Нашрияи «Бонувони Тоҷикистон»-ро ғолибан ба минбари духтарону занон унвон мекунанд. Ин буд, ки маро низ баъди мутолиаи чандин шумораи маҷалла майлу хоҳиши истифода аз ин минбар боло гирифт, то розу ниёзҳои дар дилам нуҳуфтаро гуфта бошам.
Имсол бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд. Ҳазор ташаккур ба Сарвари давлат барои иқдоми навбатии созанда.
Ман, Гулрафтор Ҷалилова, соли 1986 таваллуд шудаам. Падарам омӯзгори фанни физика ва математика. Модарам қаҳрамонмодар буда, ман духтари панҷуми оила ба шумор меравам. Хонадораму соҳиби ду фарзанд.
Синни мактабравии ман ба солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Мардуми Тоҷикистонро ҳам ҷанг азият медоду ҳам қаҳтӣ. Падарам назди заводи нон соатҳои дароз навбат меистод, то барои мо хлеб оварад. Маҳз Пешвои муаззами миллат мардуми тоҷикро ба ҳам овард, сулҳро ба нақди ҷонбозиҳояш барқарор сохт, ки давлат рӯ ба шукуфоӣ овард.
Агар кас гузаштаи худро ёд накунад, ё одам нест, ё аз ин олам нест. Боре дар хонаамон нон набуд. Падарам дар кӯҳдоман нахӯд кошта буд. Ҳосилро ҷамъ кард ва бо маслиҳати модарам 6 кило дастранҷро ба осиёб бурд. Осиёбон, ки яке аз шогирдони падарам буд, бар ивази нахӯд орди гандум дод.
Ёд дорам, нонро назди мо мениҳоданду худ намехӯрданд, то фарзандон сер шаванд. Алорағми душвориҳои зиндагӣ падару модари меҳрубонам моро хононда, соҳибкасб намуданд. Ҳама бо баҳои хубу аъло мактаби миёнаро хатм намуда, таҳсилоти олӣ дарёфтем. Ҳар кадом аз рӯи касби дӯстдоштаи худ таъмини ризқу рӯзӣ мекунем.
Касби интихобнамудаи ман орзуи деринаи амалинагаштаи падари меҳрубонам буд. Соли 2004 мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, бо Квотаи президентӣ дар факултаи банақшагирии иқтисодиёти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон тамдиди таҳсил кардам ва онро соли 2009 сарбаландона ба поён расондам ва ба зодгоҳам баргаштам. Бо мақсади тақвияти донишам дар деҳаамон тӯли ду сол ба ҳайси саркитобдор заҳмат кашидаму баъдан ҳуҷҷатҳоямро ба ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» супурдам. Аз он рӯз бад-ин сӯ ҳашт сол мешавад, ки дар ин коргоҳ ба ҳайси муҳосиби мол ва ашёи корхона фаъолият мебарам. Ман аз касби интихобкардаам розиам ва мефахрам, ки дар чунин коргоҳи бузурги хидматгузори мардум ифои вазифа мекунаму таъмини зиндагӣ.
Дар шуъбае, ки масруфам, танҳо ман зан ҳастам. Ҳамкоронам инсонҳои хубу хоксоранд ва ҳурмату эҳтиромамро ба ҷо меоранд. Ҳар лаҳза назари неку мадади онҳоро эҳсос мекунам. Ман аз маъмурияти муассиса, шахсан аз директори генералии он Комилов Алӣ Фозилович бисёр миннатдорам. Инсони хоксор, санъатдӯст, боилму бофарҳанг ва ватандор мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ сатҳи хидматгузорӣ боло рафтааст. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат кормандони фаъолро рӯзҳои иду ҷашнҳо бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои молӣ қадр менамояд.
Аз баракати тадбирҷӯии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб риштаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба таври бесобиқа рушд кард.
Дар хотимаи навиштаҳоям гуфтаниям, ки ҷавондухтарон баъди хатми мактаби миёна кӯшиш кунед, то ягон касбро омӯзед, соҳибилм шаведу боҳунар. Дар ин сурат аз зиндагии шоистаи худ меболед ва лаззат мебаред.
Гулрафтор ҶАЛИЛОВА,
шаҳри Кӯлоб