Ҷавонон созандаву муҳофизи марзу буми диёр, парчамбардор, рамзи ҳастии миллат мебошанд. Шукрона Аҳророва, ки ҳанӯз айёми наврасӣ пастиву баландиҳои ҳаётро паси сар кардааст, аз ҷумлаи чунин ҷавонони босаодати Ватан аст. Хатмкардаи мактаб-интернати вилоятии шаҳри Бӯстон буда, чуноне дар оғози суҳбат бо шодиву фараҳ иброз дошт, имсол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсилашро идома хоҳад бахшид. Ба фатҳи қуллаи муродаш-табиб шудану посбони саломатии аҳли диёр будан, қадами нахуст мегузорад.
- Дар кишвари соҳибистиқлоли мо кӯдакону наврасон ва ҷавонони бо амри тақдир аз меҳру парастории падару модар бенасибгашта мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумат, бахусус, зери назари доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Пешвои муаззами миллат пайваста меҳрубониву ғамхориҳо зоҳир намуда, дар сафарҳои корӣ ҳамеша бо мо барин наврасону ҷавонон суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом медиҳанд. Ба ҳарфи диламон гӯш дода, баҳри амалишавии орзуву омоламон ёриву раҳнамоӣ менамоянд. Барои хушбахтии комил, таскини қалби озурдаамон, падарвор сарамон сила мекунанд, ҳидояту мусоидат менамоянд, то соҳиби касбу ҳунари хуб гардем, - мегӯяд Шукрона.
Иқболи баландаш буд, ки Шукрона бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони суҳбат пайдо намояду рози дил гӯяд.
- Ман зодаи шаҳри Панҷакент ҳастам. Баъди оне, ки модарам аз беморӣ хеле барвақт даргузаштанд, айёми тираи ҳаёт пеш омад. Ёздаҳсола будам, ки маро ба мактаб-интернати шаҳри Бӯстон оварданд. Аламам дар дил бисёр буд. Барои модари ҷавонрафтаам месӯхтаму орзуи табиб шуданро мепарваридам. Қалби шикаставу орзурда доштам. Ҳамеша ёди пайвандон, модари ғӯрамаргам маро азоб медод. Имрӯз худро хушбахт меҳисобам, зеро орзуям бо ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Шукрона баъди фурсате суханашро идома бахшид.
- Бисёр лаҳзаи пурҳаяҷон буд, вақте Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафи мо нигоҳ карда гуфтанд: «Аз байни шумоён кӣ дар озмунҳое, ки зери сарпарастии Президенти Тоҷикистон доир мегарданд, иштирок кардааст?».
Бо хурсандӣ даст бардошта гуфтам:
-Ман дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок кардаам.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маро наздашон хонда гуфтанд, ки суруд хонам. Суруди «Тоҷикистони азизам»-ро сароидам. Баъд офарин гуфтанду пурсиданд, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳам. Орзуи табиб шуданамро баён намудам, он кас сарамро падарвор сила карда, маро табрик гуфтанд ва афзуданд, ки ту аллакай донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шудӣ.
Аз хурсандӣ гиря гулугирам шуду изҳори сипос намудам. Чанде пеш паёмак омад, ки шумо ба Донишгоҳ қабул шудед. Ҳоло бошад, бесаброна интизори оғози соли хониш ҳастам. Ҷавобан ба ғамхориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, дар оянда табиби хуб мешавам ва бо дасту дили гарм баҳри ҳифзи солимии мардум хизмат мекунам.
Аз дастоварду рӯзҳои пурнишоти Шукрона роҳбари мактаб-интернат Нигора Ғаффорова шоду масрур аст, ифтихор ҳам мекунад. Шукрона аз зумраи беҳтарин тарбиятгирандагони ин даргоҳи муқаддас мебошад ва бо меҳр нисбаташ сухан мегӯяд: «Шукрона завқи баланди илмомӯзию ҳунармандӣ дорад. Аз он ки лаёқати хубу хушзеҳн аст, борҳо боз кардани даричаи комёбиҳо насибаш шудаву сарфарози ифтихорномаву туҳфаҳо гардидааст. Комёбиву сарфарозиҳояш аз хониш ва кӯшишу заҳматҳояш аст. Барояш муяссар гашта, то дар озмунҳои «Турсунзодахонӣ», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок намуда, чандин маротиба комёб ҳам гардад.
Шукрона ба суруду мусиқӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар лаҳзаҳои машғули кор ё хониш будан, зери лаб шеъру тарона зам-зама менамояд.
- Ҳунар ба мисли чашмаи зояндаву давлати поянда аст. Ман пайваста мекӯшам, то дар оянда кадбонуи хуб шавам. Аз иҷрои корҳои рӯзгордорӣ ба хубӣ бароям. Соҳиби оилаву хонаву дари обод гардам. Ба ояндаам умеди сабз дорам. - мегӯяд Шук¬рона Аҳророва.
Бимуслима РАҲИМОВА,
Рӯзноманигор