Бо ин садои мутантани наттоқон бори аввал барномаҳои радиои Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ карда буд. Инак, аз он рӯз то имрӯз 82 сол сипарӣ шуд.
Таърихи пайдоиши радио бо исми олим ва ихтироъкори он Александр Попов алоқанд аст. Дар шаҳри Москва ҳанӯз соли 1917 радиоро чун воситаи таблиғ мавриди истифода қарор дода бошанд ҳам, аммо аввалин садои радиоӣ барои шунавандагони тоҷик, соли 1930 пахш шудааст. Шурӯъ аз ҳамон рӯз мардуми Тоҷикистон дигар имкони шунидани пахши барномаҳои радиоии марказӣ ва маҳаллиро доштанд.
Шунавандаи ахбор он замон радиоро чун воситаи асосии дарёфти иттилоъ аз ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишвар қабул намуд. Муҳаррирони онвақта асосан аз пешрафти соҳаҳои сохтмон, саноат, кишоварзӣ, фарҳангу иҷтимоиёт барномаву гузоришҳои радиоӣ омода мекарданд. Онҳо ба инъикоси масъалаҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ камтар таваҷҷӯҳ доштанд.
Солҳои аввали таъсисёбӣ на ҳама имкони дастрасиро ба ин қуттии сеҳрноки сухангӯ, яъне радио доштанд. Мардум онро асосан дар кӯчаҳои марказӣ, бозору чойхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ гӯш мекарданд.
Каме баъдтар, радиошунавонӣ хеле солҳои 1950-1960 низ рушд кард. Дар ин давра насби қуттиҳои радиоӣ дар хонаву коргоҳҳо, мактабу ташкилотҳо оғоз шуда, дигар мардум дар ҳар куҷое, ки дилашон мехост, имкони шунидани радиоро доштанд. Дар солҳои 60-ум мардуми ноҳияву деҳаҳои дурдасттарини Тоҷикистон ҳам радио гӯш мекарданд. Баъдтар бо тавсеаи матбуоту телевизион ҳам радио мавқеи хешро аз даст надод.
Дар замони муосир сатҳу сифати барномаҳои радиоӣ ҳам аз ҷиҳати мавзӯву масъалагузорӣ ва ҳам аз ҷиҳати техникӣ хеле пешрафт кардааст. Имрӯз шунавандаи радио имкони бохабар шудан аз тамоми воқеоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ, фарҳангии дохилу хориҷро дорад.
Баробари пешрафти ВАО фаъолияти радио низ тадриҷан равнақ ёфта, дар баробари давлатӣ, радиоҳои мустақил низ арзӣ ҳастӣ карданд. Дар ин росто радиои «Тироз» аввалин радиои иттилоотиву фарҳангии хусусиест, ки соли 2000 дар шимоли кишвар, шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард. Баъдан, паси ҳам шабакаҳои радиоии «Ватан», «Ориёно», «Азия плюс», «Садои Душанбе», «Имрӯз», «Овози тоҷик», «Тироз плюс» ва «Ховар» рӯи кор омаданд.
Ба истиқболи 82-солагии таъсисёбии радиои тоҷик «БТ» тасмим гирифт дар хусуси ҷавонтарини радиои кишвар «Ховар» ба хонандагон маълумот пешниҳод намояд. Роҳбарияти АМИТ «Ховар» бошад, Дилшода Ҷонмардоваро чун масъули асосии ин радио бароямон муаррифӣ карда, хоҳиш намуд, то пиромуни фаъолияти ӯ матлаб таҳия созем:
Prime-time-И Радиои «Ховар»
Мегуфтанд, ки чеҳраи телевизионӣдорам, аммо…
«Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ чун коромӯз бо идораи Радиои Тоҷикистон омаду рафт доштам. Ҳамкорӣ бо кормандони ин муассисаи фарҳангӣ, лаззат бурдан аз сӯҳбатҳои донишмандон, завқ бурдан аз суруду мусиқиҳои ҷаззоб, бо шунавандагон ҳамеша дар тамос будан, ба шодиву ғами дигарон шарик шудан ва пайваста дар ҷаҳони иттилоот қарор доштан, меҳри маро нисбати касби наттоқӣ афзун намуд. Мехостам наттоқ бошам. Аммо устоди арҷманди донишгоҳиам Асадулло Саъдуллоев ҳамеша чеҳраву нутқи телевизиониамро асос оварда, тавсия медод, ки журналисти телевизионӣ шавам. Маслиҳати устодро эҳтиром гузоштаму ба телевизион омадам. Вале муҳити телевизион бароям бегона буд. Ҳамагӣ 4 моҳ дар Шабакаи аввал кор кардаму аз он ҷо рафтам».
Интихоби ман рӯи АМИТ «Ховар» қарор гирифт
«Вақте бори аввал барои ошноӣ бо фаъолияти кормандони АМИТ «Ховар» ба дафтари муассиса омадам, аз муҳити созгору коллективи пурқуввати эҷодии ин ҷо хушам омад. Бо тавсияи Зафар Саидов, директори онвақта фаъолияти худро ба ҳайси муовини сармуҳаррири бахши тоҷикии оҷонсӣ оғоз кардам.
Баъди чанде Садриддини Шамсиддин, директори имрӯзаи мо ба кор омаду идеяи рушди «Ховар»-ро бо худ овард. Ҳадафи ӯ дар заминаи АМИТ «Ховар» таъсис додани радиову телевизиони «Ховар» буд. Бо кӯшишу заҳматҳои вай моҳи сентябри соли 2011 радиои иттилоотӣ - фарҳангии «Ховар», ки ҳадафи он расонидани хабару иттилооти муҳиму саривақтӣ ба мардум аст, рӯйи кор омад».
Аз масъулият тарс доштам
«Аввал маро ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири радиои навтаъсис таъйин карданд. Баъди ду моҳи фаъолият роҳбарият вазифаи сармуҳарририи онро бар зиммаам вогузошт. Ростӣ, аввал каме ҳаяҷон ва тарс доштам. Медонистам, ки масъулият донишу малака ва азхудгузаштанҳоро тақозо дорад. Аммо боз ҳам ба хотири эҳтиром гузоштан ба боварии устодон худро ҷасур гирифтам, нақшаву дурнамоҳо тартиб додам ва бо дасту дили гарм рӯзи аввали кориамро ба ҳайси сармуҳаррир аз сабту пахши барномаҳои ҷадид оғоз бахшидам. Имрӯз вақти таҳлилу баррасӣ ба пас менигараму мебинам, ки нақшаҳои бисёр муҳимеро роҳандозӣ кардем ва инро ҳам дарк сохтаам, ки дар замони иттилоот, ки дарёфти фазову пайдо кардани аудитория кори саҳл нест, мо тавонистем дар ҳамин чанд моҳи фаъолият шунавандагони худро пайдо намоем».
Дар вақти кор як корманди оддиам…
«Хабарҳои радиои «Ховар» танҳо як бор пахш мешаванд. Коршиносон низ яке аз омилҳои фарқкунандаву муваффақ будани онро маҳз дар набудани такроргӯӣ ва пахши чандбораи хабарҳо медонанд.
Ман дар лаҳзаҳои корӣ на чун як роҳбар, балки ҳамчун як корманди оддӣ баробари дигарон заҳмат мекашам, талош менамоям, ки ҳар ҳарфу садои мо бамаврид бошаду ниёзҳову хостаҳои шунавандагонро бо назардошти имконот бароварда созем.
Мекӯшам, ки ҷавонон бештар ба кор ҷалб шаванд. Барномаҳои «Накҳати роз», «Дар меҳмонии «Радио-Ховар», «Зервана» ва чанде дигар маҳз бо кӯшишу талоши ҷавонони болаёқат рӯи кор омадаанд, ки имрӯз байни шунавандагон шинохта шудаву маҳбубияти хосаеро низ касб кардаанд.
Ҳамчун нафари масъул, ки бахши муҳими мудирият бар зиммаам вогузор шудааст, анқариб ба ҳамаи барномаҳои шабакаҳои радиоии дигари Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорам ва дар самти бозорёбиву ҷалби шунавандагон радиоҳои «Тоҷикистон», «Имрӯз», «Овози тоҷик», «Садои Душанбе»-ро бо барномаҳои ҷолиб ва пахшу фарогирии васеъ муваффақу пештоз мебинам».
Бархурди кӯҳнаву нав
«Бархе коршиносони собиқадор бар он назаранд, ки сатҳу сифати барномаҳои радиоӣ солҳои охир хеле коста гаштааст, вале коршиносони дигар бар он ақидаанд, ки имконияту зирфияти барномаҳои радиоии имрӯз аз дирӯз хеле фарқ мекунад. Бубинед, замони пеш барномаҳои радиоӣ бо ҳаҷми бисёр калон пахш шаванд ҳам, иттилои камтаре барои шунаванда пешниҳод мешуд. Имрӯз радио ниёз ба кӯтоҳбаёнӣ дорад. Шунавандаи муосир барномаҳои ҳаҷман бузургро намепазирад. Дар журналистикаи имрӯз фаврият муҳим аст. Аз рӯи як назарсанҷии анҷомдодаи мо низ маълум шуд, ки шунавандагон бештар радиои моро барои мӯъҷаз, мушаххас, дурусту сареъ ва саривақт пешниҳод намудани иттилоот интихоб менамудаанд. Забону услуб низ муҳим аст».
Сарояндаву сурудҳо
«Сурудҳои радиои «Ховар»-ро бештар мутахассисон муайян мекунанд. Мешунавам, ки дар баъзе шабакаҳо ба хотири таблиғ аз сарояндагон маблағ талаб мекардаанд, аммо дар мо ин шеваи корбарӣ нест. Ба хотири дастгирии ҳунармандони ҷавону боистеъдод, ҳамкорӣ бо сарояндагони ҳирфаӣ, имкони пахши ройгони сурудҳои онҳоро фароҳам овардаем».
Prime-time-и Радиои «Ховар»
«Аслан, ҳар радио услуби хоси пахши барномаҳоро дорад ва муайянкунандаи эфири родиоӣ низ маҳз самти интихобкарда дониста мешавад. Чун радиои «Ховар» радиои иттилоотӣ ва баъдан фарҳангӣ аст, мо дар прайм-тайм (Prime-time) ё худ соатҳои аз ҳама зиёд шунаванда дошта, асосан ахбори муҳим пахш менамоем.
Дар орзуи кадри хуб
«Аз рӯйи мушоҳидаҳоям мушкили камбуди кадр имрӯз дар тамоми намуди ВАО эҳсос мешавад. Дар радиои «Ховар» низ мувоҷиби ин мушкилем. Ба журналистони ҳирфаиву соҳибандеша ва ба наттоқони хуб эҳтиёҷ дорем. Аз диди тоза, садои нав, истеъдоди касбӣ ҳамеша истиқбол мекунем».
Гулноза Бобомуродова