Омӯзгори мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Гулнамо Мамадаминова бо фаъолияти пурсамари касбӣ ва адабиаш дар миқёси вилоят чеҳраи шинохта гардид. Ин омӯзгори эҷодкору навовар дар озмуни вилоятии «Муаллими сол» баранда шуда, аз озмуни ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм баргашт. Мухлисони каломи бадеъ, ки ба чакидаҳои килки ин бонуи эҷодкор дар саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ шиносанд, китоби тозаинтизорашро бо номи «Рози гул» армуғон гирифтанд.
Гулнаморо дар риштаи омӯзгорӣ ва эҷодӣ бонуи муваффақ мешуморанд. Вай бо самараи заҳматҳои пайвастааш ба ин эътироф ва эҳтироми умум сазовор гардидааст.
Падар, Абдуламин дар почтаи ноҳия кор мекарду маҷаллаву рӯзнома ва китобҳоеро, ки хонандагон барои харид тавассути почта фармоиш медоданд, дар зудтарин фурсат дастрас мегардонд. Худ низ чун дӯстдори матбуот ба нашрияҳои зиёд обуна мешуду хона пур аз матбуоти даврӣ буд. Гулнамои хурдсол бо завқ рӯзномаву китобҳоро мутолиа мекард.
Зери таъсири хондаҳо шавқу майл ба эҷодкорӣ ва навиштани хабару мақола боло гирифт. Нахустин хабараш аз маҳфили гиромидошти забон, бо иштироки адибон дар мактабашон дар нашрияи ноҳиявӣ чоп шуд. Сипас, вақте ки оромгоҳи сарбози номаълум дар маркази ноҳия навсозӣ шуду дар маросими гузоштани гулчанбар аз тарафи намояндагони мақомот ва собиқадорони ҷангу меҳнат вай дар гузашти тантанавӣ аз пеши оромгоҳ дар қатори пешоҳангон қадам мезад, вуҷудашро ҳаяҷону ифтихор фаро гирифт ва ӯ ин эҳсоси қалбашро ба қалам овард. Дар бораи ин тантана, ки чӣ тавр акси садои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳатто дар гӯшаҳои дурдасттарини ҷумҳуриҳои бародарӣ аз худ дарак медиҳаду аз корнамоиву фидокории халқу миллатҳои гуногун барои Ғалаба бар фашизм нақл мекунад, иншо кард.
Маросими хатми мактаби миёна барои Гулнамо ба оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар рост омад. Дар ин солҳои душвор маориф дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дошту дар Хоруғ Донишгоҳи давлатӣ созмон ёфт ва аз байни довталабони зиёд Гулнамо ба унвони донишҷӯӣ шарафёб шуд. Пас аз хатми факултаи таъриху филологияи тоҷик ба остонаи мактаби зодгоҳаш - деҳаи Вомар қадам гузошта, ба муаллимӣ пардохт. Омӯзгори ҷавону ҷӯянда дар такмили донишу маҳорати касбӣ саъй меварзиду аз ҳамкорони собиқадор меомӯхт.
Соли 2012 дар маркази ноҳия мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, дар маросими оғози фаъолияти муассиса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Байни довталабони зиёди таълими фанни забон ва адабиёти тоҷик омӯзгори ҷавони соҳибистеъдод Гулнамо бартарият нишон дод, ӯро ба ин муассисаи бонуфузи таълимӣ хонданд. Дар давоми ёздаҳ соли корӣ дар ин боргоҳи таълимӣ вай байни ҳайати омӯзгорону шогирдон обрӯю эҳтиром пайдо кард.
Шогирдон дарсҳои муаллими серталаб ва мушфиқу меҳрубонро бо шавқи зиёд интизор мешаванд, зеро тарзу услуби хоссаи дарсгузаронӣ дорад. Омӯзгор ба маълумоти китобҳои дарсӣ маҳдуд нашуда, аз адабиёти иловагӣ фаровон истифода мебарад.
Шогирдони зиёдаш дар озмунҳои гуногуни сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуда, барандаи ҷойҳои намоён гардидаанд.
- Гулнамо Мамадаминова, дар баробари дониши хубу ҷаҳонбинии васеъ, ҳусни баёни малеҳ дораду қодир аст, ки меҳр ба забон ва шавқу завқ ба забондониро дар дили дилхоҳ шогирд ҷо диҳад. Ҳангоми таҳлили мисраъҳои шеърӣ ва ё ҷумла супориш медиҳад, ки калимаҳои калидиро дарёбем ва ҷудо намоем. Бо фаҳмондани маъно ва тарзи дурусти корбурди калимаҳо моро ба дунёи рангини забон ворид месозад, ки аз ин шавқи омӯхтанамон бештар мегардад, - гуфт хонандаи мактаб-интернат Давлатназар Мавлоназаров.
Гулнамо иштирокдори курсҳо ва семинарҳои зиёди такмили малакаи касбӣ буда, соҳиби шаҳодатномаи тахассусист. Мақолаҳои методӣ ва илмиаш, назири «Усули ҳамгироӣ дар дарси забони тоҷикӣ», «Усули тадриси «Ҳаёт ва фаъолияти Камолиддини Биноӣ», «Сарчашмаи ҳаёт», «Ҳусни инсон» дар маҷаллаҳои «Раҳнамо», «Мактаб ва оила» ва рӯзномаи «Омӯзгор» чоп шудаанд.
Омӯзгори навовар дастури илмӣ-методӣ бо унвони «Истифодаи усулҳои фаъол дар таълими фанни забон ва адабиёти тоҷик»-ро таҳия намудааст. Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи таълиму тарбия бо нишонҳои Аълочии маорифи Тоҷикиситон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2018) сазовор шудааст.
Гулнамо узви фаъоли маҳфили адабии «Оинаи сафо» мебошад, ки дар назди рӯзномаи ноҳиявии «Пайғоми Рӯшон» амал мекунад. Аз адиб мепурсем, ки чаро маҷмуаи таронаҳо ва ҳикояҳояшро «Рози гул» ном гузоштааст? - Бо рози гул розҳои қалби Гулнаморо ба хонандагон ифшо намудаам. Азбаски модар манбаи илҳомам дар эҷод ва муҳаббати бепоёнам дар зиндагист, китобро бо ин мафҳуми муқаддас барои ҳар инсон оғоз кардам, -гуфт ӯ.
Модари Гулнамо, зани оқила ва соҳибмаърифат Ширинмоҳ, дар беморхонаи ноҳиявӣ ҳамшираи шафқат буду дар кору рӯзгор дасти боло дошт ва барои мутолиаи китоб ҳам вақт меёфт. Гулнамо ҳанӯз дар синфи нуҳум таҳсил мекард, ки фариштаи илҳом дас¬ташро гирифт ва ӯ нахустин шеърашро ба васфи модари заҳматқаринаш бахшид.
Китоби ба тозагӣ омоданамудаи ӯро бо номи «Мусофири водии муҳаббат» ба даст гирифтам: - Ман худро бонуи хушбахт мешуморам, зеро соҳиби ду фарзанд ҳастам. Ҳамсарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дораду солҳои зиёди ғурбату дурӣ, албатта, ба эҳсосоти ҳар зан бетаъсир намемонад. Сабабҳои бисёре монеи хушбахт будани бонувон мегарданд ва ман вазъи равонии занони зиёдро бозгӯ намудаам, -
изҳор дошт Гулнамо.
Омӯзгор ва адибро тарбиятгари насл меноманду Гулнамо Мамадаминова аз он мефахрад, ки чунин рисолати бузургро бар дӯш дорад ва дар иҷрои ин қарзи касбӣ ва башарӣ бо масъулияти баланд ва устувор гом мениҳад.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Рӯшон