Умеда дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушуд. Модар табиб буду падар омӯзгори фанни физика дар мактаби деҳа. Ӯро бештар шавқу рағбат ба касби модар буд. Изҳор мекард, ки духтур мешавад. Завқи зиёдтар ба пешаи пизишкӣ аз миннатпазирии атрофиён ба модараш, ки пас аз дармон ёфтан аз дасти табиби ҳозиқ баён мекарданд, гирифт. Дилбастагӣ ба кори модар дар меҳвари ботинаш пайваста меафзуд. Вале…
Интихоби падар
Омӯхтани тарзи кори модар дар рӯзгори ҳаррӯзааш ба кор омад. «Вақте кӯдакон ё аҳли хонаводаи шавҳар ниёз ба духтур шаванд, дарҳол бо сӯзандору ё ҳабҳо ёрии аввалини тиббӣ мерасонам. Гоҳҳо ба ҳамсоягону атрофиён низ дасти ёрӣ дароз менамоям», - мегӯяд Умедабону.
Аслан, пешае, ки имрӯз Умеда фаъолият мебарад, энергетик (барқкор) мебошад. Интихоби касб аз ҷониби падар сурат гирифт. Агарчи Умеда миёни се бародар ба воя расида бошад ҳам, ба кори писарона шавқ надошту пайравӣ ба рафторашон намекард. Баръакс, ёрирасони модар ва ҳамеша аз пайи тамизкорӣ ва пухтупаз дар хона буд.
Рӯзе падар хоҳиш намуд, то ҳамроҳ бо Умеда ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) раванд. Ин воқеа пеш аз хатми таҳсили миёна буд. Умеда бехабар аз нақшаҳои қиблагоҳ ба Донишкада рафт ва бо ёрии падару омӯзгоре аз ин даргоҳ, бо кори факултаҳою кабинетҳои озмоишӣ ошно шуд. Ба суоли падар, ки оё ин даргоҳи касбу ҳунар барояш писанд омад ё на, гуфт: «Бале, кори энергетикҳо хеле шавқовар будааст. Агар розӣ бошед, таҳсиламро дар ҳамин Донишкада идома медиҳам». Падар аз амалӣ гаштани нияти хеш руҳ гирифт. Аз он ки андешаҳояшон ба ҳам тавъам уфтоданд, хушҳол шуданд.
Умеда Хайруллоева соли 2011 ба факултаи электромеханика, иқтисод ва сохтмон шомил шуда, онро соли 2016 бомуваффақият хатм намуд.
Касб ҷинсият надорад
- Замони донишҷӯӣ миёни 28 нафар писар мо, ду нафар духтар будем, ки касби «мардона» меомӯхтем. Гоҳе аз ман мепурсанд, ки чаро касби мардонаро интихоб намудам? Фикр мекунам, ки касбу ҳунар набояд ба занонаю мардона ҷудо шавад. Масалан, имрӯзҳо дар НБО «Сарбанд» аз миёни 218 корманд, 29 бону дар корҳои ғайритехникӣ ва муҳандисӣ фаъолият дорад. Ҳамаи кормандон паҳлуи ҳам истода, барои ободию равшании хонадони аҳолӣ заҳмат мекашанд.
Омӯхтани касбу ҳунар дар ҳар давру замон барои инсон зарур аст ва шахси ҳунарманду соҳибкасб ҳар ҷо иззатманд мебошад. Вақте дар заводи трансформаторбарории шаҳри Қурғонтеппа таҷрибаомӯз будам, заҳмати бонувонро дар он ҷо дида, ангушти ҳайрат мегазидам. Ё ин ки дар саҳро меҳнати бонувон зери офтоби сӯзон ё сардиҳои сол кори саҳлу осон нест. Яъне, бонувон дар анҷоми ҳамаи кор қодиранд. Соҳаи азбарнамудаам дар зиндагӣ маро дастгир аст. Ҳар гоҳе дар ошхона ягон асбоби барқӣ аз кор монад, то аз кор баргаштани марди хона он дастгоҳро соз карда, истифода мебарам, - мегӯяд бонуи барқкор.
Вақте тавлиди рӯшноиро мебинӣ…
Умедабону мегӯяд, ки давраи таҳсил дар Донишкада ва таҷрибаомӯзиҳо он қадар шавқоварии пешаашро эҳсос намекард. Таҳсил дигар аст, вале баҳравар шудан аз таҷрибаи корӣ беҳтарин дастовард дар сайқалёбии касб мебошад.
- Ростӣ, пас аз хатми Донишкада нияти давом додани таҳсилро доштам ва мехостам дар риштаи аспирантура хонда, бо роҳи илм пайвандам. Соли 2016 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро аз шаҳри Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён кӯчонданд. Дар маросими кушодашавии Донишкада Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд, ки як сухани он кас тавонист маро бо кори неругоҳ бипайвандад. Чун дигар ҷавонони хушбахти замон маро низ муяссар гашт, ки лаҳзае бо Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсуҳбат бошам.
Дар интиҳои суҳбат тавсияам доданд, ки дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» фаъолиятамро идома диҳам. Розӣ шудам ва ифтихормандам, ки бо маслиҳату дастгирии Сарвари давлат дар равшансозии хонадони мардум заррае ҳам бошад, саҳм дорам. Коргарону мутахассисони соҳаи барқ бо заҳмати хеш ба мардум дар гармиҳои тоқатфарсои тобистон салқинӣ ва дар сардиҳо гармиро ҳадия намуда, рӯзгорашонро роҳат мебахшанд.
Ҳар шом аз коргоҳ ба хона бармегардам, аз дидани чароғҳои рӯшани хонадони одамон хурсанд мешавам. Ба дил шукр мегӯям, ки падари бузургворам маро дар ин ҷода роҳнамо шуданд ва имрӯз ҳазорон нафар барои мо, барқкорон, дуои хайр медиҳанд, - бо ифтихор меафзояд ҳамсуҳбатам.
Алҳол, Умеда Хайруллоева ҳамчун муовини директори Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» фаъолият дорад. Тақдир ӯро бо ҳамкораш Меҳроб Ғаниев пайваст ва имрӯз онҳо бо ҳам зиндагии осуда доранду соҳиби се духтарчаи дӯстрӯяканд.
Мо низ аз он хушҳолем, ки Умеда касби хешро дӯст медорад ва аз равшании хонадони мардум руҳаш болидаву қалбаш рӯшан аст.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО