Завқ
Ӯ дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Падар дар самти илми дақиқ заҳмат мекашиду модар дар риштаи рӯзноманигорӣ. Аз овони кӯдакӣ майлу рағбат ва шавқи зиёд ба навиштану эҷод дошт. Ҳавас мекард, ки аз пайи модар биравад. Чун дар оилаи онҳо шабнишиниҳои фарҳангӣ зиёд доир мешуданд, ба завқи ӯ бетаъсир намонданд. Мекӯшид, китобҳои зиёдеро мутолиа намояду мисли падару модар ва амакҳояш ҳамадон бошад. Пас аз дарсҳо, ба ҷойи кори модар мерафту ӯро ҳамроҳӣ менамуд. Мисли модараш, Мавлуда Шарифзода, собиқ раиси бахши Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки собиқаи 40-солаи корӣ дар риштаи журналистика дорад, ба даст қаламу қоғаз мегирифт ва гӯиё ба таҳрири маводе мепардохт…
Аз хурдсолӣ бо чусту чолокӣ ва хушзеҳниаш аз ҳамсолонаш фарқ мекард. Мустақилиятро дӯст медошт. Ташаббускор буду озодандеш. Ҳамин буд, ки аз 13-солагӣ ҳамчун хабарнигор дар рӯзномаи наврасону ҷавонони «Лочин»-и вилоят ба фаъолият оғоз намуд. Матлабҳояш бахшида ба ҳурмату эҳтироми калонсолон, ободу тоза нигоҳ доштани ҷойи зисту макон ва ғайра рӯи чоп меомаданд. Аз ҳамон овон ҳаққи қалам мегирифту аллакай барои худ мустақилиятро пеша намуда, дар оила саҳм мегирифт…
Пеша
Дар мактаб фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ роҳандозӣ гардиду Дилноза нисбат ба омӯзиши он рағбат пайдо намуд. Баҳсҳои судиро зиёд тамошо мекарду ҳаваси ҳуқуқшинос шуданро дар қалб мепарварид. Соли 2007 гимназияи №1 ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳри Хуҷандро поён бурд. Талошҳояш ӯро ба кӯи мақсуди донишҷӯӣ овард. Баъди итмоми таҳсил дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияташро ба ҳайси омӯзгори донишгоҳи мазкур оғоз кард. Дар баробари пешаи омӯзгорӣ, ҳамчунин, ба ҳайси унвонҷӯи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ пазируфта шуд.
Малакаву кордонӣ аз назар дур намонданд. Дилноза Аҳмадзодаро раиси Шӯрои духтарони Ҳизби ХДТ дар вилояти Суғд интихоб намуданд. Ҳамин тавр, раиси Шӯрои духтарони вилоят, баъд роҳбари мактаби омода кардани кадрҳои хизматӣ таъйин гардид.
Дар анҷумане, ки соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе доир гашт, сухан ронд. Пас аз он, ӯро ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба кор хонданд. Ӯ аввал ҳамчун сардори раёсати рушди туризм ва сипас сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии кумитаи мазкур ифои вазифа намуд. Баъд аз ду сол Дилнозаро ба сифати муовини раиси кумитаи мазкур пазируфтанд.
Мартаба
Баробари шурӯи кор дар ин ниҳод, бо роҳбарияти кумита клуби «Волонтёрон»-ро таъсис доданд, ки алҳол беш аз 5 ҳазор нафар ихтиёриёни ҷавон аъзо мебошанд. Ҳамчунин, бо ташаббуси бевоситаи Дилноза Шӯрои духтарон ифтитоҳ ёфт, ки оид ба этикаи либоспӯшӣ, фарҳанг, маданияти зан-модар ва монанд ба ин мавзӯъҳо ба бонувони коргоҳ ва ҷавондухтарон омӯзонда мешаванд. Бо даъвати занони собиқадор амсоли Руқия Қурбонова, Марҳабо Ҷабборӣ, Хайринисо Юсуфӣ ва дигар чеҳраҳои шинохта мунтазам чорабиниҳои омӯзишӣ доир мегарданд.
Барои илмомӯзии ҷавонон талош варзида, курсҳои гуногунро пиёда намудааст. Аз ҷумла, дар якҷоягӣ бо корхонаи воҳиди давлатии биржаи меҳнатии ҷавонон, курсҳои омӯзишии ройгон барои ҷавондухтарони аз 14 то 30 - сола ба роҳ монда шудааст, ки онҳо аз ҳунарҳои қаннодӣ, дӯзандагӣ, адрасбофию қолинбофӣ, ороиши рӯю мӯй ва маърифати оиладорӣ баҳравар мегарданд. Пас аз се моҳи омӯзиш ба ҳар кадоми онҳо ҳуҷҷати махсус тақдим мешавад. Дар баробари ин, барои садди роҳи пошхӯрии оилаҳо гардидан, бо ҷавондухтарону писарон суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳад.
Ҳамчунин, бо талошҳои ӯву роҳбарияти кумита тайи се сол мешавад, ки дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Модар озмуни «Модар-Алла» баргузор мегардад. Бо ин роҳ ҷавондухтарон аз тарзу усули сурудани «Алла» огаҳӣ пайдо намуда, барои омода шудани онҳо ҳамчун модар, замина фароҳам меорад. Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз тасмим доранд, ки дар шаҳри Кӯлоб фестивали «Чакан»-ро баргузор намоянд.
Ҳамқисмат
Тақдир риштаи умри Дилнозаро бо хонаводае пайваст, ки ҳамагӣ аз табори зиёӣ буда, ӯро дар ҳама ҷода дастгиру ёваранд. Меваҳои муҳаббати ӯву шавҳараш Фирдавс ду гулписар аст…
- Барои зан, аз ҳама муҳим, дастгирии шавҳар аст. Дар ин ҷода бонуи хушбахтам, ки ҳамсари ҳалиму меҳрубоне дорам. Вақте муҳити оилавӣ солим аст, зан ҳам дар ҷомеа мавқеи хешро пайдо месозад. Ҳарду ба таълиму тарбияи фарзандон камари ҳиммат бастаем. Талош меварзем, то вақтамонро бо фарзандон бештар сипарӣ намоем, - мегӯяд ӯ.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ