Соли равон мардуми мамлакат 20-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамонро ҷашн мегиранд. Басо рамзист, ки маҳз ҳамин сол ба фаъолияти соҳибкорӣ даст задани қаҳрамони мо - Садафмоҳ Абдуллоева низ 20 сол пур мешавад. Ӯ ки дастпарвари Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе буд, қабл аз фаъолияти соҳибкорӣ дар мактаби №34-и пойтахт ба шогирдон сабақ медод. Азбаски фарзандон хурдсол буданду шавҳараш Шоназар дар ноҳияи Айнӣ кор мекард, ӯ низ ба ноҳияи Айнӣ рафт.
Садафмоҳ дар пазандагию дӯзандагӣ хеле моҳир буд. Мушоҳида кард, ки ибтидои солҳои навадум мардуми ноҳияи Айнӣ барои харидории кулчақанду шириниҳо ба шаҳрҳои Панҷакенту Самарқанд мераванд. Бо шавҳараш маслиҳат карда, дар ноҳия корхонаи пазандагии «Лаззат»-ро кушод. Дар он ҷо истеҳсоли кулчақанду булочка, коржик, парварда (печак), набот ва дигар анвои шириниҳоро ба роҳ монд. Зиёда аз 30 нафар занон соҳиби ҷои кор шуданд.
Садафмоҳ мактаби рақами 6 деҳаи Сарводаи ноҳияи Айниро ба шефӣ гирифт. Аз ҳисоби даромади корхона ба 104 нафар шогирдони синфҳои ибтидоӣ хӯроки бепул медод. Ӯ ҳамчунин ателеи дӯзандагие ташкил намуда, ба наварӯсон либоси тӯёна медӯхт. Яъне, ҳам коми ҳамватанонамонро ширин мекарду ҳам ба шодии онон шодӣ зам менамуд. Мутаассифона, муфлисшавии корхонаву муассисаҳо ба «Лаззат» низ таъсир расонд. Корхонаи маъдантозакунии «Анзоб», ки ҳамарӯза аз «Лаззат» тариқи нася маҳсулот мегирифт, маблағҳои ҷамъшударо пардохта натавонист.
Дар натиҷа, «Лаззат» низ аз фаъолият монд. Он солҳо қариб 6 моҳ аз ҷониби Душанбе роҳи ноҳияи Айнӣ бо сабаби барфу тармафароӣ баста мешуд. Аз ин рӯ, корхонаи машруботбарории «Фондарё», ки сарвариашро шавҳари Садафмоҳ - Шоназар Абдуллоев ба зимма дошт, бо тамоми иқтидораш кор карда наметавонист. Азбаски дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як корхонаи истеҳсоли спирт (дар ноҳияи Исфара) вуҷуд дошт, ҳамсарон қарор доданд, ки чунин корхона созанд ва сарварии онро Садафмоҳ ба ӯҳда гирифт. Корхонаи истеҳсоли спирт муддате дар ноҳияи Айнӣ кор карду баъд онро ба маҳаллаи Лучоби пойтахт кӯчонданд.
Боре зимни сафари Сардори давлат ба Олмон як қатор соҳибкоронро ба ҳайат ҳамроҳ карданд, ки дар миёнашон Шоназар Абдуллоев низ буд. Шоназар ҳангоми мулоқот бо як соҳибкори олмонӣ дар хусуси истеҳсоли биоэтанол маълумот пайдо кард. Маълум шуд, ки аз партовҳои биологӣ ва зироатҳои техникӣ (найшакар, офтобпараст), ғалладонагиҳо (гандум, ҷуворимакка) спирт гирифта, минбаъд онро ба сифати сӯзишворӣ истифода бурдан мумкин будааст. Баъди бозгашт Шоназар идеяи истеҳсоли биоэтанолро ба Садафмоҳ нақл кард. Садафмоҳ гуфт:
- Биёед, ба ҷойи машрубот истеҳсоли биоэтанолро ба роҳ монем. Захираи нефт дар ҷаҳон торафт кам шуда истодааст. Агар мо ба истеҳсоли биоэтанол даст занем, ҳам соҳиби сӯзишвории худӣ мешавему ҳам муҳити зист тоза мемонад.
Ин пешниҳодро Шоназар қабул кард. Садафмоҳу Шоназар охирин маблағи хешро сарф намуда, аз Маҷористон мутахассисонро даъват карданд. Дастгоҳҳои заруриро оварданду тӯли 6 моҳ Корхонаи спиртбарорӣ ба корхонаи истеҳсоли биоэтанол (ҶДММ «Фондарё») табдил ёфт. Моҳи декабри соли 2006 дар корхона ба таври санҷишӣ истеҳсоли биоэтанол аз ҷуворимакка шурӯъ шуд.
Соҳибкорӣ аз кас бурдборӣ, ҷуръат ва таваккал карданро талаб менамояд. Садафмоҳ, ки иродаи оҳанин дошт, новобаста аз мушкилоти молиявию техникӣ ба ҳадаф расид. Бори аввал барои санҷиш ба мошини «Жигулӣ» (тамғаи 01) 10 литр биоэтанол рехтанд. Бо ин сӯзишвории нав мошин 125 км роҳ паймуд. Садафмоҳ хурсанд буд, ки заҳмату умедвориҳояш баръабас нарафт. Биоэтанолро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии «Душанбе», Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии «Тоҷикстандарт» аз ташхис гузаронида, ба сифати он баҳои баланд доданд. Акнун масъалаи ба харидорон пешкаш кардани ин сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза ба миён омад, вале ҳанӯз барои фурӯш ҷой надоштанд.
Хушбахтона, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз расонаҳои хабарӣ ба роҳ монда шудани истеҳсоли биоэтанолро фаҳмида, Садафмоҳ Абдуллоеваро ба ҳузур пазируфт. Бо супориши Убайдуллоев дар чор гӯшаи пойтахт нуқтаи фурӯши биоэтанол кушода шуд. Ронандагон бартарии ин сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тозаро дарк намуданд. Ҳар шабонарӯз дар ширкат 2 тонна биоэтанол истеҳсол мешуд. Чун ин ташаббус дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо буд, Садафмоҳ ва Шоназарро барои таҷрибаомӯзӣ ба ИМА даъват намуданд. Дар он ҷо Садафмоҳ аз таҷрибаи амрикоиҳо дар ин самт огоҳ шуда, ба чанд корхонаи истеҳсоли сӯзишвории биоэтанолӣ рафт. ИМА баъди Бразилия дуюмин кишвари бузурги истеҳсолкунандаи биоэтанол ба ҳисоб меравад. Дар ин кишвар барномаи махсуси зиёд кардани истеҳсоли биоэтанол қабул шудааст.
Яке аз асрори комёбиҳои Садафмоҳ дар сермутолиа будани ӯст. Ҳамарӯза 1 соати хешро сарфи мутолиа мекунад.
- Имрӯз илму техника ончунон босуръат пеш меравад, ки ҳар рӯз як ихтироот ё навоварие ба чашм мерасад, - мегӯяд Садафмоҳ. – Аз ин рӯ, кӯшиш мекунам, ки ҳамеша китоби илмӣ, таърихӣ ё маҷаллаи илмӣ-оммавиро бо худ дошта бошам. Аз интернет низ мақолаҳои ҷолибро дастрас мекунам.
Зимни чунин мутолиаҳо Садафмоҳ дар бораи эйхорния ном гиёҳ маълумот пайдо кард. Эйхорния обсабзест, ки аз ифлосиҳои об ғизо гирифта, ҳавзу обанборро тоза мегардонад. Тавассути интернет суроғаи академики халқии Русия Борис Ряженкоро пайдо намуда, ӯро ба Душанбе даъват намуд. Ҳамроҳи академик ба Муассисаи обу коррези шаҳри Душанбе рафтанд. Ряженко ҳавзҳои биологии шабакаи канализатсияро дида, бо итминони комил гуфт, ки дар ин ҷо эйхорния хуб нашъунамо мекунад. Аз он минбаъд биоэтанол ва биогаз гирифтан мумкин аст.
С. Абдуллоева ба роҳбарияти Муассисаи обу коррези шаҳри Душанбе мақсади худро баён кард. Онҳо иқдоми ӯро дастгирӣ намуда, 18 ҳавзи биологиро ба ихтиёраш доданд. Моҳи апрели соли 2010 дар ин ҳавзҳо эйхорния кишт карданд ва то охири сол ҳавзҳо саросар аз ин гиёҳ «кӯрпаи сабз» ба худ гирифтанд. Вақте рӯзномаҳо дар бораи ин таҷрибаи ҶДММ «Фондарё» навиштанд, донишҷӯёни Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимӣ ва ашхоси дорои касбу кори гуногун ба ин мавзеъ омаданд. Аз ҳама бештар сокинони маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт хушнуд буданд. Зеро бо кишт кардани ин гиёҳ бӯи нохушу нафасгиркунандаи ҳавзҳо, ки 7-8 моҳ аҳли шаҳракро азият медод, аз байн рафт.
Акнун масъалаи аз эйхорния гирифтани биогаз ба миён омад. Ҳоло чоҳҳои бетониро тоза карда, дастгоҳҳоро насб намуда истодаанд. Пас аз дарави аввали эйхорния соли ҷорӣ Худо хоҳад, мо шоҳиди ба кор даромадани силсила-дастгоҳҳои биогаз хоҳем шуд. Аз баракати ба роҳ мондани эйхорния оби ҳавз пок шуда, ба хлор кардани он эҳтиёҷ намонд. Аз ин рӯ, афзоиши моҳиҳо зиёд шуд. Ҳамчунин, минбаъд аз ҳавзҳои биологӣ воридшавии оби нопок ба дарёи Кофарниҳон пешгирӣ мешавад. Ин баъди Русия дуюмин таҷрибаи кишти эйхорния дар ИДМ мебошад.
Садафмоҳ мақсад дорад, ки барои истеҳсоли биодизел (соляркаи биологӣ) замин ба иҷора гирифта, кишти зироатҳои равғандорро ба роҳ монад. Бо ин роҳ ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, боздеҳи киштзор меафзояд. Агар мисли Садафмоҳ 10-15 соҳибкори боҷуръат медоштем, шояд ҷумҳуриро пурра бо сӯзишвории худӣ таъмин месохтему бандкунии вагонҳою қимматшавии нархи нефт бароямон мушкилиҳо эҷод намекарданд.
Мутаассифона, қариб ҳамаи соҳибкороне, ки ба ҷумҳурӣ сӯзишворӣ ворид месозанд, аз бунёди чунин корхонаҳо дида, ворид кардани сӯзишвориро аз дигар кишварҳо афзалтар медонанд. Аммо Садафмоҳ Абдуллоева мисли дигар соҳибкорон қасру мошинҳои қимматбаҳо надошта бошад ҳам, нангу номус карда, истеҳсоли сӯзишвории биологиро нахустин шуда, дар ҷумҳурӣ ба роҳ монд.
Садафмоҳ дар баробари соҳибкори равшанфикр будан, инчунин дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол аст. Ӯ раиси маҳаллаи «Фирӯз»-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва узви раёсати комиҷроияи ҲХДТ мебошад. Садафмоҳ дар ғаму шодии аҳли маҳалла шарик буда, баҳри ҳалли мушкилоти онон кӯмак мерасонад. Кош сафи чунин занони матиниродаву ташаббускор дар ҷумҳурӣ зиёд шавад.