Ноил шудан ба мустақилияти иттилоотӣ дар гӯшаҳои дурдасттарини кишвар, яке аз дастовардҳои арзандаи даврони истиқлоли давлатӣ аст,- мегӯяд муовини сардори Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хабарнигори шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва матбуот Тоҷинисо Файзуллобекова.
Дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти сокинони вилоят пайи ҳам ду навгонии муҳим ба вуқуъ пайваст. 31 декабри соли 1996 сокинони Хоруғ бори нахуст имконият пайдо карданд, ки ҳамҷоя бо дигар сокинони ҷумҳурӣ барномаҳои солинавии телевизиони Тоҷикистонро тамошо намоянду бунбасти иттилоотӣ, ки минтақа даҳсолаҳо ба он рӯ ба рӯ буд, шикаста гардид. Оғози пахши барномаҳои телевизиони тоҷикро мардум чун навгонии муҳими фарҳангиву сиёсӣ дар ҳаёташон қабул карданд. Фарогирии барномаҳои телевизиони тоҷик дар ноҳияҳои Бадахшон ба тадриҷ густариш ёфта, алҳол сад дарсади сокинони вилоят ба барномаҳои дилхоҳашон, ки аз маркази ҷумҳурӣ пахш мегарданд, дастрасӣ доранд…
Волидони Тоҷинисо бо фаъол шудани роҳи нақлиётии доимоамалкунанда хушҳол гашта метавонанд бидуни сарсониву саргардонӣ духтарашонро пас аз хатми мактаби миёна барои дохил шудан ба макотиби олӣ дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ сафар намоянд. Модар, Резабегим, ҳамшираи шафқати шифохонаи вилоятӣ духтараки оқилаву доноякашро хилъатсафед, ҳамчун пизишки оянда ва идомадиҳандаи касбашон тасаввур менамуду падар низ, дар интихоби пешаи духтараш ин фикрро ҷонибдор буд. Вале меҳри Тоҷинисо ба суханварӣ, ки дар ширинкаломиву хушбаёниаш ҳанӯз дар дарсҳо ва чорабиниҳои мактабӣ зоҳир шудаву ин сифатҳо аз чашми ҳамсабақону устодон пинҳон намонда буданд, таҳти таъсири барномаҳои нави рангини телевизионӣ бештару маҳкамтар дар дилаш ҷо гирифтанд. Ин аст, ки пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба ришти рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев супурд.
- Дар пайроҳаи касбӣ аз хабарнигорӣ то ба вазифаи муовини сардори идораи телевизион ва радиои вилоят рушд кардед. Фазои иттилотии минтақаро алҳол чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
-Таъмин гардидани мустақилияти иттилоотӣ, бешубҳа, самара ва дастоварди бузурги даврони истиқлол аст. Имрӯзҳо сокинони дурдасттарини вилоят ба кулли барномаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ дастрасӣ доранд. Ҳамагӣ чанд сол қабл пахши барномаҳои телевизиони Бадахшон ба иллати мушкилоти фаннӣ фақат дар доираи шаҳри Хоруғ, ки дорои 30 ҳазор нуфус аст, маҳдуд буд. Айни ҳол барномаҳои телевизиони Бадахшонро дар саросари кишвар ва берун аз он имконияти тамошо кардан ҳаст. Тамошобинон ҳатто аз минтақаҳои дурдасти кишвар бо мо тамос мегиранду оид ба ҳусну қубҳи барномаҳоямон фик¬рашонро изҳор медоранд. Ифтихормандам, ки заҳмати эҷодӣ қадр мешаваду тамошобинон зиёд мегарданд.
Бо ҳузури Сарвари давлат чанд сол пеш дар Хоруғ бинои нави телевизион ва радио ба истифода дода шуд, ки дар он тамоми шароитҳои корӣ барои ҳайати эҷодӣ ва техникӣ муҳайё гардидаанд. Алҳол ҳамарӯза ба ҷойи 4 соат 16 соат барнома пахш менамоем. Дар меҳвари асосии барномаҳоямон таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ, ки дар ҳаёти сокинони вилоят ба вуқуъ мепайванданд, инсонҳои одии заҳматпеша, наҷиб, ташаббускор ва эҷодкор, ки зиндагиашон дарси ҳаёт ва омӯзанда ҳаст, қарор доранд…
Хонаводаи Файзуллобековҳоро дар ҷомеа чун шахсони меҳнатқарину маслиҳатгар мешинохтанду ин хислатҳои волидонро, ки яке дар сохтори милиса ва дигаре тандурустӣ фаъолият менамуданд, Тоҷинисо дорост. Ӯ пухтакорона дар таҳия намудани барномаҳо ба ҳамкасбонашон тавсия медиҳаду барои баланд бардоштани савияи эҷодиашон ёрӣ мерасонад ва худ низ, ҳамеша дар пайи омӯзиш аст.
-Вақте ки бори нахуст дар идораи телевизион ва радиои вилоят ба кори мустақилона оғоз кардам, маро устодони кордону пуртаҷриба чун фарзанд ба оғӯш гирифтанд. Аз ин хотир, он пешравиеро, ки имрӯз дорам, аз заҳмат ва тарбияи устодонам медонам…
Бо назардошти дониши баланду одоби намунавӣ ва саъю талоши беандозааш дар курси сеюми таҳсил Тоҷинисоро барои мубодилаи таҷриба ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фиристоданд. Бо шавқу завқ ба донишомӯзӣ ва кори эҷодӣ исбот намуд, ки дар ҷодаи рӯзноманигорӣ тасодуфӣ набуда, қадами боэътимод мегузорад.
Дар солҳои аввали фаъолияти хабарнигорӣ дар телевизиони Бадахшон гузоришҳои мукаммалу пухтаи таҳиянамудаашро ба назар гирифта, ӯро барои ҳамкорӣ ба шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон даъват намуданд. Акнун ӯ ҳамчун хабарнигори ин шабака низ, фаъолият дошта, яке аз гузоришгарони беҳтарини минтақавӣ маҳсуб меёбад. Тоҷинисо ҳамчун муовини сардори Идораи телевизион ва радиои Тоҷикистон аз камбуди кадрҳои соҳаи журналистика нигарон аст. Чанде пеш бо ибтикори ректори нави Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ шароити мусоиди техникӣ муҳайё шуд, ин иқдом дар омода намудани кадрҳои ҷавон самара хоҳад дод.
Тоҷинисо дар ҷараёни кори эҷодӣ ва омӯзиши пайваста пухтакору таҷрибадор шудааст ва дар ҷодаи журналистикаи телевизионӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда, сермаҳсул ва ташаббускор аст. Ҳар як барномааш дилчасп, рангин ва ба дили мардум тез роҳ меёбад.
- Журналисти телевизион бояд бо эҳсоси баланди масъулият барномаро омода ва пешкаш намояд, - мегӯяд Т. Файзуллобекова. - Ман инро ҳангоми баланд бардоштани тахассус дар шабакаи аввали телевизиони тоҷик эҳсос намудам. Кормандони шабака Фахриддин Нурматов ва Наврӯзшои Азизулло чун устодони касбӣ дар тули чанд моҳ маро аз тамоми асрори журналистикаи телевизионӣ бохабар намуданд, - баён медорад Тоҷинисо.
Бонувон дар ВАО-и вилоят, аз ҷумла дар пешрафти телевизион ва радио саҳми назаррас доранд. Бештар аз 60 фоизи кормандони муассисаро бонувон ташкил дода, бо таҳия ва банду басти барнома дар инъикоси саривақтии набзи шаҳру ноҳияҳои вилоят нақши фаъол ва созанда доранд.
- Бовар дорам, ҷавобан ба ғамхориҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи аҳли эҷод ва зиёиён кормандони ВАО дар тарғиби сиёсати давлат ва инъикоси дастовардҳои даврони истиқлол бо неруи бештар кор мекунанду бо барномаҳои рангин хотири хонандагону шунавандагон ва бинандагонро болида месозанд, - афзуд бону Тоҷинисо.
М.ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ