Амрита Киргизова, тоҷик, маҳалли таваллудаш – ш. Душанбе.
Соли 2000-ум факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ-ро бо ихтисоси журналист ба хатм расонидааст. Дар РИА-Новости, ЦНТИ «Прогресс», Санкт-Петербург (Россия) бозомӯзӣ ва такмили ихтисос намудааст.
Дар Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» ба ҳайси хабарнигор, роҳбари хадамоти иттилоотӣ, дар Ширкати «Таком» (Beeline) ва Ширкати "Вавилон-Мобайл" ба сифати менеҷери бахши робита бо ҷомеа (PR) фаъолият доштааст.
Аз моҳи марти соли 2010 дар вазифаи менеҷери бахши робита бо ҷомеа (PR)-и Агентии коммуникатсионии «Инкишоф дар квадрат» фаъолият дорад.
Забонҳои русӣ, олмонӣ, англисиро ба хубӣ медонад.
Шуғли дӯстдоштааш: мусиқӣ, рақс, мутолиа.
Амрита аз ҷумлаи ҷавонони пешрави имрӯза аст, ки дар риштаи нисбатан нави бозори иттилоотӣ - технологияи иртиботӣ фаъолияти пурсамар доранд. Шуғли ин зумра, ки дар замони иттилоотии мо ба касби алоҳида табдил ёфтааст, низ нав буда, ҳанӯз ба гӯшҳо нанишастааст: менеҷери робита бо ҷомеа ва ё «пиаршик» (PR).
Амрита чаро ин касбро пеша кардааст? Ӯ дар фазои нав, дар муҳити корӣ худро чӣ тавр дарёфт? Касби нави замонавӣ барои ошноӣ ва азхуднамоии санъати роҳбарӣ чӣ имкону чӣ мушкилӣ дорад?
Биёед, беҳтараш аз худи Амрита пурсем.
- Амрита, касби ҳозираатонро чӣ меҳисобед: Тиҷорат? Сиёсат? Журналистика? Ё воситае барои соҳибшавӣ ба мансабе?
- Шояд аз сабабе, ки касб ё ихтисоси менеҷери робита бо ҷомеа (пиаршик) дар муҳити мо шуғли нав аст, фаҳмиши он ва ҳам назару муносибати одамон ба он мухталиф, гоҳо манфӣ мебошад. Ҳол он ки ин касб барои дилбохтагон маънои зиндагист. Ба ҳам печидани тарзи зиндагӣ ва касб, илҳом ва ҳисобу китоби дақиқ дар ин касб ба мисли пайвандии чанбару чархи мошин аст.
Барои ман машғул будан бо пиар воситаи тиҷорат, то ҷое сиёсат, ҳам воситае барои расидан ба мартаба ва албатта, журналистика мебошад. Чун журналистика ба ҳайси пешаи аввалинам барои пешрафти касбӣ ва дарёфти мавқеи имрӯзаам дар шуғли дигар таъсиргузор буд.
- Амрита Киргизоваро дар доираи муайян ҳамчун журналист мешинохтанд. Оё худи Амрита инро эҳсос мекард? Пас, чӣ сабаб шуд, ки касбро иваз намоед?
- Бале, ҳоло ҳам бисёриҳо маро журналист, хабарнигори Ширкати иттилоотии «Азия-плюс» мешиносанд. Ростӣ, аз ин хушам меояд, зеро имрӯз дар бозори иттилоотӣ «Азия-плюс» ҳамоно ширкати аз ҳама касбӣ ва муваффақ аст. Ба пиар рӯй овардани маро сабаб на он аст, ки аз журналистӣ хаста ва ё дилмонда шуда бошам, балки тӯли 6 соли фаъолият дар Агентии иттилоотии «Азия-плюс» фикри расидан ба мартабаи дигар қарорам намедод. Эҳсос мекардам, ки роҳу воситаи дигар куҷое дар наздикӣ, шояд дар паҳлӯям аст, бояд онро дарёбам, балки палмосам. Солҳои донишҷӯиям аз сабақи устодон дарк менамудам, ки журналистикаи муосир майли бештари тиҷоратӣ дорад ва худро дар чунин муҳити касби оянда тасаввур менамудам. Солҳои аввали кори журналистӣ ин тасаввур ба воқеият табдил ёфт ва бароям равшан гардид, ки майлу рағбатам аз паҳлӯи ба истилоҳ техникии ин тамоили журналистӣ, ба паҳлӯи гуманитарии тахассусии журналистикаи тиҷоратӣ бештар будааст. Аз ин ҷо, «табдили касб», аниқтараш такмили ихтисос, беозор, бо равиши табиӣ сурат гирифт.
- Умуман, аз назари Амрита соҳиби касбе, ихтисосе, будан чӣ маъно дорад?
- Соҳиби касбе, ихтисосе гардидан барои инсон новобаста аз он ки касбро дигар мекунӣ ё ихтисосро такмил медиҳӣ, раванди якумрист. Муҳимтар аз ҳама, кас ҳангоми интихоби касб ба саволҳои «ман кистам?», «кӣ шудан мехоҳам?», «кӣ будан мехоҳам?» ҷавоб пайдо карда тавонад. Дар замони мо касбе ё ихтисосе надоштан, новобаста аз он ки дар мактаби олӣ меомӯзӣ ё дар муҳити хонаводагии ҳунари аҷдодӣ, нобахшиданист.
- Пас, дар замони мо барои пеш рафтан, рушди касбию маънавии ҷавонон нақшу таъсири кӣ муассир аст: Оила? Мактаб? Донишгоҳ? Муҳит?...
- Ҷавонони муосир чӣ мехоҳанд? Таъсири айёми тезҷараёни мо ба онҳо бештар аст ва ё онҳо ба замон таъсиргузоранд? Ин гуна саволҳо, ки дар сӯҳбати насли калонсол, дар саҳифаҳои матбуот, барномаҳои ТВ бо ташвишу изтироб садо медиҳанд, идомаи пурсиши Шумо ҳастанд. Дар замони мо ҳар кас ҳаққи интихоби тарзи ҳаёт ва роҳи инкишофи худро дорад. Дар шароите, ки тарғиботи арзишҳои мухталиф вусъат дорад, интихоби дуруст кори осон нест, вале муҳимаш ба таъсири ҳавову ҳавас ва тарзи «зиндагии осон» таслим нашудан аст.
Аз худ дарак додан, «ман»-и худро бозгуфтан аз хислатҳои худхоҳонаи ҷавонони имрӯза аст, ки аслан, агар воситаҳои ифодаи он хилофи меъёрҳои ахлоқӣ набошад, падидаи бад нест. Бубинем, қисме аз наврасону ҷавонон иқтидори зеҳниву ҷисмонии хешро бо истифода аз дастовардҳои башарӣ дар озмуну мусобиқоти фанноварию эҷодӣ, ҳунариву варзишӣ собит сохта, аз худ дарак медиҳанд. Тоифае ҳам ҳастанд, ки ширкат дар чорабиниҳо ва фаъолиятҳои муфиди ҷамъиятиро ба худ ор дониста, бо беҳудагардӣ, даст задан ба кирдорҳои номатлуб, то нигорандагӣ дар дару деворҳо (он ҳам ғалату бемаъно), хешро «пешрафта» вонамуданӣ мешаванд.
Ба андешаи ман, нтихоби роҳу равиши рушду пешравии ҷавонон дар 99 дарсади ҳолатҳо ба худи шахс, боқӣ ба таъсири оила, мактаб, мактаби олӣ, муҳити кӯча ва воситаҳои иттилооти омма вобаста аст. Дар рушди ҷавонон албатта, дастрас будани машғулиятҳои маъмули шавқмандӣ (маҳфилҳои гуногуни ҳунарӣ, курсҳои касбомӯзӣ, аз ҷумла компютер ва забонҳои хориҷӣ), нақш гузошта метавонанд, ба шарте ки ҳар кас ба онҳо дастрасӣ дошта бошад.
- Барои Амрита - чӣ?
- Барои ман, барои инкишофи ман дар умум, баҳо ва муносибати падару модарам ҳамеша муҳим буд. Ақидаи имрӯзаи падару модарам, ки дар бораи ман на танҳо ҳамчун фарзандашон, балки ҳамчун дар бораи як мутахассис доранд, бозгӯ аз роҳи дурусти пешгирифтаам мебошад. Боқӣ худро як тан аз ҷавонони пешрави имрӯза меҳисобам, ки мунтазам аз пайи такмили касбу шахсияти хеш ҳастанд.
Дар интихоби касб падару модарам бевосита таъсир нарасонидаанд, яъне нагуфтаанд, гузашта аз ин, маҷбур накардаанд, ки ба куҷо дохил шаваму оянда бо чӣ кор машғул гардам. Мо чаҳор нафар фарзандонро волидайнамон тавре тарбия кардаанд, ки бе тазъиқу фишор ба воя расида, касби ояндаро мустақилона интихоб намудаем. Ҳанӯз дар синфи сеюми мактаби махсусгардонидашудаи мусиқӣ дар иншои «Касби ояндаи ман» навишта будам, ки журналист мешавам. Падарам беш аз 30 сол дар мақомоти умури дохила кор карда, ба нафақа баромад, модарам духтури дил аст. Бародаронам Фаррух ва Умед аз рӯи ихтисос таърихшиносанд, яке ДМТ-ро хатм намудаасту дигарӣ ДСТР-ро. Бародари хурдиам Фарид барномасози оянда, донишҷӯи ДСТР мебошад.
Ҳангоми интихоби касб мавқеи волидайнамон дар он ифода меёфт, ки мо соҳиби маълумоти олӣ, босавод бошем ва ҷойгоҳи хешро дар зиндагӣ ёфта тавонем.
- Дар хислати корӣ ва касбиатон чиро ислоҳ кардан мехоҳед?
- Ба рағми тасаввури аксарият, пиаршикӣ хусусияти бештар эҷодӣ дорад. Барои фаҳмотар шудан, гуфтанист, ки пиаршикӣ аз ифодаи англисии public relations омада, ба маънои «робита бо ҷомеа» аст. Имрӯз PR фаъолиятест, ки барои мувозӣ нигоҳ доштани муносибати ширкате бо гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа равона мегардад. Ба ибораи дигар, амалест бо ҳадафи ба вуҷуд овардани некномии ширкате, муассисае. Мақсади реклама дарёфти харидор ё ҳамкор бошад, мақсади PR бо ташаккул додани эҳсоси боварӣ, нигоҳ доштани онҳост.
Дар ҷойи кор барои рушди эҷодӣ ва парвози илҳом ҳама шароитҳо муҳайёст. Табиати ин касб кунҷкобӣ, шавқу рағбати ҳарчи бештар донистану шинохтани одамону зиндагиро тақозо мекунад. Аз ҷиҳати дигар, дар ниҳоди соҳиби ин касб талаботи ҳамеша пешрав будан, аз дигарон фарқ карда истодан, бояд ҷойгузин бошад. Бо тафовут аз дигар ихтисосҳои менеҷерӣ, пиаршик наметавонад ноомади корашро ё саҳви рӯйдодаро бо нозукии касб пардапӯш созад, чун ҳамеша пеши чашми дигарон будан хоси касби пиаршикӣ аст. Ман, ки табиатан худро ҳамеша «нишон додан» намехоҳам, кӯшиш дорам ин камбудиамро ислоҳ намоям.
- Ширкате, ки кор мекунед, фаразан, як Ширкат ё Вазорати умумиҷумҳуриявӣ аст. Амрита муовини роҳбар аст (тасаввур кардед?..) Роҳбар будан мехоҳад?
- Бале, роҳбар будан мехоҳам. Роҳбари PR-ширкати давлатие, ки имиҷи мансабдорону намояндагони сохторҳои давлатиро офарад ва ба некномии онҳо мусоидат намояд. Дар он ҳолат фикру ақидаамро дар бораи ин ё он мансабдор дар сатҳи давлатӣ гуфта метавонистам. (Инаш шӯхӣ, вале чуноне мегӯянд, ҳар шӯхӣ ҳам то ҷое ҳақиқат дорад).
- Дарвоқеъ, роҳбарӣ аз назари Шумо чист: Манбаъи сарватғундорӣ? Фидокорӣ? Шӯҳратмандӣ? Дасти дароз доштан?...
- Дар фаҳмиши ман роҳбар пеш аз ҳама шахси боидрокест, ки дар ҷамоае муҳити мусоиди кору фаъолият фароҳам оварда, дар муносибат ба кору ҷомеа намунаи ибрати шахсӣ бошад. Роҳбар вақте дигаронро аз паси худ бурда метавонад, ки миёни ҳарфу амалаш тафовут набошад. Шахси роҳбар равоншиноси хуб низ бояд бошад, ки бо тобеъонаш забон ёфта, ғояву ақидаи хешро асоснок карда тавонад, то дар миёни аҳли ҷамоа ихтилофу моҷаро рӯй надиҳад. Чунки барои шинохти хӯю хислати кормандон, салоҳиятнокии ҳар кадом дар ҳалли масъала, дониши танҳо иқтисодӣ ва ё ҳуқуқӣ басанда нест. Роҳбарии самарабахш ҳамчунин ҳунари созмондиҳии дақиқи кори тамоми тобеонро бе фишороварӣ, балки бо ҳавасмандсозии онҳо, бо маъное, ки тобеон ба ном корманд набуда, кадрҳои арзишманди муассиса мебошанд, дарбар мегирад. Муносибати эҳтиромона ба корманд нуфузу эътибори роҳбарро паст намезанад, тавре ки баъзан мансабдорон чунин фикр мекунанд, балки боис ба афзудани эҳтироми мутақобила ва фаъолияти ҳарчи шавқмандонаи корманд, яъне пешравию рушди муассиса мегардад.
Вале мутаассифона, фаҳмиши роҳбар будан имрӯз ба қавли Шумо бо як воситаи сарватғундорӣ, шӯҳратмандӣ ва дасти дароз доштан ҳаммаъно гардидааст.
- Амрита низ номи ғайриоддӣ аст. Шояд чунин номгузорӣ таърихи аҷибе дорад?
- Бале. Бибиам нақл карда буданд, ки то думоҳагӣ ба ман ном нагузоштаанд, дар хонавода маро ҳар кас ба таври худ ном мебурдааст. Танҳо падарам, ки ба гуфти худаш медонистааст ман духтари ягонааш хоҳам буд, дар ҷустуҷӯи номи нодир будааст. Рӯзе холаам ба ӯ шӯхиомез мегӯяд, ки чунин номи нодир Амрита аст, ӯ инро дар китобе хондааст. Падарам ҳамоно рафта, бароям бо ҳамин ном зоднома мегирад.
Баъдтар аз китобу луғатҳо ҷуста дарёфтам, ки Амрита дар тарҷума аз санскрит «абадӣ», аниқтараш «нӯшдоруи ҷовидонӣ» маъно дошта, тибқи устураи ҳиндӣ ин нӯшобаи худоёни мифологӣ онҳоро умри абад мебахшидааст.
- Ниҳоят, як саволи вазнин. Амрита чи шартҳое гузоштааст, ки бахши вазъи оилавии тарҷумаи ҳолаш то ҳол холист?
- Не, савол вазнинӣ надорад (механдад), шарте ҳам нагузоштаам. Ба қавли бибиам шояд «ҳанӯз фурсаташ нарасидааст». Албатта, менталитети мардумамонро мефаҳмам, ки «дар ин синну сол то ҳол шавҳар накардааст?!» Дар Тоҷикистони мо барои хонадоршавии фарзандон, маъмулан падару модарон нақши ҳалкунанда доранд. Вале волидайни мо ин корро низ ба интихоби худамон вогузоштаанд, ки аз онҳо сипосгузорам. Ба ақидаи ман хонадоршавӣ ва роҳу равиши бунёди оила кори шахсии ҳар фард бояд бошад. Барои ба шавҳар баромадан ягон принсипи хос надорам. Вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ҷуфти ояндаам куҷое дар ҳамин наздикиҳост ва ӯро ки вохӯрдам, бахши «вазъи оилавӣ»-и тарҷумаи ҳолам хонапурӣ хоҳад шуд.