Ҳама чиз дар дасти инсон аст…ва инсон дар дасти зан.
Александр Фюрстенберг
Бори нахуст бо Ширин дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав шинос шудем. Мо як гурӯҳ бо сардории Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар Маликшо Неъматов, ҷиҳати иштирок дар Маҷмааи умумии (Ассамблеяи Генералии) Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ, ки шомилшавии кишвар ба ин ташкилоти бонуфуз дар назар буд ба шаҳри Картахена Де-Индиаси Колумбия сафар доштем. Ширин он вақт дар шаҳри Маскав бо пажӯҳиш машғул буд ва моро бояд дар ин сафар ба сифати тарҷумон-коршинос ҳамроҳӣ мекард.
Алҳол дар хотир надорам, ки кадом шахс ин бонуи бомаърифатро ба мо тавсия дода буд, вале ҳаминаш яқин, ки ҳамроҳи мо бояд бонуи симои тоҷикӣ дошта ва тарҷумони хуб мерафт. Яъне ҳам аз лиҳози дониш ва ҳам аз лиҳози ахлоқу ҳусн бояд комил мебуд, то ки Тоҷикистонро дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ карда тавонад. Дар Маскав моро духтараки либоси аврупоӣ дар бар бо табассуми малеҳ истиқбол гирифт. Ростӣ бо дидани ӯ ҳамин андеша аз сарам гузашт, ки мисли дигар тарҷумондухтарони тоҷик, ки бештар дар муҳити ташкилотҳои байналмилалӣ тарбия ёфтаанд, бо мо ба забони русӣ ва рафтору ҳаракоти ғарбӣ сӯҳбат хоҳад кард. Вале аз ҳарфи нахустини ӯ тамасхур беихтиёр аз чеҳраам гум шуд. Ширин бо лаҳни хеле шевою адабии тоҷикӣ сӯҳбат мекард ва дар симояш низ осори нафосату малоҳати шарқӣ ҳувайдо буд.
Ҳангоми мулоқотҳо бо роҳбарони Созмони умумиҷаҳонии туристӣ ва намояндагони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви созмон борҳо шоҳиди ин сифатҳои наҷиби тоҷикдухтари асил гардидем. Намояндагони созмон дар оғоз исрор менамуданд, ки корманди созмон, бонуи рус дар мулоқотҳои муҳим барои мо хизмати тарҷумониро анҷом диҳад. Вале мо, бо вуҷуди забони русиро хуб донистан, истодагари намудем, ки бо забони давлатӣ сӯҳбат хоҳем кард ва дигар ин ки тарҷумони варзида моро ҳамроҳӣ мекард ва ба тарҷумони дигар ниёз надоштем…
Дар мулоқот бо Раиси СУТ СММ Толиб Рифоӣ, ки он вақт масъулияти муовинатро ба зима дошт, тарҷума аз забони ингилисӣ ба тоҷикӣ сурат мегирифт. Дар анҷоми мулоқот Ҷаноби Рифоӣ дасти моро фишурда изҳор намуд, ки аксари калимаҳои мо ба ӯ, ки аслан араб аст ошност. «Бори дигар дарк намудам, ки Шумо тоҷикон барои мо бегона нестед ва ҳатман ба масъалаҳои Тоҷикистон, ки дар Маҷмааи умумӣ баррасӣ мешаванд, мутаваҷҷеҳ хоҳам шуд»- бо қаноатмандӣ таъкид намуд ӯ. Фикр мекунам ин ҷо саҳми Ширин, ки бо забонҳои тоҷикиву ингилисӣ озоду равон сӯҳбат мекард ва вазифаи худро ҳунармандона анҷом медод, муассир буд.
Ширин солҳои 2001 то 2005 дар Созмони байналмиллалии муҳоҷирати СММ, Кумитаи Шветсариягӣ оид ба Афғонистон, Комиссариати Олии СММ доир ба кор бо гурезагон, Намоишгоҳи байналмилалии Ҷопон, Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар вазифаҳои масъул фаъолият намудааст. Барои таҳсил ва кор ба кишварҳои Россия, Британияи Кабир, Ҷопон, Шветсария, Колумбия, Кипр, Испания, Хитой… сафар кардааст. Табиист, ки ин сафарҳои пурбор барои як бонуи ҷавони тоҷик ҳеҷ гоҳ бесамар набуда, донишу малакаи андӯхтааш дар ҳамаи риштаҳое, ки фаъолият мекунад, манфиатовар хоҳад буд.
Ширин бо вуҷуди масъулияти идоравӣ ва ташвишҳои рӯзгор, ки заҳмати зиёдро талаб менамуд, вақту фурсат пайдо намуда, соли 2004 дар риштаи пайванди тамаддунҳои Шарқу Ғарб дар мавзӯи «Фирдавсӣ ва Шоҳномаи ӯ дар Англия ва Амрико» рисолаи номзади дифоъ кард. Кори анҷомдодаи ӯ воқеан ҳам хизмати шоистае буд дар муаррифии фарҳангу адаби форсӣ ба олами Ғарб.
Ғайрату ҷасорати ин бонуи ҷавон, ки бо як ҷуссаи наҳиф тавонист кори сад ҷавонмардро анҷом диҳад, қобили таҳсин аст. Ростӣ талошҳои ӯро дида баъзан аз коҳиливу беғайратии мо мардон мунфаил мешавам…
Бонувоне чун Ширин, ки ҳанӯз дар ҷавонӣ донишу таҷрибаи комил андӯхтаанд, барои миллати мо мисли дури ноёбанд, ки бояд аз қаъри дарё гирифта, ба таҷаллии маърифати онҳо таваҷҷӯҳ намоем.
Агар ин гуна бонувони соҳибхирад ҷойгоҳу мақоми шоистаи худро дар ҷомеа пайдо кунанд, метавонанд бо отифаю истеъдоди фитрии хеш дар рушду пешравии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Дар симои Ширин ҳам модари меҳрубон, ҳам корманди масъулиятшинос ва ҳам муҳаққиқи варзида таҷассум ёфтаанд, ки танҳо бонувони баргузидаро ин бахт насиб мегардад. Ҳамин иродаи қавӣ ва талошҳои пайвастааш буд, ки соли 2008 ӯ ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ шарафёб гардид.
Вақте, ки ин сатрхоро менавиштам зилзилаи шадид паҳнои Ҷопонро ба ларза овард… Барои Ширин, ки бо шавҳару тифлаки маъсумаш алҳол ба хотири идомаи таҳсил дар ин кишвар қарор дорад, парешон шудам.
Худованд эшонро дар паноҳаш нигоҳ дорад… Аминам, ки ӯ бо лутфи илоҳӣ ба Тоҷикистон бармегардаду, мисли худ даҳҳо духтарони тоҷикро раҳнамои хоҳад кард. Ҷомеаи мо имрӯзу фардо ба бонувоне мисли ӯ ниёз дорад…