04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст…

 

Bonu 10_2023__photo_20_fmt

Зиндагӣ барояш сарчашмаи эҷод аст. Ҳар рӯз дар вуҷудаш орзуву андешаҳои наву созанда тавлид меёбанд, то оянда онро дар амал татбиқ намояд.

Бале, ӯ мекӯшад, ки олами занро рангин созаду ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки бонуи тоҷик аз азал зебо, ботароват буда, дар ҳар ҳолат нафосату нозукии худро нигоҳ медорад. Ӯ баҳри он заҳмат мекашад, ки олами воқеии бонуи тоҷикро мунаввар созад.

Озода Нуъмонова зодаи шаҳри Панҷакент буда, дар оилае ба камол расид, ки падар корманди давлатӣ буду модар омӯзгори фанни таърих. Шояд таъсири модар бошад, ки ба таърихи ниёгон, урфу одати мардуми Панҷакенти бостон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса дошт.

Дар вақти тасвири гулдӯзиҳо ва кашидани тарҳи либоси арӯсӣ худро дар олами андешаҳо, сайри таърихи маъвои қадим тасаввур мекарду нақшҳои гуногуни зебо меофарид. Тарзи пӯшидани либосҳои қаҳрамонҳои миллию афсонавиро ба коғаз мекашиду рангубор медод. Шояд ҳамин меҳру муҳаббати беандоза буд, ки пас аз хатми дабистон дар коргоҳи дӯзандагӣ ба кор оғоз намуд. Ҳамзамон, ба Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дохил шуда, онро сарбаландона ба итмом расонд.

Шавқи ҳунаромӯзӣ ӯро ором намегузошт. Ҳамин меҳру муҳаббати беандоза Озодаро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ба шаҳри Душанбе овард. Дарозои таҳсил тавонист дар зодгоҳаш – шаҳри Панҷакент коргоҳи ороишии занҳо: «Озода»-ро созмон диҳад. Он чи ки дар Донишгоҳ андӯхт, азбар намуд, дар коргоҳаш пиёда сохт. Барои бонувон ва ҷавонон ҳусну таровати аҷибе бахшид. Интихоби либоси арӯсӣ, ороиши рӯю мӯй, хонаю дари арӯсро иҷро мекунад. Духтарони шаҳри Панҷакент солҳои охир бештар дар шаби арӯсии худ аз либосҳои миллию аврупоие истифода мебаранд, ки маҳсули дастони муъҷизаофари Озодаанд.

Озода дӯзандаи моҳири либоси арӯсӣ, ороишгари мӯю рӯй, устоди забардасти чандин шогирдон мебошад. Онҳое, ки касби дӯзандагию машшотагиро аз ӯ омӯхтаанд, аллакай соҳиби коргоҳи худ ҳастанду ба мардум хидмат мерасонанд.

– Маҳз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз занҳо соҳиби корхонаҳои хурду бузург, толорҳои ҳусну дӯзандагӣ гардида, дар ғанӣ гаштани буҷети кишвар ва ҳам оилаҳои худ кӯшиши зиёд ба ҳарҷ медиҳанд,– изҳор дошт мусоҳибам.

Бале, имрӯз занҳо ба пеш қадам мезананд, то ба дастовардҳои тоза ноил шуда, муваффақ гарданд. Озода низ пайваста заҳмат мекашад, эҷод менамояд ва меҳнаташ самар меорад. Тарҳҳои муосиру қадимаро ба ҳам омезиш дода, тарҳе омода месозад, ки диққати ҳар бинандаро ҷалб месозад ва мухлисони худро пайдо менамояд. Азбаски куртаҳояш бозгӯи замонанд, дар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ иштирок намуда, коллексияи либосҳояшро дар намоишгоҳҳо ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ манзур месозад.

Соли гузашта Озода бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба гирифтани Гранти раиси вилояти Суғд барои дӯхтани либоси арӯсӣ ба тарзи миллӣ сазовор шуд ва аз ин басо болидахотир гардид.

Имрӯз дар Панҷакент толорҳои ҳусн хеле зиёданд, аммо духтарони маркази шаҳри бостонӣ бар онанд, ки дар шаби арӯсии худ либосҳои дӯхтаи Озодаро дар бар гиранд, зеро басо назаррабоянд.

Гули ҶАҲОН,

шаҳри Панҷакент

:.  Ҷавонон 12.11.2023 08:25 340

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz