04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Аз роҳхат ба Лондону таҳсил дар Ҷопон

 

Bonu 08_2023__IMG_0574_fmt

 Фарангис зодаи шаҳри Панҷакент буда, дар Душанбе ба воя расидааст. Дар Донишгоҳи машҳури Ҷопон – Сукуба таҳсили илм менамояд. Миёни донишҷӯён соҳибэҳтиром буда, ҷавони фаъолу чолок шинохта гардидааст. Барои чунин мақому муваффақиятро соҳиб шудан, вай роҳи пуршебу фарозеро тай намудааст.

Мактаби миёнаро дар 15-солагӣ ба итмом расонда, шомили Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мешавад. То зинаи магистратура таҳсилро дар ин боргоҳи илм идома дод, соли 2021 онро бо дипломи сурху ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм мекунад.

Замони таҳсил яке аз донишҷӯёни фаъолу пешқадам буд. Пайваста дар чорабиниҳои гуногуни донишгоҳӣ ва берун аз он ширкат меварзид. Узви фаъоли шабакаи байналмилалии волонтёрони Y-PEER дар Тоҷикистон гардида, ҳамчун волонтёр фаъолияташро пеш мебурд. Ба ҷавонони тоҷик дар самти тарзи ҳаёти солим ва баробарии гендерӣ омӯзишҳо мегузаронд. Бар замми ин, ҳамчун волонтёри Клиникаи ҳуқуқи назди Донишгоҳ дар самти ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва оилавӣ ба донишҷӯён машваратҳои ройгон медод.

Азбаски баҳсҳои ҳуқуқиро зиёд дӯст медошт, узви клуби «Face to Face» – и Донишгоҳ шуда, дар мусобиқаҳои зиёде ширкат меварзид ва ғолибиятро ба даст меовард. Баҳсҳои солим ва сатҳи ҳуқуқдониаш боис гардиданд, ки ба чорабиниҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқшиносӣ низ, даъват шавад. Соли 2018 вай иштирокчии Чемпионати Авруосиё оид ба баҳсҳои парлумонӣ гардид, ки дар шаҳри Қазони Россия доир шуда буд. Барои донишҷӯи соли сеюм иштирок намудан дар чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ боиси ифтихор аст. Бо роҳ ёфтан дар баҳсҳову форумҳо ӯ сатҳи донишандӯзии худро мустаҳкам менамуду таҷрибаашро бештар.

Ҳамин сатҳи ҷаҳонбинӣ, малакаву дониш ва забондониаш буд, ки пас аз хатм ӯро ба лоиҳаи Озмоишгоҳи инноватсионии ЮНИСЕФ ба кор даъват намуданд. Тули се сол ҳамчун устод (ментор)-и наврасон фаъолият бурда, ба онҳо дар самти навидҳои сатҳи технологӣ, мутобиқ шудан бо ҷаҳони илму техника ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ ёрӣ мерасонд. Вобаста ба мушкилиҳои иҷтимоӣ ва роҳи ҳалли онҳо, аз наврасон талаб менамуд, то лоиҳаҳои хешро таҳияву пешниҳод созанд.

Ҳамзамон, ӯ худро дар пешаи журналистӣ низ, озмуд. Мақолаҳои навиштаи ӯ бештар атрофи занони ҷасури тоҷику ҷавонони муваффақ қисса менамуданд. Инчунин, вобаста ба мавзуъҳои ҳассос ба ҷинсият низ, мавод омодаву ба нашр мерасонд.

- Пас аз интишори маводи таҳлилӣ дар мавзуи мазкур, иштирокчии озмуни CABAR.asia гардидам. Дар ин озмун, ки довталабон аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доштанд, ғолибиятро ба даст оварда, соҳиби роҳхат ба шаҳри Лондон гардидам. Сафар ва таҷрибаомӯзӣ як моҳ дар Англия идома ёфт. Дар ин росто бо намояндагони Би-би-си, Reuters ва Cabar.asia вохӯрда, аз маҳорату таҷрибаи онҳо дар самти журналистикаи чандрасонаӣ бохабар гардидам,- бо ифтихор меафзояд Фарангис Давронова.

Дар ин миён, ӯ тасмим мегирад, то донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои хориҷӣ гардаду ҷаҳонбинӣ ва донишашро боз ҳам биафзояд. Бо ин ният, тули як сол барои шомил гардидан ба барномаи Special in Japanese and Eurasian Studies (SPJES), ки барои мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон таҳия гашта буд, омодагӣ мебинад. Сатҳи забони англисиашро беҳтар намуда, мавзуи тадқиқоти илмияшро низ, интихоб кард ва ниҳоят пас аз талошҳои зиёд соҳиби Гранти пурраи барномаи якунимсолаи магистратура дар Ҷопон гардид. Инак, самти сиёсати байналмилалиро дар Донишгоҳи Сукуба, ки хеле бонуфуз аст, меомӯзад.

- Албатта, шомил шудан ба ин даргоҳи илм осон набуд. Бо аъзои комиссияи қабул се маротиба суҳбат ороста, нақшаи кори тадқиқотии худро, ки мавзуи баробарии гендерӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро фаро мегирифт, пешниҳод намудам. Ҳамчунин, имтиҳони байналмилалии IELTS – ро супурда, баъдан ғолибиятро ба даст овардам. Пас аз шомил шудан ба Донишгоҳ огоҳӣ ёфтам, ки барои сазовори грант гардидан, 250 нафар ҳуҷҷат супурда будааст ва аз миёни онҳо танҳо ба 8 нафар имконият даст дод, то гранти мазкурро соҳиб шавад. Ман Тоҷикистонро дар барномаи худ имсол намояндагӣ мекунам, - мегӯяд Фарангис.

Ҳаёти донишҷӯӣ ва зиндагии донишҷӯёни Тоҷикистону Ҷопонро қиёс карда, Фарангис мегӯяд, ки донишҷӯёни тоҷик дар Ҷопон бештар ба фаъолияти илмӣ машғул мешаванду дар муайян намудани мавзуи тадқиқотии худ мустақиланд. Системаи маорифи Ҷопон ниҳоят пешрафта буда, ба корҳои илмиву тадқиқотии донишҷӯён аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Чизи дигаре, ки дар ин ҷо ба он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, эҳтиром ба табиат ва муҳити зист аст. Ҷопониҳо нисбат ба сарзамини худ хеле меҳрубонанду барои ташкили «иқтисодиёти сабз» талош меварзанд. Дар ҳаёти ҳамарӯза технологияҳои рушди устуворро фаъолона истифода бурда, ҳар фарди ҷомеа ба тозагӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Фарангис ният дорад, ки пас аз хатми магистратура ба Ватан баргашта, дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар рушди устувори мамлакат ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ саҳм бигирад.

Бунафша РАҲМОНОВА

 

 

:.  Ҷавонон 19.08.2023 12:24 436

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz