Як духтари истиқлол
«Танҳо неъмате, ки ба ранҷи зистан меарзад, озодист».»
Ӯ замони истиқлолият ба воя расида, таҳсил карда, тарбия дидааст. Бо тамоми ҳастӣ барои ободиву рушди Ватан талош кардан асоси нақшаҳои зиндагиашро ташкил медиҳад. Аз даврони Шӯравӣ чизеро ба хотир надорад. Вақте занҷираи иттиҳоди 15 кишвари сотсиалистӣ гусаст, ҳамагӣ 2 сол дошт. Аз он ки бо обу нону ҳавои озодӣ камол ёфтааст, худро хушбахт меҳисобад. Хушбахт аст, ки ӯро фарзанди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мегӯянд. Ӯ бо тамом тоҷик аст. Ному насабаш низ тоҷикист.
Як тифли беқарор
«Агар хоҳӣ, ки дарахти ҷавон рост сабзад, гоҳ-гоҳе шохаҳояшро зада кӯтоҳ кунӣ».
Дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Дусола буд, ки волидонаш барои зиндагии беҳтар ба пойтахт кӯч бастанд. Падари соҳибкораш мехост фарзанди аввалу нозбардораш дар шароити хуб ба воя расад. Аз ин рӯ, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медод. Бо ӯ на чун духтар, балки мисли як писар муносибат мекард.
Модараш Шаҳнозаро ба боғчаи бачагон набурд. Ӯ, ки соҳибмаълумот буду ҷое кор намекард, тарбияи фарзандонро ба ӯҳдаи худ гирифт. Шаҳнозаи хӯрдакак модарашро зери борони савол мегирифт. Ҳама чизро донистан мехост. Беқарору кунҷков буд. Дар шашсолагӣ ба мактаб қабулаш карданд.
Як аълочӣ
«Донишандӯзон аз ҳазор бало дар амонанд».
Гимназияи рақами 74-и пойтахтро хатм кардааст. Дар мактаб хеле духтари фаъол буд. Чорабиние бе ҳузури вай намегузашт. Сардории синфро низ ба ӯҳда дошт. Дар ҳамаи олимпиадаҳои мактабӣ аз фанни забони англисӣ иштирок кардааст. Дар ноҳия ҳамавақт мақоми аввал насибаш мегашт, аммо дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ӯ ҷойҳои дуюму сеюмро «сазовор» медонистанд. «Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ холисона баҳо намедоданд. Ҳамеша шиносбозӣ ҷой дошт», - мегӯяд Шаҳноза.
Аммо ҳеҷ вақт дилшикаста нашуд. Пайваста дар ҷустуҷӯи илму дониш буду забономӯзӣ мекард. Қариб дар тамоми маҳфилҳои фаннӣ аз иштирокчиёни фаъол маҳсуб мешуд. Курсҳои забони англисӣ ва муҳосиботро дар даврони мактабхониаш омӯхт. Чандин сертификати дигар низ дорад. «Гоҳо ҳайрон мешавам, ки он замон чӣ гуна ба ҳамаи ин фурсат меёфтам», - меафзояд вай.
Гимназияро бо баҳои аъло хатм кард. Бояд шаҳодатномаи аъло мегирифт, аммо… Сабабашро чунин шарҳ медиҳад:
- Мебоист имтиҳони хатмро дар шӯъбаи маорифи ноҳия месупоридам. Вале худам нахостам. Фикр кардам бояд ҳатман бо ҳамсинфон мактабро ба итмом расонам. Лаҳзае буд, ки ҳарчи бисёртар мехостем вақтамонро якҷоя гузаронем. Зеро баъд аз як моҳи дигар сарҷамъ шудани ҳамаи ҳамсинфон номумкин буд.
Як ҷӯяндаи дониш
«Илм хонаро бино мекунад, ҳунар онро ҷои айшу зиндагӣ месозад».
Баъди хатми бомуваффақияти гимназия Шаҳнозаи Исроил барои идомаи таҳсил ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт. Ба Донишгоҳи Синзян, факултаи иқтисодӣ дохил шуд. Пас аз як соли таҳсил бо сабаби хуб набудани саломатӣ ба Ватан баргашт. Барои дубора ба Чин рафтан модараш монеа шуд. Тоқати дурӣ аз духтари нозпарварашро надошт. Бо маслиҳати падар ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия супорид. Ҳоло дар курси чоруми факултаи молия ва қарзи ин донишгоҳ мехонад. Бо забонҳои англисӣ, чинӣ, русӣ озодона сӯҳбат мекунад. Хати ниёгонро ҳам балад аст. Дар оянда бо арабӣ низ озодона сӯҳбат кардан мехоҳад, зеро ба қавли вай барои як соҳибкор забондонӣ хеле муҳим аст, то муваффақ шавад.
Як соҳибкор
«Вақте мушкили зиндагӣ ҳал мешавад, ки худ ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳалли он бароем».
Дар курси 2-юм мехонд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуд. Падараш курсии сарвари иҷроияи «Сехи истеҳсоли коғази ташноб ва маҳсулоти қаннодӣ»-ро ба ихтиёраш супурд. Тасмим гирифт, ки ба шӯъбаи ғоибона гузарад. Барои самаранокии фаъолият чунин ҳам кард.
Корашро хуб мефаҳмад. Барои дар ҳолати дурусти корӣ нигоҳ доштани дастгоҳҳо бо мутахассисони чинӣ ҳамкорӣ дорад. Бозорро низ омӯхтааст ва медонад, ки барои аҳолӣ чӣ гуна маҳсулот лозим аст. Маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба саломатии мардум муфид.
- Барои бо сифати баланд ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ будани маҳсулот хамираи коғаз то пурра маҳлул шуданаш чандин маротиба коркард мешавад. Сипас, барои хушк кардани коғази нимтайёр ҳарорати баланди буғӣ (120 дараҷаи гармӣ) истифода мегардад. Барои ҳарорати баланд аз ангиштсанги маҳаллӣ истифода мекунем, - мегӯяд Шаҳнозаи Исроил.
Талаботи бозорро ба назар гирифта, истеҳсоли хиштҳои сементиро низ ба роҳ мондаанд. Ин хиштҳо бо иловаи партови ангишт тайёр мешаванд, ки дар зимистон хунукӣ ва дар тобистон гармиро намегузаронанд.
Кор бе мушкилӣ намешавад. Ба гуфтаи Шаҳноза, мушкили асосӣ камбуди барқ аст. Бо ин сабаб чанд моҳи бебарқӣ корхона фаъолият накард.
Таъсиси корхонаҳои дигарро низ ба нақша гирифтааст. Аммо барои аз даст надодани бозор номи маҳсулоти истеҳсолмешударо махфӣ нигоҳ медорем.
Як роҳбар
«Ҳеҷ коре мушкил нест, ҷуръати иқдом душвор аст».
Роҳбар будан осон нест. Аз дасти ҳар нафар намеояд. Аммо Шаҳноза, новобаста ба ҷавониаш роҳбар аст. Зердастонаш аз худаш калонанд, вале ӯро эҳтиром мекунанд. Аз ӯ маслиҳат мепурсанд.
- Кор бе мушкилӣ намешавад. Рӯҳияи ҳар коргарро донистан даркор. Психолог будан лозим аст. Ҳамчунин, ҳар кадом бо мушкилие наздат медарояд. Онҳоро шунида, то қадри имкон кӯмак расондан лозим аст, - мегӯяд Шаҳноза.
Бале, ба як ҷавондухтари 19-сола роҳбарии як корхона мушкил буд. Ӯ рӯзҳои аввали корашро чунин ба хотир меорад:
- Корро дуруст сарфаҳм намерафтам. Мақомоти дахлдор низ ба ман бо нобоварӣ муносибат мекарданд. Аммо ҳоло ҳамааш хуб пеш меравад. Назари идораҳои давлатӣ нисбат ба ман дигар шудааст. Дар корҳои роҳбарӣ бошад, падарам кӯмак мекард. Ҳоло низ бо маслиҳатҳои он кас кор мекунам.
Як инсон
«Одами пӯхта ба ҳарфи мувофиқу мухолиф яксон гӯш медиҳад».
Ӯ як инсони комил аст. Ғамхори халқ. Коргаронашро, асосан мардуми камбизоат ташкил медиҳанд. Бо ин роҳ мехоҳад сатҳи зиндагии чанд нафарро хуб кунад. Ба ин мақсадаш расидааст.
Зиндагиро дӯст медорад ва барои расидан ба ҳадафҳо доим талош мекунад. Хӯроки дӯстдоштааш манту аст. Ранги хокиро меписандад. Бештар мусиқии классикиро қабул дорад. Сурудаҳои хонандаҳои ҷавон Ҷаъфар Соиров ва Сироҷиддин Фозиловро гӯш мекунад.
Мехоҳад мошини тамғаи «Ниссан» дошта бошад.
Як соҳибандеша
«Дар сурату сират ва зиндагии ҳар кас акси андешаи ӯ намоён аст».
Ӯ андешаи хос дорад. Тамоми воқеаҳоро таҳлил мекунад. Хусусан, аз рафтори духтарони ҷавон дар ҳайрат аст. «Вақте бо онҳо сӯҳбат мекунам, як суханҳое мегӯянду як нақшаҳое мекашанд, ки ҳайрон мемонам», - бо таассуф мегӯяд Шаҳноза.
Аз ӯ мепурсам, ки фарқи ҷавонони тоҷику чинӣ дар чист?
- Ҷавонони Чин ҳамеша дар пайи омӯзишанд. Онҳо ояндаашонро фикр мекунанд. Медонанд, ки бо он ҷамъияти якуниммиллиарднафара ҷойи кори муносиб пайдо кардан мушкил аст. Он ҷо ҳар оила як фарзанд доранд ва тамоми дороияшонро ба ӯ мебахшанд. Масалан, ронандагон намехоҳанд фарзандашон мисли худашон шавад.
Ҷавонони мо бошанд, ғами дунё надоранд. Имрӯзашон гузарад, парвои фардоро намекунанд. Онҳое, ки барои ҷояшонро дар ҷомеа ёфтан кӯшиш дорад, хеле каманд.
Мардум бояд фаҳманд, ки дар замони мо меҳнат кунӣ, рӯзгорат пеш меравад, агар не пас вой бар ҳолат. Сохти сотсиалистӣ адолатона набуд. Ҳама зиндагии якхела дошт. Коргару бекор аз тарафи давлат дастгирӣ меёфтанд. Вале ҳоло чунин нест.
Ӯ хушбахтии ҳар духтари тоҷикро мехоҳад. Аммо намедонад ба онҳо чӣ тавр кӯмак кунад. Ба андешаи ӯ аксари духтарони мо тафаккури шахшуда доранд. «Вақте ҳамкурсонам дар Донишгоҳи Синзян аз ман мешуниданд, ки духтаронамон дар 17, ҳатто 16-солагӣ шавҳар мекунанд, ҳайраташон меафзуд. Мегуфтанд, ки чӣ тавр кӯдак боз кӯдакдор мешавад.
Бисёр хуб шуд, ки бо пешниҳоди Сардори давлат синни никоҳ барои духтарон 18 муайян шуд, вале ҳоло ҳам барвақт аст. Фикр мекунам духтарон бояд дар 22-23-солагӣ ба шавҳар бароянд. Сабаби асосии ҷудошавии аксари оилаҳо барвақт оиладор шудани ҷавонон мебошад. Аммо ба оянда умеди калон дорам. Сол то сол зиндагии аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад, иншоаллоҳ мардум низ барои сохтани зиндагии нав талош мекунанд», - меафзояд ӯ.
Мо ба Шаҳнозаи Исроил комёбию муваффақият мехоҳем. Худо кунад, ки сафи ҷавонони мисли Шаҳноза зиёд шаваду истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бештар.
*Иқтибосҳо аз Ҳиҷозианд