Шоҳбегим Маликшозода баҳори соли 1991 ба дунё омадаву худро зодаву парвардаи даврони соҳибистиқлолии кишвар медонад. Аз хурдӣ ба сухани баланду каломи манзум муҳаббати хосса дошт, ашъори шуарои тоҷику форсро ба дида мебардошт ва гоҳ- гоҳ бо ҳисси аҷибу ҳаяҷони фарогир шеър меофарид.
Ин гулдухтари пурталош пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2014–2020 ҳамчун мутахассис, мутахассиси пешбар ва муовини сардори шуъба дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Барои густариши донишу малакаи касбӣ солҳои 2015–2018 дар бахши аспирантураи ДМТ таҳсил намуда, дар мавзуи «Фаъолияти тарҷумонии Бозор Собир» (масъалаи поэтикаи тарҷумаи бадеӣ) рисолаи номзадиашро ҳимоя кард.
Дар солҳои донишҷӯӣ узви фаъоли маҳфили адабии «Чароғи абадӣ» буд ва аз устодони варзида дарси шеър омӯхт. Бо дили пур аз фараҳу умед дурдонаҳои гаронбаҳои андешаашро ба риштаи назм мекашад. Маҷмуаи ашъораш «Пайғомбарг» (2015) ва «Соати саодат» (2021) ба зевари табъ ороставу ба дӯстдорони каломи дилпазираш дастрас шудаанд.
Ба шеърҳои Шоҳбегим устод Рустам Ваҳҳобзода баҳои баланд дода, дар маҷмуаи нахустини ӯ зикр мекунад: «Сухани Шоҳбегим на танҳо ба воситаи мазмунпардозиҳои тозаву ҷолиб ва корбурди саноеи шеърӣ, балки дар сиришт ва зоти худ як хосият, вижагии мумтоз дорад». Шеърҳои ноб гуфтану ба сафи Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданаш, аз дастовардҳои ин бонуанд.
Соли 2021 Шоҳбегим муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ бо сарбаландиву мушкилнописандӣ дар ин ҷодаи пурмасъул фаъолият менамояд.
Шоҳбегим соли 2016 барандаи «Шоҳҷоиза»-и Озмуни телевизионии «Килки сабз» гардид. Соли 2019 дар номинатсияи хондан ва аз бар кардани ашъори адибони хориҷӣ ва соли 2020 дар номинатсияи шоирии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ барандаи ҷойҳои намоён шуд.
Ӯ ҳамчун устоди ғамхор раҳнамои ҷавонони доништалаб аст. Шогирдонаш дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанду устодашон барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ( 2020) қадр шудааст.
Шодии ӯ ҳамчун модар ҳадду канор надорад, зеро осмони софу хандаи беғашонаи тифлакони дӯстрӯяшро аз баракати истиқлолу озодӣ медонад.
- Ин саодат барои мо ба баҳои ҷону талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки ҳар калому ҳар паёмашон нома ба фардои мунаввару зеботар аст, - мегӯяд Шоҳбегим ва аз дилпораҳои тозаэҷоди худ мехонад:
Паёми ту паёми ошноист,
Садои ту навои кибриёист.
Ба дарди захмҳои пушти Айнӣ,
Паёми ту давои мумиёист…
- Беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиям соли 2021 аз дасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифтани Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ буд. Он тақвими зеботарини рӯзгор дар китоби зиндагиам бо хатҳои зарҳалин сабт гардидаанд ва маро қуввату масъулият мебахшанд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ҷавонон, махсусан бонувон, барои бештар омӯхтану андӯхтану омӯзондан таҳрикбахшу илҳомбахши мананд, - иброз медорад ӯ.
Самимияту муҳаббати хоси Шоҳбегим ҳамаро мафтун кардааст. Ӯ аз он меболад, ки хуршед ба сӯйи ҷавонони тоҷик рух намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлол парвозгоҳи бехалали орзуҳои ширин ва хонаи амну осудаи тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст. Шукри истиқлоли кишвар мекунаду баҳри хидмат ба халқу Ватан саъй менамояд ва васфи диёрро аз дилу ҷон месарояд:
Набзи тани ман Ватан, Ватан мегӯяд,
Дил мезанаду Ватан, Ватан меҷӯяд.
Дар шоҳрагам шохаи дил сабз шуда,
Гул мекунаду Ватан, Ватан мегӯяд.
Мафтунаи ҚОСИМ