, мебояд аз мардон пурсид, ки аз ӯҳдаи вазифаҳои роҳбарии кадом сохторҳо баромада натавониста истодаанд, то масъулияти онро ба ӯҳдаи бонувон гузорем?
- Шояд ба ин саволи шумо дар оянда мансабдорон посух гӯянд. Лутфан андешаи худро оид ба рафти иҷроиши барномаҳои марбут ба баробарҳуқуқии зану мард дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар Хатлон иброз намоед.
- Бо ин аҳволе, ки мавҷуд аст, ин тасмими ҳукумат ҳеҷ вақт амалӣ намешавад. Иҷроиши он имконнопазир менамояд. Ман зиёд вохӯрдаам ҳолатҳоеро, ки чунин баробарҳуқуқиҳо амалинашаванда менамоянд. Албатта, ин иқдомро амалӣ кардан мумкин, аммо дар вилояти мо масъала дигар аст. Президенти мамлакат гуфтааст, ки дар таъини занон ба вазифаҳои роҳбарӣ ба бонувон диққати хоса дода шавад. Аммо дастуру супоришҳо бесифат иҷро шуда истодаанд. Нахуст ба вазифаҳои масъул нафароне таъин мешаванд, ки ба вазифа лоиқ ё мувофиқ нестанд. Баъд то аз кор рафтани онҳо соҳаи роҳбарӣ кардаашон ба қафо меравад. Боз ҳам он кадри фавқуллода дар фурсате, ки дорад чандин нафар кадрҳои дигарро аз диду фаҳмиши худ рӯи кор меорад.
Дар мо аслан як институти ҷобаҷогузории кадрҳо вуҷуд надорад. Мисли идоракунии давлатӣ. Ман факултаҳои касбиро дар назар надорам. Манзурам системаи кадртайёркунӣ аст. Ҳамаи он дастуру супоришҳое, ки Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон медиҳанд аз назари сиёсӣ мувофиқ ба пешрафти ҷомеаи мо аст. Аммо мушкил иҷроиши он аст, ки дар сатҳи поёнӣ на он тавре мебоист, мавриди амал қарор мегирад.
- Бону Шаҳло, мушаххас гуфта метавонед, ки дар ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувони кордон чӣ мушкилу монеаҳо мушоҳида мешаванд?
- Дар таъини бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда якчанд талаботи баҳсталаб вуҷуд дорад. Ин талабот ҳолати оилавии номзадбонувон ба вазифаҳои роҳбарӣ мебошад. Дар ин ҷо як нобаробарӣ дида мешавад. Яъне вақте бонувонро ба кори роҳбарӣ даъват карданӣ мешаванд, баъзе талаботи ҳатмӣ, мисли оиладор будан, дар ҳолати зани бешавҳар қарор надоштан ва ғайраҳо вуҷуд доранд. Гӯиё, ки зани аз шавҳар ҷудо шуда, роҳбари хуб шуда наметавонистааст. Аммо дар интихоби мардон ба вазифаҳои роҳбарӣ чунин талабот вуҷуд надоранд. Ин ҷо як нуқтаи заъфи сиёсати кадрӣ дар маҳалҳо баръало мушоҳида мешавад. Дар асоси ҳамин маҳдудиятҳое, ки дар сиёсати кадрии маҳал вуҷуд дорад, мо дар таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда мушкилӣ дорем.
- Пас, ҳамин ҳолати шаҳрвандии шумо, ки тарбияи се фарзанди аз падар ҷудошудаатонро ба ӯҳда гирифтаед, боз монеи «карера»-созиатон ҳам шудааст?
- Як мавриде ба ман гуфта буданд, ки дар парвандаи шахсиам ҳолати оилавиамро нависам, ки шавҳар дорам. Агар мегуфтаам, ки аз шавҳарам ҷудо шудаам, ба вазифа таъин намекардаанд. Шояд чунин андеша бошад, ки бонуи аз шавҳар ҷудошуда маънавиёташ хароб бошад. Аммо ҳолатҳои занони аз шавҳар ҷудошуда якранг нест. На дар ҳамаи мавридҳои ҷудошавии оилаҳо танҳо бонувон гунаҳкоранд. Баъдан маҳз занон пошхӯрии оилаашонро ин қадар дардманд қабул мекунанд, магар ин ки мардон. Зеро дар дунё зани аз ҳамсар ҷудошуда барои барпо кардани оилаи наву побарҷо, яъне ҳамсари танҳо мутааллиқи худашро ёфтан, шонси камтар дорад, дар нисбати марди аз зан ҷудошуда.
- Дар васфатон шунида будам, ки чашмони шаҳло дошта, ҷозибаи нигоҳатон бисёриҳоро ба «шӯр» овардааст. Аммо дар муошират як қиёфаи аҷибе пайдо мекардаед, ки дар он шарму ҳаё, «қошу қавоқ» ва ҷиддият омезиш ёфта, муштоқонро ноумед мекунад, то бароятон хушгӯӣ кунанд. Ё то ҳол шахси муносиб бароятон пайдо нашудааст?
- Як масал аст, ки «Моргазида аз банди ало метарсад». Дар зиндагӣ мисли ҳама атрофиён ҳазлу шухӣ, сӯҳбатҳои дӯстонаро қабул дорам. Ҳатто баҳсу андешарониҳои созандаро дар мавзӯҳои пешрафти кору беҳдошти сатҳи зиндагии мардум дӯст медорам.
- Лутфан бигӯед, ки баъд аз он ки розӣ нашудаед то дар парвандаи шахсиатон шавҳар дорам гуфта нависед, дигар шуморо ба ягон вазифаи болотар пешниҳод накарданд?
- Боре дар Душанбе ҳам дар соҳаи худамон ба вазифаҳои хубтар пешбарӣ намуда буданд, аммо розӣ нашудам. Дар мо як анъана аст, ҷавонон вақте барои касбомӯзӣ аз хона мебароянд, як мақсадро дар дил зинда мекунанд. Меравам соҳиби илму касб шуда, ба зодгоҳам бармегардам. Дар байни мо ҷавонон як идеяи шаҳрсозӣ пайдо шуда буд. Он солҳо зиндагӣ, муҳити маънавӣ ва тарбия дар Қӯрғонтеппа дигар буд. Мо барои шаҳри худ фикру нақшаҳои зиёд доштем. Аслан ман дӯстдори Қӯрғонтеппа ҳастам, ин дар сухан не, чи хел гӯям, як мароме аст, ки моро волидайн дар рӯҳияи он тарбия кардаанд.
- Акнун, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа кору зиндагӣ доред, оё ҳамчун кадр аз ҳисоби бонувон мавриди таваҷҷӯҳи роҳбарони соҳаи барқ қарор гирифтаед?
- Чунин ба назар менамояд, ки кадрҳо барои дар зинаҳои касбӣ боло рафтан, бояд худашон муроҷиат намоянд. Аммо бояд ин тавр набошад. Охир ягон нафар мутахассис камбудӣ ё нуқтаи заъфи худро намедонад. Ба фикри ман хуб мешавад, ки дигарон кадрҳоро омӯхта ба ин ё он вазифаҳои пурмасъултар пешбарӣ намоянд. Зеро роҳбарон муваззафанд, ки кадрҳои зертобеи худро аз диди касбӣ интихоб намоянд.
- Як масали замонавӣ аст: «Агар дар боло язнаи хуб дошта бошӣ, ба зинаҳои роҳбарӣ осон мебароӣ». Чӣ гуна як бонуи соҳиби маълумоти олии муҳандиси барқ, ки боз ҳам шавҳари холааш сарвазир аст, ба ягон вазифаи болотар пешбарӣ нашавад?
- Ин савол ҳарчанд шӯхиомез аст, аммо посухи ҷиддӣ мехоҳад. Аввал ҳаминро гуфтаниам, ки моро ин тавр тарбия накардаанд, ки аз домани як нафари дигар дошта, зиндагӣ кунем. Парвардигорро сипосгузорам, ки ба падарам ҳамин фурсатро насиб кард, то маро соҳибмаълумот карда, мақсади ба ин ҳаёт омадани инсонро, муносибат бо касбу кори интихоб намудаамонро ба мо омӯзад. Гумон мекунам, дигар хешу пайвандон низ дар ҳамин рӯҳия тарбия ва ба воя расидаанд.
Баъдан мехоҳам, ки ҳамин масалу мисолҳои хешутаборбозиро дар масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо натанҳо маҳкум кард, балки аз зеҳни мардум рӯфтан лозим. Зеро хешутаборбозӣ натанҳо ба ҷомеа, балки оқибат ба худи ҳамон «ҷияну тағо»-ҳо ҳам зиён меорад. Ҷомеа танҳо дар он маврид рушду нумӯъ мекунад, ки сиёсати кадрӣ аз рӯи меъёрҳои касбият ба роҳ монда шуда бошад.
- Бармегардем ба мавзӯи касбии шумо. Дар соҳаи барқ кадом мушкилиҳои ҳалталаб вуҷуд дорад?
- Дар соҳаи барқ мушкилоти кадрӣ вуҷуд дорад. Қаблан роҳбари соҳа нафаре таъин мешуд, ки мутахассис буда, малакаи роҳбарӣ надошт. Баъзан таъин мешаванд шахсоне, ки малакаи роҳбарӣ доранду мутахассиси соҳа нестанд. Ҳар ду ҳолат соҳаро аз пешравӣ мемонад. Дар мавриди дуввум, агар роҳбар мутахассис набошад, соҳа фалаҷ мешавад. Ҳолати бадтарин он аст, ки вақте роҳбар на мутахассиси соҳа асту на малакаи роҳбарӣ дорад. Мутаассифона, имрӯз мутахассисони соҳаи мо аз мадди назар дур мондаанд. Азбаски музди меҳнат дар соҳаи барқ қонеъкунанда нест, ҷавонон донишгоҳи энергетикиро бо баҳои аъло хатм мекунанду ба дигар соҳаҳо ба кор мераванд. Мо бояд ин мушкилиҳоро ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намоем. Зеро муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёти ояндаи кишвар соҳаи барқ аст.
- Нерӯи барқ дар бозори дохилу хориҷи кишвар арзиши баланд дошта, ҳатто коршиносон ҳадс мезананд, ки дар ояндаи наздик ченаки арз дар дунё кВт соат барқ мешавад. Пас мо чӣ камбудӣ дорем, ки дар рушду инкишофи ҳамин соҳаи истеҳсолоташ фаъол ҳам мушкилиҳо эҷод мешаванд?
- То он даме, ки роҳбарони соҳа ҳирфавӣ нестанд, соҳаи мо пеш намеравад. Ман ҷонибдори он ҳастам, ки ҳар роҳбаре, ки таъин мешавад, бигзор дастаи худро ҳамроҳ биёрад, аммо зидди он ҳастам, ки як гурӯҳ биёянду ҳамаро вайрон карда раванд. Вақте роҳбарон аз рӯи меъёрҳои носолим дар вазифаҳои гуногун атрофиёни худро таъин мекунанд, соҳаҳо хароб мешаванд. Алъон мо фурсат дорем, ки он захираҳои кадриро нигоҳ дорем. На ин ки онҳоро бо хурҷини пур аз донишу таҷрибаи корӣ ба нафақа гусел кунем. Пеш аз он ки нафари собиқадорро ба нафақа гусел кунем, бояд таҷрибаи касбии ӯро азбар кунем. Онҳоеро, ки ба нафақа рафтаанд, баргардонидан лозим. Агар ин корро накунем қазияи соҳа моро интизор аст. Алъон ба қадри мутахассисони боқимонда нарасида истодаем.
- Шаҳло, мардум усули ҷамъоварии маблағҳоро, ки дар 20 соли охир дар мо расм шудааст, қабул надоранд. Шумо чӣ андеша доред?
- Имрӯз тамоми ҷаҳон ба системаи бонкии пардохти маблағҳо гузаштааст. Дар шаҳри Душанбе низ ин система роҳандозӣ шуда истодааст. Аммо дар шаҳри Қӯрғонтеппа мушкилиҳои дигар дорем. Шояд муштариёни барқ вақт надоранд, ки ба шабакаҳои барқӣ омада, ҳаққи истифодаи барқро дар хазина пардохт кунанд. Ё ҳамон услуби гуфтаи шумо онҳоро қонеъ мекунад, ки ҳатто барои муайян кардани меъёри барқи истифода бурдаашон ба шабакаҳои барқӣ намеоянд.
- Ояндаи соҳаи барқро чӣ гуна тасаввур мекунед?
- Шояд рӯзе расад, ки тариқи мавҷ интиқол додани нерӯи барқ роҳандозӣ шавад. Боз ҳам амалӣ гардидани ин лоиҳаи аср вақту маблағ ва нерӯи ақлонии бештарро талаб мекунад. Алъон танҳо гуфтугузорҳо дар мавриди эҳтимоли дар оянда тариқи мавҷ интиқолу паҳн кардани барқ садо медиҳанд.
- Хоҳиш дорам, назаратонро дар мавриди кори дастгоҳи идеологии ҳукумат дар маҳал бишунавам.
- Ҳукумат бо роҳбарии Президенти кишвар сиёсати созандагиро пеш гирифтааст. Ман аз бардоштҳои худ мегӯям, ки марому мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президент ватансозӣ аст. Аммо ин ва дигар идеяҳои давлатдориро бояд бо шаклу усулҳои гуногун дар байни омма бештар тарғиб кард. Масъулини бахши маънавиёт бояд равоншинос, дорои донишу малакаи баланди сиёсӣ бошанд, ҷомеашинос бошанд. Албатта, банда коршиноси соҳа нестам, аммо фикр мекунам, ки масъулини соҳаи маънавиёт шояд бо афкори мардум сару кор бигиранд. Ҳатто бояд тафаккури мардумро сӯи андешаҳои ватандӯстию ватансозӣ ҷалб кунанд. Аслан дар мавзӯъ олимону донишмандони риштаи илмҳои марбут ба маънавиёт баҳс кунанд, хубтар мешавад.
- Шуморо кадоме аз масъалаҳои ҷомеа марбут ба ҳаёти бонувон ба ташвиш меоварад?
- Мо бояд дар мавриди урфу оддатҳои мардумӣ, бахусус ҳаёти оиладорӣ эҳтиёткорона рафтор кунем. Шахсан ҷонибдори таҳмил кардани маданияти ғарб дар оиладории шарқиён нестам. Вақте мебинем, ки раванди ҷаҳонишавӣ ҷомеаро ба бегонагароӣ мебарад, моро мебояд рӯ ба расму оинҳо ва анъанаҳои миллии худ биёрем, то ҷавонон асли худро бишносанд. Ман бисёр афсӯс мехӯрам, ки дар ҷомеаи мо нисбат ба сатрпӯшии баъзе бонувон нодуруст рафтор мекунанд. Шоҳиди як воқеа будам, ки довталабро барои сатрпӯшиаш дар имтиҳон роҳ надодаанд. Ҳо он ки ин ҷавондухтар барои кор не, танҳо имтиҳонсупорӣ омада буд. Бубинед, дар кишварҳои бедине, ки мардумонаш даъвои бехудоӣ доранд, ба сару либоспӯшии ақаллиятҳои мусулмони худ вокуниши манфӣ нишон намедиҳанд. Агар аз ин зовия масъалагузорӣ кунем, дили одам хиҷил мешавад. Ин нуқтаи заъф доғи мо аст. Мо бояд ҷомеаро ҳамин тавр тарбия кунем, ки мардум ба сару либос баҳо надиҳанд. Мисле ки дар кишварҳои пешрафта меъёри баҳодиҳии кадрҳо ақлу дониш ва истеъдоду малакаи онҳо мебошад.