Довталаб мутахассиси риштаҳои забони русӣ ва иқтисод аст ва дастандаркорони озмун фикр карданд, ки вай дар муошират ба забони давлатӣ душворӣ мекашад ва наметавонад ба таври шоиста ин масъулиятро иҷро кунад. Аммо Моҳистон мутмаъин аст, ки забони давлатиро хуб медонад ва агар дар озмун дигар сифатҳояш бар ҳарифон бартарӣ меёфтанд, ӯ метавонист, ин вазифаро ба хубӣ иҷро кунад.
- Моҳистон барои чӣ Шумо якбора ба курсии роҳбарӣ чашм духтед, оё намешавад, ки сарввал дар озмунҳои сатҳи поинтар ширкат меварзидед? - мепурсам аз вай.
- Довталаб гардидани ман дар озмун тасодуфӣ набуд. Аз соли 2000-ум, пас аз хатми донишгоҳ, бо шартнома дар созмони байналмиллалии «Фокус» дар барномаи боло бурдани сатҳи огоҳии мардум аз хатароти эҳтимолии офати табиӣ ширкат кардам. Сипас дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори донишгоҳи Осиёи Марказӣ ихтисоси иқтисодчиро соҳиб шуда, дар ассотсиатсияи хатмкунандагони он фаъолият кардам. Дар асоси озмун Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон маро ба ҳайси танзимгари барномаи «Умед» ба кор пазируфтанд. Дар доираи ин барнома бо занони маҳаллаҳои шаҳр барои таъсиси гурӯҳҳои манфиатдори амонатгузор ва истифодаи имконоти бонувон барои пур кардани буҷаи оилавӣ бо рушди ҳунарҳои бофандагию ресандагӣ, пазандагӣ ва майдатиҷорат кор кардем. Фикр мекунам, то андозае муваффақ ҳам шудем ва айни ҳол бонувони зиёде ҳастанд, ки маҳсули ҳунарҳои дасташонро ба бозор мебароранд. Алҳол дар ташкилоти ҷамъиятии бонувони «Мадина» ба масоили муҳоҷират ва қочоқи инсон сару кор дорам. Мехостам донишу таҷрибаи ҳосилшударо дар ҷойи кори нав истифода кунам ва аз ин рӯ довталаб шудам.
- Кохи навбунёди ҷавонон дар рӯ ба рӯи утоқи кори ҳозираатон ҷой гирифтааст. Оё аз рӯи мушоҳидаҳои Шумо имкониятҳои ин кох то чӣ андоза самаранок истифода мешаванд?
- Ахиран ба фикри ман кох соҳибашро ёфт. Роҳбари он Руслан Шадиков, агарчанде ҳануз дар курси панҷуми донишгоҳи Хоруғ таҳсил мекунад, аммо шахси қобил ва ташаббускор аст. Вале ду роҳбари қаблии кох тез иваз шуданд ва ин ҳолат баёнгари он аст , ки озмун ба таври шаффоф баргузор нашуд ва ё дар он шахсони арзанда довталаб набуданд. Аммо ман чунин мешуморам, ки барои истифодаи кох имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз ҳам зиёданд. Дар кох омӯзиши кампутар ва забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуданд, аммо ман омӯзиш ва маърифатро асоси кор бо ҷавонон мешуморам ва барои ҷалби ҷавонон ба барномаҳои омӯзишӣ диққати бештар медодам. Боло бурдани маърифатнокӣ ба коҳиши ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонон ба мисли нашъамандӣ, авбошӣ мусоидат менамояд, ба тафаккур ва рафтору кирдорашон таъсир мегузораду дар дилашон умед ва боварӣ ба ояндаро фурӯзон мекунад.
Соли гузашта зиёда аз 10 журналистони мамолики гуногун ба манзури шиносоӣ бо фарҳанги мардуми Бадахшон ба ин ҷо омаданд ва дар помирисур ширкат варзида, онро ҷолиб ва диданӣ дарёфтанд. Фикр мекунам, ки ба намоиш гузоштани тӯйи суннатӣ ва дигар маросимҳои бостонӣ дар кох, бахусус фасли тобистон , тамошогарони зиёди дохилу хориҷиро ҷалб мекард.
Мебинам, ки роҳбари ҷавони дилсӯз бел дар даст гирду атрофи кохро аз барф тоза мекунад. Ман командаеро интихоб мекардам, ки ба лаёқат ва поккориашон бовар медоштам ва ҳар кас вазифаи худро иҷро мекард. Ин ба рушди мустақилият, масъулият ва шахсияти кадрҳои ҷавон мусоидати бештар мекард.
Ман ҳозирам дар асоси озмун ба сифати мутахассис дар ягон идора кори доимӣ дошта бошам, агар маоши хуб пешниҳод кунанд.
- Аммо маоши хуб аз нигоҳи Шумо чӣ қадар аст?
- Бо назардошти болоравии бемайлони нарху навои молу мавод ниёзҳои истеъмолии як хонаводаи хурд ба мисли ману шавҳари бекор ва кӯдакамон аз 200 доллар мегузарад. Аммо ман маоши доимии 500-600 сомониро хуб мешуморам. Он тарафаш боз аз ҳунари бофандагӣ, муҳрабофӣ ва тарҷумонии маводҳо аз забонҳои англисӣ ва русӣ ба тоҷикӣ истифода мекунам. Албатта, шавҳарам низ дасти холӣ наменинад ва ба коре банд мешавад.
Онҳое, ки ин бонуи хоксор, зебо, орому ботамкин ва озодаро дар нишасте ё маҳфиле дидаанд, мегӯянд ки аз рафтори ҳамида ва андешаҳои фарроху аҷибаш дар симои ӯ шахси бодонишу фарҳангро дарёфтаанд. Аммо нафароне, ки Моҳистон бо онҳо кор кардааст, чӣ мегӯянд?
- Моҳистон бо хоксориаш лидери ҳақиқӣ аст, - мегӯяд Озодамо Назришоева, корманди бахши иҷтимоии созмони бонувони «Мадина». - Бидуни саросемагӣ ва изтироб дар як рӯз ҳаҷми зиёди корҳоеро анҷом медиҳад, ки мо ҳама ба ӯ ҳавас мекунем. ӯ ҳамчунин зебоипараст аст. Рассомиро дӯст медорад ва рӯзномаҳои деворию варақаҳои ташкилот маҳсули дасти ӯ ҳастанд.
- Ба мо ҳунари бофандагиро меомӯзонд, аммо вақте худашро рузи шанбе дар бозор дидам, ки попӯшак ва сарпӯшакҳои зебои бачагонаи бофтааш бозоргир буданд, бовар ҳосил кардам, ки ин зан чизеро таълим медиҳад, ки худаш хуб омӯхтааст ва бофандагӣ ба шуғли доимиам табдил ёфт, - мегӯяд Ниёзбегим, сокини шаҳри Хоруғ.
- Ман ба интихоби кадри боистеъдод ҳавсманд ҳастам, зеро муваффақияти ташкилот ба фаъолияти онҳо вобаста аст ,-изҳор дошт роҳбари созмони бонувони «Мадина» Набот Додихудоева. - Моҳистон шахсе ҳаст, ки бо ташаббус ва фикрҳои нав дар пешрафи ташкилот ва боло бардоштани нуфузи он саҳм мегузорад ва барои қобилияту истеъдодаш ӯро ба лоиҳа ҷалб кардам. Ӯ лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ кардааст ва дар худ малакаи роҳбарӣ ташаккул додааст. Дар идораву муассисот низ бонувони арзанда ҳастанд, аммо ба фикри ман барои чи бошад, ки ҳануз ҳам бонувони соҳибистеъдод ва лаёқатмандро кам мебинанд, - афзуд Додихудоева.
Сокини шаҳри Хоруғ Рухшод Ашурова, яке аз бонувоне ҳаст, ки бо нерӯи хастанашавандаи ташкилотчӣ ва кордониву дониши хубаш дар байни ҷомеа маҳбубият пайдо кард. Пас аз 15 соли меҳнат ба нафъи ҷомеа ахиран як ташкилоти байналмилалӣ барояш ҷойи кор пешниҳод кард, вале синни ин бону ба 45 расид. Ҳамкорони Рухшод ҳазл мекунанд, ки тақдир подоши заҳматҳояшро фаромӯш накардааст ва қариб дар остонаи нафақа ӯро қадр кард. Аммо ба гуфтаи Рухшод вай бовар дорад, салиқа ва малакаву дониши Моҳистон, ки нав 30 сол дораду фаъолияаш дар ҷӯшу хурӯш аст, аз ҷониби масъулини идораву муассиоти мақомот дур нахоҳад монд ва нерӯи чунин бонувон барои пешрафт ва шукуфоии кишвар самаранок истифода хоҳад шуд.
Аммо худи Моҳистон чунин мешуморад, ки бахт бар рӯяш хандидааст, зеро вай пайиҳам дар созмонҳои байналмилалӣ кори муваққатӣ пайдо кард. Ба қавли ӯ бонувони зиёдеро медонад, ки бо вуҷуди истеъдод, наметавонанд имкониятҳояшонро амалӣ созанд ва дар дили чунин бонувон набояд оташи боварӣ ба адолати иҷтимоӣ хомӯш гардад.
- Чор нафар хатмкунандаи факултаи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи Хоруғ, ки дар додгоҳи иқтисодии вилояти кор мекарданд ва таҷриба ҳосил карданд, ба далели мутахасиси риштаи ҳуқуқ ҳисоб нашудан аз кор озод шуданд. Аммо давлат бояд барои бозомӯзии кадрҳои ҷавон шароит фароҳам созад ва онҳоро ба кор ва такмили касб дилгарм созад, - изҳор медорад Моҳистон.