02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«Тоҷиконхонӣ» –Озмуни таърихӣ

 

Bonu 12_2023__40738146_fmt

Китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, ки дар даврони сарнавиштсоз, муаррифгари халқу миллати тоҷик буд, аз муҳаббату хайрхоҳии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби рӯйимизии ҳар хонадони тоҷик гардид.

Роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ба хотири гиромидошти 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров аз шарифтарин иқдомҳои Сарвари давлат баҳри миллати тоҷик буд. Мақсад аз баргузории чунин Озмуни сатҳи баланд ҷиҳати арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгон дар давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, арзёбӣ гардид.

Аз 140 ҳазору 787 нафари довталаб дар давраҳои аввал 115 нафар аз хонандагони синфҳои ибтидоӣ то пирони барнодили 90-сола ширкаткунандагони даври ниҳоии озмун шуданду беҳтаринҳо ғолиб омаданд. Нишоту фараҳ ва сарфарозии ғолибон ва ширкаткунандагони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат», ки дар фазои тантанавӣ бо ҷоизаҳои хосаи Озмун қадр гардиданд, ҳам аз дарёфти ҷоизаҳосту ҳам аз ошноии бештар бо тамаддуну таърихи кишвари худ.

Мирмуҳсин Мирдодоев — хонандаи синфи 10-и Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, аз байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5–11) ва ибтидоии касбӣ, Навраста Дӯстова — омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аз миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, Ҳасани Назар - сарбози қисми ҳарбӣ аз ноҳияи Данғара, дар гурӯҳи калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ва аз шумори донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоира Давлатзода бо маҳорати баланди ҳозирҷавобӣ, дониши амиқу мустаҳкам ва огоҳии комил аз китоби «Тоҷикон» ва таърихи халқи тоҷик бо касби холҳои баландтарини ҳакамон ба дарёфти Шоҳҷоиза бо маблағи 70 ҳазор сомонӣ мушарраф гаштанд.

Ин Озмуни бошукӯҳу фарогир барои муаррифии донишмандони нави соҳаи таърих, худшиносиву меҳанпарастии қишрҳои гуногуни ҷомеа, падидаи зеботарин дар соли 2023 буд, ки бори дигар ба китобдору китобхон ва соҳиби таърихи бузург будани халқи тоҷик бурҳони раднашаванда гардид.       

:.  Ҷавонон 01.01.2024 16:24 349

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz