Ба гузориши мутахассиси Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Райҳон Мӯъминова дар Иҷлосияиҳои VIII-X давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Оттава ва Конферетсияи дувуми ҷамбасти (Конвенсияи манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди қӯшунҳои пиёдагард ва нобудсозии онҳо) таваҷҷӯҳ зиёд шуд.
Ба ин Конвенсия, ки аз 1 марти соли 1999 ҳукми қонунӣ гирифтааст, беш аз 150 давлат шомиланд. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аз апрели соли 2000 иштирокчии ин Конвенсия мебошад.
Райҳон Мӯъминова дар ин чорабинӣҳое, ки дар шаҳрҳои Женева (Швейтсария), Амман (Урдун), ва дар шаҳри Картахена (Колумбия) доир мегашт, роҷеъ ба расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон аз мина ва дигар лавозимоти нотаркида маърӯза намуд. Ба ин чорабиниҳо Райҳон Мӯъминова тайёрии ҷиддӣ дида буд ва бо забони англисӣ хеле озод сухан кард. Ҳамин буд, ки садорати Комиссияи доимии Конвенсияи Оттава ӯро барои ҳамкории минбаъда даъват кард.
Дар соли 2007 дар Конфронси бахшида ба манъи бомбаи кассетӣ дар шаҳри Белград (Сербия) фаъолона иштирок намуд ва баъд аз он дар муддати як моҳ ӯ дар мусоҳибаи электронӣ бо гурӯҳи кории байналмилалӣ оид ба кӯмаки зарардидагони бомбаи хӯшай (кассетӣ) ва дигар лавозимоти нотаркида иштироки фаъолона дошт. Ин имтиҳони мутахассиси тоҷик буд, ки дар доираи як мусоҳибаи электронӣ то чӣ андоза донишу маҳорат доштани худро нишон дода тавонад. Маводи пешниҳоднамуда ва ҷавобҳои додаи ӯ мақбули гурӯҳи корӣ гардид ва мутахассиси ҷавонро ба семинари байналмилалии Париж даъват намуданд. Суханронии Райҳон Мӯъминова дар ин семинар вобаста ба татбиқи барномаи кӯмак ба ҷабрдидагон аз минаҳо, офиятбахшӣ ва таъмини дастрасии маъюбон ва аъзои оилаи онҳо ба хизмати иҷтимоӣ-тиббӣ бахшида шуд. Зеро ҳамчун мутахассиси соҳаи тиб ин мушкилот барояш шинос аст ва ба хубӣ медонад, ки осебдидагон пеш аз ҳама ба кадом кӯмак ниёзманданд.
Райҳон Мӯъминова соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Душанбе ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи сурх хатм намуда, баъдан муҳассили кафедраи неврологӣ ва асосҳои генетикаи тиббии ординатураи клинникӣ буд. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун духтури бемориҳои асаб оғоз шуда, ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Душанбе ба номи Абӯалӣ ибни Сино омӯзгорӣ кардааст. Ҳанӯз ҳангоми дар донишгоҳ таҳсил намудан ба корҳои илмӣ шавқу рағбат дошт ва вақте ба кори мустақилона гузашт, низ онро идома дод.
Ҳоло Райҳон Мӯъминова мутахассиси Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо мебошад. Ӯ ба татбиқи Барномаи кӯмак ба ҷабрдидагон аз мина ва дигар муҳимоти нотаркида машғул аст. Мутобиқи ин Барнома пеш аз ҳама ба осебдидагон кӯмаки тиббию иҷтимоӣ расонида мешавад. Бахусус онҳо ба дастгирии тиббӣ, барқарор гардонидани ҳолати рӯҳӣ ниёзманданд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои хавфноки мина ва дигар муҳимоти нотаркида боқӣ мондаанд. Мувофиқи маълумоти Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 215 минтақаи аз минаҳо хатарнок ошкор шудааст. Аз чунин минтақаҳо аҳолӣ осеби зиёде мебинанд. Аз соли 1992 то ҳол аз мина ва дигар муҳимоти нотаркида қариб 466 нафар маҷрӯҳ ва 364 нафар ҳалок шудаанд. Тахминан 30 фоизи маҷрӯҳонро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Шахсоне, ки бар асари ҳодисаҳои нохуш осеб дидаанд, чӣ ҳол доранд, ҳолати рӯҳиашон чӣ гуна аст? Барои ба вазъи рӯҳии онҳо баҳо додан қабл аз ҳама мутахассисон, кормандони соҳаи тиб сару кор мегиранд.
Мутахассис оид ба кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳои Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Райҳон Мӯъминова тадқиқи ин масъаларо бар ӯҳда гирифт.
Осебдидагон аз таркиши мина ва дигар лавозимоти ҷангӣ ба гурӯҳи алоҳидаи маъюбон дохил мешаванд, зеро онҳо баробари зарари ҷисмонӣ дидан боз ба осеби рӯҳӣ низ дучор мегарданд.
Райҳон Мӯъминова ҳангоми пажӯҳиш ба осеби рӯҳии зарардидагон таваҷҷӯҳи бештар дода, дар ин самт таҳияи маҷмӯи тадбирҳои табобатиро илман ба дӯш гирифт, то ҷавобгӯ ба вазъи беморони рӯҳӣ бошад.
Ҳангоми шиносоӣ бо асарҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ оид ба психология, рӯҳшиносӣ, психотерапия муҳаққиқи ҷавон дар хусуси ин мавзӯъ тадқиқоти ҷиддиеро дучор наомад. Гӯё дар тибби муосир ин масъала умуман вуҷуд надошта бошад. Ба ӯ лозим омад, дар заминаи маводҳои ҷамъшуда ва таҷрибаи андӯхтааш методологияи табобатии тиббӣ-иҷтимоии шахсони бар асари зарбаи таркиши минаҳо осеби рӯҳӣ ёфтаро таҳия ва омода созад.
Бо ин мақсад омӯзиши ҳолати рӯҳӣ, офиятбахшӣ, ба меҳнати фоиданок омодагию ҷалб намудани онҳо хеле муҳим аст. Духтури рӯҳшинос Райҳон Мӯъминова муддати 5 сол корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, ҳолати ашхоси аз мина осебёфтаро мавриди омӯзиш қарор дод. Тадқиқоти илмии гузаронидаи ӯ 159 нафар осебдидагонро дарбар мегирифт, ки аз таркиши мина зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Тадқиқот муайян намуд, ки осебдидагони синни 30-39 сола нисбати ҷавонон ва калонсолон бештар ба ҳолати воқеӣ мутобиқ мешаванд. Ҳамзамон муайян шуд, ки оилаи дар никоҳи тӯлонӣ буда, яке аз сабабҳои тезонидани мутобиқшавӣ ба ҳисоб меравад. Оила ва никоҳ барои зарардидагони мина ва дигар лавозимоти нотаркида манбаи асосии дастгирии рӯҳӣ мебошад. Кӯмак ва дастгирӣ аз ҷониби оила ва наздикон низ аз сабабҳое мебошанд, ки шахси осебдида ба ҳолати воқеии худ мутобиқ шавад. Ба меҳнат ҷалб намудан ва вазъи мӯътадили моддӣ аз омилҳое ҳастанд, ки шахси осебдида рӯҳан беҳтар ва бовариаш ба зиндагӣ, оянда қавитар гардад.
Зарбаи таркиши мина бештар ба ҳолати рӯҳии чунин шахсон таъсир мерасонад. аз ин рӯ, барқарорсозии рӯҳӣ, расонидани кӯмаки тиббӣ, дастгирии доимӣ муҳим мебошад.
Райҳон Мӯъминова дар асоси таҷриба ва фаъолияти кории худ рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Офиятбахшии тиббӣ-иҷтимоии шахсони бар асари зарбаи таркиши минаҳо осеби рӯҳиёфта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таълиф намуд.
Мақсади асосии татқиқоти илмии мазкур таҳия ва қабули чорабиниҳои маҷмӯӣ оид ба офиятбахшии шахсони қобилияти коридошта, ки аз мина ва дигар муҳимоти нотаркида зарари ҷисмонӣ дидаанд, иборат буд.
Райҳон Мӯъминова таҳти роҳбарии академики Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Россия профессор Сергей Никифорович Пузин ва доктори илми тиб профессор Даврон Мансурович Муҳаммадиев дар ш.Москва дар мавзӯи «Офиятбахшии тиббӣ-иҷтимоии шахсони бар асари зарбаи таркиши минаҳо осеби рӯҳиёфта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Роҳбари илмӣ, профессор Сергей Никифорович Пузин ба кори илмии Райҳон Мӯъминова баҳо дода, ӯро аз беҳтарин шогирдони худ меҳисобад. Ин олими шинохта Райҳонро ифтихори Тоҷикистон медонад, ки дар соҳаи тиб ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудааст.
Ҳамчун мутахассиси ин соҳа дар конфронсҳои байналмилалӣ дар маркази Сербия шаҳри Белград, Париж, Женева, шаҳри Картахени Колумбия, Кобул (Афғонистон), Осло (Норвегия), Залтсбург (Австрия), Порторош (Словения) ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст. Райҳон инчунин донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад ва дар чорабиниҳои байналмилалӣ бо ин забонҳо баромад менамояд.
Ин бонуи тоҷик аз минбари созмонҳои байналмилалӣ борҳо пешниҳоди манъи ҳама гуна навъҳои минаро дар задухӯрдҳою ҷангҳо карда, ҳамтоёни хориҷиаш ӯро дар ин бобат дастгирӣ кардаанд.
Ӯ доир ба ин мавзӯъ зиёда аз 30 мақолаи илмӣ таълиф намудааст, ки дар Федератсияи Россия, Шветсия, Франсия, ИМА нашр шудаанд. Райҳон Мӯъминова дорандаи сертификати Донишгоҳи Стокголм дар бахши фаъолияти иҷтимоӣ мебошад ва дар соли 2010 ӯ курси менеҷериро дар Маркази Байналмиллалии барои устуворкуни ва барқарорсози ва дар Донишгоҳи Ҷеймс Медисон, Гаррисонбург (ИМА) бомуваффақият хатм намуд.
Асари татқиқотӣ бо номи «Осеби рӯҳӣ ва дараҷаи зиндагии зарардидагон аз минаҳо» аз чоп баромад, ки олимони соҳаи тиб Райҳон Мӯъминова ва Даврон Муҳаммадиев муаллифони он мебошанд. Ин китоб нахустин асари илмӣ- татқиқотӣ оид ба ин мавзӯъ мебошад. Тафсири таърихии ин мавзӯъ, проблемаҳои он дар ҷаҳон, таҷрибаи омӯзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.
Бисёр тадбирҳои тиббию иҷтимоӣ, ки дар рисолаи илмии Райҳон Мӯъминова нишон дода шудаанд, бо кӯшиши ӯ дар амал татбиқ гардида истодаанд. Чунончӣ, аз соли 2005 мунтазам осоишгоҳи тобистона фаъолият дорад, ки ҳар сол зиёда аз 30 нафар осебдидагон истироҳат намуда, муоинаи тиббӣ ва табобат мегиранд. Худи осебдидагон ин тарзи табобатро беҳтар ва манфиатбахш медонанд. Дар асоси пажӯҳиши худ Райҳон Мӯъминова бо кӯмаку дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар созмонҳои марбута кӯшиш дорад, то ки шумораи зиёди осебдидагон ба меҳнати фоиданок ҷалб шаванд.
Бо ин мақсад ба оилаҳои осебдидагон чорво, оилаи занбӯри асал дода мешаванд, то ки дастгирие дар пешбурди рӯзгорашон гардад.
Чунончӣ сокинони ноҳияи Шӯрообод Садафмо Раҳматова ва Ситорамоҳ Абдусобирова, ки аз таркиши мина осеб дида буданд, баъди муолиҷа касби дӯзандагиро омӯхтанд. Ба онҳо мошини дарздӯзӣ тӯҳфа гардид ва ба ин васила мушкилоти зиндагии худро то андозае ҳал намуда истодаанд.
Ба андешаи номзади илми тиб Райҳон Мӯъминова татбиқу баргузории силсилаи чорабиниҳои тиббӣ-иҷтимоӣ оид ба офиятбахшии зарардидагон аз минаҳо ва кӯмаки саривақтӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки онҳо ҳар чӣ зудтар аз бӯҳрони рӯҳӣ раҳоӣ ёбанд.
Дар ин ҷода ӯ ҳамчун корманди соҳаи тиб усулҳои муносибати алоҳида ба ҳар осебдидаро афзал медонад.
Фаъолияти илмӣ ва амалии олими ҷавон Райҳон Мӯъминова дар як радиф қарор дорад. Танҳо амалия метавонад собит созад, ки назария чӣ арзиш дорад. Ғазалсарои беҳамтои адабиёти тоҷику форс Камолиддини Биноӣ дар ин ҷода фармудааст:
Илм агар ба амал нагардада ёр,
Ҳеҷ чизе зи илм чашм мадор.
ЯТИМОНРО БА ФАРЗАНДӢ БИПАЗИРЕД
Гурӯҳи аз ҳама осебпазир ва ниёзманди кӯмаку дастгирӣ кӯдакони ятим ва бесаробон мебошанд. Айни замон дар кишвар 84 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки нисбат ба замони то истиқлолият 43 адад зиёд гардида, шумораи хонандагонашон ба 8300 нафар мерасад. Аз ин теъдод 2000 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Ҳамасола маблағгузории ин муассисаҳо зиёд гардида, дар онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Вобаста ба ин, пешниҳод мегардад, ки тарзи фарзандхонӣ содда карда шуда, ба шахсоне, ки мехоҳанд чунин кӯдаконро ба фарзандӣ қабул намоянд, имконияти мусоид фароҳам оварда шавад.
Итминон дорам, ки дар кишвари мо шаҳрвандони баномус хеле зиёданд ва мехоҳанд ин амали хайрро анҷом дода, кӯдакони ятиму бепарасторро мисли фарзандонашон ба камол расонанд.
Ба Вазорати маориф, дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дастгирӣ, сарпарастӣ ва таълиму тарбияи ятимону бепарасторон ҳамаи шароити заруриро муҳайё карда, барои идомаи таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар ва хориҷа мусоидат намуда, баъди хатми ин зинаҳои таҳсилот онҳоро бо ҷойи кор таъмин намоянд.
(Аз паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон,
20 апрели соли 2011