Чун бо Шоҳона ҳамкорам, ин имкон медиҳад, ки эшонро аз дигарон бештар донаму шиносам ва дар борааш чизе иншо кунам. Ростӣ, одат накардаам, дар бораи каси беҷавҳаре, ки кирои гуфтанро намекунад, чизе нависаму аз будаш бештар баҳо диҳам ва ё ба қавле иғроқ намоям. Вале Шоҳона каси дигар аст. Аввалан, шояд ӯ ба тавсиф ҳам ниёз надошта бошад, дигар ин ки мушкро: «Ин мушк аст!» намегӯянд. Балки ӯ худ бӯй дорад ва ин хосияташ гӯвоҳи мавҷудияти ӯст.
Медонам, ки Шоҳона ҳам ба таърифу тавсифи зиёдатӣ ниёз надорад. Ӯ мисли ҳамин мушк аст, ки ҳароина аз худ бӯи хуше ба атроф паҳн мекунад ва мардум низ медонанд, ки ин бӯи хуш аз мушк аст, на аз чизи дигар.Шоҳонаро хеле зиёд медонанду мешиносанд. Дар ин ҳеҷ ҷои шубҳа ва ё баҳс нест.
Ростӣ, писандидам ӯро ва ҳам хулқу атворашро. Ошкору ниҳон аҳсанту офаринаш кардам. Офарин, ба зане гуфтам, ки муштипараш мегӯянду вале худ мардафкан аст. Синаи раҳмаш меноманду вале боз ин қадар далеру ҷасур аст, «аз кӯҳистон фаромадааст» мегӯянду ин қадар маданият ва фаросати баланд дорад.
Шояд ин гуфтаҳо ҳам, ҳанӯз он чиро, ки ман мехоҳам барои ӯ бигӯям, ифода накунанд.
Ин ҷо бегумон ба хотирам мерасад, дилангезтарин достони корнамоии духтарони кӯҳистони тоҷик «Қиссаи Чилдухтарон». Ҳар дафъа, ки онро мехонам маҳзун намегардам, балки ифтихору ғурурам аз ин амали духтарони кӯҳистон, ки дар дифои ному нанг аз сари ҷон гузаштанду ба санг бадал шуданд, боз ҳам бештар мегардад. Ин афсонаи кӯтоҳ, вале дилошӯб дар ҳеҷ давру замон моҳияти худро кам намекунад, балки мазмуну таровати нав мегирад. Дар рӯзгори Шоҳона ман ғурур ва ҷасорати ин духтаронро мебинам ва гумон мекунам, ки ӯ духтаре аз ин Чилдухтарон аст ва бо ризоияти худованди бузург амон мондааст.
Мебинам, ки ӯ чи сон ҳама корро аз сари ин ҷасорату ғурур анҷом медиҳад ва ба шаъну эътибори хеш чун ба як муқаддасот муносибат мекунад ва намегузорад, ки гарде ё ғуборе аз зиштиҳои рӯзгор ба рӯяш соя афкананд. Зиҳӣ зани тоҷик, зиҳӣ модари тоҷик!
Боз дар кору рӯзгораш басо рафтору амалҳои шоистаеро мисли инсондӯстӣ, муҳаббати бепоён ба ҳамкорон, самимияту дилгармӣ ба кор, росгӯию ростқавлӣ, хоксории аз андоза зиёд ва холӣ будан аз кибру кинаро хеле зиёд мушоҳида мекунам. Ростӣ, ки ин ҳамаро дар дигарон камтар мебинам. Хусусан, оддӣ, хокӣ ва бекинаю заминӣ буданҳояшро.
Аснои сӯҳбат бо ӯ эҳсос менамоӣ, ки мусоҳибат одоби баланди муошират дорад ва тарбиятдидаю хушсухан аст. Андешамандона ҳар гуфтаро ба тарозуи ақл баркашида, кӯтоҳу мӯъҷаз ва фаҳмо сӯҳбат мекунад. Фаросати гӯш кардану шунидан ва оқилона баҳс карданро дорад. Суханро набурида то охир мешунавад ва баъд фикрашро мегӯяд. Бо ҳамкорон ва кормандони идорае, ки ӯ худ роҳбар аст, ҳамин гуна муносибату сӯҳбат мекунад.
Дар кор, батамом ӯ каси дигар аст. Басо ҷиддию сахтгир ва серталаб. Дар идораи «Ахбор»-и радиои «Тоҷикистон», ки Шоҳона сарварияшро ба ӯҳда дорад, кор ҳамеша дар ҷараён аст. Кормандон пайваста дар ҷунбуҷул ва такопӯянд. Дар ин идора, ҳама гуна ахбори расмии давлатӣ ва муҳим аввалин шуда, садо медиҳад. Мардуми кишвар хабари муҳимро аз тариқи радио, тавассути ҳамин барнома мешунаванд. Ин масъулияти ниҳоят муҳим аст. Хабари аҳамияти умумиллӣ доштаро аввалин шуда, шунавонидан. Ин аст, ки ин ҷо кор ҳамеша оҷилан ва фаврӣ сурат мегирад. Одатан, дар ин идора, журналистони соҳибқаламу ботаҷрибаро сарвар таин мекунанд. Каси одию камҷавҳар ин ҷо фаъолият карда наметавонад.
Шоҳона қабл аз он ки ба ин ҷо роҳбар таин шавад, басо таҷриба андӯхтаю кор омӯхта буд. Ӯ дар идораи мазкур, аввал, муҳаррир ва баъдан, 6 соли дигар, ба ҳайси муовини сармуҳаррир ифои вазифа кард ва таҷрибаи муайяни роҳбарӣ андӯхт. Воқеан, барои ин идораро сарварӣ кардан, танҳо донишу малака доштан, кифоят намекунад, балки ҳушмандӣ,ҷасорат, чусту чолокӣ, оҷҷилият ва ҳимоят аз мавқеъи давлату ҳукумат, дар мадди аввал меистад. Шоҳона дар ин ҷода низ таҷрибаи зиёд дорад. Ӯ солҳои зиёд вазифаи хабарнигори ҳукуматӣ ва парлумониро ба ҷо меовард. Дар ин муддат барои ӯ имкони мусоиде фароҳам омад, ки бо доираи васеи ходимони давлатию ҳукуматӣ ошно гардад ва миёни онҳо обрӯю эътибори зиёдеро соҳиб шавад ва дар як вақт таваҷҷӯҳи бисёре аз ин кормандонро ба вуҷуд биоварад. Ин ҳама дар маҷмӯъ, барои фаъолияти пурсамараш дар идораи мазкур, заминаи мусоид фароҳам оварданд. Дигар ин ки ӯ боз дар вазифаҳои корманди Агентии милли иттилооти «Ховар», сармуҳаррири идораи «Садои Душанбе», котиби масъули радиои «Тоҷикистон» низ фаъолият кардааст.
Маълум, ки роҳбарон ба ҳар навъанд, вале каманд онҳое, ки соҳибэҳтирому намунаи кормандони худ бошанд. Охир, обрӯ ва эҳтиромро бо зӯрӣ ва дағалию дуруштмуомилагӣ ба каф овардан имкон надорад. Онро фақат тавассути амалҳои шоиста ва ибрати шахсӣ соҳиб шудан мумкин аст. Эҳтироми ҳамкорон ба Шоҳона ҳақиқӣ ва табиӣ аст.
Бояд гӯям, ки Шоҳона ба ҷуз рӯзноманигори соҳибқаламу варзида будан, боз эҷодкори асили шеъру таронаҳои дилнишин аст. То ба имрӯз ду китоби ӯ ба дасти хонанда расидааст. Яке бо номи «Нигоҳи ситорачин» ва дигаре бо номи «Сад тарона».
Боз ҳам мехоҳам аз ҷасоратмандиҳои Шоҳона ёдовар шавам. Ӯ ҳамагӣ чанд сол пеш соҳиби фарзанд гашт. То ин дам фарзанд надошт ва дар ишқи фарзанд месӯхт. Ягона орзуяш соҳиби фарзанд шудан буд. Аз Худованд илтиҷо мекард, ки барояш фарзанд ато кунад. Дуояш мустаҷоб гашт ва Худованд ба ӯ фарзанд ато кард. Табибон қаблан изҳор карданд, ки кӯдакро танҳо тавассути ҷарроҳӣ берун овардан имкон дорад. Вақте ки ӯ фарзанди дуюмашро ба дунё оварданӣ шуд, онҳо гуфтанд, ки ин амал ҳатари зиёдеро ба бор меорад ва метавонад марговар бошад. Ӯ аз қавли худ даст накашид ва ин кӯдакро низ бо роҳи ҷароҳӣ берун оварданд. Аз байн чанд сол гузашт ва ӯ қасди ба дунё овардани писарро кард. Ба ин касе розӣ набуд, зеро ин кор сад дар сад ба марг баробар буд, вале ӯ дар қавлаш устувор монд. Боз донист, ки дар батнаш писар аст, гуфт: « Ё марг ё писар!»
Худованд низ далеронро дӯст медорад. Касе, ки бе дудилагӣ ба сӯи марг шитоб дошт, Худованд ӯро раҳонид ва шоҳписараш тӯҳфа кард…
Тавъам афтодани ном ва кору амал набояд амри тасодуф бошад ва хеҷ кас низ ҳамту оддиякак номи Шоҳонаро соҳиб намешавад. Бешубҳа, ин ҳама хости Худованди бузург аст ва мо низ як илтиҷо дорем:
«Худовандо, Шоҳонаро, ки аз дӯстдоштагонат аст, боз чанд соли дигар, дар паноҳат нигаҳ дор!»