Дар таърихи давлату давлатдорию тоҷикон дар ҳама давру замон сарварони фазилатпеша кӯшидаанд дар паҳлӯи худ олимону донишмандонро гирд оваранд ва аз хираду дониши онҳо барои пешрафти корҳо истифода баранд. Беҳтарин тасдиқгари ин падида Анӯшервони одил ва Балъамӣ ҳастанд, ки сутуни хонадони сосониён ва сомониён ба шумор мерафтанд. Боиси шодмонист, ки он падидаи нек имрӯз беш аз пеш дар давлатдории навини тоҷикон эҳё мегардад ва ба кори раҳбарию сарварӣ донишпажӯҳон пазируфта мешаванд. Яке аз чунин шахсони соҳибназар Рухсора Каримхоҷаева аст, ки алҳол ба ҳайси муовини раиси шаҳри Хучанд сарбаландона ва муваффақона ифои вазифа менамояд. Коршиносон мӯътақиданд, ки сарвари ҷавон қодир аст масъулиятҳои ҳарчӣ бештар ва бузургтарро бар дӯш бигирад ва онро бо камоли донишу хиради хеш пеш бубарад. Ин аст, ки мо тасмим гирифтем дар пойи сӯҳбати сарвари уммедбахш бинишинем ва аз ину он чанд суол бикунем.
- Дар замони шӯравӣ, маъмулан, раҳбарон пас аз расидан ба пояҳои мансаб ба илм шуғл меварзиданд ва мансаб зинаи мусоиде барои олимӣ буд. Вале Шумо, баръакс аз маснади илм рӯ ба раҳбарият овардед. Оё интихоби Шумо тасодуфӣ буд ё заминаи воқеӣ дошт?
- Дар фарҳанги ҷаҳонӣ ва миллии мо ҷустуҷӯи илм ва ба даст овардани асрори улум ҷузъи аслии инсони соҳибақлу соҳибфазл шинохта шудааст. Инҷониб соли 2006 дар мавзӯи «Тахфиф дар «Fиёсу-л-луғот»-и Муҳаммад Fиёсуддини Ромпурӣ» рисолаи номзадиро дифоъ намудаам. Аз маснади илм ба сиёсат рӯ овардани ман набояд амри тасодуфӣ бошад. Ин амр марбут аст ба боварӣ ва эътимоди роҳбарият ба як тан бонуи тоҷик, ки дар ҷодаи илм иқдом мекунад. Онҳо шояд дар сиришти ман чизеро дарёфта бошанд, ки дар кори сарварию раҳбарӣ бисёр муҳим аст. Имрӯз ҳарчанд дар мақоми сиёсӣ фаъолият дорам, вале пайваста аз пайи омӯзишу пажӯҳиш ҳастам. Олимию омӯзгорӣ ба андешаи ман дар пешрафти фаъолияти раҳбарии ман хеле кӯмак хоҳанд кард ва яке такмилгари дигарӣ хоҳанд буд.
- Мегӯянд, ки дар тинати Шумо истеъдоди раҳбарӣ аз овони тифлӣ сиришта шудааст.
- Барои камолоти дурусти фикриву ҷисмонии ҳар фарди ҷомеа оила арзиши муҳим ва аслиро соҳиб аст. Бахусус, хонадонҳое, ки ҳамеша он ҷо муҳити созгори маънавият ва маърифат ҳукмрон бошад. Мо дар хонаводае зодаву парварда шудем, ки андешаву зеҳну тафаккур ва рафтору кирдорамон бо ҷомеа пайванди амиқ дошт. Ба таъбири дигар, волидонам моро аз хурдсоливу пайваста водор мекарданд, ки гӯш ба ҳарфи устодону омӯзгорон бидиҳем ва дар маҷмӯи кору чораҷӯиҳое, ки дар дабистону донишгоҳ баргузор мегардид, фаъолона ширкат дошта бошем. Шукри Худо боре ҳам дар андешаи он нестам, ки худро аз корҳои ҷамъиятӣ, корҳои созандагиву бунёдкорие, ки бар суди ҳамагон аст, канора ҷуста бошам.
- Вале мегӯянд, ки роҳбарӣ кардан дар замони кунунӣ басо сангинтар аз даврони шӯравист. Он замон мушкилоти аҳли ҷомеа бештар мушкилоти иқтисодӣ буд. Алҳол мушкилоти иқтисодию иҷтимоию фарҳангию рӯҳию равонӣ фарогири ҷомеа аст. Мисоли рӯшани он афзудани ҳаводиси худкушию сӯиқасд ба ҷон, ҷинояткорию авбошӣ аз ҷумлаи занон аст. Вале ба андешаи Шумо мушкили умдаи ҷомеаи муосир, бавижа бонувон дар чист?
- Таърих собит намудааст, ки дар ҳама давру замон марҳилаҳои гузариш бо мушкилот ва сангинӣ паси сар мешавад. Шукргузор аз қисмат ҳастем, ки ин давраи сарнавиштсозро бо сарбаландӣ паси сар менамоем. Мо аз низоми муайяни замони Шӯравӣ якбора озод шудем, шояд дар марҳилаи аввал барои ин омодагӣ надоштем. Ба назари ман, руҷӯи сиёсати фарҳангии Сарвари давлат ба самти худогоҳии таърихии миллати мо маҳз бастагӣ бар ҳамин дошт, ки мо бояд бо гирифтани сабақҳо аз таҷрибаи давлатдорӣ рафъи мушкилот намоем ва дар канори ин худамон ҳам таҷриба андӯзем. Аз нигоҳи дигар, ворид шудани мо ба фазои комилан озоду демократӣ дар канори атои дастовардҳои зиёд як муҳитеро ба миён овард, ки дар он фарҳангу тамаддунҳои мухталиф ба ҳам рехтанд ва дар ин гирудор ва бархурдҳои фарҳангҳои гуногун ба тафаккур ва андешаи насли нав зарурати интихобро пеш овард. Аз ҷангу набардҳои фарҳангӣ бояд мо муколамаи фарҳангҳоро интихоб менамудем. Ҳамин фазо ба назари ман як навъ мушкилоти равониро дар ҷомеа бар замми бархе аз муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ эҷод кард. Аммо агар баҳси куллӣ дар мавриди худи мушкилоти бонувон равад, баробари он масоиле, ки Шумо арз кардед, таъсири ҳамин ҷанги расонаӣ ё иттилоотиву фарҳангӣ низ ошкор мегардад. Ошкор гардидани бархе аз усулҳои ба истилоҳ муосири худкушӣ бар асари муносибатҳои ночиз дар хонаводаҳо аксар аз пахши филмномаҳои фаровоне, ки имрӯз ба бозори синамои мо ворид мешавад, маншаъ мегирад. Аз сӯи дигар, ҷойи таасссуф аст, ки сатҳи савод ва маънавияти бонувони ҷавон хеле паст аст. Ҷорӣ кардани квотаи президентӣ барои духтарони деҳот, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бурдани синну соли никоҳи духтарон аз 17 ба 18-солагӣ боиси то андозае коҳиш додани мушкилоти духтарону бонувон гардид. Худкушӣ, танфурӯшӣ, фурӯши инсонҳо, мубтало шудани духтарону бонувон ба бемориҳои гуногуни сироятию зӯҳравӣ, нашъамандӣ, ба қаллобию дуздӣ даст задании ҷинси зан аз ҷумлаи мушкилоти сангини ҷомеаи мо ҳастанд, ки бояд ҳаллу фасл шаванд.
- Оё Шумо дар мисоли раҳбарони пешину кунунии ҷамеаи муосир идеал ё улгу доред ва чаро маҳз ӯ оинаи ибрати Шумост?
- Бароям рӯзгору пайкори Бобоҷон Ғафурову Мҳатма ва Индира Ганди, Маргарита Теччер, Беназир Бҳутто ибратангез аст, ки умри хешро сарфи саодати мардуми хеш намудаанд. Аз сиёсатмадорони кунунӣ нисбати Эмомалӣ Раҳмон, Ангела Маркел, Хилларӣ Клинтон эҳтироми бузург дорам ва мехоҳам аз онҳо бисёр чизҳои некро биёмӯзам.
- Комилан решакан кардани зуҳуроти номатлуб, чун маҳалгарову қавмгароӣ, ошнобозию ришваситонӣ вақт мехоҳад. Вале Шумо дар роҳи аз байн бурдани он пиёда кардани кадом корҳоро вазифаи аввал мешуморед?
- Бояд дар шуури мардум таҳаввулот кард. Ташкили сӯҳбату мулоқотҳои пайвастаю ҳадафманд бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҷалби ҷавонон ба илму сиёсату сарварию варзишу фарҳанг судманд аст. Аз нерӯи тавонои расонаҳои хабарӣ истифода бояд бурд. Аҳли ҷомеа бояд бидонад, ки Тоҷикистон ватани ҳамаи онҳое аст, ки дар ин сарзамин зиндагӣ доранд. Ҳамагон бояд даст ба дасти ҳамдигар дода ин Ватанро обод кунанд.
- Мегӯянд, ки дар муошират бо хурду бузург басо хоксору самимӣ ҳастед. Ва оё хоксорӣ барои шахси раҳбар ҳамеша муассир аст?
-Ман панди Хоҷа Ҳофизи Шерозиро ҳалқа ба гӯши хеш кардаам, ки фармуда буд:
«Ҷойи гул гул бошу ҷойи хор хор».
Самимиятро хуш дорам. Вале хоксории аз меёър зиёда, маънии аслию воқеии тавозӯъ ва хоксориро барҳам мезанад.
- Шуморо волидайн дар партави кадом шиору усули зиндагӣ, яъне принсипҳои хаётӣ тарбият кардаанд? Ва ҳоло, ки худ модар ҳастеду тарбиятгар, пас фарзандони худро дар кадом рӯҳия тарбият мекунед?
- Падарам тайи солҳои дароз дар маӄомоти давлатӣ масъулият доштанд. Вале волидайну ниёкони бузург ҳаргиз моро нозпарвард тарбия накардаанд. Онҳо моро дар рӯҳи покизагиву поктинатӣ, ростӣ, эҳтироми хурду бузург, донишандӯзӣ, муҳаббат ба Ватан парвариш намудаанд. Ман низ ба фарзандони худ мехоҳам, қабл аз ҳама, ин сифатҳоро биёмӯзонам.
- Шумо мақому манзалати марди муосири тоҷикро чӣ тавр арзёбӣ мекунед? Оё ӯ чӣ рӯзгореро аз сар мегузаронад ва ниёзе ба дастгирию ҳамдилӣ дорад?
-Файласуфе гуфтааст, ки зиндагонӣ аробаест, ки онро зану мард бояд баробар бикашад. Вале дар фарҳанги миллии мо агар зан посбони оташ бошад, пас мард чун сарвари хонадон эътироф шудааст. Зеро марди тоҷик ҳамеша тавонманду ҳушманд, ботадбиру нотарс, ҳимоятгари бонувон, ғамхору меҳрубон буд ва имрӯз низ бояд чунин бимонад. Марди имрӯз бояд аз ҳаводиси замонаи муосир бохабар ва дар муносибату муошират бо ҳамсару хоҳарону духтарони хеш беш аз пеш самимитар бошад. Аз сӯйи дигар мо мардро чун сарвару сутуну меҳвари хонадон бояд эҳтиёт кунем. Зеро бе сутун иморат бақо надорад ва дер ё зуд фурӯ хоҳад рафт.
- Мегӯянд, хурду бузурги деҳаи Рӯмон аз зарофату ҳазлу базлагӯӣ бархурдоранд. Шумо низ хуш доред, ки ба дигарон мазоқу шӯхӣ бикунед ва бештар дар кадом мавридҳо?
- Ҳаҷву мутоиба ва базлагӯии мардуми Рӯмон ба ҳаддест, ки ҳатто дар китобҳои ҳаҷву танзи яке қаҳрамонҳои шӯхтабъ ба истилоҳи румонӣ ҳам ёдовар мешавад ва ин албатта, шоистаи ифтихор аст, ки сиришти софу покизаи ин мардум боиси хушҳолии дигарон гардидааст. Аслан, хандидан ва хуш буданро кӣ намехоҳад? Охир ханда сабаби умри дарози инсон аст. Ба кавле, « Ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад». Ба назари ман, дар мавриду ҷойи зарурӣ бо дӯстону пайвандон шухӣ кардан дуруст аст.
-Агар ба Шумо Сарвари кишвар кори боз ҳам пурмасъултарро пешниҳод мекарданд, қабул мекардед? Рӯзи нахустини фаъолияти хеш дар он вазифа ба чӣ кор машғул мешудед?
- Дар оғози сӯҳбат гуфтам, ки пешниҳоди вазифа аз ҷониби раҳбарияти давлат ин нишони боварӣ ва эътимоди эшон аст ва ман пеш аз ҳама дар ҳама лаҳзаву соат талош меварзам,ки ба ҳамин боварӣ ва эътимод сазовор бошам. Эътимод ва боварӣ бузургтарин ҳадяву тӯҳфа, қадршиносию намакшиносӣ барои инсони некдил аст. Шахсе, ки ин эътимодро барҳам мезанад, аз ҷумлаи носипосон маҳсуб хоҳад шуд. Инсони носипос аз марҳамати Худо маҳрум аст. Ҳар коре, ки мекунем бояд оқибати фарҷоми нек, созандаю бунёдкорона дошта бошад. Саодати мардум бояд ҳадафи аслӣ бошад.
- Пештар сархати ҳама рӯзномаҳоро ҷумлае аз Манифести Партияи Коммунистӣ таҳти унвони «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо муттаҳид шавед!» ташкил медод. Алҳол мо бояд зери кадом шиору ормони миллӣ муттаҳид шавем?
- Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек.