Вале ҳамзамон миёни ҷомеа зиёд сару садоҳое ҳам баланд мегарданд, ки дар бисёр ҳолатҳо кадрҳои хуб паси парда мемонанду аксаран мансабу вазифаҳо бо дарназардошти маҳал, хешу таборчигӣ, ёру ошнобозӣ ва ҳатто тариқи ришваситонӣ тақсим мегарданд. Албатта дар ҷомеаи воқеан демократӣ мавҷудияти андешаҳои зиду муқобил ё тарафдору бетараф амрест маъмулӣ. Ҷой доштани андешаҳои мухталиф ва гузашта аз он ибрози оммавии онҳо нишонаи ҷомеаи озоду демократист.
Пӯшида нест, ки сиёсати давлатии мо дуруст ба масоили баробарии ҷинсиятӣ (гендерӣ) равона гардида, барои дарёфти тавозуни ширкати марду зан чи дар идоракунии давлатӣ ва чи дар ҷомеа чандин иқдомҳоро роҳандозӣ кардаем, вале ҳанӯз барои расидан ба ин тавозун роҳ дур аст.
Хоса барои мавқеи сазовор пайдо кардани занон Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гомҳои ҷасурона ва дар муқоиса бо дигар кишварҳо фарқкунандае гузоштааст, ки пурра амалӣ гаштани онҳо дар рушди кишвар натиҷаҳои назаррасе хоҳанд дод.
Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ки нашрияи хосаи таъсисдодаи Президенти кишвар барои занон аст, тавре ки қаблан гуфта будем, ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмунеро таҳти унвони «Чеҳракушоӣ» роҳандозӣ намуданист.Дар ин замина бо силки қалами мардон (сармуҳаррирон ва рӯзноманигорони варзида) симои 20 зани арзандаро пеши назари аҳли ҷомеа рӯшан намуда, бо кашфи ин истеъдодҳои арзанда ба мақоми сарварӣ ҳам дар амалӣ гаштани Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» саҳм гузоштанисту ҳам шакли алтернативии дарёфти кадрҳоро дар ҷомеа роҳандозӣ карданӣ.
«Бонувони Тоҷикистон» ҳамчун як минбари сиёсии занон тибқи талаботҳои оинномавии хеш муаррифгари беҳтарин чеҳраҳои занони кишвар буд ва ҳаст. Аз ин рӯ дар ин соли хосаи ҷашнҳои сиёсӣ ба ҷомеа ва Ҳукумат кашф ва пешниҳод сохтани 20 чеҳраи сазовору арзанда ба мақоми роҳбарӣ, як иқдомест, ки бори дигар таъкид воқеъияти сиёсати давлатӣ - аз мақоми волои зан дар умури давлатдорӣ ва зарурати ширкати фаъолаш дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, пайғом медиҳад.
Мардони соҳибқалам ва дар журналистика шинохтаи кишвар бояд бо сеҳри қаламу ҳунари волои кашшофии хеш дар истеъдоди инсонҳо захираҳои ақлии занонеро дар ин чеҳранамоӣ тавре бояд баркушоянд, ки воқеан беғаразона, одилона ва воқеънигорона бошад. Бо ин амали худ ҳар як чеҳракушо, яъне муаллиф бояд ба ҷомеа собит намояд, ки интихоби ӯ - интихоби ҳунар, истеъдод, маҳорат, малака ва донишу ақл аст, на ягон ғарази дигар.
Агар ин чеҳракушоӣ воқеан мардона сурат бигирад, ки мо ба ин шубҳа надорем, маҷаллаи шумо – бонувони арҷманд, собит хоҳад кард, ки дар тӯли 5-сол бар иловаи як сарчашмаи иттилоотӣ хидмат кардан барои шумо, боз рисолати муаррифгарӣ ё чеҳракушоии беҳтарин бонувони ҷомеаро низ иҷро хоҳад кард.
Ҳадафи марказии ин иқдом - озмун дарёфти истеъдодҳои нодири бонувони арзанда ба сарварӣ ва ишғоли мансабҳои муносиб, дар ин замина ба хидмати халқу ватан ҳидоят кардани беҳтарин мутахассисон аз ҳисоби занон аст. Ҳамчунин собит намудани он андешаест, ки дар кишвари мо як ҷомеъаи воқеан шаҳрвандӣ, ташаккул меёбад ва мардум дар пешбурди он фаъоланду дар қабули қарорҳо саҳм мегиранд.Ин тарзи пешниҳоди алтернативии интихоби кадрҳо ва ё дарёфту ба ҷомеъа пешкаш намудани истеъдодҳо воқеан ширкати аҳли ҷамоатчигӣ дар пешбурди давлатдорист.
Мусаллам аст, ки ҷомеае, ки аз ақли зан истифода карда наметавонад, рушд нахоҳад кард. Пас, ин чеҳраҳо, ки фардо битавонанд бо ақлу заковат ва истедоди худ соҳаеро пеш бубаранд, танҳо ба хотири рушди ҷомеъа ва кишвар бояд кашф бигарданд.