Муаррифӣ:
Наргис Қурбонова, аввалин зан-бонкир дар музофоти Кӯлоб.
Хатмултаҳсили Шӯъбаи иқтисоди ДДК.
Беҳтарин бонкири соли 2011 дар минтақаи Кӯлоб.
Ба андешаи ӯ: «Зан тобандатарин чароғест, ки сайёраеро бо исми Замин мунаввар сохтааст».
Мо Наргисро дар ҳоли гузаронидани маҷлис дарёфтем. Замони ворид гаштанамон ба толор ишора кард, ки кунҷе ҷой бигирем. Дар раванди як чаласаи кӯчак бархе аз хусусиятҳои бону Наргисро ҳамчун як роҳбар дарёфтем. Бо тамкин, бо салобат, сахтгир ва дар айни замон бо маданияти хос ва фаросати воло. Бо ин ҳама метавон чеҳраи кушода ва ҳалими занонаро зам намуд, ки овони сӯҳбат бо ӯ мушоҳида кардем. Пештоз бояд бигӯем, ки таъйини Наргис Қурбонова ба ин маснад, пайки хушеро низ ба думбол овард. Аз ин ба пас, филиали дар шаҳри Кӯлоб будаи «Тоҷиксодиротбонк» бонки минтақавӣ шуда, даҳ навоҳии музофоти Кӯлобро хизмат хоҳад расонид. Ҳамакнун ба гуфти Наргис масъулият афзуд, зеро шумораи мизоҷони доимӣ ва плосткортҳо хеле хоҳад зиёд гашт. То ин замон шумораи мизоҷони ҳамешагӣ дар Кӯлоб 1087 нафар ва миқдори мизоҷони кортҳо беш аз даҳ ҳазорро ташкил мекард.
Ба қавли Наргисбону нақшаи зиёд кардани бонкаматҳо дар шаҳр ва акнун навоҳии минтақаи Кӯлоб дар ҳоли барномарезист. Чунки мизоҷон дар гирифти маблағҳои худ набояд азият бикашанд. Бо Наргис атрофи қарзи бонкӣ сӯҳбат оғоз мекунем. Ӯ мегӯяд: «Усулан, аз нигоҳи муносибати касбӣ бояд гуфт, ки ҳадафи бонки мо низ чун тамоми бонкҳои дигар ба даст овардани фоида аст, аммо дар ин радиф, мо ба рушди соҳаи тиҷорат, саноат, кишоварзӣ ва соҳоти мухталифи дигари минтақаи Кӯлоб, ки мутобиқ ба барномаҳои ҳукуматӣ тақвият мехоҳанд, кӯмак мерасонем. Мӯҳимтар аз ҳама бояд арз дорам, ки эътимоди мардум ба бонк дигар шудааст. Даҳ, понздаҳ сол қабл мизоҷони бонкро бо ангушт шуморидан мумкин буд. На ҳар кас майли дар бонк гузошти амонати худро дошт. Руйиҳамрафта кам касон ба фаъолияти бонкҳо бовар доштанд. Имрӯз бубинед, ки дар бонкҳои шаҳри Кӯлоб ҳазорон нафар амонати худро гузошта, қарз мегирнад ва ирсолу интиқоли маблағҳои худро ба роҳ мемонанд».
Чун Наргис аз понздаҳ соли қабл ёдовар шуд, фурсате фаро расид, ки саҳифаи китоби собиқаашро варақ бигардонем. Ӯ табассумкунон афзуд, ки 20 сол аст, ки дар соҳаи бонкӣ фаъолият мекунад. Нозукиҳои ин тахассусро аз устодони саршиноси соҳа- Тоҷиддин Пиров, Наталя Назаршоева ва Абдукарим Неъматов омӯхтааст. Наргис дар ин соҳа нафари обтубоёфта аст. Зеро аз соли 1993 то ин дам, ки ҳамчун аввалин зани бонкир дар Кӯлоб унвон гирифт, дар «Ориёнбонк» аз ходими оддӣ то муовини сармуҳосиб ва дар «Тоҷиксодиротбонк» то ҳадди муовинӣ расида аст. Чун аз мушкилоти мавҷуда пурсон шудем гуфт: « Мушкили мо дар он аст, ки ҳанӯз мардум бархе аз арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дуруст дарк накардаанд. Онҳо масъулияти худро камтар эҳсос менамоянд. Қарз мегиранду бозпас намегардонанд. Гумони ғолиб бар он аст, ки маблағҳоро берун аз нақша ва ё «бизнес-планҳо» и худ истифода мекунанд, ки сари вақт онро баргардонида наметавонанд.
Дар феҳрасти хизматрасонии бонк хизматрасонии хоса ё ба истилоҳ вип-хизматрасонӣ мавҷуд аст, ки бонк онро дар нисбати мизоҷони алоҳида ба роҳ мемонад. Барои мизоҷон вобаста ба давомнокии амонати мегузоштаашон 15 ва 18 фоизи солона муайян шуда аст, ки ба қавли бештари мизоҷони бонк қобили қабул мебошад».
Сари як сӯҳбати кӯтоҳ дарёфтем, ки дар ин маснад ва аслан ин соҳа Наргис чеҳраи тасодуфӣ нест, балки гуфтаҳояш асоснок ва фаҳмишҳояш хело бикр мебошанд. Зиёда аз ин малакаи хуби муносибот бо одамон дорад. Дар бонк 50 нафар фаъолият мекунанд, ки аз ин шумор 13 нафарашон занон мебошанд. Ҳангоми шиносоӣ бо раванди кор мушоҳида кардем, ки Барномаи дастгирии ҷавонон хело хуб риоя мешавад, зеро 97 фисади ходимони бонк ҷавонон мебошанд, ки бо чеҳраи кушод ва лутфу меҳрубонӣ ҳар як мизоҷро қабул ва гусел мекарданд.
Наргисро дар кор як зани ба қавле пур аз арқом дарёфтем, дар зиндагӣ низ зани боиффат ва модари 4 фарзанд мебошад. Ӯ мегӯяд: «Ману шавҳарам - Юсуфҷон якдигарро хеле дӯст медорем. Нуктаи муҳими дигари рӯзгори мо дар он аст, ки Юсуф маро ҳамчун зани коргар ва масъул қабул кардааст».
Дарёфтем, ки Наргис мисли бисёр занҳо кадбонуи хуб буда, дар чорабиниҳои коргоҳ остин барзада, санбӯса мепазад ва ҳамчун зани дунёдида хӯришҳои ба истилоҳ бисёре аз халқҳои оламро омода карда метавонад.
Мо дар шахси як зани соҳибмартабаву соҳибҳунар, Наргис Қурбонова ба мардум шодиву фараҳи рӯзгор, тинҷиву амонии мулк ва сарҷамъии наздикону пайвандонро таманно дорем.
Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ