Ёд аз ҳодисае дар солҳои навадуми асри гузашта, беихтиёр суханони насиҳатомези устоди азизу шодравонаш Воҳид Асрориро ёд меоранд, ки гуфта буд:
- Духтарам! Бисёре чун ту барин ҷавондухтарони бехабар аз нозукию печдарпечиҳои касби заҳматталаби рӯзноманигорӣ, шефтаи номи баланди журналистӣ гардида, мехоҳанд бо ин роҳ қадам зананд, ки ин хуб аст, албатта. Лекин гап сари он аст, ки мутаассифона, нафарони зиёди онҳо баъди хатми донишгоҳ ба мушкилиҳо тоб наоварда, аз баҳри он мегузаранд ва заҳматҳои хешро ба ройгон медиҳанд. Ҳеҷ набошад бо исрори хусуру хушдоман ва шавҳарҳо тарки касб менамоянду хонани-шин мешаванд. Маслиҳати падарона аз ман ҳамин ки дар ин бора ҷиддӣ фикр намоед ва шароиту имкониятҳои худро дар тарозуи ақл бисанҷед!
Солҳои аввали ноороми донишҷӯӣ рӯзе ҳамроҳи се нафар дугонаи ҳамсабақ ҷониби донишгоҳ раҳсипор буданд ва дар роҳ шоҳиди муноқишае гардиданд. Пеши роҳи духтари ниҳоят зебою ҷавонеро ду–се ҷавони мӯйи сару ришашон давидагӣ, ки ба ҷавонмард гуфтанашон забони кас намегардад, гирифта, гузаштаниаш намемонданд. Аз афту башараашон маълум, ки сархуш аз бангу арақ буданд. Ҳатто нафаре аз онҳо бо худ силоҳ дошт. Духтар «акаҷонҳо» гуфта, илтиҷо мекард, то ба ҳолаш гузоранд, чунки бинобар бемории сахт будани модар, барои ёрӣ ба суроғи тағобачаҳояш омада будааст. Ҳатто инсофу нангу номуси ҷавонмардиро дар дили онҳо бедор карданӣ шуда, хотиррасон мекард, ки онҳо низ дар хонаҳояшон модару хоҳар доштагистанд. Вале ба кӣ мегуфтӣ он айём ин гапҳоро? Ҷо-ҷо одамон аз дур ба ин манзара наззора доштанд, вале ҷуръати дахолат намекарданд. Ба зорию илтиҷои дугонаҳо нигоҳ накарда, Рухсора хунсардона ба миёна даромад. Аз ин кор ғазаби авбошон боло гирифт. Чӣ суханони қабеҳе нагуфтанд он рӯз ба вай ва таҳдиҳое, ки накарданд. Вазъият торафт чигилтар мегардиду Рухсора ҳам паст намеомад. Чанд нафар марду зани то ин дам аз ноилоҷӣ бинанда низ шердилтар гардида, бари Рухсора рост ва қуввати дилаш шуданд. Аз он махлуқон дар он солҳои пуртаҳлука ҳама корро интизор шудан мумкин буд. Аммо дар чунин аҳвол партофта рафтани он муштипар низ аз рӯи одаму одамгарӣ намебуд. Ба таҳқирҳо тоқат карда, илоҷе карда духтарро раҳо карданӣ буд. Аз чи бошад, дилпурӣ эҳсос мекард. Аз қазо ҷавонмарди таҳамтанпайкару ситорагармеро Худои меҳрубону ҳамабин аз куҷое овард. Баробари дидани ӯ ҷон аз дасту пойи авбошон баромад ва узрхоҳонаю думликон чун қароқулоқҳо дум хода карданд. Ҷавонмарди накӯкор, бародарвор даст ба сари духтари бечораи аз тарс ларзону дидаҳо пури ашк бурда, оромаш намуд ва таъкидаш кард, ки минбаъд танҳо ва бидуни зарурате ба кӯча набарояд ва рост ба манзил равад. Ба ҷавонмард арзи сипоскунон духтарро то истоҳи серодам гусел намуданд. Рухсора ҳарчанд тарсида бошад ҳам, қаноатманд аз он буд, ки бетарафиро ихтиёр накард, вагарна кӣ медонист қисмати он духтари бечора чӣ мешуд? Баъдан чун рӯзноманигор борҳо бо чунин беадолатиҳо рӯ ба рӯ гардида, одат ҳам кард.
«Ҳар кӣ дар зиндагӣ бояд пайи коре бошад» - гуфтагӣ барин Рухсора аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷӯҳ пайдо кард. Ҳини дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №61-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳсил доштан, махсусан, ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аҳамияти ҷиддӣ медод. Аллакай, аз ҳамон давраҳо бо навиштани хабару мақолаҳо аз худ дарак медодагӣ шуд. Сохтмончӣ Хайриддин Нуров 6 духтару чор писар дорад. Ба ин нигоҳ накарда, волидайн розӣ шуданд, ки духтари соҳиби завқу истеъдодашон ба факулати рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорад. Рухсора ба ҳама нотинҷиҳои давру замон, ки дар боло ишора рафт, нигоҳ накарда, бо дасту дили гарм ба таҳсил пардохт ва соли 1995 донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуд.
- Дар он айёми пурошӯб, бахусус, модарам, ки умре хонанишин аст, бисёр ташвиш мекашиданд. Ҳар рӯз маро гуселкунон, насиҳату таъкидҳо мекарду бо илтиҷо аз Худо безиён баргаштани маро мехост. Баъди ба кори мустақилонаи рӯзноманигорӣ пайвастан ва рафтан ба сафарҳои хидматӣ ба минтақаи Кӯлоб, шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Файзободу Ваҳдат, ки он шабу рӯз нотинҷ буданд, ташвишҳои модари бечораам зиёд гардиданду кам не. Мутаассифона, ин азобҳои рӯҳӣ он замон ҳамаи модаронро азият медод. Хушбахтона, ҳамааш пушти сар гардид. Азбаски шоҳиди он ҳама рӯзҳои тираю тори миллат будам, дамидани сулҳу субот дар кишвар бо сарварии фарзанди сарсупурда ва бапою қадами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилам майли хизмат ба халқу Ватанро даҳчанд намуд. Таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлат ба тақдири занон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар пешбурди ҷомеа маро торафт рӯҳбаланд мекард. Рост будан дар паҳлӯи чунин инсони бузург ва ба қадри зӯру тавон дастгириҳо аз иқдоми наҷиби ӯ ифтихори баланд аст. Ҳанӯз солҳои охири мактабхонӣ ва донишҷӯӣ ҷасурона суханрониҳои Адолат Раҳмонова ва Валентина Абдусамадова барин занон – вакилонро аз минбари иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ шунида, ба ваҷд меомадам. Орзу мекардам, ки ба онҳо монанд бошам. Ба халқам хизмате карда тавонам. Бетарафиро интихоб накунам. Дар ободии Ватан саҳмгузор бошам. Ё кӣ бо Гурдофарид аз «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, камонвардухтари қаҳрамони ҷаҳони тоҷик Зебунисо Рустамова дар ифтихор нест? Касеро хуни тоҷикӣ ҳаст, аз комёбиҳои варзишии мӯштзандухтари ҷавони тоҷик Мавзуна Чориева дар арсаи байналмила- лӣ сараш ба осмон мерасад. Хуб мебуд, ки дар ҳама соҳаҳо чунин бонувони фаъол бошанд. Орзуям ҳамин аст, ки оянда ба ҳайси вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишу таҷрибаи андӯхтаи худ ба мардум дар хизмат бошам, - аз шарм рухсораҳояш арғувонӣ гашта, нақл мекунад ҳамсӯҳбатам Рухсора Нурова.
Оре! Зиндагӣ бо орзуҳояш ширин аст. Дар ин ҷода аллакай Рухсора тӯли фаъолият солҳои 1995 то 2007 дар идораи барномаҳои сиёсии Телевизиони Тоҷикистон, ба ҳайси муҳаррири барномаи сиёсии «Зан ва ҷомеа»-и телевизион, муҳаррири шӯъбаи давлат ва сиёсати рӯзномаи «Ҷумҳурият», мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва аз соли 2007 то ҳол мудири шӯъбаи умумии Раёсати корҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи бой ғун кардааст. Аз сатҳи касбияту кордонии Рухсора барномаҳои телевизионӣ ва мақолаҳои проблемавиаш, мисли «Лифтҳо соҳиб доранд?», «Шоми Душанбе кай чароғон мешавад?», «Рӯзӣ ба нишастан насиби кас намешавад…», «Роҳбарӣ хизмат ба халқ аст» гувоҳӣ медиҳанд. На, Рухсора аз ҳавою ҳаваси мансаб аз рӯзноманигорӣ нарафтааст, балки бо «шарофат»-и иддае аз мардоне, аз рақобати номардона бо занон ҳам рӯ намегардонанд, ба кори дигар гузашт. Рӯзноманигор дар ҳар кору вазифае, ки бошад, рӯзноманигор хоҳад монд. Ҳамин аст, ки фурсат ёфта, гоҳ-гоҳе қалам ба даст мегирад.
Фаъолият дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухсора Нуроваро бо дарду мушкилоти табақаи сахт ниёзманди ҷомеа - нафақахӯрон ва дардманду маъюбон наздиктар кард. То имрӯз кори аз дасташ омадаро барои онҳо дареғ надоштааст. Дар ҳаёт кори нек карданро шиори худ қарор додааст. Инсон набояд фақат дар ғами ҷони хеш бошад. Ҳақ бар ҷониби Рухсора, ки аз ҳама беш дар ҷомеа занону модарон ба тинҷию ободии мамлакат манфиатдоранд, зеро умре тақдири фарзандон модаронро ором намегузорад. Хушбахтона, Рухсора Нуроваи соҳиби хонаю дари обод ва писарчаи дӯстрӯяке бо номи Зоҳирҷон дар якҷоягӣ бо шавҳараш Тоҳир Каримов, сардори шӯъбаи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе дар хизмати халқ мебошанд.
Беҳтарин ганҷ барои инсон қабл аз ҳама сари боло ва рӯи сурх аст, хоса барои бонувон, мисли Рухсораи бо рухсораи арғувонӣ.