Исми ин бону барои ҳаводорони барномаҳои кишоварзии Телевизиони Тоҷикистон ошност. Сатторзода Гулчеҳра Маннон корро аз идораи фарҳанг шурӯъ карда, маҳораташро анқариб дар тамоми идораҳои телевизион сайқал дода бошад ҳам, ҳоло бештар ба омода намудани хабару гузоришҳои кишоварзӣ шуғл меварзад. Иқрор мешавад, ки чун фарзанди деҳқон наметавонад аз хоки зархез ҷудо бошад. Ҳамкорон бо эътиром мегӯянд, ки ӯ рӯ ба замин овардааст»…
Кӯдакиам…
Бештар дар саҳро гузаштааст. Модарам дар колхоз механизатор буданд. Мошини калони пахтачинӣ меронданд. Аввалин бонуеанд, ки ба гирифтани ҷоизаи ба номи Зайнаббибӣ мушарраф гардидаанд. Депутати Совети Олии Тоҷикистон ҳам буданд. Меҳри замин бо меҳри модар ҳамҷоя дар шарёни хуни мо - фарзандон ҷорист. Ман ҳам аз синфи 5 аллакай аъзои колхоз будам. Баъди кор, вақти говгум чун ҳама болои мошин мебаромадем, ҳушу хаёлам баръакси ҳамсолонам, ки ба шӯхиву ҳаёҳуй овора буданд, банди зебоии ғуруб ва табиати афсункори деҳ қарор мегирифт.
Дар деҳаи Арчаи ноҳияи Фархор таваллуд шудаам. Падарам киномеханик буданд. Он замон кинотеатрҳои замонавӣ ва кохҳои фарҳангии бошукӯҳ набуданд, филмҳоро дар девори хонаҳо ба намоиш мегузоштанд. Шояд шуълаи меҳри касби падар бошад, ки хоҳарбузургам Муҳаббат Сатторӣ ба коргардонӣ рӯ овард ва имрӯз аз шумули беҳтаринҳост.
Дар кӯдакӣ бештар китоб мехондам. Солҳои донишҷӯӣ низ барои супурдани санҷиш ё имтиҳоне бояд аввал 25 номгӯи адабиётро мутолиа мекардем. «Дохунда», «Ёддоштҳо», «Духтари оташ», «Ривояти суғдӣ», «Вафо», «Субҳи ҷавонии мо» ва даҳҳо дигар шоҳкориҳои адабиёт ҷаҳонбиниамонро такмил медоданду маҳорати суханвариро сайқал мебахшиданд.
Телевизион…
Роҳи ман ватандорист! Ифтихор аз он дорам, ки шарафи фаъолият дар яке аз дастгоҳҳои асосии идеологии кишвар – телевизиони Тоҷикистонро дорам. Аз хурдӣ орзуи журналист шуданро дар дил мепарваридам. Замони таҳсил дар синфи 10 ба ҳайси барандаи озмуни «Ғунчаҳои санъат»-и вилояти Кӯлоб ба Душанбе омадам. Солҳои аввали донишҷӯӣ иштирокчии фаъоли барномаҳои адабии телевизион будам. Баъди хатми донишгоҳ корро аз телевизион шурӯъ намудам. Он солҳо танҳо як шабакаи телевизионӣ доштем.
Соли 1998 дар давраи роҳбарии шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ сармуҳаррири идораи барномаҳои фарҳангии телевизиони Тоҷикистон таъйин шудам. Дар суҳбат дасту по хӯрдаму гуфтам, ки кашидани бори ин масъулият бароям гарон аст, шояд натавонам. Раис бо ҷиддияти хос гуфт: «Ту метавонӣ!».
Он солҳо дар хусуси тамоми чеҳраҳои адабиву фарҳангии шинохта барномаҳо сабт кардам. Сабтҳои нодири устодони сухан Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Гулрухсор ва Фарзонаро дорам. Масалан, устод Лоиқ дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе бар дарахте такя зада мегӯяд:
Ношукрии ишқ аст ҳамин пиршуданҳо,
Дил додаву дил бурдаву дилгиршуданҳо…
ва ё ҷое дар хараке, дар боғи Айнӣ нишаставу қироат мекунад:
Ту беҳтарин таронаи дили манӣ,
Ту умри шоиронаи дили манӣ.
Туӣ, ки ғарқи гул шудам дар ошиқӣ,
Ту боғи пурҷавонаи дили манӣ!
Ин ҳама аз канзи барномаҳои мананд. Агар дар ғанӣ гардидани бойгонии пурарзиши Кумитаи телевизион ва радио андаке саҳм гузошта бошам, ин боиси иршоду саодатмандии ман аст.
Солҳои гуногун сармуҳаррири идораи фарҳангии «Субҳ», идораи барномаҳои иқтисодӣ, идораи барномаҳои кишоварзӣ, гурӯҳи эҷодии «Фаросӯ» будаму аз ҳар идораи телевизион барои худ чизе омӯхтаам. Ҳоло муҳаррири варзидаи идораи барономаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон ҳастам…
Ситора…
Ҳеҷ гоҳ набудам ва буда ҳам наметавонам. Ман як инсони заминиву самимиам. Барои ҳамин рӯ ба замин овардаам. Дар суҳбати деҳқоне будан, арзи дилашро шунидан бароям беҳтарин амалест. Зимни сафаре ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боғеро дидам бо дарахтони ғарқи гул. Мошинро нигоҳ доштаму аз наворбардор хоҳиш кардам ин зебоиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ба навор бигирад. Соҳиби замин аз дур осемасар ба наздамон омад. Чун фосила каме наздик шуд, «духтарам, ин туӣ!», гӯён хурсандона садо дардод. Нашинохтам…
Хеле зеҳн мондаму ҳодисае ба хотирам омад. Соли 2006 барои инъикоси рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонии ҳаҷман калон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафар кардем. Дар қабулгоҳи раиси ноҳия марде журналист буданамонро фаҳмида, наздамон омаду имдод талабид, ки бо вуҷуди доштани тамоми ҳуҷҷатҳо барояш замин намедиҳанд. Аз масъулон хоҳиши расондани ёриро ба ин мард карда будам. Инак, ғайриинтизор он мард рӯ ба рӯям қарор дошт. «Духтарҷон, ман як инсони бефарзандам, имрӯз дар масоҳати 5 гектар замине, ки доданд, ин боғро бунёд намудам, то баъди сарам одамон аз мевааш ком ширин кунанду дар ҳақам дуо бифристанд», - мегуфт бо шодмонӣ он деҳқон. Он лаҳза аз хурсандӣ сарам ба осмон мерасид…
Таҳқиқоти журналист…
Барои ин барнома барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ гардидам. Мақсад аз пахшаш танҳо дарёфти роҳи ҳалли мушкили мардум буд. Телевизион нигоҳи тоза, ҷустуҷӯ ва ҷасорат мехоҳад. Агар боре мавзӯъро ҳазм накарда пеши тамошобин худнамоӣ кунӣ, чун шахсият аз хотири бинандаи закӣ ҳазф мешавӣ.
Аввали солҳои навадум мо - журналистон барои як пора нон бо садоқат заҳмат мекашидем, Ватан мегуфтему дили мардумро ба ин обу хок гарм мекардем. Дар хусуси масъалаҳои мавриди ниёзи мардум меандешидем…
Маҷаллаи «Сарзамин»…
Вақте бо судури фармоне хостанд чанде аз журналистони телевизионро ба радио гузаронанд, дар фикри рӯи кор овардани як маҷаллаи сирф соҳавӣ афтодам. То ин дам дар кишваре, ки 70 фисади мардум дар деҳот зиндагӣ ва аз ҳисоби кишоварзӣ ризқ пайдо мекунанд, нашрияе, ки танҳо ва танҳо аз мушкилу дастовардҳои кишоварзон бигӯяд, мавҷуд набуд. Бо мақсади пур кардани ин холигоҳ ва бо дастгирии роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаеро бо номи «Сарзамин» таъсис додем, ки соли 2015 шумораи аввалинаш дар арафаи ҷашни Истиқлолият, ба дасти хонанда расид.
Барои хуб донистану фаҳмидани соҳаи замин ва кишоварзӣ дар синну соли нисбатан бузургтар боз рӯ овардам ба донишомӯзӣ ва ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон супурдаму донишҷӯ шудам.
Мехоҳам дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як гурӯҳи эҷодие бо номи «Сарзамин» таъсис бидиҳаму филмҳои хуби мустанаде аз махсусиятҳои фарҳангии ҳар минтақаи кишвар омода намоям, ки дархӯри хостаҳои тамошобин бошанд.
Шукр…
Шукргузориам василаи пешрафту пирӯзиҳоям дар зиндагист. Шукр, ду фарзанд дорам. Духтарам Рухшона оиладор, соҳиби як наберачаи дӯстрӯ бо исми Нозанин ҳастам. Писарам Бузургмеҳр дар литсейи инноватсионии Душанбе бо баҳои аъло таҳсил дорад. Забондон, ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанни математика аст. Бо ӯ меболам. Сармояе, ки ҳеҷ гоҳ ба итмом намерасад, баръакс, бо гузашти солҳо меафзояд, ин додани тарбияву дониши хуб ба фарзандон аст.
Гулноза БОБОМУРОДОВА