Ҳувайдуллоева Нилуфар Нуруллоевна 30 августи соли 1979 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1985 ба мактаби миёнаи рақами 6 ба номи Крупскаяи пойтахт рафта то моҳи августи соли 1992 дар ин даргоҳ таҳсил кард. Моҳи августи соли 1992, баъди қатли ваҳшиёнаи падараш-Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев бо модар ва аҳли оила ба ноҳияи Ашт омаданд.
Таҳсили худро дар ин ноҳия идома дода, соли 1995 мактаби миёнаро хатм кард.
Солҳои 1995-2001 донишҷӯйи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии «Ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат» дар шаҳри Хуҷанд.
Солҳои 2001-2003- коргузор-назоратчӣ дар шӯъбаи полиси андоз доир ба нақлиёт дар вилояти Суғд.
Солҳои 2003-2006- ҳуқуқшиноси ҶДММ «Нур» дар шаҳри Хуҷанд.
Аз соли 2006 то ба имрӯз-адвокати ташкилоти ҷамъиятии «Коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд».
Дафтари аввал:
Падар
Ҳар гаҳ аз хиёбонҳои Душанбе мегузаред, оҳиста қадам бардоред азизон:
Ин хок аз нафаси вопасини чанори соябони ман ларзидаву аз хуни он марди қурбони ҳақиқат об хӯрдааст…
Аз дафтари хотироти Нилуфар
Аввалин сӯҳбати рӯ ба рӯи Ману ӯ атрофи зиндагиномаи падараш буд… шабеҳ ба нафаре, ки навакак аз сайри Моҳ бо сад ҳазор хотироти фаромӯшнашаванда баргаштааст, аз он замони дигар фақат дар ёдгораҳои ширини гумгаштаи тифлӣ монда, қисса мекард…
Аз он замон чандин баҳор хазону чандин кӯҳу пуштаҳои хотирот паси сар шуданд ва ин бор ҳам чун ҳамешагӣ сӯҳбати мо-нафароне, ки фурсати дӯстиамон аз чандин соли ранҷишу қаҳру ноз гузашта буд, дар қаҳвахонаи хурдакаки Хуҷанд аз номи падараш оғоз шуд…
- Интихоби касб ба хотири идома додани пайраҳаи падар буд?
- Албатта, чунки пайраҳаи падарам то ба охир тай назада монд. Шояд қатли ваҳшиёнаи падарам намебуду то ба имрӯз болои сари мо мебуданд, пешаи дигарро интихоб мекардам.
- Аммо, бубин, ки падар то баландтарин вазифа дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ – Прокурори генералии Тоҷикистон расида буданд ва чӣ ҳоҷате буд барои дубора тай задани ин пайраҳа?
- Муҳим вазифа нест. Муҳим, кӯр нашудани пайраҳаи талош барои Адл ва Дод аст, ки мубориза барои ин армонҳои ҷовидонӣ бузургвори хонадони моро ба оғӯши хок бурд. Ман роҳи падарро ба сӯйи мансабҳои калидии соҳаи ҳуқуқ не, балки дар роҳи иҷрои Қонун ва тантанаи Адолат, ки бароям ҳаммаънои номи қиблагоҳам аст, мехоҳам идома диҳам.
- Бубахш, вале ба назари ман чунин менамояд, ки ту ҳама зиндагиатро ба як вожа – падар, ҷамъбаст кардаӣ. Ҳама зиндагии ту ба ин калима оғоз мешавад ва бо ин калима ҷамъбаст мешавад…
- Ҳис мекунам. Вақте падарамро куштанд, ҳамагӣ сенздаҳ сол доштам. Сер нашуда будам аз меҳру навозиш, аз бӯйи падар…Дер меомаданд, вақте мо аллакай хоб будем. Субҳ барвақт мерафтанд, замоне ки мо ҳанӯз чашм накушода. Гуфтаҳои зиёд доштам ба падар, ногуфта монд. Боре ҳам фурсат пайдо накардам, то аз таҳи дил бо он кас нишинаму сӯҳбат кунам.
Ташна мондам, ташнаи якумрии меҳри падар…Дар кадом асаре хондам, ки як гушнаи замони ҷанги дуюми ҷаҳон баъди ба рӯзҳои осоишта расидан, ҳар рӯз нон захира мекардааст, таъми гушнагӣ то дами марг аз ӯ нарафтааст. Ман ҳам ҳамин тавр, то лаҳзаи вопасини умр ташна ба меҳри падар хоҳам монд.
Дафтари дуюм:
Адвокат
Аз ҷанги буққаҳо инсон бурд мекунад на буққа.
Дар бархӯрди одамон ҳам адвокат бурд мекунад на одамон.
Норман Огастин
Ман гиряи ӯро надидаам.
Шояд тақозои вазифааш бошад, шояд одат кардааст, шояд ҳамон тавре иқрор мешавад, дар ботинаш ҳама чиз: ишқ, муҳаббат, раҳмро куштааст?
Намедонам. Вале зиёд дидам, ки чӣ қадар чашмони аз заҳри ғаму навмедӣ хира, чун вопасин умед маҳз ба назди ӯ меоянд.
Вале зиёд шоҳид будам, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои ба қавли баъзе муфаттишон «пойлучу почакандаҳо», ҳама ҳунари касбӣ ва ҳама маблағи доштаашро сарф мекунад.
Вале зиёд шунидам, ки на як бору ду бор нарму «гӯшнавоз» ҳушдораш додаанд, ки бо ин гуна садоқат ба пеша дур намеравад: рӯзе мешавад муфаттишон ба як овозу маслиҳат ҳама парвандаҳояшро «чаппа» мекунанд.
Вале нек медонам, ки рӯзе агар натавонад айбдоршавандаи бегуноҳеро сафед кунад, хуни дил мехӯрад ва ягона тасаллоаш дар ин гуна ҳолат ҳамоно пеши назар овардани симои падар аст. Ва худро таскин медиҳад:
- Падарам дар ин роҳ ҷон бохтааст… ба ҷони ман ки ҳоло қасд накардаанд…
- Нилуфар, дар ҳамин ҳол, метавон гуфт дар мавқеи муқобил бо мавқеи падар дар додгоҳ ҳастӣ. Яъне, он касро бештар чун прокурор мешиносанд туро чун адвокат…
- Сабаби ягона ин аст, ки ба андешаи ман талоши адолат дар ин пеша айни замон заруртар аст. Зиёд шоҳид будам, ки бегуноҳон ба панҷаи оҳанини ноадолатӣ гирифтор мешаванд ва табиист прокурор раҳм намекунад. Судяҳои мо бошанд, бадбахтона ҳоло ҳам мустақилияти комил пайдо накардаанд. Ягона умеди ин нафарони аз замину осмон дастонашон кандашуда, фақат адвокат аст. Аз ин хотир, ман амалӣ кардани хостаҳоям, талоши Адолат ва тантанаи Қонунро дар ин пеша айни ҳол воқеитар медонам. Шояд дар оянда ба мақомоти прокурорӣ ба кор равам.
- Ба назари ман, чунин менамояд, ки дар баҳо додан ба нақши адвокат дар ҷомеа, як андоза муҳобот мекунӣ. Адвокатҳое, ки воқеан метавонанд коре барои гумонбар анҷом диҳанд, дар Тоҷикистон ангуштшуморанд…
- Медонам, ишораи шумо ба он аст ки адвокат имрӯз рисолати касбиашро фаромӯш кардаву бештар ба миёнарави гумонбар-прокурор-суд бадал шудааст. Аммо, бояд ин ҳалқаро шикаст, бояд адвокат мавқеи хешро пайдо кунад, бояд кор дар ин пеша боиси ифтихор бошад. Ҳастанд адвокатҳое, ки номусу нанги касбӣ доранд ва ғами мизоҷро ғами худ медонанду дар роҳи ҳифзи онҳо устуворона талош меварзанд.
- Яъне мисоли қаҳрамони асарҳои Эрл Гарднер - адвокат Перри Мейсон, бояд барои ҳифзи ҳуқуқҳои гумонбар аз ҳама усули қонуниву ғайриқонунӣ истифода бояд кард?
- Ин адвокат қаҳрамони писандидаи ман аст, вале фаромӯш накунед, ки Гарднеру қаҳрамонаш ҳарчанд дар нимаҳои асри бист зиндагию фаъолият мекунанд, вале ҳанӯз бӯи андешаи он ки милисаву прокурор бояд ҳамеша ғолиб оянд, аз димоғи мо нарафтааст. Ва ҳам ба тозагӣ барои ҳуқуқҳои адвокат қоил мешаванд ва ҷомеа зарурати онро, ки бояд дар ҳар муноқиша адвокат дошта бошад, дарк мекунад.
Рӯзҳое буд, ки вақте наметавонистам зери фишанги муфаттишу прокурор мизоҷамро ба таври даркорӣ ҳимоя кунам, мотам мегирифтаму рӯзҳо бо касе ҳарф намезадам.
Рӯзҳое буд, ки вақте медидам чӣ гуна як шахси бегуноҳ ба курсии айбдорӣ нишасту далели кофӣ барои ҳимояаш нест, нимаи шаб бедор мешудаму дар хилват мегиристам.
Рӯзҳое буд, ки шахси бегуноҳеро чун аз курсии айбдорӣ халос мекардам, бароям ид буд, иди воқеӣ ва дар ин лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи зиндагӣ чӣ қадар мехостам пешорӯям падар дубора зинда шаваду боифтихор бигӯяд:
- Духтари дадаш!
Вале, дареғ…
Дафтари сеюм:
Мард
Пештар бо арзи эҳтироми зиёд мардон дар нақлиёт ҷойи худро ба занҳо холӣ мекарданд, имрӯз бошад ин арзи эҳтиром дар холӣ кардани мансаб барои занҳо зоҳир мешавад.
Патрик О'Рурк
Саҳифаҳои матбуоти мо аз оҷизию шикасту нолаҳои зани тоҷик солҳои дароз боз лабрез аст.
Барномаҳои созмонҳои гуногуни байналхалқӣ ҳам дар Тоҷикистон аксар барои ҳифзи ҳуқуқи зан нигаронида шудаву бисёр ҳам шуда, ки талаби ҳуқуқҳояш аз мард ба хонавайронии зан оварда расонидааст.
Ҳатто қароре ҳам қабул шуд дар кишвар дар бораи «баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа».
Вале ҳанӯз ҳам ҳисоботҳо, маърӯзаҳо, шикваю гилаҳо, номаҳову сӯзномаҳо, шеъру достонҳо, ҳама саршори як маъно ҳастанд: Зани тоҷик оҷиз аст!
Лек ҳастанд заноне, ки бо гурдаи мардона, ҷасорату ҷуръат заҳраи зиёд мардонро мекафонанд ва қонунҳои нонавиштаро ба эътибор нагирифтаву алайҳи таассубу ҷаҳл мубориза мебаранд.
Ҳар нафаре Нилуфарро аз наздик мешиносад, ҳатман иқрор мекунад:
- ӯ аз ин хок аст!
- Нилуфар, биё лаҳзае фаромӯш кунем, ки адвокат ҳастӣ. Лаҳзае ба ёд биёр, ки аз ҷинси зан ҳастӣ ва дар ин ҷода шояд эҳсосҳое ҳам бошад…
- Кадом эҳсос? Ишқ? (механдад). Шояд ба назари шумо афсона намояд, аммо барои ман ин эҳсос бегона аст. Ишқ пайраҳаи зиндагии маро тира мекунад ва иҷозат намедиҳам, ки меҳр ба кадом марде орзуҳои маро ҷавонмарг кунад. Хушбахтии ман бояд ба ягон нафар, ягон мард бояд вобаста набошад. Ман худамро бештар аз ҳар каси дигар дӯст медорам.
- Феминистка?
- Неее… Ман эҳсоси мардбадбинӣ надорам, вале вақт нест то дар мавриди хостаҳои каси дигар андеша кунам. Фикр мекунам, мард бояд бо ҳамсари ман шудан худро хушбахт эҳсос кунад, на ин ки бо ӯ ҳамхона шудан барои ман хушбахтӣ бошад.
- Аммо, медонӣ, ту наметавонӣ дар ин масъала бо хостаҳои хеш зиндагӣ кунӣ. Модар, хешовандон… магар мегузоранд, то кору пеша гуфта, умри худро хазон кунӣ?
- Онҳо маро мефаҳманд. Хушбахтии бузургтарини ман ин аст. Медонанд, ки ишқ ба пеша аз ҳама муҳимтар аст.
- Ҳммм… ба ҳар ҳол, дар мардон кадом хислатҳоро меписандӣ?
- Поквиҷдонӣ, адолатпарварӣ, матиниродагӣ, хоксорӣ, мардонагӣ, ҷасурӣ -хислатҳое, ки дар мардон арҷ мегузораму чашмрастарин хислатҳои падарам буданд.
Дар миёни издиҳом нафароне ҳастанд, ки монанд нестанд ба дигарон, - ҳадафу мақсади зиндагии эшон ба дигарон монанд нест.
Ва чун «монанд набудан танҳоист», гоҳо гарон меояд ин танҳоӣ…
Қабзаи сангини муҳит қалбро мефишорад ва ҷарии даҳшатнокеро миёни ту ва ин издиҳом ба вуҷуд меорад.
Гоҳо худро бегона, гоҳо худро оҷиз, гоҳо худро на аз ин дунёву на аз ин мардум меҳисобӣ.
Ва дар ин лаҳзаҳои даҳшатноки танҳоӣ чизе, касе туро барои қадами дигаре гузоштан вомедорад. Ва ба худ мегӯӣ:
- Фақат як қадами дигар, якг дигар ва ин пардаи сияҳи навмедӣ хоҳад дарид!
Ниҳоят, баъди талошҳову хуни дил шуданҳо дармеёбӣ, ки воқеан бузургмарде дуруст гуфта: «Тақдир аз нафароне, ки ҷасурона бо ӯ даст ба гиребон мешаванд, дурудароз рӯй наметобад!»
Ман ҳам, ростӣ намедонам чаро, бовар дорам: «Нилуфар ба ҳама хостаҳо, умедҳо, орзуҳо, ки ин ҳама барояш нақшаи оддии зиндагӣ ҳастанд, мерасад!»
Кош, бирасад!