Парвина Ибодова ҳанӯз замони таҳсил дар мактаби миёнаи №77 –и шаҳри Душанбе тасмим гирифта буд, ки ҳуқуқшинос мешавад. Зимни интихоби ин касб зери таъсири падару модар афтида буд, зеро ҳарду ягона факултаи ҳуқуқи ҷумҳуриро, ки дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон вуҷуд дошт, хатм карда буданд.
Падару модари ӯ ҳанӯз аз ҳамон замон шахсиятҳои шинохташуда маҳсуб меёфтанд ва имрӯз ҳам эшон дар хизмати Ватан мебошанд. Ин аст, ки аз кӯдакӣ дар муҳити хонаводагӣ ба сӯҳбати падару модар ва дӯстони онҳо гӯш фаро мениҳод ва меҳри ин касб дар дилаш ҳарчӣ бештар ҷой мегирифт. Чунки аксаран меҳмонон доир ба масъалаҳои ҳуқуқ гап мезаданд.
Аммо воқеият ин буд, ки модараш Ойниҳол Бобоназарова, ки он вақт декани факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ буд, орзу дошт духтараш духтур шавад. Чун тасмими Парвина қатъӣ буд, монеъ нашуд, то ки орзуяшро амалӣ кунад. Падараш Ҷунайд Ибодов-ҳуқуқшиноси варзидаи кишвар интихоби Парвинаро маъқул шуморид.
Ҳамин тариқ, Парвина соли 1991 ба мактаби олӣ дохил шуд ва ҳанӯз донишҷӯ буд, ки фаъолияти меҳнатии худро дар Вазорати адлия шурӯъ кард. Баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносӣ корро дар ҳамин ниҳоди бонуфузи давлатӣ идома дод.
Дар оғоз ӯ дар яке аз Раёсатҳо ба сифати сармутахассис фаъолият дошт. Баъдтар ӯро ба вазифаи ёвари вазир гузаронданд. Солҳои охири кор дар Вазорати адлия ба сифати сардори яке аз Раёсатҳои тозатаъсисшуда фаъолият дошт.
Парвина мегӯяд, ки дар вазорат ӯ мактаби бузургеро гузашт ва агар имрӯз ӯ дар зиндагӣ чизеро ноил гашта бошад, таъсири ҳамин таҷрибаест, ки онҷо андӯхтааст.
-Бахти ман хандид, ки зери роҳбарии мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият кардам, -мегӯяд ӯ. Устодон дар амал бароям нозукиҳои соҳаи ҳуқуқро омӯзонданд, дар сурати зарурат ҳамаҷониба ёрӣ мекарданд,-мегӯяд Парвина Ибодова.
Алалхусус ӯ аз собиқ вазири адлия Шавкат Исмоилов ва муовини вазир Лариса Смеянова бештар сипосгузор аст.
Парвина ҳамчунин барои аз худ кардани соҳаи ҳуқуқ ҳамеша ба маслиҳатҳои падару модар низ гӯш медод. Эшон дар сурати зарурӣ ба ӯ дасти ёрӣ дароз мекарданд. Имрӯз ҳам, агар машварат лозим шавад, ба волидайни худ муроҷиат мекунад. Ба қавли худи Парвина, ин кор барои ӯ анъана шудааст.
Баъди ҳафт соли фаъолият дар Вазорати адлия, замоне ки ӯ сардори яке аз Раёсатҳои навтаъсис буд, тасмим гирифт, ки қобилияти худро дар бахши созмони ғайридавлатӣ санҷад. Барои ин технологияҳои навро, ки барои ҷумҳурӣ чандон шинохта набуданд, интихоб кард. Ин соҳа барояш хеле шавқовар менамуд, ҳарчанд он вақт дар Тоҷикистон гомҳои назустин гузошта мешуданд.
Корро дар Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет ба сифати ҳуқуқшинос шурӯъ намуд ва баъдтар раис шуд.
Дар оғоз ин лоиҳае буд, ки аз ҷониби яке аз созмонҳои байналмилалӣ воқеъ дар Тоҷикистон амалӣ мегардид. Муддате гузашт ва созмони маҳаллӣ таъсис гардид ва Парвина ҳамроҳи ҳамкорони худ стратегияи фаъолияти онро барои оянда муайян карданд.
Мақсади созмони навтаъсис мусоидат кардан ба Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон буд. Барои ин лозим меомад, ки ба ташкилотҳои марбута ва шахсони манфиатдор машваратҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ диҳанд, семинару конференсияҳои зиёд ва мизҳои мудаввар баргузор намоянд.
Парвина Ибодова ҳамчун ҳуқуқшиноси варзида қонунгузории Тоҷикистонро дар соҳаи Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ мониторинг ва таҳлил мекард. Баъдҳо Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет доираи фаъолияти худро васеътар карда, ба таҳияи лоиҳаҳову санадҳои меъёриву ҳуқуқуӣ рӯ овард. Мақсад ин буд, ки санадҳоро бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ баҳо диҳанд.
Солҳои 2005-2006 созмони Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет дар стратегияи худ таҷдиди назар кард, зеро кормандон дарк карданд, ки сарфи назар аз хоҳишу иродаи онҳо низ Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ рушд мекунанд, зеро ин бозор аст ва бозор қонуну қоидаҳои худро дорад. Саволе пеш омад, ки агар чунин аст, пас, чӣ бояд кард?
Хулосаи умумӣ ин буд, ки онҳо бояд аз мусоидат ба рушди Технологияҳои нав даст кашида, ба ҷои ин, барномаи нав таҳия кунанд. Барнома таҳия гардид. Мақсад ҳам муайян гардид, яъне Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет бояд тавассути технологияҳои нав дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳм бигузорад. Барои амалӣ шудани ин ниятҳо тӯли солҳои гузашта корҳои зиёде ба анҷом расонда шуд. Бо ташкилоту идораҳои давлатӣ, аз қабили Вазорати маориф, иқтисод ва савдо, хадамоти алоқа ва дигарон ҳамкориҳо оғоз гардиданд ва хушбахтона ин ҳамкориҳо то имрӯз бомуваффақият идома доранд. Инчунин таҷрибаи хуби ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои номбар кардани дастовардҳои Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет бояд чанд саҳифаро пур кард, ки доираи як мақола барои ин имконият намедиҳад.
Дар тӯли чанд соли гузашта, Парвина ва ҳамкоронаш лоиҳаҳои зиёдеро пиёда карданд, ки тавассути онҳо нафарони зиёд чӣ будани технологияҳои навро дарк карданд. Дар ин росто, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ хеле муфид анҷом ёфт. Масалан, дар соли 2005 се донори бонуфуз-Институти ҷомеаи кушод- Фонди мусоидат дар Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ ва барномаи илмии НАТО Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернетро дастгирӣ карданд ва дар натиҷа, лоиҳаи «Интернет барои рушд» дар амал татбиқ гардид.
Зимни татбиқи ин лоиҳа беш аз 800 нафар таълим гирифта, мутахассис шуданд, ба бештар аз 100 муассисаву ташкилот, китобхонаҳову созмонҳои ғайриҳукуматӣ Интернет гузаронданд.
Лоиҳаҳои муҳими дигар низ буданд, ки иборат буданд аз кор бо қонунҳо. Кормандони фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» дар чандин гурӯҳҳову комиссияҳо доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амаликунанда фаъолият намуданд ва ё дар таҳияи қонунҳои нав аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат карданд. Пешниҳодҳое, ки онҳо илова карданд, аксаран, дар ҳуҷҷатҳои қабулшуда инъикос ёфтанд.
Ба ҳар сурат, мегӯяд Парвина, мушкилот боқӣ мондааст. Аммо ин мушкилот ба андешаи ӯ, қонунҳои мавҷуда нестанд.
– Дуруст аст, ки қонунҳои мо идеалӣ нестанд, вале барои татбиқи идеяҳо сад дар сад мувофиқат мекунанд. Қонунҳо қабул мешаванд, аммо онҳо чӣ гуна бояд татбиқ шаванд, кӣ бояд онҳоро татбиқ кунад, номаълум мемонад, - мегӯяд ӯ.
Ба назари Парвина Ибодова, мушкилоти асосӣ дар ин робита механизми татбиқи қонунҳо мебошад. Ӯ «Қонун дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ва қонун «Дар бораи имзои электронии рақамӣ»-ро, ки солҳои 2002 ва 2007 қабул шудаанд, вале то ҳол дар амал татбиқ нагардидаанд, мисол меорад.
- Ҳол он ки бидуни амалӣ гардондани ин қонунҳо ташкил додани ҳукумати электронӣ номумкин аст, - иброз медорад Парвина Ибодова.
Аз ӯ мепурсам, ки боз кадом омилҳо барои татбиқи ҳукумати электронӣ халал ворид мекунанд? Посух мегӯяд, ки ҷомеа иттилооти кофӣ дар ин мавзӯъ надорад, вале муҳимтар аз ин, монеаҳои сунъие ҳастанд, ки онҳоро бархе чиновникҳо мегузоранд.
-Аз таъсиси ҳукумати электронӣ мо бояд натарсем-меафзояд Парвина ва илова мекунад:- Тоҷикистон солҳост, ки дар бӯҳрон аст, агар мо ҳукумати электрониро татбиқ кунем, сатҳи фасод паст мешавад, иқтисоди кишвар рушд мекунад. Ин ягона роҳест, ки агар тамоми мушиклоти моро ҳал накунад ҳам, онҳоро ба маротиб коҳиш медиҳад ва зиндагии мардумро хеле беҳтар менамояд, - мегӯяд ӯ.
Парвина Ибодова дар баробари ҳуқуқшиноси тавоно буданаш ҳоло аз ҷониби мутахассисони Технологияҳои нав эътироф шуда аст.
Ӯ дар нахустин Шӯрои Технологияҳои иттилооти коммуникатсионӣ дар назди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки ибтидои моҳи феврал баргузор гардид, дар қатори кормандони сохторҳои давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши бизнес низ ширкат дошт. Ва дар ин ҷаласа ӯ ягона бонуе буд, ки соҳаи иттилооти коммуникатсиониро намояндагӣ мекард. Барои ӯ хурсандиовар ин буд, ки роҳбари давлат аҳамияти ҳамкориро миёни ҳама бахшҳои ҷомеаи Тоҷикистон зимни ин мулоқот чандин бор таъкид кард.
Парвина ва ҳамкоронаш роҷеъ ба таъсиси чунин Шӯро ҳанӯз аз соли 2002 кор мекарданд ва таҷрибаи мутахассисони ИДМ ва дигар кишварҳои ҷаҳонро меомӯхтанд. Вақте, ки соли 2006 Президент Эмомалӣ Раҳмон фармон содир кард, ки Шӯро доир ба Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон таъсис ёбад, онҳо дарк карданд, ки роҳи дурустро интихоб карда будаанд.
Дар нахустин ҷаласаи Шӯрои технологияҳои иттилоотиву коммуникастионӣ бо ширкати Президенти кишвар тасмим гирифта шуд, ки котиботи доимоамалкунанда таъсис ёфта, татбиқи ҳамаи қарорҳои қабулшуда зери назорат гирифта шаванд.
Парвина Ибодова бовар дорад, ки дар ҷаласаҳои ин Шӯро ҳама ҷонибҳо –намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандиву бахши бизнес проблемаҳои мавҷударо ҳамроҳ баррасӣ карда, ҳалли онҳоро пайдо мекунанд ва дар рушди Тоҷикистон дастаҷамъона саҳм мегузоранд.
Сӯҳбатҳои ӯ бештар дар мавзӯи рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникастионӣ аст. Дар хона ҳам сари ин мавзӯъ ҳамеша гап мезанад ва ё кор мекунад. Меҳмонҳо ҳам, ки ба хонааш биёянд, дар ҳамин бора сӯҳбат мекунанд. Ин аст, ки муҳити хонаводагӣ ба духтари 12 солааш таъсир расондааст. Вай кӯшиш мекунад, ки тавассути технологияҳои нав ҳарчӣ бештар омӯзад ва мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад. Мисли он ки замони навҷавониву ҷавонӣ Парвина ба волидайни худ пайравӣ мекард, ҳоло духтараш ба худи ӯ пайравӣ мекунад.
ҲАНӮЗ МУШКИЛОТИ ЗАНОН ЗИЁД АСТ
Дар Паёми имсола низ Президенти Тоҷикистон ба масоили гендерии сиёсати давлатӣ таваҷҷӯҳи хоса дошт. Ин қисмати паёми мазкур нишонаи нақшаҳои хосаи давлатанд, ки ба болобарии мақоми занон дар ҷомеъа нигаронида шудааст.
Аз солҳои аввали истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумат қарор дорад.
Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин Қарори Ҳукумат аз соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.
Иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт назаррас буда, 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ ё 6 ҳазор нафар аз ҳисоби занон мебошанд.
Дар муассисаҳои таълимии кишвар қариб 110 ҳазор нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки аз онҳо 70 фоизашонро занон ташкил намуда, барои пешрафти ҷомеа нақши муҳим мегузоранд.
Тайи солҳои 1997-2010 тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда аз даҳ ҳазор ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод 7500 нафарашон духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мебошанд.
Бо вуҷуди амалӣ гардидани як қатор тадбирҳои судманд дар ҳаёти занон то ба ҳол мушкилоту масоили зиёд ҷой доранд. Нарасидани ҷойҳои корӣ, аз ҷумла камшумор будани корхонаҳое, ки бештар ба фаъолияти занон ниёз доранд, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар эҳсос мешавад.
Набудани инфаструктураи зарурӣ ба занон имконият намедиҳад, ки онҳо соҳиби ихтисос ва касбу кор шаванд. Ҳамаи инро Ҳукумат ба эътибор гирифта, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муассир андешида истодааст.
Барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон аз соли 2006 то имрӯз 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ аз тариқи грантҳои Президентӣ ҷудо гардидааст. Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳаҷми маблағҳои грантиро зиёд намуда, ба ин васила шумораи занону духтарони соҳибкорро афзун намояд.
(аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон,
20 апрели соли 2011)