Як бонуи муваффақ кист? Агар ин саволро дар миён гузорем, албатта, ҷавобҳои зиёди гуногунро пайдо месозем. Намедонам чаро, аммо дар суҳбати аввал бо Шаҳноза маҳз ҳамин савол дар зеҳнам пайдо шуд. Ҷавоби ӯ низ мисли хелеҳо якранг набуд, фарқ мекард:
- Зани муваффақ ҳамеша медонад, ки чӣ мехоҳад ва онро, албатта, соҳиб мегардад. Яъне, муҳим ҳадаф доштан аст. Аммо ҳадафро бояд аз ниёзмандиҳои ҳаррӯза фарқ кард. Ҳадафи инсони комилу худшинос бештар моддӣ нест, болотар аст, маънавист!
Шаҳноза Тоҳирӣ дар хонадоне чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст, ки бо дунё пайвасти ногусастанӣ доштанд, ин ба он маънист, ки зодмандонаш дар ширкати «Интурист» ҳамчун роҳбалад фаъолият мебурданд. Вай аз кӯдакӣ албоми суратҳои оилавиашонро тамошо мекарду акси падару модарро дар кишварҳои гуногун медид ва суратҳои ранга дили кӯчакашро бештар ҷазб менамуданду хаёлоташро ба дуриҳои дур мебурданд. Вай аз кӯдакӣ дунёро ҳаргуна ва бо маънии ба худ хос медид.
Аз бобову бибиҳо низ хеле омӯхтааст. Бобои падариаш муаллими фанни математикаву физика буд. Махсусан китобхонаи калони бобояшро фаромӯш намекунад. Ҳанӯз хеле хурд буду ҳарфҳоро намешинохт, аммо, вақте ба китобхона мерафт, дар дасташ як китоб бармегашт. Бобояш бо дӯстдории зиёд ӯро болои дастонаш гирифта, мебӯсиду мегуфт:
- Худо хоҳад, ояндаи набераи ман дурахшон аст!
Дар хонаи бобои модариаш, ки аксар аҳли санъат буданд, гӯё ба Шаҳноз ҳанӯз аз овони тифлӣ мавқеъ пайдо намудан дар ҷамъиятро роҳнамоӣ мекарданд. Махсусан, тағояш, овозхони шинохта, шодравон Олим Бобоев.
Намедонам чаро, аммо дар аввал ман мехостам ҳуқуқшинос шавам. Аниқтараш адвокат. Шояд барои он ки ноҳақиро умуман таҳаммул карда наметавонам, - бо ёдоварӣ аз ҷавонии худ мегӯяд Шаҳноз Тоҳирӣ.
Чун падару модар доим дар сафар буданд ва ҳам зуд – зуд манзили зисташонро иваз кардан зарур меомад, Шаҳноз дар се мактаб таҳсил намуд. Он пораи зиндагиашро чунин ба хотир меорад:
Маълумоти ибтидоиро дар мактаби №3-и шаҳ¬ри Панҷакент гирифтам, баъд то синфи 9 дар мактаби №71 хондам. Синфҳои 10 – 11 – ро дар Литсейи шаҳри Панҷакент хатм кардам. Дар ҳар се мактаб аълохон ва сардори синф будам. Чун ҳусни хатти зебо доштам, устодон пур кардани журнали синфӣ, тартиби дарсҳо ва ҳар кореро, ки бо даст навиштан рост меомад, ба зиммаам мегузоштанд. Махсусан дастгириҳои модаронаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 Нозира Гадоеваро ҳамеша дар хотир дорам. Чун хона¬амон аз мактаб хеле дур буд, баъзан ба дарси якум дер меомадам. Ба ҳиҷ ваҷҳ танбеҳ намедоданд, баръакс назди ҳамсинфон таъриф мекарданд, ки аз роҳи дур меояд ва аз ҳама аълохон аст. Он қадар маро нағз медиданд, ки борҳо дар назди ҳамсинфон бо ишора ба ман мегуфтанд: «Курсии роҳбарии мактабро ман маҳз ба Шаҳноз месупорам!». Умр вафо накард, муаллимам чанд сол пеш моро тарк гуфтанд.
Шаҳноз, ҳарчанд мактабро бо баҳои аъло хатм карда бошад ҳам, волидон розӣ нашуданд ӯро танҳо ба пойтахт ба идомаи таҳсил фиристанд. Ду сол ӯ омодагӣ гирифт, то замоне, ки додараш ҳам мактабро хатм карду падару модар онҳоро ҳамроҳ ба Душанбе оварданд. Шаҳноз ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2015, вақте Донишгоҳро хатм карду ба зодгоҳ баргашт, модараш ӯро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бурд. Модараш шахси шинохта буд, солҳои охир ҳамчун раиси маҳаллаи Рӯдакӣ ифои вазифа мекард. Раиси шаҳр дар симои Шаҳноз чун модараш сифатҳои хизматчии давлатиро дид. Мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент таъин кард. Соли 2020 мутахассис ва соле пас мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо шуд.
Вақти фаъолияташ дар шаҳрдории Панҷакент аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб дар бораи ташкил гардидани курси дуалӣ аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Зан-сарвар» омад, Шаҳноза ҳам ҳуҷҷатҳояшро супурд ва қабул шуд. Ҳамроҳ бо 25 нафар, аз ҷумла 18 бону аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, таҳсилро оғоз бахшид. Вақти хондан хабаре ба онҳо расид, ки ба наздикӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ташкил мешавад.
- Бо шунидани ин навид дар қалбам орзуе пайдо гашт, ки аз ҷумлаи аввалин магистрантон бошам. Ҳамин хел ҳам шуд. Баъди хатми курси дуалӣ, ки 3 давраро дар бар мегирифт, ҳуҷҷатҳоямро ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» супурдам. Гуфтан мумкин, ки то ин замон хонданам дигару таҳсил дар ин Мактаб комилан дигар буд. Ҳам беҳтарин шароитро муҳайё намуданд, ҳам устодонро гӯё яккачин интихоб карда буданд. Хосса заҳмати устодон Бибиосия Аюбӣ ва Фариза Мамадиевнаро мехоҳам зикр намоям, ки барои муваффақияти шогирдон чӣ қадар ранҷ мекашанд.
Албатта, донистани нозукиҳои санъати суханварӣ, ки дар ин ҷо омӯзонда мешавад, барои ҳар хизматчии давлатӣ ҳатмист. Зеро, мо ҳамарӯза бо мардум сарукор дорем ва бояд аз ин санъат ба хубӣ огоҳ бошем. Паҳлуи дигар ин буд, ки мо дар ин ҷо кори гурӯҳиро бештар омӯхтем. Яъне, ҳамроҳ бо ҳамсабақон презентатсияҳоро якҷоя тайёр карда, бо фарогирии назари ҳамагон, сухан мерондем ва муҳокимаҳои ҷолиб сурат мегирифтанд. Аз ҳама муҳимаш, дарк ва омӯхтани махсусиятҳои мактаби раҳбарии Пешвои муаззами миллат аст, ки дар замони душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тавонистанд Тоҷикистони парешонгаштаро ҷамъ биёранд, давлати ягона, сохторҳои барои як давлат заруриро созанд. Яъне, таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо як мактаби бузурги давлатдорӣ ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ аст, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Пас, ин Мактабро на танҳо ҳар хизматчии давлатӣ, балки ҳар шаҳрванди масъулиятманди Тоҷикистон ҳам бояд донаду мутобиқ ба ин Мактаб зиндагӣ ва фаъолият намояд. Шод аз онам, ки аз зумраи аввалин магистрантҳои «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» гардидам. Воқеан, натиҷаи ин Мактаби бузургро аллакай эҳсос мекунам. Ҳам бо ин ки муносибати кориам акнун комилан дигар шуд ва ҳам бо гузашти начандон вақти зиёд аз хатми магистратура мудирии шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи шаҳрдории Панҷакентро ба ман бовар кардаанд. Ин масъулияти хеле бузург аст, хосса ба онҳое, ки аввалин дипломи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» – ро доранд. Аз сидқ мекӯшам, то фаъолиятамро ба шогирди Мактаби бузург буданам мувофиқ намоям, - мегӯяд бо боварӣ Шаҳноз Тоҳирӣ.
«Бонувони Тоҷикистон»