Малола Юсуфзой дар синни 11-солагӣ дар ҷаҳон бо шарофати саҳифае, ки барои Би-би-си навишта буд, машҳур гашт. Дар саҳифааш ӯ дар бораи зиндагии худ зери режими Толибон ва талоши онҳо барои ба даст овардани водии Свот, андешаҳояшро дар бораи рушди таҳсили духтарон муфассал нақл кардааст. Малола Юсуфзой Ҷоизаи миллии сулҳи Покистон барои тавсифи блоги худ дар бораи ин рӯйдодҳоро гирифт. Соли 2012 дар мактаби тобистона, ки аз тарафи равияҳои байналхалқии марксистӣ дар Сват гузаронида шуд, ширкат варзид.
9 октябри соли 2012 ҳангоме ки бо автобуси мактабӣ ба хона бармегашт, нафарони ниқобпӯши силоҳбадаст вориди автобус шуда, аз миёни кӯдакон Малоларо ҷустанд ва ҷониби ӯ оташ кушоданд. Тир аз сару гардан гузашта, аз китф баромада буд. Ду духтаре, ки дар паси Малола нишаста буданд, низ захмӣ шуданд. Малоларо дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ҳарбии шаҳри Пешовар оварданд ва касе ба сиҳат шуданаш бовар надошт.
Вақте аҳволи Малола муътадил гашт, ҳукумати Покистон кумак кард, то ӯ ба Британияи Кабир парвоз кунад. Ин духтари қавиирода табобатро дар беморхонаи шаҳри Бирмингем идома дод.
16-уми октябри соли 2012 намояндагони Ҳукумати Покистон дар Лондон Малола Юсуфзойро бо Ситораи Ордени Шуҷоат сарфароз гардониданд. 12-уми июли соли 2013 дар рӯзи шонздаҳсолагиаш дар қароргоҳи ИМА дар шаҳри Ню-Йорк баромад кард. Соли 2013 Малола соҳиби мукофоти ба номи Анна Политовская ва мукофоти Сахаров шуд.
Соли 2014 дар якҷоягӣ бо Кайлаш Сатяртхи барои мубориза бо зулми кӯдакону ҷавонон ва ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил ҷоизаи “Нобел”-ро сазовор гашт ва ҳамин тавр, дар синни 17-солагӣ ҷавонтарин барандаи ҷоизаи “Нобел” дар таърих шуд.
12-уми июли соли 2015 дар Лубнон мактаб барои духтарони гурезаи Сурия кушод. Юсуфзой аз моҳи марти соли 2013 то июли соли 2017 дар Мактаби миёнаи духтаронаи Эдгбастон дар Бирмингем таҳсил кард. Ӯ ҷуғрофиё, таърих, риёзиёт ва диншиносиро омӯхт. Инчунин ба Донишгоҳи Дарем, Донишгоҳи Уорвик ва Мактаби иқтисод ва сиёсати Лондон довталабӣ карда, моҳи декабри соли 2016 дар Коллеҷи “Леди-Маргарет-холл”-и Донишгоҳи Оксфорд мусоҳиба орост.
Моҳи августи соли 2017 Малола Юсуфзой барои таҳсил ба бахши фалсафа, сиёсат ва иқтисод пазируфта шуда, моҳи июни соли 2020 ба дарёфти дипломи донишгоҳи Оксфорд шарафёб гардид.
Таҳияи М. Балаҷонова