Миёни хонандагони мактаб пурсиш гузарондем ва аз ҳар яке пурсидем, ки чаро омӯхтани баъзе фан мушкил аст? Дар рафти омӯзиш аз чӣ танқисӣ мекашед? Аксар иброз доштанд, ки дарсҳои амалӣ барояшон бештар писанд аст. Мақсади барномаи «Мактабҳои 2030» ҳам ҳамин аст, ки бояд роҳҳои шавқманд шудани хонандагонро ҷустуҷӯ ва дар дарсҳо ҷорӣ намоем. Аз дарсҳои қолабӣ бипарҳезем, -
мегӯяд Назокат Маҳмадиева.
Ӯ бо лоиҳаи «Хазинаи табиат» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» дар шаҳри Бохтар миёни муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ғолиб баромада, ба Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар давлати Португалия роҳхат гирифт.
Рӯзҳои 5–7 июн дар доираи барномаи «Мактабҳои 2030» дар шаҳри Портои Португалия Форуми ҷаҳонии оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар доираи 10 кишвар бо иштироки наврасон, омӯзгорон, мутахассисони соҳаи маориф, шарикони рушд ва намояндагони вазоратҳои маорифи кишварҳои барномавӣ доир шуд. Тоҷикистонро дар Форум Назокат Маҳмадиева, омӯзгори фанни химияи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Данғара муаррифӣ кард.
-Ман аз пешниҳод намудани лоиҳаи худ ба Форуми ҷаҳонии «Мактабҳои 2030» хеле хушнуд шудам, иштирок дар озмун имкон дод, ки таҷрибаи худро бо омӯзгорони гуногуни ҷаҳон мубодила карда, аз дигарон биомӯзам ва ба дигар омӯзгорон тавсия медиҳам, ки ин Форумро пайгирӣ созанд, зеро он метавонад дар ҷаҳонбинии онҳо ва тарзи дарсгузариашон таъсиргузор бошад. Сипоси беҳад ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба раёсати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва ташаббускорони лоиҳаи «Мактабҳои 2030» барои чунин имконияти бузург, - мегӯяд омӯзгори навовар.
Аз минбари баланд вай Тоҷикистонро миёни дигар давлатҳои ҷаҳон ошно намуд. Дар симои ӯ ҷаҳониён омӯзгорони Тоҷикистонро шинохтанд. Назокат Маҳмадиева дар сатҳи ҷаҳонӣ исбот кард, ки омӯзгорони Тоҷикистон дорои донишу маҳорати баланди касбӣ буда, фаъолияти кориашон ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯст. Хушоянд аст, ки муаллим шогирдонро бо истифода аз усулҳои муосири педагогика ва психология таълиму тарбия медиҳад. Ин аст, ки таҷрибаи пешқадами онҳо аз тарафи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳои пешрафтаи дунё бо хубӣ эътироф мегардад.
- Дар Форум бо рафти дарсҳо шинос шудем, дарк сохтем, ки дарсе, ки дар синф мегузарад, чӣ гуна асту дарсе, ки дар берун, дар табиат мегузарад, таассуроташ чӣ хел аст. Хотирмон буд, ки дар ин Форум омӯзгорон, сарфи назар аз синну сол ё чизи дигар, ҳама як хел, дар лаҳзаи фароғат бо кӯдакон бозӣ мекарданд ё мерақсиданд. Кӯдакон дар ин лаҳза худро озодтар эҳсоз месозанд.
Ба мо дарси синфи якро нишон доданд, ки дар боғчаи назди мактаб мегузашт. Дар дасти кӯдакон рақамҳо буданд. Бо даъвати муаллим рақами интихобшуда ба болои чархофалак мебаромад. Боз рақамҳоро бо якдигар иваз мекарданд. Намуди сабақомӯзӣ бо бозӣ ҳамон лаҳза дар хотири хонанда нақш мебандад ва кӯдак вақте рақамро бо худ мегирад, зуд аз бар менамояд, ки ман рақами як ё ду ҳастам. Ба ин монанд расмеро омӯзгорон ба мо нишон доданд, ки дар он намудҳои ҳайвонот, хазандагон, парандагон ва дар миёни онҳо омӯзгор буд. Фаҳмонданд, ки дарк, фаҳмиш, завқи ҳар хонанда ба ҳар намуди акс мухталиф аст. Масалан, шумо ба моҳӣ фармон медиҳед, ки ба болои дарахт барояд ё хирсро маҷбур мекунед, ки мисли хазанда рафтор намояд. Омӯзгор бояд завқу дарки хонандаро дида, бо вай муносибати хосса кунад, - иброз медорад таассуроти гирифтаашро ӯ.
Назокат дар мактаб маҳфили «Химикони ҷавон»-ро таъсис дода, ба хонандагон гиёҳҳои шифобахшро шинос мекунад. Талабаҳо бо завқи баланд рустаниҳои шифобахши ватаниро ҷамъ меоранд. Муаллим барои соҳибмаълумот шудани шогирдон ба онҳо тавсия медиҳад, ки дар бораи фалон гиёҳ аз китобҳо ё аз гиёҳшиносон маълумот ҷамъ оваред. Ба ақидаи вай, ин усул ба онҳо имкон медиҳад, ки мустақилона кор карданро ёд гиранд ва ба дарсҳо омода шаванд.
Назокат Маҳмадиева дар оилаи омӯзгор ба камол расидаву бо падар дар соҳибилм гардондани фарзандони миллат ҷадал дорад. Ӯ риштаи химия-биологияи Донишгоҳои давлатии Данғараро фосилавӣ хонда, ҳамзамон, дар мактаб ба кор пардохтааст. Аз рӯзҳои аввали фаъолият Назокат дар мактаб шинохта гардид. Шогирдон бо ҳисси хурсандӣ аз дарси химия ёдовар мешаванд, ки дар баробари навиштани санаи рӯз боз онро бо элементҳои химиявӣ менависем, яъне санаи рӯз бо сабки химия. Муаллим супориш медиҳад, ки мо дар хона ҳар элементро аз картон сохта орем. Омӯхтани элементҳо дар ин шакл осонтар аст.
- Назокат синфхонаи химияро бо ашёҳои аёнӣ таъмин намуд. Дар натиҷа беҳтарин кабинети фаннӣ гардид. Дар муассисаи таълимии мо 70 дарсади омӯзгорон ҷавононанд. Мо аз доштани чунин омӯзгори навовар сарфарозем. Алҳол пешниҳод намудем, ки се нафар омӯзгори ҷавон ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардад, - мегӯяд Назрбӣ Ҳамидова, директори МТМУ №2-и ноҳияи Данғара.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати «Дарҳои кушода» дар самти рушди соҳаи маориф таъсири созгор бозиданд. Ҳамасола аз тарафи Ҳукумати кишвар барои соҳа муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия маблағҳои зиёде масраф мегарданд, ки он ҳама дар рушди маориф нақши бориз мегузорад.
Фарзона ВОСЕЕВА,
ноҳияи Данғара