Рассом, эҷодкор, равоншинос ва ороишгар… Ҳамаи ин ҳунарҳо дар ботини нафарест, ки моҳирона бо қайчиву шона ва рангҳо мӯйро оро медиҳад ва зебоиро фаровон ба чашмҳо ҷилвагар месозад. Дарк намудед, ки сухан аз кадом касб меравад? Бале, машшота…
Ситора Зарипова дар қатори ҷавонони муваффақест, ки аз наврасӣ пайи пешаи ороишгарӣ гоми устувор ниҳод. Ӯ дар шаҳри Душанбе ба воя расидааст. Пас аз дарсҳо сӯи ороишгоҳ мешитофту аз нозукиҳои пеша воқиф мешуд. Пас аз хатми Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С. Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ, худро дар самти журналистика санҷидан хосту ба Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон дохил шуд. Ғоибона таҳсил намуда, ороишгариро низ идома медод…
Чеҳраи тоҷикона, чашмони зебову қади расо дорад, Ситора. Дилхоҳ бонуе, ки барои орои мӯй вориди коргоҳ мешуд, ҳатман назди ӯ мешитофт. Тахмин мезаданд, ки ин духтари зебо ҳатман кори зебо дорад. Бале, ин тахминҳо ба воқеият табдил мешуданд, дастони сеҳрофараш дар як дам ороиши мӯйро моҳирона ба сомон мерасонду ҳар муштарияш бо ҳисси болида, ҳам ба оина менигаристу ҳам ба Ситора…
- Ороишгари мӯйи занон бояд ҳама гуна усулҳои ранг задан, буридан ва оро додани мӯйро донад, онро мувофиқи синну сол ва намуди зоҳирии мизоҷон интихоб ва ҳолати муштариро фаҳмида, мувофиқ ба чорабиниҳо: ид, ҷашн, вохӯрӣ, тӯй ороиш диҳад. Ҳамчунин, машшота бояд дорои хислатҳои меҳрубонӣ, завқи бадеӣ ва эҷодкорӣ, малакаҳои муошират ва тозагиро доро бошад. Мутахассис дар баробари кордонӣ, равоншиноси хуб ҳам бошад, ки завқи муштариро дуруст фаҳмида тавонад, -мегӯяд Ситорабону.
Аввалин ороишхонаҳо
Аввалин ороишгарон дар Шарқ пайдо шуда буданд, ки мӯйро василаи иртиботи инсон бо ҷаҳони дигар мепиндоштанд. Дар ҳолатҳои бемории нафаре ҳатман машшотаро барои ба тартиб овардани мӯйи мариз мехонданд…
Аввалин ороишхонаҳо дар Миср ва Юнони Қадим ба вуҷуд омада буданд, ки дар баробари ороиши мӯй ба шакли зоҳирӣ низ кор мебурданд. Дар Мисри Қадим занони сарватманд барои вайрон нашудани ороиши мӯй шабона зери сар болинҳои махсус мегузоштанд. Нахустин мактаби машшотагӣ дар Чикаго кушода шуд, ки завқмандонро ба омӯхтани ин пеша ҷалб менамуд…
Омӯзиши ройгон
Ситора дар пойтахт ороишгоҳи худро бо номи «Ситош» фаъол карду ба муштариён хизмат мерасонад. Ният дорад, ки ба хоҳишмандони воқеӣ ройгон дарс диҳад. Пайи сайқали пеша ба Ӯзбекистону Қазоқистон рафта, аз мутахассисон таълим гирифт.
- Зинаи омӯзишро қадам ба қадам гузаштам ва мехоҳам ҳама ҳунари худро ба завқмандон омӯзонам. Ин амал бароям муҳим аст, ки оё ман метавонам аз уҳдаи омӯзгорӣ бароям ё на. Агар ҳамааш хуб анҷом ёбад, мехоҳам дар Тоҷикистон мактаби машшотагӣ созмон диҳам, то хоҳишмандон маҳз дар ватани худамон соҳиби касб гарданд, - иброз медорад машшота.
Вай, дар баробари машшотагӣ, муддате дар ТВ «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фаъолият кард. Алҳол дар риштаи магистратураи журналис¬тика, таълим гирифта истодааст. Дар ин баробар, ҳамчун модел низ таҷриба дорад, забонҳои русӣ ва англисиро балад буда, дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзад…
-Зодмандон дар интихоби касб ба фарзандон озодӣ дода буданд, ҳар нафаре ба кадом самте завқ дорад, роҳи сафед. Моро дастгирӣ мекарданд, маслиҳат медоданд, то пеш биравем. Дар руҳияе тарбия карданд, ки аз инсонҳо бояд хислатҳои наку ва рафтори намунаро ба худ бигирем. Пайваста мекӯшам, то ба пеш қадам гузорам, - иқрор меояд Ситора.
Ӯ ба духтарони ҳавасманд тавсия медиҳад, ки барои оғози коре аввал нақшаи онро тартиб диҳанд ва аз рӯи он кор баранд. Аз нобарориҳо ноумед нашуда, пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд, он гаҳ муваффақ хоҳанд гашт. Барои пирӯз шудан, ба худ бовар дошта бошанд ва зиёд омӯзанд.
Нобоварӣ ҳамеша моро дунболгир аст, аз ин бояд раҳо шавем, худамонро дар зиндагӣ пайдо намоем, - мегӯяд ӯ.
Ситора дар синни ҷавонӣ аллакай мавқеи худро дар ҷомеа ёфтааст. Нақшаҳову ниятҳои неки худро дорад, мехоҳад дар оянда навгониеро ба вуҷуд биёраду аз он нафъе барои ҷомеа расад. Аз суҳбат бо чунин ҷавонони неруманд табъи кас болида мегардад. Бигузор Ситорабону муваффақ шаваду шогирдони зиёдеро дар пайроҳаи машшотагӣ раҳнамову сарвар гардад.
Фарзона ВОСЕЕВА