Мувофиқи Низомномаи Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» иштирокчӣ бояд вобаста ба самти фаъолияти худ бо забони тоҷикӣ лоиҳаеро пешниҳод намояд, ки ба беҳтар гардидани фаъолияти сохтор ва бартараф намудани камбудиҳои соҳа равона шуда бошад. Лоиҳаи аз ҷониби Сайфиддинова М. пешниҳодшуда «Такмил додани дониши молиявӣ ва фарҳанги андоз» ном дошт.
Вақти муаррифии лоиҳа, ҳайати комиссия хоҳиш намуданд, ки саҳифаҳои алоҳида бо забони англисӣ, фаронсавӣ ва ё русӣ сурат гирад. Ин бароям ғайри интизор буд. Шояд сатҳи забондонии моро бо касбият якҷоя баҳогузорӣ мекарданд, - мегӯяд Манижа Сайфиддинова.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар соли 2023-ро Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд, ки ба 24-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бахшида шуда буд.
Киҳо бояд ширкат варзанд?
Аз 20 мақомоти иҷроияи марказӣ ва 16 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шумораи кормандон аз ҳисоби занон агар аз 30 дарсад боло бошад, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии амалкунанда 24,7 фоиз, аз ҷумла, кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Дар Озмуни мазкур тибқи талаботи Низомнома занон-хизматчиёни давлатӣ новобаста аз синну сол иштирок карда метавонанд. Барои иштирок дар Озмун ҳуҷҷатҳои довталаб 20 рӯз пеш аз баргузории озмун ба Комиссияи озмун пешниҳод карда мешавад. Талабот ба довталабон:
а) Сифатҳои касбӣ: сатҳи дониши сиёсӣ ва касбӣ; иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ (сифатнокии натиҷаи кори хизматчии давлатӣ, дараҷаи интизомнокӣ); донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таърих ва фарҳанг; донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ; малакаи кор бо технологияҳои иттилоотӣ (электронӣ); татбиқи самараноки донишу таҷриба дар мансаби ишғолнамуда; такмили ихтисос; таҷрибаи корӣ (собиқаи меҳнатӣ); қобилияти таҳлилӣ; маҳорати ифодаи фикр;
б) Сифатҳои кордонӣ: идоракунӣ, банақ¬шагирии раванди кор ва кор бо тобеон (ҳам¬корон), маҳорати ташкили кор (қобилияти таш¬килотчигӣ ва ташаббускорӣ); маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; масъулиятшиносӣ, доштани қобилияти идоракунӣ ва роҳбарӣ.
в) Сифатҳои ахлоқӣ: одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба инсон, шаҳрвандон ва кормандон; поквиҷдонӣ, адолатнокӣ, ботамкинӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.
Кӣ ғолиб шуд?
Манижа Сайфиддинова зодаи замони Истиқлол буда, аз имкониятҳои ин давр бархӯрдор аст. Вай дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи зиёӣ ба камол расидааст. Падараш номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, модараш табиб мебошанд. Модар ба хотири тарбияи фарзандон тарки пеша намуда, пайи нумӯи фарзандон талош меварзад.
Манижа ҳанӯз дар синфи ибтидоӣ иштирокчии озмунҳо буд. Ҳамин буд, ки директори вақти Гимназияи №1 - и шаҳри Душанбе волидонашро огоҳ намуд, ки Манижа ройгон дар даргоҳи онҳо илм омӯзад. Интихоби директор аз ин хонанда хато набуд. Вай ба Академияи хурди илмҳо аъзо шуду дорои дипломи дараҷаи 1 гардид. Иштирокчии фаъоли олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурияви ва байналмилалӣ буд. Дар синфи 11 вай дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ва «Ҳуқуқи инсон» иштирок карда, бо назардошти дар ин олимпиадаҳо ишғол намудани ҷойҳои намоён, бе супурдани имтиҳонҳои давлатӣ ба факултети ҳуқуқшиносӣ ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳхат мегирад. Манижа соли 2010 Гимназияро бо медали тилло хатм намуд.
Дар Донишгоҳ низ чун гавҳар миёни ҳамсабақон медурахшид. Иштирокчии фаъоли олимпиадаҳо ва соҳиби Ҷоми Донишгоҳ шуда буд. Донишгоҳро соли 2015 бо дипломи аъло тамом кард ва тариқи роҳхат ба Кумитаи андози кишвар ба кор омад. Фаъо¬лияташро ҳамчун мутахассиси раёсати хизматрасонӣ бо андозсупорандагон оғоз бахшида, шуруъ аз соли 2019 ба ҳайси сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолият дорад.
- Роҳбарияти Кумитаи андоз барои рушди иқтидори кадрии кормандон тадбирҳои судмандеро роҳандозӣ менамояд. Ҳоло се корманди мо дар курсҳои омӯзишии дусола дар Ҷопону Чин қарор доранд. Барои табодули таҷриба кормандони мо ба Австрия, Чин ва дигар давлатҳои пешрафта равона мегарданд.
Манижа дар баробари корҳои назаррас дар озмун дар номинатсияи занони хизматчии давлатие, ки собиқаи кориашон аз 6 то 10 сол аст, иштирок намуд. Дар ин бахши озмун иштирокчиён хеле зиёд буданд. Довталабон аз рӯи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ карда мешуданд: - навиштани иншо бо забони давлатӣ; навиштани диктант бо забони русӣ; муаррифии лоиҳаи довталаб оид ба беҳтар намудани фаъолияти воҳиди сохторӣ/мақомоти давлатӣ ва бартарф намудани камбудиҳо дар самти муайян; кор бо технологияи иттилоотӣ; саволу ҷавоб.
- Ростӣ, боварӣ надоштам, ки ғолибият насиби ман мегардад, чун дар даври ниҳоӣ 52 нафар иштирокчӣ будем, - мегӯяд Манижа. - Паҳлуи хуби дигари озмун ин буд, ки довталабон бо якдигар аз наздик шинос шудем. Ҳамчун як хизматчии давлатӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон хеле сипосгузорам, зеро имрӯз бонуи тоҷикро дар соҳаҳои гуногун дидан мумкин аст.
Дастоварди зан
Дар муваффақияти зан нахуст волидон, ки бояд духтарро хононанду соҳибилм гардонанд, баъдан ҳамсар саҳм дошта метавонанд. Хушбахтона, ҳамаи инҳо дар хонадони мо пойбарҷост. Аз волидони хеш мамнунам, ки маро раҳнамоӣ ва дастгирӣ намуданд. Ману шавҳарам шарикдарсем. Дар оилаи мо муҳаббату эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ мақоми хосса дорад. Мекӯшем, то ду фарзандамонро дар руҳияи солим ба воя расонем. Ман омодаам баҳри Ватан хизмат намоям, - мегӯяд Манижабону.
Аз он хушамон омад, ки Манижа Сайфиддинова ҳамчунон забонҳои русӣ, англисӣ ва фаронсавиро балад будааст. Шиораш дар зиндагӣ «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» мебошад.
Фарзона ВОСЕЕВА