01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Шоҳҷоизаи дизайнер

 

Bonu 12_2023__Tochikis_fmt

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тули 5 сол аст, ки дар фазои фарҳангии мамлакат ситораҳои дурахшони санъату ҳунарро кашф намуд. Ин тадбири фарҳангӣ ба санъаткорони мумтозу истеъдодҳои асили манотиқи гуногуни кишвар имкон фароҳам овард, то дар арсаи ҳунар маҳорати хешро санҷида, соҳиби мақоми хос гарданд.

Соли равон беш аз 500 иштирокдори даври ниҳоии Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия: «композиторӣ», «сарояндагӣ», «навозандагӣ», «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» ҳунари худро санҷид ва аз ин шумора 5 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, ҳар яке бо маблағи 50 000 сомонӣ ва 113 нафар барандаи ҷойҳои намоёну ифтихорӣ гардид.

Номинаҳои «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» дар соли 2023 бори аввал ба Озмун ворид карда шуданд ва довталабон аз рӯйи жанрҳои «санъати тасвирӣ» (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), «ороиши амалӣ» (кулолӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), «дизайни графика», «реклама», «дизайни дохили бино», «дизайни мӯд» ва «бофандагии бадеӣ» ширкат варзиданд.

Яке аз барандагони Шоҳҷоизаи Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Наргис Саидова, донишҷӯйи бахши ғоибонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аст. Ӯ аз рӯйи номинатсияи дизайн маҳорати хешро муаррифӣ намуд. Аз миёни довталабони зиёд соҳиби таваҷҷуҳи хос ва баҳои баланди ҳакамон гашт.

Дар маросими ҷамъбаст, ки бо шукӯҳу шаҳомати баланд аввалҳои моҳи октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, шодиву шукру сипоси Наргисро ҳадду канор набуд. Дар байни иштирокдорону ғолибони даври ниҳоӣ ӯ ягона бонуе буд, ки дар соли 2023 Шоҳҷоиза ба даст овард. Барои равнақ бахшидан ба ҳунари ҷавонон аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор аст.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ояндасози давлат - ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, ман миннатдории худро ба Ҳукумати мамлакат, хосса ба Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки барои мо, ҷавонон, чунин озмунҳои сатҳи баландро ба роҳ мондаанд, - иброз дошт Наргис Саидова.

Мавсуф сарфароз аз он буд, ки тавассути ин Озмун маҳорати хешро сайқал дод ва ҳунари ӯ сазовори Шоҳҷоиза гашт.

:.  Ҷавонон 01.01.2024 16:28 373

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz