Соли 2008 – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ишғоли маснади мудири шӯъбаи саноат дар Кӯлоб озмун эълон кард. Миёни чанд тан аз довталабони ин мансаб, ки ҷумлагӣ мардҳо буда, бархе таҷрибаҳои кофии кори низ доштанд, як духтараки ситорагарми деҳотӣ низ номнавис буд. Албатта мушорикати ӯ дар ин озмун ҳайрати бисёриҳоро бедор кард, зеро иштироки як духтари кӯҳистонӣ дар озмуни саноатчиён дар ин шаҳр барои нахустин маротиб буд. Рӯзи озмун дар ҳоле, ки довталабони дигар миёни ҳам аз масоли чор ақсои олам сӯҳбат мекарданд, ӯ кунҷаке дар даст як китобе марбут ба соҳаи саноат ва машинасозии даврони Шӯравӣ интизори даъвати комиссиун буд. Ҳайати комиссиун аз дониши доштаи ӯ дар ин соҳа қаноатманд шуданд ва ӯ дар озмуни мазбур ғолиб омад.
Аммо то он замоне, ки Шаҳзода ба чунин як коре муваффақ шавад чи заҳматҳоеро пушти сар накард, агарчи ин заҳматҳо аз кори соҳаи саноат андаке дур буданд, аммо ин ҳама барои як зан имтиҳони хоси зиндагӣ маҳсуб меёфт. Ҳанӯз овони мактабхонӣ дар деҳаи Зиракии хоҷагии ба номи Ҳамадонии ноҳияи Кӯлоб Шаҳзода интихобан фанҳои физикаву математикаро дӯст медошт. Ба чи гунагии техникаву технология, заводу фабрик мароқ зоҳир мекард. Ҳамин орзуҳо баъди хатми мактаб соли 1993 ӯро ба даргоҳи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб оварданд. Шаҳзода яке аз муваффақтарин донишҷӯёни факултаи физика ва математикаи ин дошнишгоҳ буд. Сифатҳои роҳбарӣ ҳанӯз дар давраи мактабхонӣ дар вуҷуди Шаҳзода ҳувайдо буд ва айёми таҳсил дар донишгоҳ ин нишонаҳо бештар аён гаштанд: Шаҳзода тӯли панҷ сол сардори гурӯҳ буд. Донишгоҳро бо баҳои аъло тамом кард. Пештоз бояд бигӯем, ки таҳсили Шаҳзода бо риштаи физика - математикаи Донишгоҳи Кӯлоб иктифо наёфт ва ӯ ҳамчунин бахши гумруки Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро ғоибона хатм кард. Аммо замоне, ки Шаҳзода Донишгоҳи Кӯлобро ба итмом расонд, барои дар соҳаи санот кор кардан имконоти комил фароҳам набуд. Ва ҳам корхонаҳои саноатии шаҳри азизаш анқариб ҳама дар музоядаҳои сарсарӣ фурӯхта шуда, маҳсулот истеҳсол намекарданд. Шаҳзода роҳ сӯи мактаб гирифт ва ба тарбияи фарзандони халқ пардохт. Тӯли ним сол дар мактаби зодгоҳаш деҳаи Зиракӣ таълими насли наврас кард ва сипас фаъолияти кориашро дар литсеи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб идома дод. Дар кӯтоҳтарин муддат аз обрӯмандтарин устодони литсей гардид. Кулли чорабинӣ ва озмунҳои фаннии сатҳи шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ бидуни иштироки шогирдони ӯ доир намегаштанд. Шумораи зиёди грамотаву дипломҳои шогирдон гувоҳ аз гуфтаҳои болост. ӯ аз замони хурдсолӣ ҳама гуна корро то ҳадди лозима ва бо масъулияти тамом анҷом медод. Дар кори тарбиятгарӣ низ ба унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон шарафёб шуда, Соли 2007 унвони «Беҳтарин муаллими сол» -ро гирифт.
Садорати тозатаъини шаҳри Кӯлоб соли 2008- ро «Соли саноат» эълон намуд ва барои амалӣ сохтани ин ҳадаф завқ ва иродаи Шаҳзода барин нафарон сахт ба кор омад. Эъломи тасмими ҳукумати маҳал ба соли аввали кории Шаҳзода Тағоевна рост омад ва анҷоми аҳдофи феълӣ бо назардошти фалаҷ будани соҳа хело душвор буд. Аммо бону Шаҳзода наҳаросид, балки худро дар рӯ ба рӯи як мушкили вижаи сеюмин калонтарин шаҳри Тоҷикистон устувор гузошт. Дар ин асно Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таи як сафари худ ба шаҳри Кӯлоб эълом дошт, ки « Кӯлобро ба шаҳри саноатӣ табдил медиҳем» ва гуфтаҳои Сарвари давлат маъсулияти шаҳрдоронро афзун кард. Ҳамакнун дар пеш бардошти қиммати сухан ва иҷрои супоришу дастурҳои Сарвари Миллат ва имиҷи шаҳри азиз меистод. Албатта дар ин роҳ маслиҳатҳои раиси вақти шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев, ки худ аз саноатчиёни шинохта ва саршиноси кишвар аст, ба кор омаданд. Раис эҳсос мекард, ки бори саноатро кашидан ба бозуи ин духтари ҷавон гаронӣ мекунад ва пайваста аз таҷрибаи бузурги худ бархӯрдораш мекард. Зеро ба ӯ ҳамчун ба мутахассиси ояндадор нигоҳ менамуд. Бо як нигоҳ ба оморҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб фаҳмидан мумкин аст, ки дар раванди иҷрои ин барнома саноати Кӯлоб ба чӣ мувафақиятҳо ноил шуд, ки дар ин кор саҳми Шаҳзода рӯшан бозгӯ мешавад. Зеро то ҷорӣ гаштани ин барнома 22- корхонаи саноатии шаҳри Кӯлоб анқариб фаъолият намекарданд ва агар мекарданд иқтидори истеҳсолии ночизе доштанд. Барои пойбарҷо кардани ин корхонаҳо ва баровардани онҳо аз вартаи нестшавӣ меҳнати шабонарӯзӣ ва азму иродаи қавӣ лозим омад. Дар тамоми корхонаҳои саноатӣ ислоҳоти кули ҷорӣ гашта, барои оғози кор ба онҳо қарзҳои дарозмуддат дода шуд. Барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати маҳсулот аз таҷрибаи корхонаҳои бузурги дунявӣ бизнес-планҳо тартиб ёфтанд ва инак чандин сол аст, ки ҳар рӯзи сешанбе дар корхонаҳои шаҳри Кӯлоб бо навбат семинарҳо гузаронида мешавад. Яъне дар Кӯлоб рӯзи сешанбе-Рӯзи саноатчиён шуморида мешавад. Ин ҳама заҳматҳо барабас нарафтанд. Дар як муддати кӯтоҳ иқтидори истеҳсолии корхонаҳо афзоиш ёфт, маҳсулоти ин корхонаҷот инак дар бозору марокизи савдои пайдо шуданд ва ба қавли дигар ҳамин «яхи калон», ки барои рушди саноати Кӯлоб монеъи бузург маҳсуб меёфт, шикаст. Оморҳо гувоҳи онанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2010 –ум 94- млн сомониро ташкил кард. Ин дар ҳолест, ки ин рақам дар соли 2007-ум ҳамагӣ 45 млн-ро ташкил мекарду бас. Бояд гуфт дар пушти ҳамаи ин музаффариятҳо заҳматҳои доимӣ, ҷаҳду талоши рӯзафзун, шавқу завқ ва иродаву матонати як зан баръало намоён аст.
Албатта кори саноат саҳл нест ва он ба қавле бозӯи мардонаро талаб мекунад, аммо Шаҳзода худ ин роҳро интихоб карда ва то ба ҳадафҳои ниҳоӣ расидан онро тарк нахоҳад кард. Дар кору рӯзгораш садҳо монеъҳо пеш омаданд, аммо ӯ поид. Зеро ба қавли ӯ инсон ҳар кореро пеша кунад бояд аз натиҷаи некаш худ ҳаловати рӯҳиву ҷонӣ бубарад. Он гаҳ рислати худро иҷро карда шуморидан имкон дорад. Ба қавли Шаҳзодабону дар пеш як идда аҳдофи ҳанӯз анҷом наёфта истодаанд ва онро танҳо бо эътиқоди баланди касбӣ ва ҳисси бузурги масълуятшоносӣ ва албатта садоқат ба диёри азиз метавон поён кард. Кӯлоб чун шаҳри саноатӣ бояд шукӯҳу ҷалоли худро берун аз марзҳои кишвар намоён кунад. Барои ин мо бояд ҳарчӣ зудтар ва зиёдтар бо истифода аз захоири дохили маҳсулоти олисифати бозоргир истеҳсол кунем. Аз технологияи муосир истифода кунем ва дар ҳамоҳангӣ бо корхонаҳои бузурги олам коҳил набошем. Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва бастани шартномаҳои корӣ бо эшон аз вазифаҳои аввалини мост. Ин ҳама василаи баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рушди соҳаи саноат дар Кӯлоб хоҳад буд.
Ба дӯши Шаҳзодаи мо зиёда аз ин рисолат боз вазоифи модарӣ низ бор аст, ки эшон аз ӯҳдаи он ҳам то имрӯз бо сарбаландӣ мебарояд. Тарбия фарзанд ва кори рӯзгордорӣ. Шаҳзода мегӯяд хизмати шахс бо анҷоми вазоифи давлативу ҷамъиятӣ пеши халқу Ватан анҷом намеёбад, балки бузургтарин хизмат ба Ватан-ин тарбияи неки фарзандон аст. Дар зиндагӣ ба онҳо расидагӣ доштан ва эшонро ба роҳи дуруст ҳидоят кардан - хизмат ба Миллат аст. Дар хонадони Шаҳзода ду фарзанди хубрӯ- Фархунда ва Умедҷон, ки ҳарду низ муҳассили мактаб мебошанд аз тарбияи олами маъонӣ ва дарси мактаби ватандӯстӣ бархӯрдоранд. Зиндагии ӯ мисли ҳамон чашмаест, ки аз тангнои як дараи борику торик миёни тарқишҳои замин, зери харсангҳои бузург ҷорӣ гашта ахиран худро ба паҳнои як дашти калон расонида аст. ӯ дар ин гирудор ба қавле аз ҳалоҷии зиндагӣ гузашта, як тани комил дар зиндагӣ ва як фарди масъул дар кор гашта аст. Шаҳзода дар зиндагӣ нафарест, ки ҳамаро бо зӯри бозӯи худ кардааст ва қадамҳояш барои амали кардани мақсадҳояш қавӣ ва хело устуворона чида мешаванд.
Миннат аз ҳамраҳии Хизр кашидан ситам аст,
Ҳаркӣ об аз дами шамшер хӯрад, нӯшаш бод.